Теъдоди қурбониёни вирус дар Чин аз 1000 нафар гузашт
Шумораи қурбониёни коронавирус дар Чин аз 1000 нафар гузашт. Мақомоти Чин мегӯянд, ки теъдоди гирифторон ба ин вирус ба беш аз 42 ҳазор нафар расидааст.
Дар ҳамин ҳол, Созмони ҷаҳонии тандурустӣ мегӯяд, ки рӯзҳои 11-12 феврал барои ҳамоҳанг кардани талошҳои байналмилалӣ ба ҳадафи муқобила бо ин вирус, як нишасти байналмилӣ доир мекунад.
Нишасти Созмони ҷаҳонии тандурустӣ дар ҳоле баргузор мешавад, ки омори нави қурбониёни ин вирус рӯ ба афзоиш аст ва рӯзи душанбеи 10-уми феврал бар асари ин беморӣ 108 нафар ҷон бохтанд. Ба ин тартиб, шумораи умумии қурбониёни ин вирус ба 1014 нафар расид.
Тибқи гузоришҳои расмии ҳукумати Чин, бо вуҷуди рекорди нави қурбониён, шумораи мавридҳои сабтшудаи гирифторӣ ба ин вирус нисбат ба рӯзи қабл камтар будааст. Субҳи душанбе беш аз 3 ҳазор мавриди нави гирифторӣ ба ин вирус сабт шуда буд ва дар бомдоди сешанбе ин омор ҳудуди 2480 ҳолатро ташкил додааст.
Ин дувумин бор аст, ки тайи ду ҳафтаи ахир ҳолатҳои кам шудани гирифторӣ ба ин вирус мушоҳида. Дар ҳамин ҳол, Созмони ҷаҳонии тандурустӣ ҳушдор додааст, ки таҳти ҳеҷ шароите набояд иҷоза дод, ки паҳн шудани ин беморӣ аз контрол хориҷ шавад.
Ба ҷуз Чин, ки сарзаминии аслии пайдо шудани ин беморӣ мебошад, то кунун 319 мавриди гирифторӣ ба ин вирус дар 24 кишвари дигар ошкор шудааст.
Аз ҷумла афзоиши шумораи гирифторон ба вирус дар як киштии сайёҳӣ дар Ҷопон аст, таваҷҷуҳи зиёдеро ба худ ҷалб кардааст. Пас аз маълум шудани 65 мавриди гирифтории нав ба коронавирус дар ин киштӣ, шумораи мубталоён ба 135 нафар расидааст. Ба ин тартиб, шумораи гирифторон ба вирус дар Ҷопон 161 тан афзоиш ёфтааст. Ҳазорон нафар аз мусофирон ва ҳайати киштӣ иҷозаи хуруҷ аз онро надоранд.
Рӯзи душанбе сухангӯи вазорати умури хориҷии Чин ба хабарнигорон гуфт, ҳадди ақал 27 шаҳрванди хориҷӣ дар миёни гирифторон ба вирус ҳастанд ва дар миёни онҳо дар ҳафтаи гузашта як шаҳрванди амрикоӣ ва як ҷопонӣ ҷон бохтанд.
Рӯзи душанбе бисёре аз ниҳодҳо, ширкатҳо ва муассисаҳои давлатӣ ва ғайридавлатӣ дар нуқтаҳои мухталифи Чин дигарбора ба фаъолият оғоз карданд.