Мы в Telegram
Добавить новость
ru24.net
World News in Tajik
Февраль
2020

"Сарбозон"-и Маҳмуд Худойбердиев мехоҳанд, шиносномаи Узбекистонро гиранд

0

Шӯҳрат Бобоҷонов, бахши узбекии Радиои Озодӣ

Ду марди 50-сола ҳафтаи гузашта ба созмонҳои ҳомии ҳуқуқи инсон дар шаҳри Тошканд муроҷиат карда ва гуфтаанд, ки "узви гурӯҳи сарҳанг (полковник)-и шӯришӣ Маҳмуд Худойбердиев ҳастанд" ва хоҳони ҳал шудани мақоми ҳуқуқии худ дар Узбекистон мебошанд.

Ду ҳафта пеш панҷ "сарбоз"-и дигари Худойбердиев ба идораҳои Тошканд бо дархости мусоидат дар таҳияи санадҳо муроҷиат кардаанд. Яке аз онҳо тавонист, ки бо ёрии ҳуқуқшиносон соҳиби санади "ҳаққи иқомат ва кор" дар Узбекистон шавад. Ҳуҷҷатҳои чаҳор нафари дигар дар ҳоли баррасӣ аст. 

Сарбозони сарҳанги шӯришӣ

Хабарнигори Радиои Озодлик – Бахши узбекии Радиои Озодӣ ҳафтаи гузашта бо ду узви гурӯҳи сарҳанги шӯришии тоҷикистонӣ Маҳмуд Худойбердиев мулоқот кард. 

Ҳарду мард, ки бо далелҳои амниятӣ намехоҳанд номашон нашр шавад, гуфтанд, аз тахминан 50 хонаводаи "сарбозон" намояндагӣ мекунанд, ки аз 100 нафар иборат аст (Сарбозон дар қаламрави Узбекистон бо оилаҳояшон қарор доранд – "Озодлик"). Ин афрод гуфтанд, санадашон мушкил дорад.

Ба қавли ин нафарон, "сарбозон"-и Худойбердиев узви ҳайатҳои шахсии воҳидҳои низомии воқеъ дар Ангрен ва Ҷиззах мебошанд. То соли 2005 ҳам "сарбозон"-и Худойбердиев дар ҳайати шахсии ноҳияи Қувасои вилояти Фарғона  буданд.

Полковник Маҳмуд Худойбердиеви 55-сола аз фармондеҳони собиқи Фронти Халқӣ буд, ки баъд аз пирӯзии ин гурӯҳ дар ҷанги соли 1992 фармондеҳии як бригадаи махсуси артиши Тоҷикистон дар водии Вахшро бар ӯҳда дошт. Аммо ӯву ҷонибдоронаш бори аввал соли 1996 ва бори дувум соли 1997 муқобили ҳукумати Тоҷикистон шӯриш бардошта, тамоми водии Вахш то ағбаи Фахробод ва дар исёни дувум ҳатто қисматҳое аз водии Ҳисор бо шумули корхонаи алюминийи Турсунзодаро зери назорати худ оварданд. Баъди шикасти исёни дувум дар тобистони соли 1997 ӯ ва ҷангиёнаш ба Узбекистон фирор карданд.

Худойбердиев дар моҳи ноябри соли 1998 ба шимоли Тоҷикистон ҳуҷум кард, аммо боз шикаст хӯрда, маҷбур шуд боз ҳам ба Узбекистон фирор кунад. Бовар меравад, ҳамроҳи ӯ ҷангҷӯёнаш ҳам дар Узбекистон паноҳ бурдаанд, вале Тошканд ҳеч гоҳ инро эътироф ё инкор накардааст.

Вале мусоҳибони Радиои Озодлик гуфтанд, Маҳмуд Худойбердиев ҳоло дар Ҷиззах аст ва дар як қисми вижаи низомии ин ноҳия хидмат мекунад. Дар Тоҷикистон бори охир мақомот дар бораи Худойбердиев ба журналистон соли 2018 маълумот дода буданд.

Дар як нишасти матбуотиаш Искандар Солеҳзода, сардори Раёсати корҳои дохилии вилояти Хатлон гуфта буд, "Маҳмуд Худойбердиев...  аз Ҷумҳурии Узбекистон берун шудааст, лекин ҳозир маълумоти аниқу дақиқ надорем. Аз рӯи баъзе маълумот, дар Туркия аст, аз рӯи маълумоти дигар дар дигар давлатҳо аст. Бисёр вақт дар муолиҷа аст". 

Изҳороти Солеҳзода чанд моҳ баъди имзои созишномаҳои нави ҳамкории Тоҷикистону Узбекистон садо дод ва ӯ дар идома изҳори боварӣ кард, "он таҳдидҳое, ки мо доштем, бо ҳамин кӯшишу талошҳои ду марди бузург - Мирзиёев ва Эмомалӣ Раҳмон – ҳамин таҳдидҳо аз байн рафт”.

Бо ин вуҷуд, талоши Тоҷикистон барои пайдо ва ба ҷавобгарӣ кашидани ӯ хотима наёфтааст, ҳарчанд ҳеҷ додгоҳе дар Тоҷикистон дар робита бо худи Худойбердиев ҳеҷ муҳокима барпо накардву қароре ҳам қабул накардааст. Вале баъди солҳои 2000-ум даҳҳо нафари дигар бо ҷурми узвият дар гурӯҳи Худойбердиев муҳокима ва зиндонӣ шуданд.

Дар хидмати Вазорати дифоъ ва Хадамоти амният

Ду марди узбектабори узви гурӯҳи Худойбердиев мегӯянд, соли 1998 аз қаламрави ноҳияҳои Узун ва Сариосиёи вилояти Сурхондарёи ҳаммарз бо Тоҷикистон ба Узбекистон гузашта, аз ҳамон замон дар ин кишвар ба сар мебаранд. Бо гузашти  22 сол аз он ҳодисаҳо дар талоши қонунӣ кардани будубош мебошанд. Ба гуфтаи онҳо, дар маҷмӯъ дар сафи низомиёни зери назари Худойбердиев 180 хонавода ба Узбекистон гузаштааст ва шумори умумии онҳо 250 нафар аст.

Як бахши онҳо то соли 1998 ҷанговарони гурӯҳи вокуниши сареи Вазорати дифои Тоҷикистон буд. Дар сӯҳбат бо хабарнигори Радиои Озодлик мусоҳибон гуфтанд, ки "сад сарбози Худойбердиев" дар сафи Вазорати дифоъ ва нирӯҳои марзбонии Хадамоти амнияти давлатии Узбекистон хидмат мекунанд ва шаҳрванди Узбекистон ҳастанд. Вале беш аз 100 нафари боқимонда дар ҳолати номуайяни ҳуқуқӣ мебошанд ва на шиноснома доранд ва на ҳаққи иқомат дар Узбекистон.

Мақомоти Тоҷикистон соли 2018 гуфтанд, ки бахше аз "сарбозони Худойбердиев" дар Русия зиндагӣ мекунанд.

"Сарбозони Худойбердиев" дар сӯҳбат бо Радиои Озодлик мегӯянд, дар тӯли ин солҳо фарзандонашон бузург шуданд ва ба онҳо санад лозим аст, ки битавонанд дар Узбекистон зиндагии қонунии худро пеш баранд. Падарони ин фарзандон мегӯянд, худи онҳо натавонистанд ҳатто мактаби миёнаро хатм карда, соҳиби маълумоти миёна шаванд ва аз ваъдаҳои холии кураторҳои худ дар Хадамоти амнияти давлатӣ хаста шудаанд.

Чанде пеш хабарнигори "Озодлик" бо чандин узви ба истилоҳ "баталйони Худойберидев" ҳамсӯҳбат шуд. Яке аз онҳо шиносномаи тақаллубии шаҳрванди Узбекистонро нишон дод ва гуфт, бо ин санад ӯ хоки Узбекистонро тарк карда наметавонад. Як нафари дигар ба журналисти "Озодлик" шаҳодатномаи корманди Хадамоти амнияти миллӣ (баъдан ба Хадамоти амнияти давлатӣ табдили ном кард) нишон дод.

Замоне полковники ошӯбгар яке аз фармондеҳони низомии вафодор ба президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон буд. Бархе таҳлилгарон мегӯянд, солҳои ҷанги шаҳрвандӣ нуфузи Худойбердиев боло буд ва ӯро бархе "полковники наҷотбахш" ҳам меномиданд. Баъд аз хатми ҷанги шаҳрвандӣ ӯ раҳбарии яке аз қисми бузурги низомиро ба ӯҳда дошт.

Дар сӯҳбат бо Радиои Озодлик журналисти тоҷик Мирзои Салимпур, ки дар бораи ҷанги шаҳрвандии Тоҷикистон зиёд навиштааст, гуфт, "дастони Маҳмуд Худойбердиев ва дигар пешвоҳои даврони ҷанги дохилӣ дар хун оғушта аст". "Бар пояи санадҳое, ки дар дасти ман ҳаст, метавонам тасдиқ кунам, ки ӯву низомиёни дигар, ки дар ҷанги шаҳрвандии Тоҷикистон иштирок карданд, дар марги одамони бегуноҳ даст доранд", -- афзуд Мирзои Салимпур.

Дигар журналисти шинохтаи тоҷик Додоҷони Атовулло дар ин замина назари дигар дорад. Ӯ дар сӯҳбат бо Озодлик гуфт: “Дар ҷанги шаҳрвандӣ ҳеч нафаре қаҳрамон буда наметавонад, чунки мардум дар ин давра ҳадди ақал дар ду сангар қарор мегиранд. Барои ҳамин ҳам, барои як гурӯҳ Худойбердиев қаҳрамоне ба мисли Че Гевара, вале барои дигарҳо ӯ душмани халқ аст. Барои шахсан ман Маҳмуд Худойбердиев, мисли дигар низомиёни ҳақиқӣ, як қурбонии дасисаҳои сиёсатмадорон ва ҳам даврони худ, яъне даврони табаддулот ва инқилобҳо аст".

Мақомоти тоҷик дар гузашта гуфтаанд, ки Маҳмуд Худойбердиев мавриди ҳимояти ҳукумати Узбекистон буд, вале Тошканд ҳамеша ин иттиҳомро рад кардааст. Дар пайи ҳодисаҳои соли 1998 ва амалиёти вижаи нирӯҳои ҳукуматии Тоҷикистон, полковники шӯришиву сарбозонаш дар хоки Узбекистон паноҳ бурданд.

Бар асоси манобеи мустақил, Худойбердиеву сарбозонаш аз соли 1998 дар ҳайати Вазорати дифои Узбекистон хидмат мекарданд, аммо ҳеч гоҳ ин хабар ба таври расмӣ тасдиқ нашудааст.

Нозирони мустақил мегӯянд, ки ҳузури Худойбердиев дар хоки Узбекистон аз охирҳои солҳои 1990 то замони марги президент Ислом Каримов як сабаби асосии бад будани муносибатҳои байни ду кишвари ҳамсоя дониста мешуд.

Ихтилофҳои баъди марги Каримов

Баъди марги Ислом Каримов дар соли 2016  ҳузури "баталйони Худойбердиев" дар хоки Узбекистони зери раҳбарии Шавкат Мирзиёев ҳамчун мероси зиддунақизи Каримов арзёбӣ мешуд.

Намояндагони мухолифин дар Тоҷикистон Худойбердиевро ба Ҷавҳар Дудаеви чечентабор монанд мекунанд, ки дар асл як низомии касбии парвардаи мактаби Шӯравӣ буд ва баъдан ба як қумандони саҳроӣ табдил шуд. Ӯ бо ордени Ситораи Сурх, медалҳои "Барои ҷасорати шахсӣ", "Барои ҷасорат" ва дигар ҷоизаҳои Иттиҳоди Шӯравӣ мукофотонида шудааст.

Дар ҳоле ки Тоҷикистон аз Узбекистон борҳо тақозои таслим кардани Худойбердиевро кардааст, як манбаи наздик ба Вазорати дифои Узбекистон тирамоҳи соли 2018 гуфт, мақомоти Тошканд ҳеч гоҳ дар фикри таслим кардани Худойбердиев набуданд.

14-уми феврал як низомии наздик ба собиқ вазири дифои Узбекистон Рустам Аҳмедов гуфт, шахсе, ки беш аз ҳама дар ҳукумати ин кишвар мухолифи ба Тоҷикистон додани Маҳмуд Худойбердиев буд, Рустам Иноятов, раҳбари пешини Хадамоти амнияти миллии Узбекистон ва ҳоло – узви Сенати ин кишвар аст.

Ду "сарбоз"-и Худойбердиев дар суҳбат бо журналистон эътироф карданд, ки фаъолияти онҳоро имрӯз ҳам хадамоти вижаи Узбекистон назорат мекунад.

Солҳои 2005 бархе аз созмонҳои ҳомии ҳуқуқ дар  Узбекистон гуфтанд, ки "баталйони Худойбердиев" дар саркӯби эътирозгарони Андиҷон хеле фаъолона истифода шуд. Вале дар сӯҳбат бо "Озодлик" "сарбозони Худойбердиев" гуфтанд, ки дар амалиёти низомии Андиҷон иштирок накардаанд. Онҳо мегӯянд, ин фарзия ба он хотир "эҷод" шуд, ки мақомоти расмии Узбекистон худро аз ҳама гуна иттиҳом эмин нигоҳ дорад. Онҳо мегӯянд, дар давоми 22 соли гузашта ба таври "касбӣ бо ҳимояти марз, муқобила бо қочоқи маводи мухаддир ва пешгирии талоши убури ифротгароҳои мусаллаҳ ба хоки Узбекистон" машғул буданд.

Онҳо мегӯянд, барои нирӯҳои мусаллаҳи Узбекистон хеле хидмат карданд, вале бар иваз на ин ки ҷоизаву медал, балки санади расмӣ ҳам дарёфт накарданд.




Moscow.media
Частные объявления сегодня





Rss.plus



В Дубне сотрудники Росгвардии помогли утиному семейству перейти оживленную трассу

Социальные и ESG-проекты ГПМ Радио названы лучшими в России

Автопробег в честь Дня России прошел в Ленинском округе

Владимир Путин, Дмитрий Медведев, Анатолий Голод: ПРИЗНАНИЕ НАТО НАДО ПРИМЕНЯТЬ!


Назван российский город, откуда в Турцию срочно увеличивают число рейсов, впервые поставив широкофюзеляжный самолет Airbus 330

«Школа вожатых» прошла в школе №7 в Реутове

Массовыми патриотическими акциями отметили День России на заводах АО "Желдорреммаш"

Proenza Schouler Pre-Fall 2024


Max free trial returns just in time for House of the Dragon season 2 this week

Creepy King Charles Painting Is Vandalized by Radical Animal Rights Activists, Gets a Cartoon Face and Speech Balloon!

McDonald's Grimace showed Mets fans what happens when something goes right this season

Kai Havertz’s fiancee Sophia stuns in see-through outfit on hen weekend as fans say Arsenal star is ‘so lucky’


Закат на Катуни

Утро нового лета....

Больше функций для комфорта: беспроводные клавиатуры Fstyler FBK26C AS, FBK27C AS и FBK36C AS от A4Tech

Храм Преображения Господня в Коммунарке


Age of Sail: Navy & Pirates 1.0.1.13

MMORPG Tarisland выпустили в Китае раньше времени

Real Commando Shooting 3D 6.0

Состоялся релиз The Case of the Golden Idol на iOS и Android



В Дубне сотрудники Росгвардии помогли утиному семейству перейти оживленную трассу

Совместное заявление участников круглого стола, приуроченного ко «Дню защиты прав безвинно осужденных»

«ЯРКО» провела развлекательную программу на фестивале «Крутая песочница»

«ЯРКО» провела развлекательную программу на фестивале «Крутая песочница»




Филиал № 4 ОСФР по Москве и Московской области информирует: Свыше 5,2 миллиона жителей Московского региона получают набор социальных услуг в натуральном виде

Дьявольские +38 градусов придут в Россию уже скоро: Вильфанд рассказал о самом жарком месяце

Социальные и ESG-проекты ГПМ Радио названы лучшими в России

В Дубне сотрудники Росгвардии помогли утиному семейству перейти оживленную трассу


В Туле перевозчиков будут штрафовать за высадку из транспорта инвалидов I группы

Синоптик Леус: 15 июня в Москве будет сухо и до +26 градусов

15 июня 2024 года в Муроме состоится уникальный для Владимирского региона фестиваль уличных театров

Переменная облачность и до 27 градусов тепла ожидают москвичей 15 июня


Дядя Надаля назвал причину поражения Зверева в финале «Ролан Гаррос»

Самсонова вышла в четвертьфинал турнира WTA в Хертогенбосе

Соболенко и Димитров вместе потренировались на «Уимблдоне»

Хачанов вылетел с турнира ATP в Хертогенбосхе после первого же матча


Индия начнет поставки в Россию картофеля и гранатов

Сколько пройдено шагов к Эвересту в образовании: ...

Загрутдинов: ЖК с подземной автостоянкой построят в следующем году в Конькове

15 июня 2024 года в Муроме состоится уникальный для Владимирского региона фестиваль уличных театров


Музыкальные новости

PREMIER проведет фестиваль «Лето PREMIER» по всей России

Анна Asti и Дима Билан стали лучшими исполнителями по версии премии МУЗ-ТВ

Джазмен Бутман: культуру нужно обсуждать на экономическом форуме, так как культурные составляющие завязаны на финансах

«Молча есть суп тоже надо уметь». Доминик Джокер снялся в комедии ТНТ «Полупановы» вместе с реальной пумой



«ЯРКО» провела развлекательную программу на фестивале «Крутая песочница»

Рубена Варданяна в бакинской тюрьме заставляли долго стоять, его лишали воды, ему не разрешали мыться и менять белье и одежду

Совместное заявление участников круглого стола, приуроченного ко «Дню защиты прав безвинно осужденных»

«ЯРКО» провела развлекательную программу на фестивале «Крутая песочница»


«Газпром-Медиа Холдинг» при поддержке ПАО «Газпром» организует мультиформатный фестиваль в честь Дня России

Читателей "Чемпионата" пригласили посмотреть матч Евро-2024 на большом экране

В Москве тушат пожар в здании у метро «Динамо»

В Дубне сотрудники Росгвардии помогли утиному семейству перейти оживленную трассу


Грузовик выехал на встречку: смертельная авария на М-5 в Челябинской области

Прокуратура: таксист сбил 4-летнего ребенка на велосипеде на юго-востоке Москвы

Виновник сделал вид, что ни при чем: что известно о смертельном ДТП в Благовещенске

Автоинспекторы нашли пистолет с патронами у пассажира такси в центре Москвы


Владимир Путин, Дмитрий Медведев, Анатолий Голод: признание Нато надо применить!

Путин приехал на Смоленскую площадь для встречи с руководством МИД РФ

Путин: Москва поддерживает идею о разработке хартии многообразия в XXI веке

Путин: если Киев откажется от переговоров, новые условия России будут другими





Стоматолог Татьяна Сумцова: как стресс влияет на здоровье зубов

«Солисты Москвы» выступили в московской больнице в преддверии Дня медицинского работника

Завершилась первая цикловая встреча региональных руководителей компании AlfaBiom

В Москве при побеге от родителей невесты молодой человек сломал позвоночник


Зеленский: США передадут Киеву новые ЗРК Patriot и «эскадрильи истребителей»

США обязаны передать Киеву "эскадрильи истребителей", заявил Зеленский


В Москве вручили премию МУЗ-ТВ — 2024

Резидент «Инсайт Люди» Дмитрий Зубов 12 июня установил мировой рекорд по чеканке мяча в «Лахта Центре»

Баскетболисты пойдут кругами // Единая лига ВТБ пересмотрела формат проведения чемпионата

«Этот спорт воспитывает силу и упорство»: Вице-спикер Народного Хурала Бурятии приняла участие в открытии чемпионата России по гиревому спорту


Армения выразила протест Минску из-за заявлений МИД Белоруссии

Пашинян видит Армению в ОДКБ лишь при выходе Белоруссии или извинениях Лукашенко

За что Лукашенко должен извиняться перед Арменией?



Собянин сообщил об открытии «Домиков добра» для сбора гуманитарной помощи

Собянин: Более пяти тысяч семей в СВАО получили новые квартиры по реновации

Собянин: Объем закупок у малого бизнеса с 2024 года составил почти 227 миллиардов

Созданный нейросетью Собянин выманил у заслуженного врача РФ 4 млн рублей


Призыв лидера движения «Всеармянский фронт» оказать помощь пострадавшим после наводнения

Мособлдума организовала выставку «Экологическое воспитание.Раздельный сбор мусора»

Составлен ТОП-3 регионов-лидеров по числу пунктов приема вторсырья

«Москва 24»: при сборе грибов следует ориентироваться на запах и окрас, чтобы не положить в корзину несъедобные


У россиян могут начать массово отбирать квартиры: о чем предупреждает эксперт

Сколько пройдено шагов к Эвересту в образовании: ...

Дьявольские +38 градусов придут в Россию уже скоро: Вильфанд рассказал о самом жарком месяце

В Туле перевозчиков будут штрафовать за высадку из транспорта инвалидов I группы


Архангелогородцев и гостей города приглашают посетить мероприятия фестиваля «Гармоничная Россия»

Больше 90 тысяч жителей Архангельской области являются донорами

Стало известны победили в шоу "Сокровища императора"

30 лет назад в Архангельске открылась первая на Северо-Западе школа «Диабет»


Музыкально-поэтический вечер «Жизнь не кончена, песня не спета»

В Нижнегорском районе Крыма проведен рейд по бывшим мигрантам

Севастополь появился на вышитой карте Крыма

В Крыму хотят создать профессиональную хоккейную команду


15 июня 2024 года в Муроме состоится уникальный для Владимирского региона фестиваль уличных театров

Сколько пройдено шагов к Эвересту в образовании: ...

Синоптик Леус: 15 июня в Москве будет сухо и до +26 градусов

У россиян могут начать массово отбирать квартиры: о чем предупреждает эксперт












Спорт в России и мире

Новости спорта


Новости тенниса
WTA

«ITF решила пойти по пути WTA и ATP, которые давно допускают россиян» — Янчук






15 июня 2024 года в Муроме состоится уникальный для Владимирского региона фестиваль уличных театров

Рафик Загрутдинов: Жилой комплекс с подземной автостоянкой на улице Бутлерова построят в следующем году

В Москве суд вынес приговор насильнику 14-летней девочки

Переменная облачность и до 27 градусов тепла ожидают москвичей 15 июня