Эҳтимоли қатъи парвозҳо аз Тоҷикистон ба Эрон бинобар коронавирус
Мақомоти тоҷик мегӯянд, дар пайи хуруҷи коронавирус дар Эрон, масъалаи қатъи парвозҳо ба ин кишварро баррасӣ доранд. Феълан аз Душанбе ба ду шаҳри Эрон ҳавопаймоҳо парвоз мекунанд. То имрӯз Тоҷикистон ба хотири пайдоиши вируси нави COVID 19, парвозҳо ба Чинро қатъ кардааст.
Азиз Набизода, муовини аввали раиси Оҷонсии ҳавонавардии мулкии Тоҷикистон рӯзи 24-уми феврал дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, масъалаи қатъи парвозҳо бо Эрон "то мӯътадил гаштани вазъ" дар назар буда, санаи дақиқи он феълан маълум нест.
"Тибқи хабарҳое, ки мегирем, дар Эрон ҳам ин бемории сироятӣ авҷ гирифта истодааст. Барои ҳамин, бисёр кишварҳо парвозҳоро маҳдуд карданд. Мо ҳам дар назар дорем, ки ин корро кунем, муваққатан то ба эътидол омадани вазъ",-афзуд Азиз Набизода.
Феълан аз Тоҷикистон ба Эрон ҳафтае ду парвози ҳавопаймо анҷом мешавад. Хатсайри Душанбе-Машҳад рӯзҳои панҷшанбе ва Теҳрон-Душанбе-Бишкек-Теҳрон рӯзҳои душанбе анҷом мешавад.
Мақомоти тоҷик дар ҳоле аз эҳтимоли қатъи парвозҳо бо Эрон хабар медиҳанд, ки аллакай чандин кишварҳо марзҳои заминии худ бо ин кишваро бастаанд ва низ парвозҳо аз Эрон ба Туркия, Гурҷистон, Ироқ ва Кувейт қатъ шудааст. Аммо вебсайти "Flightradar24" нишон медиҳад, парвозҳои ширкати "Моҳон" аз Пекин ба Теҳрон ва баръакс идома дорад.
Туркия рӯзи якшанбеи 23-юми феврал эълон кард, ки се роҳи заминии худ бо Эронро бастааст. Вазири тандурустии Туркия ба хабарнигорон гуфт, "аз соати панҷи бегоҳ (ба вақти маҳаллӣ) ҳамаи шоҳроҳҳо ва хатҳои қатора аз тариқи Эрон баста шуданд ва парвозҳои ҳавопаймоҳо аз ин кишвар низ қатъ шуд". Ба гуфтаи ӯ, ҳавопаймоҳои Туркия ҳамчунон метавонанд мусофиронро ба Эрон бозгардонанд.
Аҳмад Замониёни Яздӣ, раиси ҳайати Анҷумани боркашонии байналмилалии вилояти Хуросони Разавӣ ҳам ба хабаргузории эронии ИСНА гуфтааст, ки Туркманистон бинобар бемории корона, "иҷоза намедиҳад мошинҳои борбари кишварҳои дигар аз Эрон вориди он кишвар шаванд". Ба гуфтаи ин масъул, ин иқдом бидуни маълумоти қаблӣ анҷом шудааст ва "мошинҳои зиёде аз Туркия, Эрон ва Қазоқистон бо бор дар марз мутаваққиф ҳастанд".
Расонаҳои Покистон гуфтаанд, ки рафту омад аз гузаргоҳи марзии "Тафтон" қатъ шудааст ва омодагиҳо барои муқобила ба интишори эҳтимолии ин беморӣ дар минтақа оғоз шудааст. Ба гузориши Радиои Покистон, як бемористони саҳроӣ бо 150 тахти хоб дар ҳоли ҳозир дар минтақаи марзӣ бунёд мешавад.
Афғонистон низ марзҳои заминии худро бо Эрон бастааст. Қаблан эълон шуда буд, ки се нафар дар Ҳирот ба ин вирус гирифтор шудаанд. Онҳо аз шаҳри Қуми Эрон баргашта буданд.
Хабаргузории русии "Интерфакс" низ гузориш додааст, ки Гурҷистон барои анҷоми парвозҳо байни ин кишвар ва Эрон маҳдудиятҳо ҷорӣ кардааст. Гурҷистон ҳамчунин хабар додааст, ки чаҳор эронӣ машкук ба вируси корона буданд, вале натиҷаи озмоиши онҳо "манфӣ" будааст.
Нахуствазири Арманистон низ эълом кард, ки ин кишвар марзи заминии худро бо Эрон ба муддати ду ҳафат баста ва парвозҳо байни ду кишвар низ қатъ шудааст. Сафири Ҷумҳурии Озарбойҷон дар Теҳрон низ эълом кард, ки содир кардани виза барои шаҳрвандони Эрон мутаваққиф шудааст.
Мақомоти Эрон мегӯянд, то кунун 8 нафар бар асари сирояти вируси нав ба ҳалокат расидаанд. Баъд аз Чин маркази хуруҷи беморӣ, Эрон дуввумин кишвари дунё бо болотарин талафот аз вируси COVID-19 шуд.
Киёнуши Ҷаҳонпур, сухангӯи Вазорати беҳдошти Эрон рӯзи 23-уми феврал зимни сӯҳбат бо телевизиони давлатии Эрон гуфт, то ин рӯз 15 мавриди нави сирояти вирусро сабт кардаанд ва дар умум ин вирус 43 нафарро бемор кардааст.