Ҷоми ФФТ-2020: Пешсафии "Хатлон", ССКА ва "Равшан"
Бозиҳои даври дувуми марҳилаи ниҳоии Ҷоми ФФТ (Федератсияи футболи Тоҷикистон) рӯзҳои 23-24-уми феврал доир гардиданд. Дар марҳилаи ниҳоӣ ҳашт даста ширкат дорад, ки ба ду гурӯҳ тақсим шудааст.
Ба гурӯҳи «А» ССКА ВМ ҶТ (Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон), «Локомотив-Помир» (Душанбе), «Истаравшан» (Истаравшан) ва «Равшан» (Кӯлоб), ба гурӯҳи «Б» «Кӯктош» (Рӯдакӣ), «Душанбе-83» (Душанбе), «Эсхата» (Хуҷанд) ва «Хатлон» (Бохтар) дохиланд.
Бозиҳои даври дувум дар варзишгоҳҳои марказии Душанбе ва Ҳисор баргузор шуданд. Дар гурӯҳи «А» дастаи «Локомотив-Помир» бар «Истаравшан» бо ҳисоби 2:1 ғолиб омад. Бозии ССКА ВМ ҶТ ва «Равшан» бо ҳисоби мусовии 1:1 хотима ёфт.
Баъди натиҷагирии ду даври мусобиқа дар гурӯҳи «А» дастаҳои «Равшан» ва ССКА ВМ ҶТ бо чоримтиёзӣ пешсафанд. «Локомотив-Помир» бо се имтиёз ҷойи севумро касб намудааст.
Дар гурӯҳи «Б» «Хатлон» бар «Эсхата» бо ҳисоби 3:1 ва «Кӯктош» бар «Душанбе-83» бо ҳисоби 1:0 ғолиб омаданд.
Баъди натиҷагирии ду даври мусобиқа дар гурӯҳи «Б» дастаи «Хатлон» бо шаш имтиёз дар ҷойи аввал аст. Дастаҳои «Кӯктош» ва «Душанбе-83» бо сеимтиёзӣ мутаносибан дар ҷойҳои дувуму севум қарор доранд.
Бозиҳои даври севуми сабқати гурӯҳӣ, ки рӯзҳои 25-ум ва 26-уми феврал баргузор мешаванд, дастаҳои ширкаткунандаи нимфинали Ҷоми ФФТ-2020-ро маълум хоҳанд кард.
Ҷоми ФФТ-2020
Марҳилаи ниҳоӣ
Гурӯҳи «А»: ССКА ВМ ҶТ, «Локомотив-Помир», «Истаравшан», «Равшан».
Гурӯҳи «Б»: «Кӯктош», «Душанбе-83», «Эсхата», «Хатлон».
Даври 2-юм. Гурӯҳи «А»
«Истаравшан» – «Локомотив-Помир» – 1:2
Голҳо: Шуҳрат Элмуродов, 17 (0:1). Тулқин Умаров, 30 (1:1). Азизбек Ҳасанов, 82 (1:2).
Беҳтарин бозигари дидор: Исроил Холов («Локомотив-Помир»).
Сардовар: Насим Ҳамидов (Душанбе).
24-уми феврал. Ҳисор. Варзишгоҳи марказӣ.
«Равшан» – ССКА ВМ ҶТ – 1:1
Голҳо: Саидхони Амрохон, 20 (1:0). Дилшод Восиев, 74 (1:1).
Беҳтарин бозигари дидор: Амирҷони Фаррухзод («Равшан»).
Сардовар: Сайёдҷон Зайниддинов (Душанбе).
24-уми феврал. Ҳисор. Варзишгоҳи марказӣ.
Ҷ
ДАСТАҲО
Б
Ғ
М
Б
Т
И
1
ССКА ВМ ҶТ
2
1
1
0
3-2
4
2
«Равшан»
2
1
1
0
2-1
4
3
«Локомотив-Помир»
2
1
0
1
2-2
3
4
«Истаравшан»
2
0
0
2
2-4
0
Гурӯҳи «Б». Даври 2-юм
«Душанбе-83» – «Кӯктош» – 0:1
Гол: Муҳсин Абдуғаффоров, 48 – аз пеналтӣ.
Аз майдон хориҷ шуд: Муҳаммадҷон Раҳмонов («Кӯктош»), 64 – корти 2-юми зард.
Беҳтарин бозигари дидор: Муҳиддин Одилов («Кӯктош»).
Сардовар: Беҳрӯз Муртазоев (Душанбе).
23-юми феврал. Душанбе. Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ.
«Хатлон» – «Эсхата» – 3:1
Голҳо: Наимҷон Иброҳимзода, 26 (1:0). Мубинҷон Муъминов, 57 (1:1). Наимҷон Иброҳимзода, 64 (2:1). Нуриддин Ҳамроқулов, 90+2 (3:1).
Беҳтарин бозигари дидор: Наимҷон Иброҳимзода («Хатлон»).
Сардовар: Рустам Нурматов (Душанбе).
23-юми феврал. Душанбе. Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ.
Ҷ
ДАСТАҲО
Б
Ғ
М
Б
Т
И
1
«Хатлон»
2
2
0
0
7-1
6
2
«Кӯктош»
2
1
0
1
1-4
3
3
«Душанбе-83»
2
1
0
1
2-2
3
4
«Эсхата»
2
0
0
2
2-5
0
Даври 3-юм
25-уми феврал (сешанбе)
11:00 – «Душанбе-83» – «Хатлон». Ҳисор, Варзишгоҳи марказӣ
15:00 – «Кӯктош» – «Эсхата». Ҳисор, Варзишгоҳи марказӣ
26-уми феврал (чоршанбе)
10:00 – «Истаравшан» – «Равшан». Ҳисор, Варзишгоҳи марказӣ
13:00 – «Локомотив-Помир» – ССКА ВМ ҶТ. Ҳисор, Варзишгоҳи марказӣ
Нимфинал
28-уми феврал (ҷумъа)
11:00 – нимфинали 1-ум
15:00 – нимфинали 2-юм
1-уми март (якшанбе)
11:00 – Бозӣ барои ҷойи севум
15:00 – ФИНАЛ