Эътирози Узбекистон ба тасмими фурӯши истироҳатгоҳҳо дар Иссиқкӯл
Узбекистон зидди хусусигардонии чаҳор истироҳатгоҳе дар вилояти Иссиқкӯли Қирғизистон баромадааст, ки замоне онҳоро дар ихтиёр дошт.
Баҳси Бишкеку Тошканд бар сари истироҳатгоҳҳо замоне сар зад, ки Қирғизистон ибтидои моҳи феврал гуфт, тасмим дорад, истироҳатгоҳҳоро ба сармоягузорони хусусӣ бидиҳад.
Бар асоси нақшаи Бунёди идораи амволи давлатии Қирғизистон, се истироҳатгоҳ ба сармоягузорони хусусӣ дода мешаванд, вале моликияти давлати Қирғизистон мемонанд. Мақомоти қирғиз гуфтанд, вазъи истироҳатгоҳҳо инро талаб мекунад.
Ширкатҳои давлатии Узбекистон, ки то соли 2016 истироҳатгоҳҳоро дар ихтиёр доштанд, зидди тасмими мақомоти қирғизанд.
Бонки миллии фаъолиятҳои иқтисодии хориҷии Узбекистон истироҳатгоҳи "Роҳат-НБУ", бонки "Асака" истироҳатгоҳи "Дилором", "Узпромстройбонк" истироҳатгоҳи "Бустон" ва Корхонаи механикии Тошканд истироҳатгоҳи "Регҳои тилоӣ"-ро дар ихтиёр доштанд. Ба иттилои Podrobno.uz, онҳо бо нашри як изҳороти муштарак гуфтаанд, зидди фурӯши истироҳатгоҳҳо ҳастанд.
Вале мақомоти Қирғизистон гуфтанд, эътирози корхонаҳои Узбекистон асос надорад. "Истироҳатгоҳҳо моликияти Қирғизистон аст. Ҳатто вақте, ки аз сӯи корхонаҳои узбекистон истифода мешуданд, ба онҳо тааллуқ надоштанд", - изҳор доштааст бунёд.