Добавить новость
ru24.net
World News in Tajik
Январь
2022

"Росатом" мехоҳад, дар Қирғизистон неругоҳи ҳастаӣ созад

0
Ширкати давлатии русии "Росатом" ва Вазорати энергетикаи Қирғизистон ёддошти ҳамкориеро дар бораи бунёди неругоҳи хурди ҳастаӣ имзо кардаанд.


Ба огаҳии ширкат, ин санад 20-уми январ дар ҳошияи Намоишгоҳи ҷаҳонии "Экспо-2020" дар шаҳри Дубай аз сӯи мудири кулли "Росатом" Алексей Лихачев ва вазири энергетикаи Қирғизистон Доскул Бекмурзоев имзо шудааст.


"Бунёди чунин неругоҳҳои ҳастаӣ на танҳо ба истиқлоли энержии Қирғизистон, балки ба сатҳи зиндагии мардум ва рушди илмию техникӣ дар тамоми минтақаи Осиёи Марказӣ мусоидат мекунад", - гуфтааст Лихачев.


Вазорати энергетикаи Қирғизистон 21-уми январ бо нашри изҳороте имзои ёддоштро шарҳ дода, гуфтааст, "ҷониби Қирғизистон дар марҳалаи кунунӣ танҳо алоқамандии худро барои омӯзиши таҷрибаи ояндадори донишмандони ҳастаии Русия изҳор кардааст".

Moscow.media
Частные объявления сегодня





Rss.plus
















Музыкальные новости




























Спорт в России и мире

Новости спорта


Новости тенниса