Сарвазири пешини Қирғизистон ба хориҷ рафт. Вай таҳти тафтишот қарор дошт
Жеенчороев нагуфт, ки Бабанов ба куҷо рафтааст. Расонаҳои маҳаллии Қирғизистон навиштанд, ки вай бо ҳавопаймои Бишкек-Москва рӯзи 5-уми август тарки кишвараш кардааст.
Бабановро дар доираи парвандаи маъруф ба кони тилои "Қумтор" рӯзи 31-уми май боздошт карда буданд. Рӯзи 27-уми июл додгоҳ ҳабси пешакии Бабановро иваз ва ӯро барои табобат дар хориҷ озод кард. Амантур Абдираҳмонов, вакили мудофеи сарвазири пешин гуфт, дар Қирғизистон натавонистанд, бемории ӯро ташхис диҳанд.
Мақомоти Қирғизистон Бабановро барои фасодкорӣ дар кони тилои "Қумтор" боздошт карда буданд.