Мы в Telegram
Добавить новость
ru24.net
World News in Tajik
Апрель
2018

Новости за 03.04.2018

Муҳоҷири тоҷик: “Хатар ин аст, ки аз ҷои кор меронанд” ВИДЕО

Ozodi.org 

Манъи чанд парвози ҳавопаймо аз Тоҷикистон ба Русия ва баръакс даҳҳо муҳоҷири тоҷикро дар ҳолати ногувор қарор додааст. Ин муҳоҷирон мегӯянд, хеле барвақт билети ҳавопайморо харида буданд, то худро рӯзи 2-юми апрел ба Русия бирасонанд ва ба кор оғоз кунанд. Аммо ҳамаи нақшаашон нақше бар об шуд.

Путин дар Туркия. Аз коргоҳи атомӣ то ҷанги ҳафтсолаи Сурия

Ozodi.org 

Раҷаб Таййиб Эрдуғон – раиси ҷумҳури Туркия – ва ҳамтои русаш Владимир Путин дар маросими шурӯи сохтмони нахустин коргоҳи атомӣ иштирок карданд. Ин тарҳ бо арзиши 20 миллиард доллар дар соҳилҳои ҷанубии баҳри Миёназамин дар Мерсини Туркия ҷойгир аст.

Тоҷикистон ҳар киловати барқро ба Узбекистон 2-сентӣ мефурӯшад. ВИДЕО

Ozodi.org 

Пас аз 9 соли таваққуф интиқоли нерӯи барқи Тоҷикистон ба Узбекистон шуруъ шуд. Мақомоти ширкати “Барқи тоҷик” гуфтанд, ки тибқи қарордод Тоҷикистон дар фасли тобистон ба кишвари ҳамсоя то 1,5 миллиард киловат соат нерӯи барқро бо арзиши 2-сентӣ (ҳар киловат) мефурӯшад.Пас аз 9 соли таваққуф интиқоли нерӯи барқи Тоҷикистон ба Узбекистон шуруъ шуд. Мақомоти ширкати “Барқи тоҷик” гуфтанд, ки тибқи қарордод Тоҷикистон дар фасли тобистон ба кишвари ҳамсоя то 1,5 миллиард киловат соат нерӯи барқро бо... Читать дальше...

Муовини раиси "Барқи тоҷик": Ҳар киловат барқро ба Узбекистон 2-сентӣ мефурӯшем

Ozodi.org 

Пас аз 9 соли таваққуф интиқоли нерӯи барқи Тоҷикистон ба Узбекистон шуруъ шуд. Мақомоти ширкати “Барқи тоҷик” гуфтанд, ки тибқи қарордод Тоҷикистон дар фасли тобистон ба кишвари ҳамсоя то 1,5 миллиард киловат соат нерӯи барқро бо арзиши 2-сентӣ (ҳар киловат) мефурӯшад.Пас аз 9 соли таваққуф интиқоли нерӯи барқи Тоҷикистон ба Узбекистон шуруъ шуд. Мақомоти ширкати “Барқи тоҷик” гуфтанд, ки тибқи қарордод Тоҷикистон дар фасли тобистон ба кишвари ҳамсоя то 1,5 миллиард киловат соат нерӯи барқро бо... Читать дальше...



Ширкати паҳлавонони тоҷик дар Гран-прии ҷудо дар Анталия

Ozodi.org 

Варзишгарони тоҷик дар мусобиқаи байналмилалии Гран-прии ҷудо, ки рӯзҳои 6-8-уми апрел дар шаҳри Анталияи Туркия баргузор мешавад, ширкат хоҳанд кард. Ба иттилои вебсайти Федератсиони байналмилалии ҷудо (IJF) дар ин мусобиқа ширкати ҳудуди 350 варзишгар аз 52 кишвар дар назар аст.

Муноқиша миёни сокинони наздимарзии Тоҷикистону Қирғизистон

Ozodi.org 

Сокинони ду русто дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон занозанӣ кардаанд. Дар ин бора мақомоти маҳаллӣ ба бахши қирғизии Радиои Озодӣ хабар доданд. Онҳо гуфтанд, муноқиша рӯзи 3-юми апрел дар мавриди тақсими замин сар зад. Гуфта мешавад, аз ду тараф чандин нафар ҷамъ омада, намояндагони мақомоти интизомӣ ва марзбонҳо низ ба ҷои ҳодиса расидаанд. Дар шабакаҳои иҷтимоӣ порае аз навори занозании ин гуруҳи сокинон нашр шудааст. Дар видео дида мешавад, ки ду тараф ба сӯи якдигар санг меандозанд. Дар бораи осебдидаҳо гузориш нашудааст. Читать дальше...

ИМА ба Украина мушаки зиддитанкии Ҷавелин медиҳад

Ozodi.org 

ИМА ба Украина мушаки зиддитанкии Ҷавелин медиҳад. Сенатори ҷумҳурихоҳ Боб Портман бовар дорад, ки ин силоҳи муосир ба Украина имкон медиҳад, ки соиҳибихтиёриву тамомияти арзии худро ҳифз кунад.

Ахбори Озодӣ аз 3-уми апрели соли 2018

Ozodi.org 

Тоҷикистон таҳрими ҳавоии Русияро ноҷо хонд, Душанбе ба Тошканд нерӯи барқ медиҳад, Дар вилояти Хатлон замиҷунбии давомдор ба хонаҳои мардум осеб расонда,сокинони Кӯлоб аз хатари обхезӣ нигаронанд, Садҳо сокинон дар шаҳри Душанбе аз иҷоранишинӣ сахтӣ мекашанд ва матолиби дигар.

"Диссернет" раиси Хатлонро ба асардуздӣ муттаҳам кард

Ozodi.org 

Пойгоҳи “Диссерент”, ки зидди тақаллубкорӣ ва плагиат матлаб нашр мекунад, Давлатшоҳ Гулаҳмадзода, раиси вилояти Хатлонро ба асардуздӣ муттаҳам кард. Гулаҳмадзода, ки аз соли 2013 раиси вилояти Хатлон аст, соли 2009 дар мавзӯи “Идораи раёсати заминдорӣ дар минтақаи дорои захираи фавқулодаи корӣ” рисолаи номзадӣ ҳимоя кард. Номзади илмҳои иқтисодист.

Муҳоҷирони Амрикои Марказӣ ба сӯи марзҳои ИМА ҳаракат карданд

Ozodi.org 

Беш аз 1200 муҳоҷири кории Амрикои Марказӣ бо убур кардани Мексика мехоҳанд худро ба марзҳои ИМА расонанд. Бахши умдаи онҳо шаҳрвандони Гондурас мебошанд, ки аз бесуботии сиёсӣ дар ватани худ фирор мекунанд. Раҳпаймоии 3200 километрӣ рӯзи 25 март аз шаҳри Тапачула, воқеъ дар марзи Гватемала оғоз шуд. Дар хотимаи ин раҳпаймоӣ баъзе иштирокдорони "Корвони муҳоҷирон" талош мекунанд, ки дар ИМА паноҳгох ёбанд ва бархе ҳам ба таври ғайриқонунӣ ба ин кишвар ворид шаванд. Сарфи назар аз даъвати президенти... Читать дальше...

Путину Эрдуғон дар Туркия мулоқот мекунанд

Ozodi.org 

Президенти Русия Владимир Путин қарор аст рӯзи 3 апрел бо ҳамкори туркаш Раҷаб Тайиб Эрдуғон дар Анкара дидору мулоқот кунад. Ин нахустин сафари хориҷии Путин баъди пирӯзии навбатиаш дар интихоботи раёсатҷумҳурии моҳи гузашта мебошад. Кремлин гуфт, ки Путин ва Эрдуғон аз маросими шурӯи кори як нирӯгоҳи ҳастаӣ тавассути конфронси видеоӣ назорат мекунанд. Ин пойгоҳ бо ширкати ҷониби Русия бунёд шудааст. Дар ҷаласаи ду президент қарор аст ҳамкориҳои тиҷоративу иқтисодии дуҷониба, ҷузъиёти харидории... Читать дальше...

Миллатгароҳои Украина бар зидди олигархҳо шӯриданд

Ozodi.org 

Намояндагони ҳизбҳо ва созмонҳои ҷамъиятии миллатгарои Украина барои пок кардани ин кишвар аз олигархо дар маркази Киев тазоҳурот баргузор мекунанд. Қаблан гуфта мешуд, ки ин гурӯҳҳо намоиши эътирозии худро дар назди бинои Кабинети вазирон, порлумон ва маъмурияяти раиси ҷумҳур мегузаронанд. Биноба ҳисобҳои пешакӣ ба ин эътироз беш аз 2 ҳазор нафар ҷалб шудааст. Нашрияи "Украинская Правда менависад, ки ҳаракат дар якчанд кӯчаи масдуд буда, беш аз ҳазор корманди идораҳои ҳифзи ҳуқуқ ба тартибот назорат мекунанд.

Новости России
Москва

Депутат Толстой предложил решение по зарвавшимся, приехавшим с оружием к Кремлю


Яхмос наздики 100 нафарро дар Қазоқистон бистарӣ кард

Ozodi.org 

Сухангӯи Идораи тандурустии вилояти Қазоқистони Ҷанубӣ Мира Сулеева мегӯяд, шумори сокиноне, ки дар шаҳри Чимкент аз яхмос заҳролуд гаштаанд, ба сад нафар наздик шуд. "Шаҳрвандоне, ки дар пайи заҳролудшавӣ аз яхмос ба беморхона муроҷиат кардаанд, ҳудуди 100 нафаранд. Ҳамаи онҳо бистарӣ ва аз ташхис гузаронида шуданд", - афзуд Сулеева. Ба гуфтаи ӯ, натиҷаи ташхис то ҳол муайян нашудааст ва шумори дақиқи заҳролудшудаҳо низ баъд аз анҷоми ташхис маълум мешавад. Ҳокими вилояти Қазоқистони Ҷанубӣ... Читать дальше...

Чин даъват кард, мулоқоти роҳбарони Куриёи Шимоливу ИМА "бо эҳтиёт" омода шавад

Ozodi.org 

Чин умедвор аст, ки мулоқоти таҳияшудаи роҳбарони Куриёи Шимоливу ИМА дар моҳи май "метавонад ба роҳатӣ пеш равад" ва ҳамаи ҷонибҳо "аз омилҳои барҳамзананда"-и мулоқот худдорӣ хоҳанд варзид. Дар ин бора рӯзи сешанбе вазири корҳои хориҷии Чин Ван И изҳори назар кард. Вай афзуд, дар нимҷазираи Куриё тағйироти мусбат рух дод ва ҳамаи ҷонибҳо ба онҳо бовар доранд. "Чин умедвор аст, ки ҳамаи ҷонибҳо набзи гуфтугӯ ва муколамаро пуштибонӣ мекунанд ва ба барқарории гуфтугӯ талош меварзанд", - гуфт Ван И. Читать дальше...

Раиси ширкати IRS дар Тоҷикистон барканор шуд

Ozodi.org 

Асомиддин Азизов, раиси ширкати Innovative Road Solutions (IRS) дар Тоҷикистон, аз мақоми худ барканор шудааст. Далери Абдулло, раиси дафтари матбуоти ширкати IRS, рӯзи 3-юми апрел ин хабарро тасдиқ кард. Аммо гуфт, «Азизов бо далели вазъи саломаташ бо хоҳиши худ аз вазифа рафт”. Ӯ гуфт, ки Асомиддин Азизов тақрибан панҷ сол ба ҳайси раиси ин ширкат фаъолият дошт ва “дар ин муддат барои таъмиру тармим ва нигоҳдории роҳҳои таҳти назораташ дар Тоҷикистон корҳои муҳиме анҷом дод”. Ширкати Innovative... Читать дальше...

Боздошти генерал Ҳаёт Шарифхоҷаев

Ozodi.org 

Генерал Ҳаёт Шарифхоҷаеви 51-сола, муовини собиқи раиси Хадамоти амнияти миллии Узбекистон, боздошт шудааст. Яке аз афсарони Вазорати корҳои дохилӣ дар ин бора рӯзи 2-юми апрел ба бахши узбекии Радиои Озодӣ хабар дод.

Дар заминҷунбии Сари Хосор 84 хона хароб шуд. АКС

Ozodi.org 

Дар натиҷаи заминҷунбии пай дар пайи панҷ рӯзи охир дар ҷамоати Сари Хосори ноҳияи Балҷувон 84 хонаи мардум хароб шудааст. Сокинон мегӯянд, аз рӯзи 30-юми март то кунун дар ҳудуди ин ҷамоат замин меҷунбад.


Спорт в России и мире

Новости спорта


Новости тенниса
ATP

Итальянский теннисист Янник Синнер впервые возглавил рейтинг ATP






Столичных водителей предупредили о затруднениях на дорогах из-за дождя 13 июня

Риттер надеется получить паспорт США к саммиту БРИКС в Казани в октябре

В Москве судят скромных следователей СК, бравших крупнейшие в истории России взятки

Крупный строительный кластер возведут в районе ...