Мы в Telegram
Добавить новость
ru24.net
World News in Tajik
Апрель
2018

Новости за 24.04.2018

Рамазон Қодиров сабти никоҳ дар "ЗАГС"-ро танқид кард

Ozodi.org 

Раҳбари Чеченистон Рамазон Қодиров дар сӯҳбат бо шабакаи телевизионии "Россия 24" гуфт, ки сабти расмии никоҳ  "бо ҳадафҳои ғаразнок" роҳандозӣ шуд. Менависад нашрияи "Коммерсантъ". "ЗАГС чӣ даркор аст? Ба ин хотир, ки вақте онҳо аз ҳам ҷудо мешаванд, молу мулкро тақсим кунанд. ЗАГС - ин қадами аввал ба сӯи хароб кардани оила аст",- гуфт Рамазон Қодиров. Раҳбари Чеченистон афзӯд, ки масъалаи бисёрникоҳиро дар сатҳи қонун матраҳ намекунад. Аммо гуфт, "худованд ба мард иҷозат додааст, ки чаҳор зан дошта бошад". Читать дальше...

Лукашенко дар бораи Арманистон: "Моро ҳамин тавр дар танҳоӣ нест мекунанд"

Ozodi.org 

Александр Лукашенко, раиси ҷумҳури Беларус, дар шарҳи “инқилоби махмалии Арманистон” гуфт, ки “ана, ҳамин тавр, моро якто-якто аз байн мебаранд”. Лукашенко нагуфт, ки дақиқан киро дар назар дорад, аммо аз сухарониаш дар Русия ёдовар шуд. “Ба ҷойи инки якҷо шуда, масъалаҳоро ҳал кунем, аз гиребони якдигар мегирем ва ба рӯи якдигар мушт мекашем”, - гуфт президент дар паёми солонааш ба порлумон ва шаҳрвандони Беларус. Рӯзи гузашта нахуствазири Арманистон Серж Саргсян аз мақомаш истеъфо дод. Ин ҳодиса... Читать дальше...

Тоҷикистон ба САҲА: "Қазияи Мирсаидов сиёсӣ нест, қаллобист"

Ozodi.org 

Намояндагии расмии Тоҷикистон дар назди Созмони Амният ва Ҳамкории Аврупо ба изҳороти расмии ҳайати Амрико ва Иттиҳоди Аврупо дар робита ба боздошти Хайрулло Мирсаидов – хабарнигор ва раҳбари КВН-и Тоҷикистон – посух дод.

Варзишгарони тоҷик ба мусобиқоти байналмилалии самбо роҳ дода шуданд

Ozodi.org 

Федератсияи байналмилалии самбо (FIAS) узвияти Федератсияи самбои Тоҷикистонро пас аз пардохти қарзи сесолааш ба маблағи 900 доллари ИМА азнав барқарор намуд. Ҳамакнун ба варзишгарони тоҷик иҷоза дода шуд, ки дар ҳамагуна мусобиқоти байналмилалӣ оид ба самбо иштирок намоянд.

Роҳи самбочиёни тоҷик ба мусобиқоти байналмилалӣ боз шуд

Ozodi.org 

Федератсияи байналмилалии самбо (FIAS) узвияти Федератсияи самбои Тоҷикистонро пас аз пардохти қарзи сесолааш ба маблағи 900 доллари ИМА азнав барқарор намуд. Ҳамакнун ба варзишгарони тоҷик иҷоза дода шуд, ки дар ҳамагуна мусобиқоти байналмилалӣ оид ба самбо иштирок намоянд.



The Guardian: Ғарб роҳи давр задани ветои Русия оиди Сурияро меҷӯяд

Ozodi.org 

Кишварҳои Ғарбӣ роҳи давр задани ветои Русия оиди силоҳи кимиёвии Сурия дар Шӯрои амнияти Созмони Милали Муттаҳидро меҷӯянд, то тарҳи қатъномаи марбутаро ба Ассамблеяи Генералии СММ пешниҳод кунанд. Дар ин бора нашрияи The Guardian рӯзи 24 апрпел бо такя ба манбаҳои дипломатӣ хабар дод. Қавонини Созмони Милали Муттаҳид дар мавридҳои истисноӣ, вақте масъала ба амнияти ҷаҳон рабт мегирад ва Шӯрои амният ба ҳалли он қодир нест, масъаларо ба баррасии Ассамблеяи Генералии СММ пешниҳод мекунад, ки 193 давлати узви СММ дар он намоянда доранд. Читать дальше...

Дуздӣ аз қабристон. Даҳҳо салибу панҷараи масеҳиён куҷо шуд?

Ozodi.org 

Ҷамъияти беш аз 300-нафарии масеҳиёнро дар ноҳияи Ёвон дуздии салиб ва панҷараҳои қабристон ба ташвиш овардааст. Онҳо мегӯянд, сокинони маҳаллӣ ба хотири ҷамъоварии оҳанпора, ки ҳар килояш аз 1 то 5 сомонӣ қимат дорад, салибу панҷараҳои оҳаниро медузданд.

Шоколодҳои серхаридори Нодира аз Русия то Тоҷикистон. ВИДЕО

Ozodi.org 

Таъми шоколаде аз Олмон дар хурдсолӣ, роҳи ояндаи Нодираро муайян кард. Нодира, имрӯз дар Русия як роҳи ғайриоддиву ҷолиби даромади худро дорад. Вай аз шоколад армуғонҳои зебо омода ва пешниҳоди харидорон мекунад. Мегӯяд, ҳамааш аз як ҳадяи дӯстони падараш, шурӯъ шуд.

Кумитаи Сенат Майк Помпеоро ба мақоми Котиби давлатии ИМА тавсия дод

Ozodi.org 

Кумитаи Сенат дар умури равобити байналмилалӣ, рӯзи душанбе номзадии Майк Помпеоро ба мақоми Котиби давлатии Амрико тавсия дод. Дар райъдиҳӣ 11 сенатор ба тарафдорӣ ва 9 сенатор мухолиф овоз доданд.   Майк Помпео, ки раҳбари Идораи истихбороти Амрико буд, баъди истеъфои Рекс Тиллерсон аз мақоми Котиби давлатӣ,  барои ишғоли ин мансаб пешниҳод гирифт.  Номзадии ӯ, ба далели наздик буданаш бо Трамп,  интиқоди Демократҳоро ба бор овард. Бисёр демократҳо мехостанд дар ин мақом нафари мустақил кор кунад. Читать дальше...

Узбекистон дар иҷрои тарҳи лӯлаи гази Туркманистон иштирок мекунад

Ozodi.org 

Узбекистон дар бунёди лӯлаи гази фаромиллии ТАБҲ (Туркманистон - Афғонистон - Покистон - Ҳиндустон) иштирок хоҳад кард. Ин нуктаро президенти Узбекистон Шавкат Мирзиёев рӯзи 23 апрел дар сӯҳбат бо рӯзноманигорон баён дошт.  Мирзиёев ин тарҳро нақшаи бузург номид, ки омили суботи вазъ дар Афғонистон хоҳад шуд. Муовини сарвазир ва мудири ширкати "Ӯзбекнафтгаз" Алишер Султонов дар суҳбат бо хабаргузории РИА Новости гуфт, дар ҳошияи гуфтугӯи раҳбарони Узбекистону Туркманистон дастур шудааст, ки барои... Читать дальше...

Ҳамла дар Фароҳи Афғонистон 9 сарбози артиш ва пулисро қурбон кард

Ozodi.org 

Пулиси Афғонистон мегӯяд, ки рӯзи 24 апрел мавҷи нави ҳамлаҳои Толибон дастикам нӯҳ сарбоз ва афсари пулисро қурбон кард.   Муҳамамд Носир Меҳрӣ, сухангӯи волии вилояти Фароҳ гуфт, ки дар пайи ҳамлаи Толибон ба постгоҳи ноҳияи Бала Булук камаш панҷ сарбоз кушта ва ду нафар захмӣ шуд.  Ба гуфтаи Меҳрӣ, дар ҷараёни даргирӣ, ки соатҳо идома дошт, шаш ҷангии Толибон низ ба ҳалокат расид ва се нафари дигар захм бардошт.  Ҳамзамон бо ин хабар, Толибон масъулияти ҳамла ба вилояти Ғазниро, ки чаҳор... Читать дальше...

Ширкати шатранҷбозони тоҷик дар мусобиқаи байналмилалӣ дар Тошканд. САДО

Ozodi.org 

Шатранҷбозони тоҷик дар мусобиқаи байналмилалӣ оид ба шоҳмот барои гиромидошти хотираи Георгий Аъзамов, аввалин гроссмейстери байналмилалӣ аз Узбекистон, ки дар шаҳри Тошканд ҷараён дорад, ширкат меварзанд.

Тоҷикистон, Қирғизистон ва Арманистон - дарёфткунандагони аслии кумакҳои Русия

Ozodi.org 

Александр Панкин, муовини вазири корҳои хориҷии Русия, гуфт, Маскав соли 2017 барои кумак ба кишварҳои дар ҳоли рушд 1,2 миллирад доллар додааст. Ӯ рӯзи 24-уми апрел дар ин бора дар суҳбат бо хабаргузории РИА Новости иттилоъ дод. Ба қавли Панкин, Маскав ба кишварҳои қаламрави Шӯравии собиқ ва ҳамчунин "шарикони қадимии стратегиаш дар Амрикои Лотинӣ ва Осиё" кумаки молӣ мекунад. Ӯ гуфт, доираи ин кишварҳо мушаххас аст, аммо аз ягон давлат ном набурд. Ба маълумоти коршиносон, дар тӯли 11 соли охир... Читать дальше...

Новости России
Москва

Стрелявших у Кремля мигрантов пытается оправдать диаспора: Просто "шалость"


Рақобати тимҳои мунтахаби наврасони Тоҷикистон ва Умон

Ozodi.org 

Дастаи мунтахаби нарасони футболи Тоҷикистон дар доираи омодагӣ ба марҳилаи ниҳоии мусобиқаи қаҳрамонии Осиё-2018 миёни бозигарони то 16-сола имрӯз, 24-уми апрел, бо тими наврасони Умон бозии дӯстона анҷом медиҳад. Ин бозӣ дар Варзишгоҳи марказии Ҳисор соати 18:00 шуруъ мешавад.

Тоҷикистон ба маҳсулоти гӯштӣ андози иловагӣ ҷорӣ мекунад. ВИДЕО

Ozodi.org 

Ҳукумати Тоҷикистон тарҳи пешниҳоди ҷорӣ кардани аксиз ба маҳсулоти гӯштӣ дар кишварро ба ниҳодҳои давлатӣ фиристодааст. Кумитаи андоз аз ин пешниҳод ҳимоят карда, Хадамоти зиддимонополӣ алайҳи он баромад.

Тоҷикистон ба маҳсулоти гӯштӣ андози иловагӣ ҷорӣ мекунад

Ozodi.org 

Ҳукумати Тоҷикистон тарҳи пешниҳоди ҷорӣ кардани аксиз ба маҳсулоти гӯштӣ дар кишварро ба ниҳодҳои давлатӣ фиристодааст. Кумитаи андоз аз ин пешниҳод ҳимоят карда, Хадамоти зиддимонополӣ алайҳи он баромад.

Камбуди доллар дар Тоҷикистон

Ozodi.org 

Бархе аз тоҷирон дар Тоҷикистон гуфтанд, ки як ҳафта боз дар бонкҳои кишвар доллар харида наметавонанд. Посухи баъзе бонкҳо ба харидорони доллар яксон будааст: “доллар нест”.

"Mail.ru дар мубориза бо Telegram ба Роскомнадзор кӯмак мекунад

Ozodi.org 

Дар мубораза бо паёмрасони Telegram  Mail.ru Group  ба Роскомнадзор кӯмак мекунад,- мегӯянд фаъолони Интернет, ки масдудшавиҳоро пайгирӣ мекунанд. Ба гуфтаи онҳо, Mail.ru рӯзҳои ахир нусхаи истифодаи маҳрамонаи VPN ва қуфлшиканҳои марбут ба Telegram-ро дар ихтиёри Роскомнадзор мегузорад. Тасдиқи ин хабар аз манобеи дигар дастрас нашудааст. Роскомнадзор талош дорад, дастрасӣ ба Telegram-ро, ки калиди мукотибаи корбаронашро ба Хадамоти амнияти Русия надод, маҳдуд кунад. Дар мубориза бо Telegram,... Читать дальше...

Зариф: "Дар Ховари Миёна на Саудӣ нерӯи ғолиб мешавад, на Эрон"

Ozodi.org 

Вазири умури хориҷии Эрон Муҳаммад Ҷавод Зариф гуфт, "дар Ховари Миёна на Арабистони Саудӣ нерӯи ғолиб мешавад, на Эрон" ва кишварҳои Халиҷи Форсро ба гуфтугӯ бо якдигар даъват кард. "Дар талоши таҳкими қудрат дар минтақа ва берун кардани дигарон аз минтақа, мо минтақаро нобуд кардем", - гуфт Зариф рӯзи 23-юми апрел дар нишасти Шӯрои равобити хориҷӣ дар Ню-Йорк. Вазири корҳои хориҷии Эрон зарурати шадид ба дигаргуниро таъкид кард ва гуфт, Эрон ба ин омода аст. "Мо ба андозаи кофӣ бузург шудаем... Читать дальше...


Спорт в России и мире

Новости спорта


Новости тенниса
Ролан Гаррос

Испанец Алькарас выиграл Открытый чемпионат Франции по теннису






Эксперт назвал принимающие русских туристов без загранпаспорта страны

ЦБ приостановил торги в долларах и евро на Мосбирже в связи с санкциями

В столичном регионе выпало за сутки почти половина месячной нормы осадков

Синоптики спрогнозировали до 23 градусов тепла и дожди в Москве 13 июня