Мы в Telegram
Добавить новость
ru24.net
World News in Tajik
Апрель
2018

Новости за 16.04.2018

Рӯйхати "сиёҳи" Бонки миллӣ ду тақсим шуд

Ozodi.org 

Бонки миллии Тоҷикистон хабар дод, ки дар рӯйхати "афроди алоқаманд ба терроризм" тағйирот ворид кардааст. Исми бархе журналистон ба феҳристи "ифротгароҳо" ворид шуд.

ИМА имрӯз алайҳи Русия таҳримҳои нав эълон мекунад

Ozodi.org 

Интизор меравад, ки имрӯз Амрико алайҳи Русия таҳримҳои нав ҷорӣ кунад. Таҳримҳои нав вокуниши ИМА ба пуштибонии Русия аз раҳбари Сурия Башор Асад аст, ки ба истифодаи силоҳи кимиёвӣ муттаҳам мешавад. Тибқи пешбинӣ, таҳримҳои нав ширкатҳоеро ҳадаф қарор медиҳанд, ки дар таъмини режими Башор Асад бо таҷҳизоти марбут ба силоҳи кимиёвӣ даст доранд. Шабакаи телевизионии CNN бо такя ба манбаҳояш мегӯяд, ки мақомоти амрикоӣ фаъолияти беш аз 10 ширкати Русия, бо шумули бонкҳо ва фурӯшандагони таҷҳизотро омӯхтаанд ва интизор меравад... Читать дальше...

Куллиёти Айнӣ дар Русия ба нашр мерасад

Ozodi.org 

Қарор аст чопи дубораи ҷилди аввали куллиёти Садриддин Айнӣ, ки аз ашъори назмии сардафтари адабиёти муосири тоҷик иборат аст, танҳо ба миқдори ҳазор дона сурат бигирад. Эраҷ Айнӣ, набераи устод ва раҳбари Сандуқи гиромидошти Садриддин Айнӣ 16-уми апрел дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ки "ин миқдор хеле ночиз аст. Зеро, дар Тоҷикистон 4,5 ҳазор китобхона ва ҳамин миқдор китобхонаҳои мактабӣ ҳастанд ва ҳазор дона китоб ҳатто барои тақсим ба ин китобхонаҳо кифоят намекунад. Гузашта аз ин, аҳолии Тоҷикистон... Читать дальше...

Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо Зариф: Сиёсати Тоҷикистон орӣ аз "меъёрҳои духӯра" аст

Ozodi.org 

Муҳаммадҷавод Зариф, вазири умури хориҷии Эрон ҷиҳати ширкат дар 23-юмин нишасти Шӯрои вазирони умури хориҷии кишварҳои узви Созмони ҳамкориҳои иқтисодӣ (ЕКО), баъд аз зӯҳри 16-уми апрел вориди Душанбе шуд.



20 соли телевизиони мустақили СМ-1

Ozodi.org 

СМ-1 - Симои мустақили якум дар шимоли Тоҷикистон нахустин телевизиони хусусӣ дар шимоли Тоҷикистон аст, ки 16 апрел аз таъсис ва пахши намоишҳояш 20 сол пур шуд.

Ахбори Озодӣ аз 16-уми апрели 2018 (HD)

Ozodi.org 

Марзбонони тоҷики муттаҳам дар куштори моҳигири суғдӣ аз озодӣ маҳрум шуданд, иштироки соҳибкорони Самарқанд дар Анҷумани шартномабандии Хуҷанд, Президенти Амрико мегӯяд, тасмим надорад, сарбозони кишварашро дар Сурия нигаҳ дорад ва матолиби дигар.

Оғози масдудшавии паёмрасони Telegram дар Русия

Ozodi.org 

Манъи дастрасӣ ба паёмрасони Telegram бо ҳукми додгоҳи Таганский дар Русия оғоз шуд,- дар ин бора сомонаи Роскомнадзор рӯзи душанбе хабар дод. Дар давоми рӯз ин муассиса аз мағозаҳои App Store ва Google Play дархост мекунад, ки замимаи Telegram-ро лағв кунанд. Дар ин бора раҳбари Роскомнадзор Александр Жаров ба Интерфакс хабар дод. Рӯзи ҷумъа додгоҳе дар Маскав амри оҷилан бастани шудани Telegram-ро содир кард. Ҳукм баъди он содир шуд, ки раҳбарияти Telegram бо такя ба банди Қонуни асосӣ дар бораи мукотибаи маҳрамона... Читать дальше...

Барбара Буш сиҳатиашро аз даст медиҳад

Ozodi.org 

Собиқ бонуи аввали ИМА Барбара Буш сиҳатиашро аз даст медиҳад ва дигар мавриди муолиҷаи тиббӣ қарор намегирад.  Ҷим МакГрес, сухангӯи хонаводаи президенти собиқи ИМА рӯзи 15 апрел бо пахши изҳороте гуфт, ки хонум Барбара Буши 92-сола баъди чандин мавриди муолиҷа дар бемористон ва дар паи машварат бо табибону аҳли хонавода дигар аз табобат даст мекашад ва дар шароити хона қарор мегирад. Ӯ ҳамсари Ҷорҷ Буши калонӣ аст, ки солҳои 1989-1993 президент буд ва ҳам писараш ду мӯҳлат, дар солҳои 2001-2009 дар ИМА дар мақоми раёсатҷумҳурӣ кор кардааст.

Телевизиони "СМ-1" 20-сола шуд

Ozodi.org 

"СМ-1"  - Симои мустақили якум дар шимоли Тоҷикисон нахустин телевизиони хусусӣ дар шимоли Тоҷикистон аст, ки имрӯз аз таъсис ва пахши намоишҳояш 20 сол пур мешавад. 6 сол қабл радиои мансуби ин ширкат “Пайванд” низ рӯи мавҷи ФМ омада буд. Қабл аз таъсиси СМ-1, дар оғози солҳои 90-уми телевизиони хусусии дигаре бо номи “Темурмалик" рӯи майдон омада, вале баъд аз муддате аз байн рафт. Аз ин ҷо метавон СМ-1-ро байни 7 телевизиони хусусӣ дар маркази вилояти Суғд “аз ҳама дарозумр” номид, ки шебу фарозҳои... Читать дальше...

Телевизиони СМ-1" 20-сола шуд

Ozodi.org 

"СМ-1"  - Симои мустақили якум дар шимоли Тоҷикисон нахустин телевизиони хусусӣ дар шимоли Тоҷикистон аст, ки имрӯз аз таъсис ва пахши намоишҳояш 20 сол пур мешавад. 6 сол қабл радиои мансуби ин ширкат “Пайванд” низ рӯи мавҷи ФМ омада буд. Қабл аз таъсиси СМ-1, дар оғози солҳои 90-уми телевизиони хусусии дигаре бо номи “Темурмалик" рӯи майдон омада, вале баъд аз муддате аз байн рафт. Аз ин ҷо метавон СМ-1-ро байни 7 телевизиони хусусӣ дар маркази вилояти Суғд “аз ҳама дарозумр” номид, ки шебу фарозҳои... Читать дальше...

КДЖ ба Қазоқистон: таъқиби журналистон хотима ёбад

Ozodi.org 

Кумитаи дифоъ аз журналистон аз ҳукумати Қазоқистон даъват кард, ки таъқиби ҷиноии ду расонаи мӯътабар ва хабарнигорони онро қатъ кунад. Дар изҳороте, ки рӯзи 13 апрел аз ҷониби созмони воқеъ дар Ню-Йорк нашр шуд, аз мақомот тақозо мешавад, ки “маъракаи таъқиб” алайҳи вебсайти Ratel.kz ва маҷаллаи Forbes-и чопи Қазоқистонро хотима диҳанд. Рӯзи 2 апрел полиси Алматӣ қароргоҳи ин ду нашрияро тафтиш карда, компютеру санадҳои дар офис пайдошударо мусодира кард. Тафтишоти полис инчунин дар хонаҳои чанд журналисти ин нашрия ҳам идома кард. Читать дальше...

Новости России
Москва

Новинки для пляжа от belle you: купальники Splashes для яркого лета


Мақомоти Мянмар аз бозгашти мусалмонҳои Роҳинҷа хабар доданд

Ozodi.org 

Мақомоти Мянмар аз бозгашти нахустин паноҳандагони мусалмонҳои Роҳинҷа ба ватан хабар доданд. Намонядагони ин қавм ба хотири наҷот аз таъқиби низомиёни Мянмар ба Бангладеш фирор карда буданд. Ба иттилои расонаҳо, дар маҷмуъ 700 ҳазор Роҳинҷаи Мянмар ба Бангладеш паноҳ бурданд. Ҳомиёни ҳуқуқ иқдоми ахири ҳукумати Мянмарро танқид мекунанд. Ба бовари ҳомиён, бозгардонии Роҳинҷа як амалиёти тарғиботист, ки бе назардошти амнияти зиндагии мусалмонон рӯи даст гирифта шудааст. Мусалмонони Роҳинҷа, ки кишвари мустақили худро надоранд... Читать дальше...

Аз садамаи автобус дар Туркманистон 17 нафар ҷон бохт

Ozodi.org 

Рӯзи 14 апрел дар натиҷаи як тасодуфи роҳ дар туркманистон 17 кас ҷон бохт. Ин ҳодиса дар наздикии дараи Чулин, минтақаи маъруфи истироҳатии Туркманистон, 20-километрии ғарби шаҳри Ишқобод рух дод. Як манбаъ дар пулиси маҳаллӣ гуфт, шумори қурбониён то субҳи якшанбе ба 17 нафар расид. Дар мавриди теъдоди захмиён иттилои дақиқе рӯи даст нест. Пулис мегӯяд, автобус бинобар шумори аз ҳад зиёди мусофирон ва номусоидии бодуҳаво ба садама дучор шуд. Он рӯз дар ин минтақа борон меборид. Ронанда автобусро... Читать дальше...

Дар Покистон ду масеҳӣ қурбонии ДОИШ шуд

Ozodi.org 

Мақомоти Покистон гуфтанд, ки дар беруни як калисои масеҳӣ дар ҷанубуғарби ин кишвар ҳамлагарони мотосиклсавор ду масеҳиро ба қатл расониданд. Масъулияти ҳамлаеро, ки 15 апрел дар беруни калисо дар шаҳри Кветта, маркази вилояти Балуҷистон рух дод, гурӯҳи ба ном “Давлати исломӣ” ба ӯҳда гирифт. Як мақоми полиси маҳаллӣ Атоуллошоҳ гуфт, ҳамла дар лаҳзаҳое рух дод, ки масеҳиҳо баъди тарки намоз аз калисо берун шуда ба хона мерафтанд ва мардони савори мотосикл ба сӯи гурӯҳи намозгузорҳо оташ кушоданд. Читать дальше...

Задухӯрд дар марзи Афғонистону Покистон: чанд нафар кушта шуд

Ozodi.org 

Полиси нирӯҳои марзбонии Афғонистон ва нирӯҳои ниманизомии ҳукумати Покистон  дар наздикии қитъаи баҳсии марзи ду кишвар вориди задухӯрд шуданд ва дар натиҷа, аз ҳарду ҷониб чанд нафар кушта ва захмӣ шуд. Нирӯҳои ниманизомии Покистон масъулияти таъмини амният дар марзро ба ӯҳда доранд. Мақомоти амниятии Афғонистон ба Радиои Озодӣ гуфтанд, ки дар ҳодисае, ки рӯзи 15 апрел дар ноҳияи Ҷоҷимайдони вилояти шарқии Хусти Афғонистон рух дод,  ду афсари полиси Афғонистон ва шаш сарбози покистонӣ кушта шуданд. Читать дальше...

Мило Ҷуканович худро барандаи интихоботи президентии Черногория эълон кард

Ozodi.org 

Мило Ҷуканович дар интихоботи президентии Черногория (Монтенегро) худро пирӯз эълон кард. Ҷуканович, ки дар гузашта шаш бор дар мақоми нахуствазир ва як дафъа дар нақши президент ифои вазифа кардааст, гуфт, ки пирӯзии вай дар овоздиҳии 15 апрел “пойбандии устувори Черногория” ба роҳи аврупоии рушдро ба намоиш гузошт. Маркази назорат ва таҳқиқ, як созмони мустақили назарсанҷӣ гуфт, ки Ҷуканович дар рақобат бо Младен Боянич пирӯз шуда, 54 дарсади овозҳоро ба даст овардааст. Ба ҷонибдории рақиби ӯ 33 дарсад овоз додаанд. Читать дальше...


Спорт в России и мире

Новости спорта


Новости тенниса
Ролан Гаррос

Испанец Карлос Алькарас выиграл Открытый чемпионат Франции по теннису






В Москве открылся туристический форум «Путешествуй!»

В Москве 21 июня откроется гастрономический фестиваль MAXIMUM Гриль

В Москве расширяют программу стимулирования создания мест приложения труда

Мария Багреева: более трети участников нацпроекта в Москве – малый бизнес