Мы в Telegram
Добавить новость
ru24.net
World News in Tajik
Апрель
2018

Новости за 15.04.2018

Дилшод бо як гол «Истиқлол»-ро пешсаф кард

Ozodi.org 

“Истиқлол”-и Душанбе, ки дар бозии марказии даври панҷуми мусобиқаи қаҳрамонии футболи Тоҷикистон миёни дастаҳои лигаи олӣ бар “Хуҷанд”-и шаҳри Хуҷанд бо ҳисоби 1:0 пирӯз шуд, дар ҷадвали мусобиқа ба зинаи аввал баромад.

Кӣ бозори Суғдро мегирад, Русия ё Узбекистон?

Ozodi.org 

Дар ҳамоиши соҳибкорон дар шаҳри Гулистон соҳибкорони шаҳри Самарқанди Узбекистон гуфтанд, ки дар Самарақанд низ ҳамин моҳ чунин ҳамоишеро ва бо иштироки соҳиборони Суғд доир хоҳанд кард.

Оғози сабти номи раъйдиҳандагон дар Афғонистон

Ozodi.org 

Дар Афғонистон рӯзи 14-уми апрел сабти номи раъйдиҳандагон барои интихоботи порлумонӣ ва маҷлисҳои вилоятӣ шурӯъ шуд. Қарор аст, интихобот моҳи окятбр сурат бигирад ва мақомот умедворанд, дар ду моҳи оянда 14 миллион зану мардро, ки ҳаққи раъй доранд, сабти ном кунанд. Аммо теъдоди зиёде аз 7300 маркази раъйдиҳӣ дар Афғонистон дар манотиқе аст, ки ё зери ҷангҷӯён қарор доран, ё амн нестанд. Ба қавли мақомот аввал сабти номи раъйдиҳандагон дар марказҳои вилоятҳо сурат мегирад ва сипас ба ноҳияҳву дигар шаҳрҳои алоҳида мераванд. Читать дальше...

Ҳавошиносони тоҷик мегӯянд, эҳтиёт кунед

Ozodi.org 

Ҳавошиносон дар Тоҷикистон аз мардум хостаанд, то ду рӯзи оянда эҳтиёткор бошанд, зеро ҳаво дар кишвар тағйир меёбад ва мумкин аст, бар асари боди сахт хатҳои интиқоли барқ канда шаванд, дарахтон бишкананд ва боми хонаҳо зарар бинанд.

Ҳушдори ҳавошиносон аз хатар дар Тоҷикистон

Ozodi.org 

Ҳавошиносон дар Тоҷикистон аз мардум хостаанд, то ду рӯзи оянда эҳтиёткор бошанд, зеро ҳаво дар кишвар тағйир меёбад ва мумкин аст, бар асари боди сахт хатҳои интиқоли барқ канда шаванд, дарахтон бишкананд ва боми хонаҳо зарар бинанд.

Тоҷикистон аз Куриёи Шимолӣ хост, бомба насозад

Ozodi.org 

Давлати Тоҷикистон аз Куриёи Шимолӣ хостааст, ки мутобиқ ба қарорҳои Созмони Милал амал карда ва аз ҳаргуна озмоиши аслиҳаи атомӣ даст бикашад. Дар ин бора вазорати умури хориҷӣ рӯзи 15-уми апрел хабар дод. Дар баёнияи расмии вазорат омадааст, ки масъалаи мазкур рӯзи 13-уми апрел зимни сафари кории Ли Ён Хо, вазири умури хориҷии Куриёи Шимолӣ ба Душанбе баррасӣ шуд. Зимни мулоқот бо вазири куриёӣ, Сироҷиддин Аслов, вазири умури хориҷии Тоҷикистон гуфтааст, ки  “Тоҷикистон ба саъю кӯшишҳои Ҷумҳурии... Читать дальше...



Тазоҳурот дар Маскав ба зидди ...

Ozodi.org 

Садҳо нафар аз сокинони вилояти Маскав ба нишони эътироз аз олудагии ҳаво дар макони зисташон ба тазоҳурот баромаданд. Аз ҷумла 1000 нафар дар шаҳри Волокаламск зимни намоиши эътирозӣ аз мақомот хостанд, партовгоҳи азимеро дар рустои Ядрово бубанданд. Тазоҳурот дар ин минтақа баъди он шурӯъ авҷ гирифт, ки охири моҳи март чандин нафар бахусус кӯдакон бар асари дуди хориҷшуда аз партовгоҳ заҳролуд шуданд. Дар Ядрово, ки соли 2008 боз шуд, партовҳои азими Маскав ва навоҳии атрофи онро нигаҳ медоранд. Читать дальше...

Оғози интихоботи сарнавиштсози Черногория

Ozodi.org 

Дар Черногория интихоботи раёсати ҷумҳурӣ шурӯъ шуд ва интизор меравад, дар он Мило Дюканович, нахуствазир ва раиси ҷумҳури собиқ пирӯзӣ ба даст биёрад. Интихоботи рӯзи 15-уми апрел маълум мекунад, ки оё ин кишвари хурди 640 ҳазор нафарӣ дар Аврупо дар роҳ ба сӯи узвият дар Иттиҳодияи Аврупо мемонад ва ё дигарбора ба мадори Русия бармегардад. Назарсанҷиҳо дар Черногория нишон додаанд, ки Мило Дюканович мумкин аст бештар аз 50 дар сади раъйи мардумро ба даст оварда ва баъди ду соли танаффус дигарбора ба саҳнаи сиёсӣ дар кишвараш баргардад. Читать дальше...

Покистон мушаки дигареро озмоиш кардааст

Ozodi.org 

Артиши Покистон гуфт, ки навъи такмилдодаи мушаки баллистикии “Бобур”-ро бомувафаққият озмоиш кардаанд.   Дар баёнияи артиш аз рӯзи 14-уми апрел омадааст, ки мушаки такмилшуда метавонад, ҳадафи худро дар масофаи то 700 километр чӣ дар баҳру ва ё чӣ дар замин дақиқ ҳадаф гирифта, аз байн барад. Дар баёния ҳамчунин омадааст, ки “Ин мушак дар иртифои паст ва ноаён парвоз мекунад ва қодир ба ҳамлаи кулоҳкаҳои гуногун аст.”  Соли гузашта артиши Покистон гуфт, ба онҳо муяссар шудааст, нахустин бор... Читать дальше...

Ду кӯдаки хурдсол дар ноҳияи Рашт кушта шуданд

Ozodi.org 

Мақомоти интизомии Тоҷикистон мегӯянд, ду кӯдаки 5 ва 6-сола дар ноҳияи Рашт зери чархи як мошин монда ба ҳалокат расидаанд. Вазорати умури дохилӣ рӯзи 14-уми март хабар дод, ки Абубакр Кулолов, ронандаи 28-сола аз шаҳри Душанбе рӯзи 13-уми апрел ҳангоми ҳаракат ба самти шаҳри Душанбе дар қаламрави ҷамоати Деҳоти сурхи ноҳияи Рашт аз “уҳдаи идораи мошин набаромада” ва Сайфулло Саидови 6-сола ва Муҳаммад Саидови 5 – соларо пахш кардааст, ки ҳарду захмҳои вазнин бардошта ва дар шифохона ҷон додаанд. Читать дальше...

Футболбозони тоҷик мизбонони худро "дӯстона" шикаст доданд

Ozodi.org 

​Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-19) дар доираи омодагиаш ба марҳилаи ниҳоии мусобиқаи қаҳрамонии футболи Осиё миёни бозигарони то 19-сола рӯзи 14-уми апрел дар шаҳри Шарҷа дар бозии дувуми дӯстона бар ҳамсолони худ аз Имороти Муттаҳидаи Араб бо ҳисоби 3:2 пирӯз шуд.


Спорт в России и мире

Новости спорта


Новости тенниса
Даниил Медведев

Медведев, Кафельников, Федерер, Маррей, Роддик, Агасси поздравили Синнера со статусом первой ракетки мира






«Только статус бесполезен»: эксперты оценили слухи о Новосибирске в роли третьей столицы России

В Москве открылся туристический форум «Путешествуй!»

В Луховицах пройдет третий забег с препятствиями «Стальная птица» 13 июля

Сотрудники Росгвардии приняли участие в спортивном празднике МГО «Динамо» в Москве