Мы в Telegram
Добавить новость
ru24.net
World News in Tajik
Апрель
2018

Новости за 04.04.2018

Санҷиши дохилӣ. Абдурасул Назаров аз чӣ фавтид?

Ozodi.org 

Дар Идораи умури дохилии ноҳияи Сино-2 санҷиши дохилӣ сар шудааст, то муайян кунад, ки оё маъмурони милисаи ин минтақаи Душанбе дар латту кӯб ва марги Абдурасул Назаров, сокини шаҳри Кӯлоб, даст доранд ё не.

Президенти AFC ба Тоҷикистон меояд

Ozodi.org 

​Президенти Конфедератсияи футболи Осиё (AFC) Шайх Салмон бин Иброҳим Ал-Халифаи 50-сола рӯзи панҷшанбе, 5-уми апрел, бо сафари расмӣ ба Тоҷикистон меояд. Дар ин бора ба Радиои Озодӣ 4-уми апрел аз дафтари матбуоти Федератсияи футболи Тоҷикистон хабар доданд.

Туркия, Русия ва Эрон барои оромии вазъ дар Сурия ӯҳдадор шуданд

Ozodi.org 

Дар паи музокирот дар Анкара президентони Эрон, Туркия ва Русия ӯҳдадор шуданд, ки талошҳо барои истиқрори оромӣ дар Сурияро суръат мебахшанд. Президентони Туркия Раҷаб Тайиб Эрдуғон, Русия – Владимир Путин ва Эрон – Ҳасани Рӯҳонӣ ба ин хулоса расиданд, ки хатми низоъ танҳо тавассути музокираҳои сиёсӣ ба даст меояд. Ин нукта дар матни изҳороти муштараки президентон нашр шудааст, ки дар вебсайти Рӯҳонӣ ҳам 4 апрел чоп шуд. Дар давоми камтар аз ним соли охир бори дуюм аст, ки Эрдуғон музокироти сеҷониба... Читать дальше...

Дар паи сӯхтор дар маркази тиҷоратие дар Маскав даҳҳо тан берун оварда шуданд

Ozodi.org 

Дар натиҷаи сӯхтор дар як маркази тиҷоратии шаҳри Маскав, 100 нафар аз дохили бино берун оварда шуданд. Ин маркази тиҷоратӣ махсуси фурӯши маҳсулот барои кӯдакон аст ва вақти оташ гирифтани амборҳои ошёнаи боло боми бино ба замин сарозер шуд. Дар натиҷа  як нафар кушта шуд. Сӯхтор дар маркази “Персей для детей” рӯзи 4 апрел сар зад.   Матбуот ва ҳам хадамоти изтирорӣ хабар доданд, ки аз дохили бино 115 нафар берун оварда шуд. Бинои чорошёнаи маркази тиҷоратӣ 6000 метри квадратӣ буда, дар шарқи Маскав ҷойгир аст. Читать дальше...



Лондон: иштироки Русия дар таҳқиқи парвандаи Скрипал "ғайриахлоқӣ" аст

Ozodi.org 

Пешниҳоди Русия барои таҳқиқи якҷояи парвандаи заҳролудшавии Сергей Скрипал "ғайриахлоқӣ" аст. Ин нуктаро ҳайъати Британия дар нишасти изтирории Созмони манъи силоҳи кимиёвӣ дар Гаага баён дошт. Ин нишаст бо талаби Маскав даъват шуд. Маскав нишасти созмонро ба хотири муқовимат ба айбдоркуниҳои Лондон даъват кард, ки Русияро дар заҳролудшавии Сергей Скрипал ва духтари ӯ Юлия бо гази фалаҷкунандаи асаб, дар шаҳри Солсберии Британия, муқассир медонад. Ҳайъати Британия гуфт, ки хоҳиши Маскав "тактикаи диверсионӣ... Читать дальше...

Ахбори Озодӣ аз 4-уми апрели 2018 (HD)

Ozodi.org 

Тоҷикистону Русия рафтуомади ҳавоиро баррасӣ мекунанд, раҳбарони ноҳияҳои Исфараи Тоҷикистон ва Бодканди Қирғизистон имкони ором намудани минтақа баъди бархӯрдҳои як рӯзи пешро баҳс мекунанд, таҳқиқи марги Абдурасул Назаров, тирпарронӣ дар қароргоҳи YouTube ва матолиби дигар.

"Юриш"-и малахҳои марокашӣ ба киштзори сокинони Панҷ. ВИДЕО

Ozodi.org 

Камии алаф дар кӯҳистон ва талу теппаҳои баъзе ноҳияҳои Хатлон эҳтимоли ҳамлаи малахҳои марокашӣ ба замини кишти сокинонро бештар кардааст. Кишоварзон аз малахи марокашӣ ба унвони ҳашароти зараррасон ном мебаранд, ки дар авоили моҳи март аз хок берун шуда, ба замину дарахтони сабз ҳуҷум мекунад.

"Президент аз ҳамаи сохтакориҳо бохабар аст"- гуфт сухангӯи Мирзиёев

Ozodi.org 

Сухангӯи президенти Узбекистон гуфт, ки "Шавкат Мирзиёев аз тамоми сохтакориҳо, ки ҳангоми сафарҳояш дар кишвар ҷараён мегиранд, хабар дорад".  Расонаҳо пештар навишта буданд, ки дар ҷараёни сафари президенти Узбекистон ба вилояти Ҷиззах донишомӯзони коллеҷи маҳаллӣ нақши коргарони корхонаи дузандагиро бозиданд. Ба навиштаи расонаҳо, мақомоти маҳаллӣ "барои президент намоишнома" таҳия карданд. Комил Алламҷонов, сухангӯи президенти Узбекистон гуфт: "Мо аз ин ҳодиса огоҳ ҳастем. Агар шумо таваҷҷуҳ карда бошед... Читать дальше...

Шаш сарбози артиши Афғонистон маҷрӯҳ шуд

Ozodi.org 

Шаш сарбози афғон дар як таркиши бомба  дар шаҳри Кобул ҷароҳатҳои сабук бардоштанд. Дар ин бора вазорати дифои Афғонистон хабар дод. Дар изҳороти вазорат гуфта шуд, ки ду бомбаи магнитӣ дар як сутуни барқ насб шуда буд ва рӯзи 4 апрел, лаҳзаҳое, ки сарбозони артиши миллии Афғонистон аз наздаш убур мекарданд, ба кор андохта шуд. Аз ин пеш мақомоти вазорати беҳдошти Афғонистон гуфтанд, ки се нафар барои муолиҷа ба бемористон интиқол ёфтанд. Ҳанӯз ҳеҷ гурӯҳ ё нафаре масъулияти ин ҳамларо ба дӯш нагирифтааст... Читать дальше...

Трамп: "Ҳеҷ кас ба андозаи Доналд Трамп бо Русия шадидуллаҳн набуд"

Ozodi.org 

Раҳбарони  се кишвари назди Балтика аз президенти ИМА Доналд Трамп хостанд, ки аз роҳи тақвияти нирӯҳои ИМА ва НАТО дар амри  боздоштани Русия дар соҳилҳои шарқӣ талош ба харҷ диҳад. Дар мулоқоте, ки рӯзи 3 апрел дар Кохи Сафед ҷараён гирифт, президентони Литва Далия Грибаускайте, Эстония – Керстӣ Калюлайд ва Литва – Раймонд Вейонис иштирок карданд. Онҳо мунаққидони шадиди Русия  дар Иттиҳодияи Аврупо буда, дар шароите аз Амрико боздид мекунанд, ки Трамп дар робита бо нақшаҳояш нисбати Кремлин паёмҳои зидду нақиз додааст. Читать дальше...

Пирӯзии Далер Пиров, хонандаи тоҷик дар озмуни Маскав

Ozodi.org 

Як хонандаи тоҷик дар озмуни байналмилалии илмҳои нанотехнология пирӯзӣ ба даст овард. Ин озмун аз 25 то 31-уми марти имсол дар Донишгоҳи давлатии Маскав ба номи Ломоносов баргузор шудааст. Тоҷикистонро дар ин сабқат гурӯҳе аз хонандагони литсей-интернати «Ҳотам ПВ» муаррифӣ карданд. Аз миёни онҳо Далер Пиров, хонандаи синфи 9-ум ғолиб дониста шуд. Пештар аз ин хонандаҳои тоҷик дар озмуни техникаи роботсозӣ, ки дар Русия баргузор шуда буд, пирӯзӣ ба даст оварданд. Соли 2008 бори аввал аз Тоҷикистон... Читать дальше...

Новости России
Москва

Владимир Путин сенсационно получил ключевое признание от Н А Т О.


Интиқоди Иттиҳодияи Аврупо аз Косово ва Туркия барои истирдоди шаш турк

Ozodi.org 

Иттиҳодияи Аврупо рӯзи 3 апрел тасмими Косово дар заминаи истирдоди шаш шаҳрванди Туркия ва душманони сиёсии президент  Раҷаб Таиб Эрдуғонро интиқод кард. Брюссел гуфт, ки тасмими истирдод суолҳоеро дар заминаи мурооти ҳуқуқи инсон аз ҷониби Приштина ва Анкара эҷод мекунад. Истирдоди рӯзи 29 март, ки онро вазири умури дохилӣ ва раҳбари хадамоти иттилооти Косово иҷро карданд, боиси рӯзи дигараш  аз кор барканор шудани ин ду мақом шуд. Нахуствазир Рамуш Ҳарадинаҷ гуфт, ки ин ду мақом бидуни иҷозати ӯ ин амалро иҷро кардаанд. Читать дальше...

Умедвории Путин ба коҳиши таниши дипломатӣ дар паи моҷарои Скрипал

Ozodi.org 

Президенти Русия Владимир Путин гуфт, ки умедвор аст мулоқоти созмони нозири силоҳҳои кимиёӣ рӯзи 4 апрел дар амри коҳиши таниши азими дипломатӣ мусоидат мекунад. Бритониё ахиран Русияро барои заҳролудкунии ҷосуси собиқи рус дар Инглистон айбдор кард ва гуфт, ки Сергей ва духтараш Юлия Скрипал бо маводи кимиёии фалаҷкунандаи асаб заҳролуд шудааст. Ин ду нафар рӯзи 4 март дар ҳолати беҳушӣ дар шаҳри Салисбури пайдо ва ба бемористон истиқол дода шуданд. Маскав даст доштанаш дар ин ҳодисаро рад мекунад. Читать дальше...

Матбуот исми занеро ошкор кард, ки дар ситоди YouTube оташ кушод. ВИДЕО

Ozodi.org 

Тирпарронӣ дар қаламрави ситоди YouTube дар шаҳри Сан-Бурнои аёлати Калифорнияро зане бо номи Насим Агдам анҷом дод. Дар ин бора CNN рӯзи 4 апрел бо такя ба манобеи ҳифзи ҳуқуқ ва тартибот гузориш дод. Ба гуфтаи ҳамсӯҳбатҳои CNN, Агдам дар шаҳри Риверсайди Калифорния ва ҳамчунин Сан-Диего зиндагӣ мекард. Биноба маълумоти пешакӣ,  ин зан ба ширкати YouTube ҳеҷ рабте надорад. Шабакаи телевизионии CNBC хабар дод, ки Агдам 39-сола аст ва бо таппонча мусаллаҳ буд. Қаблан пулиси Сан-Бруно гуфт, зане... Читать дальше...

Хайрулло Мирсаидов ду моҳи дигар дар боздошт мемонад

Ozodi.org 

Муҳлати тафтиши парвандаи Хайрулло Мирсаидов, журналист ва раҳбари КВН-и Тоҷикистон, то моҳи июни имсол дароз шуд. Як манбаъ дар мақомоти интизомии Суғд рӯзи 4-уми апрел гуфт, “ин муҳлат имкон хоҳад дод, ки парванда ҳаматарафа таҳқиқ шавад”.


Спорт в России и мире

Новости спорта


Новости тенниса
ATP

Итальянский теннисист Синнер стал лучшей ракеткой мира в рейтинге ATP






Синоптики спрогнозировали до 23 градусов тепла и дожди в Москве 13 июня

Эксперт назвал принимающие русских туристов без загранпаспорта страны

ЦБ приостановил торги в долларах и евро на Мосбирже в связи с санкциями

В столичном регионе выпало за сутки почти половина месячной нормы осадков