Мы в Telegram
Добавить новость
ru24.net
World News in Tajik
Февраль
2020

Новости за 25.02.2020

Ду блогнависи тоҷик ҷоизаи сафар ба Лондонро гирифтанд

Ozodi.org 

Ду блогнависи тоҷик дар озмуне барои дарёфти ҳаққи коромӯзӣ дар расонаҳои Бритониё пирӯз шуда, дар зудтарин фурсат озими Лондон мешаванд. Ин блогнависон бовар доранд, ки кори онҳо ба фоидаи ҷомеа аст, ҳарчанд на ҳама аз чунин мавзеъ ҳимоят мекунанд. Ҳадятулло Азимзодаи 21-сола, донишҷӯйи намояндагии Донишгоҳи давлатии Маскав дар шаҳри Душанбе ошиқи гӯшии кӯчаке шуда буд, ки барои сӯҳбатҳои телефонӣ истифода мешавад. Имкони дарёфти ин гӯширо IWPR ё Пажӯҳишгоҳи масоили ҷангу сулҳ якҷо бо хабаргузории... Читать дальше...

Ҷоми ФФТ-2020: Пешсафии "Хатлон", ССКА ва "Равшан"

Ozodi.org 

Бозиҳои даври дувуми марҳилаи ниҳоии Ҷоми ФФТ (Федератсияи футболи Тоҷикистон) рӯзҳои 23-24-уми феврал доир гардиданд. Дар марҳилаи ниҳоӣ ҳашт даста ширкат дорад, ки ба ду гурӯҳ тақсим шудааст. Ба гурӯҳи «А» ССКА ВМ ҶТ (Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон), «Локомотив-Помир» (Душанбе), «Истаравшан» (Истаравшан) ва «Равшан» (Кӯлоб), ба гурӯҳи «Б» «Кӯктош» (Рӯдакӣ), «Душанбе-83» (Душанбе), «Эсхата» (Хуҷанд) ва «Хатлон» (Бохтар) дохиланд. Бозиҳои даври дувум дар варзишгоҳҳои марказии Душанбе ва Ҳисор баргузор шуданд. Читать дальше...

Мақомдорони Тошканд барои буридани дарахтон 200 ҳазор доллар ҷарима шуданд

Ozodi.org 

Мансабдороне, ки дар ноҳияи Яккасаройи Тошканд ба буридани дарахтон дастур дода буданд, 200 ҳазор доллар ҷарима шуданд. Додситонии шаҳри Тошканди Узбекистон нисбати муовини раиси ноҳияи Яккасарой ва моликони ширкати сохтмонӣ парванда боз кард, ки дарахтонро бурида буд. Ба иттилои мақомоти Узбекистон, ширкати сохтмони "Building and supplies" 81 дарахтро бидуни иҷозат буридааст. Ширкат тасмим дорад, бинои истиқоматӣ бунёд кунад. Кумитаи ҳифзи муҳити зисти Узбекистон рӯзи 21 феврал ба додситонӣ шикоят бурд. Читать дальше...

Содироти барқи Туркманистон ба Узбекистон 13 маротиба кам шудааст

Ozodi.org 

Содироти нерӯи барқи Туркманистон ба Узбекистон ба иллати садама дар хатти баландшиддати интиқолӣ 13 маротиба кам шудааст. Дар ин бора хадамоти матбуотии "Шабакаҳои миллии барқи Узбекистон" рӯзи 21-уми феврал хабар дод. Садама субҳи 21-уми феврал дар хатти интиқолие рух додааст, ки маркази барқу гармидиҳии Марӣ ва истгоҳи "Сардор"-ро ба ҳам мепайвандад. Ба Узбекистон низ аз истгоҳи "Сардор" барқ интиқол меёбад. Дар натиҷа содироти барқ ба Узбекистон аз 780 МВт то ба 60 МВт коҳиш ёфтааст. "Шабакаҳои... Читать дальше...

Дар ҳамла ба роҳпаймоён дар Олмон 30 кас захмӣ шуд

Ozodi.org 

Дар шаҳри Фолкмарзенеи Олмон ронандаи мошини сабукрави "Мерседес" иштирокдорони як роҳпаймоиро пахш кард. Ба гуфтаи шоҳидон, дар натиҷа дасти кам 30 кас захмӣ шудаанд, ки дар миёнашон кӯдакон низ ҳастанд. Пулиси Кассел хабар дод, ки ронанда боздошт шудааст. Мақомоти Олмон то ҳол ҳамлаи террористӣ будани ҳодисаро тасдиқ накардаанд, вале шоҳидон мегӯянд, ронанда вақте ба самти роҳпаймоён равон шуд, суръати мошинро якбора баланд кард. Тавре маълум шуд, ронанда шаҳрванди 29-солаи Олмон аст. Пулис Эссен дар "Твиттер" иттилоъ дод... Читать дальше...

Коргардони маъруф Ҳарвӣ Вайнштейн ба озори ҷинсӣ айбдор шуд

Ozodi.org 

Ҳайати мунсифа рӯзи 24-уми феврал дар шаҳри Ню-Йорк коргардони пешини Ҳолливуд Ҳарвӣ Вайнштейнро ба ҷиноятҳои дорои хусусияти шаҳвонӣ, аз ҷумла озори ҷинсӣ ва таҷовуз айбдор донист. Ба иттилои Reuters, дар сурати эътирофи гуноҳ бар асоси яке аз бандҳо - "ҳамлаи хушунатомези ҷинсӣ" ба Вайнштейн маҳрум шудан аз озодӣ то ба ҳабси якумрӣ таҳдид мекунад. Ҳукми ниҳоии додгоҳ нисбат ба Вайнштейн 11-уми март эълом мешавад. Бештари ҳунармандони Ҳоливуд моҳи октябри соли 2017 Вайнштейнро ба озори ҷинсӣ айбдор карданд. Читать дальше...

Дар Алмато соҳибони мошинҳои дорои рақами хориҷӣ дархости афв карданд

Ozodi.org 

Даҳҳо тан аз моликони мошинҳои дорои рақами қайди давлатии хориҷӣ дар шаҳри Алматои Қазоқистон рӯзи 24-уми феврал аз мақомот хостанд, ки мошинҳои воридкардаи онҳоро афв ва пардохтҳои дигарро барояшон кам кунанд. Онҳое, ки аз Қирғизистон ва Арманистон ба Қазоқистон мошин ворид кардаанд, аз раиси маҷлиси Қазоқистон Нурлан Нигматулин хостанд, ки иқдоми моликони мошинҳоро ҷонибдорӣ кунад. "Кӣ ин пардохтҳои миллиониро фикр кардааст? Пардохтҳое, ки аз арзиши худи мошинҳо бештар ҳастанд. Ин ҳисобу китобҳо аз куҷо пайдо шудаанд? Читать дальше...


Спорт в России и мире

Новости спорта


Новости тенниса
WTA

Самсонова вышла в четвертьфинал турнира WTA в Хертогенбосе






Роман Костомаров поучаствовал в боксерской тренировке в Москве

травят изгоя писателя на районе даже менты тоже

Источник 360.ru: на ж/д станции во Внукове повредили сигнальный кабель

Россия подомнет под себя осколки Евросоюза: БРИКС становится стержнем многополярного мира