Добавить новость
ru24.net
World News in Tajik
Февраль
2020

Новости за 26.02.2020

Никола Лазаревич: Мекӯшем, ки дар бозии ҷавобӣ пирӯз шавем

Ozodi.org 

Дастаи “Хуҷанд”-и шаҳри Хуҷанд, ноиби қаҳрамони Тоҷикистон,  бозии ҷавобии плей-оффи Ҷоми AFC (Конфедератсиони футболи Осиё)-2020-ро муқобили бошгоҳи “Нефтчӣ”, барандаи  Ҷоми  Қирғизистон, имрӯз, 26-уми феврал, дар шаҳри Душанбе баргузор мекунад. Бозӣ дар Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ соати 16:00 шуруъ мешавад. Бозии аввали плей-оффи Ҷоми AFC-2020 миёни дастаҳои “Нефтчӣ”-и Қочқор-Ота ва “Хуҷанд”-и Хуҷанд 19-уми феврал дар варзишгоҳи “Қурмонбек”-и шаҳри Ҷалолободи Қирғизистон бо пирӯзии мизбонон бо ҳисоби 1:0 хотима ёфта буд. Читать дальше...

Додситонӣ алайҳи Отамбоев ва 13 ҷонибдораш айб эълон кард

Ozodi.org 

Додситони кулли Қирғизистон Откурбек Ҷамшитов айбдор будани гумонбарони парвандаи ҳаводиси деҳаи Кой-Тошро тасдиқ кард. Дар ин бора вакили дифоъ Бакитбек Автандил уулу иттилоъ дод. Ба гуфтаи ӯ, дар доираи парвандаи мазкур 14 нафар - президенти пешини Қирғизистон Алмосбек Отамбоев, вакилони пешини порлумон Равшан Ҷеенбеков ва Мээрбек Мискенбоев, вакилони порлумон Ирина Карамушкина ва Асел Кодуранова, раиси пешини дастгоҳи президент Фарид Ниёзов, ёвари пешини президент Кундуз Жолдубоева, афсари пешини... Читать дальше...

ИМА ба Ҳинд таҷҳизоти низомӣ мефурӯшад

Ozodi.org 

Амрико ба Ҳинд дар ивази 3 миллиард доллар чархбол ва дигар техникаи низомӣ мефурӯшад. Дар ин бора дар нишасти хабарӣ дар шаҳри Деҳлии Ҳинд президенти ИМА Доналд Трамп хабар дод. Вай афзуд, ду кишвар ҳамкориҳояшонро дар бахши амният ва амнияти киберӣ густариш медиҳанд. Ин дар ҳолест, ки оғози моҳи феврал Русия хабар дода буд, барои Ҳинд маҷмаи зидди мушакии С-400 истеҳсол мекунад. Шартномаи бештар аз 5 миллиарддолларӣ охири соли 2018 имзо шуда буд. Вашингтон он замон гуфт, мумкин аст, зидди Деҳлӣ... Читать дальше...

NYT: Туҳфаи Мирзиёев ба Трамп 2950 доллар арзиш дорад

Ozodi.org 

Мақомоти ИМА номгӯи туҳфаҳои тақдимшуда дар соли 2018 ба президенти Амрико Доналд Трамп ва ҳамсараш, инчунин котиби давлатӣ Майк Помпеоро нашр карданд. Ба иттилои нашрияи The New York Times, дар соли 2018 туҳфаҳои дарёфткардаи Трамп ва хонаводааш дар маҷмуъ 88 ҳазору 420 долларро ташкил медиҳад. Миёни ин номгӯ туҳфаи тақдимкардаи президенти Узбекистон Шавкат Мирзиёев ҳам зикр шудааст. Мирзиёев нусхаи нуқраии майдони "Регистон"-и Самарқандро, ки арзиши 2495 долларро дорад, ба Трамп ва рӯтахти хобро... Читать дальше...

Эътирози Узбекистон ба тасмими фурӯши истироҳатгоҳҳо дар Иссиқкӯл

Ozodi.org 

Узбекистон зидди хусусигардонии чаҳор истироҳатгоҳе дар вилояти Иссиқкӯли Қирғизистон баромадааст, ки замоне онҳоро дар ихтиёр дошт. Баҳси Бишкеку Тошканд бар сари истироҳатгоҳҳо замоне сар зад, ки Қирғизистон ибтидои моҳи феврал гуфт, тасмим дорад, истироҳатгоҳҳоро ба сармоягузорони хусусӣ бидиҳад. Бар асоси нақшаи Бунёди идораи амволи давлатии Қирғизистон, се истироҳатгоҳ ба сармоягузорони хусусӣ дода мешаванд, вале моликияти давлати Қирғизистон мемонанд. Мақомоти қирғиз гуфтанд, вазъи истироҳатгоҳҳо инро талаб мекунад. Читать дальше...

Президенти пешини Арманистон ба додгоҳ ҳозир шуд

Ozodi.org 

Президенти пешини Арманистон Серж Саргисян, ки дар фасодкорӣ гумонбар аст, 25-уми феврал ба додгоҳи Ереван ҳозир шуд. Ҷонибдоронаш парвандаи ӯро сиёсӣ меноманд. Ба иттилои "Ахбори Арманистон", додгоҳи Ереван парвандаи президенти пешин Серж Саргисян, молики ширкати "Флеш" Барсег Бегларян, вазири пешини кишоварзӣ Серго Карапетян ва муовини пешини вазири кишоварзии Арманистон Самвел Галстянро баррасӣ дорад. Саргсян, ки ду давра, аз соли 2008 Арманистонро раҳбарӣ мекард, соли 2018 хост бо ислоҳоти идорӣ ҳамчун сарвазир дар қудрат бимонад... Читать дальше...

Эътирозгарони Қазоқистон парокандашавии ҳукуматро талаб доранд

Ozodi.org 

Даҳҳо сокини Қазоқистон 25-уми феврал пас аз хабари ҳалокати фаъоли маданӣ Дулат Агадил дар боздоштгоҳи муваққатӣ ба кӯчаҳо баромада, дар назди идораҳои пулиси шаҳрҳои Чимкент ва Алмато даст ба тазоҳурот заданд. Тазоҳургарон гуфтанд, масъулияти ин ҳодиса бар зимаи мақомот, аз ҷумла раиси Шӯрои амнияти Қазоқистон Нурсултон Назарбоев, президент Қосимҷомарт Тоқаев ва вазири умури дохилии он кишвар Ерлан Тургумбоев аст. Бархе аз онҳо барҳамдаҳии шӯрои ба раҳбарии Назарбоев, истеъфои духтари ӯ Дариға... Читать дальше...


Спорт в России и мире

Новости спорта


Новости тенниса
Людмила Самсонова

Самсонова поддержала Андрееску после победы над ней в финале турнира в Хертогенбосхе






Эксперт Президентской академии Анна Волкова рассказала о динамичном развитии рынка труда

Синоптик Позднякова предупредила о дожде с грозой в четверг в Москве

«АХМАТ», Dolce Vita и Hubex/Pirogovo - тройка победителей первого этапа серии Tenzor International Cup 2024

«Об отдыхе еще не думала». Светлана Захарова рассказала о балетном «Оскаре»