Мы в Telegram
Добавить новость
ru24.net
World News in Tajik
Май
2020

Новости за 02.05.2020

Эмомалӣ Раҳмон хостори идомаи "реҷаи ҳаррӯзаи ҳаёти осоишта" шуд

Ozodi.org 

Раиси Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон рӯзи 2 май вазъи пешгирӣ аз паҳншавии короновирус дар кишварро бо сарони вилоятҳо, шаҳрҳои Ваҳдат, Турсунзода, Ҳисор ва ноҳияи Рӯдакӣ баррасӣ кард ва ба онҳо дар мавриди татбиқи қарорҳои Ситоди ҷумҳурии мубориза бо COVID-19 дастурҳо дод. Ин дастурҳо, тавре ки дар сомонаи интернетии president.tj омадааст, аз тақвияти тадбирҳои феълӣ, "ба аҳолӣ фаҳмондани корҳои пешгирикунанда, риояи дастуру супоришҳои аз ҷониби Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ пешниҳодгардида... Читать дальше...

Ҳайати коршиносони Созмони Ҷаҳонии Тандурустӣ ба Тоҷикистон расид

Ozodi.org 

Коршиносони Созмони Ҷаҳонии Тандурустӣ шаби 2-юми май ба Тоҷикистон расиданд. Онҳо гуфтанд, дар муқобила бо КОВИД-19 ба мақомот ёрӣ хоҳанд дод. Ҳайати СҶТ дар ҳоле ба Тоҷикистон расид, ки вақтҳои ахир интиқодҳо аз кори созмон дар кишвар зиёд шудааст. Патрик О’Коннор, роҳбари ҳайати СҶТ, гуфтааст, сафари онҳо бо даъвати ҳукумати Тоҷикистон ва кумаки сохторҳои Созмони Миллати Муттаҳид сурат гирифт. Ба гуфтаи О’Коннор, ҳайати онҳо бо мақомоти баландпоя, кормандони бахши тандурустӣ ва пизишкон вохӯрда... Читать дальше...

Раҳбари Кореяи Шимолӣ пас аз 20 рӯз худро ба мардум нишон дод

Ozodi.org 

Раҳбари Кореяи Шимолӣ Ким Чен Ун пас аз 20 рӯзи нопайдоӣ ва дар авҷи овозаҳои вазъи  бади саломатияш рӯзи 2 май дар мазҳари ом намудор шуд. Хабаргузории давлатии ин кишвар (ТСТАК) гуфт, Ким лентаи оғози кори як корхонаи нуриҳои маъданиро ар шимоли Пхенян бурид. Буридани наворҳои алвон дар расми кушода шудани корхонаҳои хурду бузург аз шуғлҳои дӯстдоштаи президенти Кореяи Шимолӣ  ба шумор меравад. Дар аксҳое, ки хабаргузорӣ паҳн кардааст, Ким бо лабханд ҳамроҳи  ёваронаш суҳбат ва аз корхона дидан мекунад. Читать дальше...

Саъидҷаъфар Усмонзода дар бемористон бистарӣ гашт

Ozodi.org 

Саъидҷаъфар Усмонзода, вакили Маҷлиси намояндагон ва роҳбари Ҳизби демократи Тоҷикистон дар яке аз бемористонҳои Душанбе бо шубҳаи мубтало ба бемории COVID-19 бистарӣ шудааст. 2 май вай дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ки ҳанӯз пизишкон дақиқ накардаанд, ки вай гирифтори бемории илтиҳоби шуш аст ё COVID-19. "Ҳарорати баданам баланд шуд ва ба бемористон муроҷиат кардам. Духтурҳо шубҳа доранд, ки ман гирифтори коронавирус шудаам, аммо ҳанӯз натиҷаи ташхис дақиқ нашудааст. Оила ва фарзандонам сиҳат ва дар хона ҳастанд", гуфт Усмонзода. Читать дальше...

Амрико истифодаи доруеро барои табобати беморони КОВИД-19 тасдиқ кард

Ozodi.org 

Иёлоти Муттаҳида истифодаи фаврӣ аз доруи ремдезивир (remdesivir)-ро барои табобати беморони КОВИД-19 дар шифохонаҳои ин кишвар тасдиқ кард. Қарор аст, дору аз 4-уми май мавриди истифода қарор гирад. Ин тасмим баъди он гирифта шуд, ки озмоишҳо нишон додаанд, ремдезивир ба афроди мубтало ба коронавирус кумак мекунад, то зудтар беҳбуд ёбанд. Танҳо беморони КОВИД-19, ки дар шифохона бистарӣ ҳастанд, метавонанд аз ремдезивир истифода кунанд. Инро Стефан Ҳан, комиссари идораи ғизо ва давои Иёлоти Муттаҳида... Читать дальше...



Коршиноси амрикоӣ гуфт, чаро ҳукумат бемориро "пинҳон кард"

Ozodi.org 

Эдвард Лемон коршиноси амрикоӣ рӯзи 30-уми апрел баъди эълони сирояти КОВИД-19 дар Тоҷикистон шарҳ дод, ки чаро ҳукумат саъй кард, сирояти бемориро пинҳон дорад ва барои пешгирӣ аз густариши вирус чораҳои заруриро наандешад. Эдвард Лемон вазъи сиёсиву иҷтимоии Тоҷикистонро таҳқиқ мекунад.

Шӯрои ВАО хост, Ситоди зидди КОВИД-19 сухангӯ бигирад

Ozodi.org 

Шӯрои Васоити Ахбори Омма, як созмони журналистӣ дар Тоҷикистон, хостори ташкили дафтари сухангӯ ва таъсиси пойгоҳи иттилоърасонӣ дар Ситоди ҷумҳуриявии мубориза бо КОВИД-19 шуд. Хабарнигорони расонаҳои мустақил мегӯянд, ин шабу рӯз дастрас кардани иттилоъ аз Вазорати тандурустӣ ва идораҳои дигар дар бораи беморони илтиҳоби шуш ва гирифторони КОВИД-19 мушкил аст. Қаблан Анҷумани миллии расонаҳои мустақил гуфта буд, ки мансабдорон пешниҳоди баргузории нишастҳои ҳаррӯзаро дар бораи вазъи пешомада рад кардаанд. Читать дальше...

Қазоқистон рафтуомади ҳавоии дохилиро барқарор кард

Ozodi.org 

Қазоқистон рафтуомади ҳавоии дохилиро, ки аз сабаби сирояти коронавирус мутаваққиф шуда буд, барқарор кард. Ширкатҳои ҳавопаймоии Қазоқистон рӯзи 1-уми май парвозҳоро дар хатсайри Алмато-Нурсултон барқарор карданд. Ин амал дар чорчӯби бартараф намудани карантин амалӣ мешавад, ки қадам ба қадам татбиқ хоҳад шуд. Раиси пулиси нақлиёт Талъат Толибов мегӯяд, иҷрои меъёрҳои амниятиву беҳдоштӣ ҷиддан назорат мешавад. “Сабти ном ва иҷозати парвоз дар ҳоле дода мешавад, ки мусофир тафтиши зидди коронавирусро гузашта бошад. Читать дальше...

Духтари Назарбоев аз мансаби раиси Сенат барканор карда шуд

Ozodi.org 

Дариға Назарбоева, раиси Сенат ва духтари калонии раиси ҷумҳури пешини Қазоқистон Нурсултон Назарбоев, аз мансаби худ барканор карда шудааст. Дафтари президент Қосимҷомарт Тоқаев рӯзи 2-юми май гуфт, Тоқаев "салоҳияти Назарбоеваро қатъ намуд".  Президенти Қазоқистон рӯзи шанбе дар Твиттер барои "кори пурсамар" ба Дариға Назарбоева сипос гуфт. Назарбоеваи 57-сола моҳи сентябри соли 2016 бо фармони падараш вакили палатаи болоии порлумон -- Сенати Қазоқистон таъйин шуд. То он дам ӯ тайи чанд сол муовини сарвазир буд. Читать дальше...

Шумори гирифторони КОВИД-19 дар Тоҷикистон ба 32 нафар расид

Ozodi.org 

Вазорати тандурустии Тоҷикистон эълон кард, ки то 2-юми май дар кишвар 32 мавриди сирояти сокинон ба бемории ҳамагири COVID-19 тасдиқ шудааст. Ба қавли манбаъ, 17 мавриди он дар шаҳри Душанбе, 5 ҳодиса дар шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ва 10 ҳодиса дар вилояти Суғд аст.

Кушторҳои номусӣ. Пок кардани бадномӣ ё нишонаи бераҳмӣ?

Ozodi.org 

Коршиносон ва созмонҳои байналмилалӣ аз афзоиши бесобиқаи хушунати хонаводагӣ дар давраи хонашинӣ ё карантин бонги изтироб мезананд. Бино ба иттилои дабири кулли СММ, Антонио Гуттереш, дар баъзе аз кишварҳо шикояти занон ба хадамоти кумакрасон ду баробар афзудааст. Аммо дар Озарбойҷон то паҳншавии пандемия ҳам мавзӯи хушунати хонаводагӣ ва куштори занон дар пайи мушкилоти иҷтимоӣ, аз ҷумла “кушторҳои номусӣ” ҳассос ва доғ буд.

Абдуллоҳ мегӯяд, ба созиш бо Ғанӣ "наздик" шудааст

Ozodi.org 

Раисҷумҳури Афғонистон, Ашраф Ғанӣ ва рақиби ӯ Абдуллоҳ Абдуллоҳ ба созише наздик омадаанд, ки метавонад, ба кашокаши якмоҳаи миёни онҳоро, ки ба музокироти сулҳ бо Толибон ва мубориза бо буҳрони ҳамагири COVID-19 монеъ гаштааст, хотима гузорад. Рӯзи 1 май Абдуллоҳ дар як силсила паёмҳои твиттерии худ гуфт, ки дар гуфтушунид бо Ғанӣ барои хотима бахшидан ба буҳрони сиёсӣ пешрафт ҳосил карда ва “рӯйи як қатор усули ҳалли эҳтимолии мушкил ба мувофиқа расидааст”. Вай ҷузъиёти созишномаро пешниҳод накардааст. Читать дальше...

Фавти 95 нафар аз илтиҳоби шуш. Омори фарқкунандаи Бонки Миллӣ ва Вазорати тандурустӣ

Ozodi.org 

Бонки Миллии Тоҷикистон рӯзи 1-уми май ғайримунтазира омори беморон ва фавтидагон аз илтиҳоби шушро дар чаҳор моҳи гузашта дар кишвар нашр кард ва онро дар ҳоли афзоиш тасвир намуд.


Спорт в России и мире

Новости спорта


Новости тенниса
Юлия Путинцева

Путинцева вернулась после 0:6 и одержала важную победу






Актовый зал в мытищинской школе № 6 обновят этим летом

Уголовное дело возбуждено по факту стрельбы на юге Москвы

Мучается от боли. Новые факты о нападении афганца на студентку в Москве

В Подмосковье создадут ещё восемь ООПТ