Мы в Telegram
Добавить новость
ru24.net
World News in Tajik
Май
2020

Новости за 24.05.2020

Ашраф Ғанӣ: Ҷараёни озод кардани Толибонро суръат мебахшем

Ozodi.org 

Раиси ҷумҳури Афғонистон, гуфт, ҷараёни озод кардани ҷангҷӯёни зиндонии Толибонро сурат хоҳад бахшид. Ашраф Ғанӣ 24-уми май, пас аз адои намози ид дар масҷиди Арг, дар ин бора сухан гуфт. Вай афзуд, “эълом мекунам, ки дар раҳоии зиндониёни Толибон ҳаракати сареъ хоҳад омад ва иқдомоти ҷиддӣ сурат хоҳад гирифт. Дар айни ҳол сари Толибон садо мекунем, ки нирӯҳои амниятиву дифоии моро, ки наздашон ҳастанд, ҳарчи зуд озод кунанд.” Қаблан Шӯрои амнияти миллии Афғонистон гуфта буд, ки раванди раҳоии зиндониёни Толибон муваққатан боздошта шудааст.

Эҳтимоли рақобати сеюми Тайсон ва Ҳолифилд дар Арабистони Саудӣ

Ozodi.org 

Қаблан ду муштзани маъруфи ҷаҳон дар вазни сангинтарин аз бозгашти эҳтимолиашон ба майдони набард хабар дода буданд. Ҳамакнун маълум шуд, ки Эвандер Ҳолифилд ва Майк Тайсон, ҳарду муштзанҳои ҳирфаии амрикоӣ, дар хусуси баргузории муҳориба гуфтугзор доранд. Макон ва санаи имконпазири баргузории рақобати ду собиқадори маъруфи бокс - Майк Тайсон ва Эвандер Ҳолифилд - дақиқ шудааст. Бино ба иттилои пойгоҳҳои иттилоотии варзишӣ, вохӯрии ин ду муштзани машҳур имкон дорад рӯзи 11-уми июл дар Арабистони Саудӣ баргузор шавад. Читать дальше...

Сӯхтор дар бозори марказии Шаҳритус. ВИДЕО

Ozodi.org 

Рӯзи 24-уми май дар бозори марказии ноҳияи Шаҳритуси вилояти Хатлон сӯхтор сар зад. Мақомот гуфтанд, то ин дам ниме аз бозор сӯхтааст. Сабаби сӯхтор ва зиёни тоҷирон аз он ҳанӯз маълум нест.

Мақомот гуфтанд, беш аз 1300 кас аз COVID-19 шифо ёфтаанд. Шумори фавтидагон ба 46 расид

Ozodi.org 

Вазорати тандурустии Тоҷикистон хабар дод, ки дар шабонарӯзи гузашта 191 нафари дигар ба коронавируси нав гирифтор шудаанд ва шумори умумии беморон рӯзи 24-уми май ба 2929 кас баробар шуд. Ба иттилои расмӣ, теъдоди фавтидагон ба 46 нафар ва шифоёфтагон ба 1301 кас расидааст. Мақомот мегӯянд, дар шифохонаҳои саросари кишвар беш аз 2700 нафар зери назорати пизишкон ҳастанд.

Пулиси Ҳонгконг ба зидди эътирозгарон аз гази ашковар истифода кард

Ozodi.org 

Пулиси Ҳонгконг рӯзи якшанбе барои пароканда кардани таҷаммӯи тарафдорони демократия аз гази ашковар истифода намуд. Ин кор баъди он сурат гирифт, ки ҳазорон нафар ба кӯчаҳҳои Ҳонгконг баромаданд, то аз тарҳи пешниҳодии Чин эътироз кунанд. Чин рӯзи 21-уми май пешниҳоди ҷорӣ кардани қонуни амнияти миллӣ бар Ҳонгконгро матраҳ кард, то ба ҳузури идораҳои истихборотиаш дар ин шаҳр иҷоза диҳад.   Ҳукумати Ҳонгконг талош кард, то нигарониҳои мардум ва сармоягузорони хориҷиро дар бораи лоиҳаи пешниҳодии Чин аз байн барад. Читать дальше...

Задухӯрд дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон. Сарбози тоҷик захмӣ шуд

Ozodi.org 

Дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон задухӯрди мусаллаҳона сурат гирифт. Мақомоти Тоҷикистон гуфтанд, як сарбози қаторӣ захмӣ шудааст. Хадамоти давлатии марзбонии Қирғизистон мегӯяд, аз тарафи онҳо касе осеб надид. Ҳодиса рӯзи якшанбе дар байни ҷамоати Ворух ва ноҳияи Бодканд рух додааст. Маркази матбуоти нирӯҳои марзбонии Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон дар изҳороти расмӣ гуфт, муноқиша баъди он сар зад, ки “чӯпонҳои қирғиз соати 10:30-и 24-уми май дар ҳудуди деҳаи Пули Офтобрӯяи ҷамоати Ворух вориди қаламрави Тоҷикистон гардида... Читать дальше...



Барномаи онлайни овозхонҳои тоҷик ба ҳимоят аз пизишкони тоҷик

Ozodi.org 

Овозхонҳои тоҷик рӯзи 24-уми май консерти хайриявии онлайнро баргузор мекунанд. Дар ин барнома иштироки Ҷонибеки Мурод, Зикриоллоҳ Ҳакимов, Зулайхо Маҳмадшоева, Дамирбек Олимов, Валиҷон Азизов, Зайнура Пӯлодова ва рэпсаро Мастер Исмайл дар назар аст. Аз сарояндагони бурунмарзӣ Фарҳоди Дарё дар ин консерт ҳунарнамоӣ хоҳанд кард. Ғижжакнавоз Ноҳид Зайналпур низ дар барнома ҳунарнамоӣ мекунад. Консерт соати ҳашти шоми 24-уми май (ба вақти Душанбе) дар пойгоҳи интернетии clickstars.ru ва саҳифаи... Читать дальше...

Томас Бах гуфт, эҳтимол Бозиҳои олимпӣ дар Токио пурра лағв шавад

Ozodi.org 

Президенти Кумитаи байналмилалии олимпӣ (КБО) Томас Бах гуфт, вай дарк мекунад, ки чаро Бозиҳои тобистонаи олимпӣ дар Токио бояд лағв шаванд, агар доир кардани онҳо дар соли 2021 муяссар нагардад. Кумитаи байналмилалии олимпӣ ва кумитаи тадорукоти Бозиҳои Токио дар охири моҳи март эълон карданд, ки Олимпиадаи тобистона ба иллати пандемияи коронавирус ба соли 2021 мавқуф гузошта мешавад. Бозиҳо бояд аз 23-юми июл то 8-уми августи соли 2021 баргузор шаванд. Йоширо Мори, раиси Кумитаи тадорукоти “Токио- 2020”... Читать дальше...

Бӯҳрони бе барнома. Оё Тоҷикистон ба зидди COVID-19 ҳамаи имкониятҳоро истифода кардааст?

Ozodi.org 

Раҷаби Мирзо, рӯзноманигор ва таҳлилгар Бознашр аз веблоги "Рӯзи нав" Эмомалӣ Раҳмон дар паёми табрикотии худ бахшида ба Иди саиди Фитр боз ҳам таъкид намуд, ки ҳукумати кишвар “ҳанӯз аз оғози пайдоиши коронавирус ҷиҳати пешгирӣ кардани воридшавии он ба кишвар тамоми чораҳои зарурӣ ва имконпазирро амалӣ гардонид”. Ишорааш шояд ба ин буд, ки ситоди мубориза бо коронавирусро таъсис доданд ва агар мушкиле дар ин самт вуҷуд дорад, бояд аз ин ситод домангир шуд, чун маҳз вазифаи он ташкилу ҳамоҳангсозии... Читать дальше...

Аз эътироз дар Хуросон то то ба ояндаи неки Тоҷикистон дар Озодӣ Онлайн

Ozodi.org 

Имрӯз аз беҳтар шудани аҳволи баъзе аз муҳоҷирони тоҷик дар Русия мегӯем, сипас ба ноҳияи Хуросон меравем, ки сел омада як деҳаро хароб карду мардумро ба кӯча кашид. Даъвати як ҷавон ба ноумед шуданро ҳам мебинем ва як видеои ҷолиби дигареро ҳам аз Маскав дорем.


Спорт в России и мире

Новости спорта


Новости тенниса
WTA

Потапова не смогла пробиться во второй круг турнира WTA в Страсбурге






Суд вынес приговор похитителю украшений их храма в Нижнем Аблязово

Больше 21 авто эвакуировали с Московского вокзала за неправильную парковку

Новая школа для 1,3 тыс учеников и детсад для 220 малышей появятся в Балашихе

Получить психологическую помощь. В ЦМД «Северное Бутово» работает клуб под руководством опытного специалиста