Мы в Telegram
Добавить новость
ru24.net
World News in Tajik
Май
2020

Новости за 19.05.2020

Интиқоли тобути муҳоҷирони фавтида ва 220 шаҳрванди ихроҷшудаи Тоҷикистон аз Маскав ба Душанбе

Ozodi.org 

Ҳавопаймои ширкати "Тоҷик Эйр", ки бо як парвози чартерӣ ё ғайринақшавӣ ба Маскав рафта буд, 220 шаҳрванди Тоҷикистонро аз Русия ба Душанбе меорад. Инҳо шаҳрвандоне ҳастанд, ки аз моҳи март боз дар боздоштшоҳҳои муваққатии Русия нигаҳдорӣ мешаванд ва ҳукми ихроҷ ё депортатсияашон содир шудааст.

Тобути муҳоҷирон ва 213 шаҳрванди ихроҷшудаи Тоҷикистонро аз Маскав ба Душанбе оварданд

Ozodi.org 

Ҳавопаймои ширкати "Тоҷик Эйр", ки бо як парвози чартерӣ ё ғайринақшавӣ ба Маскав рафта буд, субҳи 20-уми май ба Душанбе расид. Бо ин ҳавопаймо 213 шаҳрванди Тоҷикистонро, ки бо қарори додгоҳҳои Русия ихроҷ шуда буданд, ба ватан оварданд.

Бозиҳои ҷаҳонии кӯчманчиён ба соли 2021 мавқуф гузошта шуд

Ozodi.org 

Бозиҳои IV ҷаҳонии кӯчманчиён ба иллати пандемияи коронавирус ба соли 2021 ба таъхир гузошта шуд. Ин тасмим бо мақсади ташкили Бозиҳо дар сатҳи сазовори мероси муштараки кишварҳо ва халқҳои туркзабон, инчунин ҳифзи саломатии варзишгарон ва дигар иштироккунандагон гирифта шуд. Бояд гуфт, ки Бозиҳои IV ҷаҳонии кӯчманчиён мебоист тирамоҳи соли 2020 дар Туркия баргузор мешуд. Бозиҳои қаблии ҷаҳонӣ дар шаҳри Чолпон-Отаи вилояти Иссиқкӯли Қирғизистон барпо гардида буданд. Шаш сол пеш дар нахустин Бозиҳои... Читать дальше...

Шумори гирифторони COVID-19 ба ду ҳазор наздик шуд. Омори расмии талафот бетағйир аст

Ozodi.org 

Вазорати тандурустии Тоҷикистон эълон кард, ки дар шабонарӯзи гузашта 207 нафари дигар ба коронавируси нав мубтало шудаанд ва шумори умумии гирифторон рӯзи 19-уми май ба 1936 расид.

UNAMA ҷонибҳои даргир дар Афғонистонро ба хатми билофосилаи хушунатҳо даъват кард

Ozodi.org 

СММ рӯзи 19 май ба коҳиши билофосилаи хушунатҳо дар Афғонистон даъват ва ҳушдор дод, ки қурбонӣ аз ҳисоби мулкиҳо то рафт бештар мешавад. Даъвати Ҳайати ёрии СММ дар Афғонистон  (UNAMA) ба Толибон ва ҳукумати Афғонистон дар ҳоле садо дод, ки фиристодаи ИМА дар Афғонистон бо Толибон ва ҳукумати Кобул даври нави муколамаро шурӯъ мекунад.   Хушунатҳо дар Афғонистон, аз ҷумла аз ҷониби гурӯҳи “Давлати исломӣ” афзоиш ёфтааст. Ҳафтаи гузашта дар як ҳамлаи маргбор ба зоишгоҳи Кобул 24 нафар, аз ҷумла ду тифли навзоду чанд модар кушта шуданд. Читать дальше...

Корхонаҳои шакари Узбекистон баъди фармони Мирзиёев дар ҳолати муфлисшавианд

Ozodi.org 

Кормандони корхонаи шакари "Ангрен шакар" бо нашри як муроҷиатномаи видеоӣ ба президенти Узбекистон Шавкат Мирзиёев изҳори нигаронӣ карданд, ки садҳо тонна шакари истеҳсолкардаи онҳо дар анборҳо хобидааст. Намояндаи "Ангрен шакар" гуфт, мушкили корхона баъди он ба миён омад, ки Мирзиёев фармони "Тадбирҳои навбатӣ барои дастгирии сокинон ва соҳибкорон дар давраи коронавирус"-ро имзо кард. Шакар ба рӯйхати маҳсулоте шомил карда шуд, ки ҳангоми ворид кардани он боҷи гумрукӣ ва андоз аз даромад ситонида намешавад. Читать дальше...

Вокуниши мақомоти Узбекистон ба суханҳои намояндаи Вазорати корҳои хориҷии Русия

Ozodi.org 

Вазорати умури хориҷии Узбекистон дар робита ба баҳсҳо атрофи лоиҳаи қонуни коргузорӣ дар корхонаҳои ин кишвар бо забони давлатӣ (узбекӣ) изҳорот нашр кард. Мария Захарова, намояндаи вазорати корҳои хориҷии Русия рӯзи 14-уми май дар нишасти хабарӣ гуфта буд, ки ҷонибдорони лоиҳаи қонуни ҷорӣ кардани коргузорӣ ба забони узбекӣ дар Узбекистон "ақалиятҳоянд". "Масоили марбут ба танзими бахши забони давлатӣ як ҷузъи истисноии сиёсати дохилии давлатӣ буда, дахолат ба он ғайриқобили қабул аст", - омадааст дар изҳороти ВУХ Узбекистон. Читать дальше...



Дар Покистон ҳашт ниманизомӣ кушта шуд

Ozodi.org 

Дар ҳамлаҳои ҷудогона дар вилояти ҷанубуғарбии Балуҷистони Покистон  ҳафт узви гурӯҳҳои ниманизомӣ кушта шуданд. Сарбози ҳаштум дар паи таркиши бомбаи сарироҳӣ  дар шимолуғарби кишвар ҷон дод. Замоне, ки ниманизомиён савори мошин дар минтақаи Бӯлони Балуҷистон бо гаштугузори шабона машғул буданд, мошин ба бомбаи сарироҳӣ бархӯрд ва дар натиҷа, шаш узви гурӯҳи низомӣ кушта ва чор нафарашон маҷрӯҳ шуданд. Ҳодиса рӯзи 17 май дар 80-километрии ҷанубушарқи Кветта – шаҳри марказии вилоят рух дод. Масъулияти... Читать дальше...

Дар ғарби Қазоқистон тоҷирон кушодашавии бозорро талаб доранд

Ozodi.org 

Тоҷирони бозори қисмҳои эҳтиётии мошинҳои "Көл-Auto" дар шаҳри Оқтеппаи Қазоқистон талаби сабук кардани карантин ва боз шудани бозорро доранд. Даҳҳо тан аз тоҷирони ҷамъшуда гуфтанд, ки аз 30-юми март ба ин тараф дар хона мешинанд ва гирифтори мушкили иқтисодӣ шудаанд. Тоҷирон мегӯянд, барояшон муаамост, ки чаро 5-уми май бозор боз ва дубора рӯзи 7-уми май баста шуд. "Комисияи ҳукумати шаҳр омад, бозорро санҷид ва хулоса дод, ки "ба талаботи беҳдоштӣ мувофиқ аст". Мо дарҳои бозорро боз кардем... Читать дальше...

Порлумони Қирғизистон пойин овардани ҳадди 5% интихоботиро рад кард

Ozodi.org 

Кумитаи умури қонуни конститутсионӣ, сохтори давлатӣ, масоили додгоҳиву ҳуқуқии порлумони Қирғизистон рӯзи 19-уми май тарҳи қонун дар бораи пойин овардани ҳадди интихоботии 5%-ро баррасӣ кард. Гуруҳе аз вакилон пешниҳод карданд, ки ба қонун дар бораи интихоботи президент ва вакилони порлумони Қирғизистон тағйирот ворид шавад. Пешниҳоди вакилон марбут ба меъёре буд, ки тибқи он ҳизбҳои сиёсие, ки дар интихобот 5 дарсади раъйи сокинонро ба даст меоранд, шомили порлумон мешаванд. Ба ҷуз ин, вакилон пешниҳод карда буданд... Читать дальше...

Ҳавопаймои "Тоҷик Эйр" ба Русия меравад, аз он ҷо киро меорад?

Ozodi.org 

Масъулони ширкати "Тоҷик Эйр" дар суҳбат бо Радиои Озодӣ тасдиқ карданд, ки як ҳавопаймои ширкат шоми 19-уми май аз Душанбе ба Маскав меравад. Сомонаи расмии фурудгоҳи "Домодедово" гузориш дод, ки ҳавопаймои "Тоҷик Эйр" соати ёздаҳи шаб фуруд меояд.

СOVID-19 ва зиндонҳо. Дидорбинӣ манъ, суҳбатҳои телефонӣ озод. Оё барои ҳама?

Ozodi.org 

Пайвандони Маҳмадалӣ Ҳайит, муовини зиндонии раиси Ҳизби феълан дар Тоҷикистон мамнӯи наҳзати исломӣ, мегӯянд, ки мақомот намегузоранд, бо ӯ телефонӣ тамос гиранд. Вай ба ҳабси абад маҳкум шудааст. Маҳмадалӣ Ҳайит ва наздиконаш ҳукмро сиёсӣ медонанд.

Трамп ба СҶТ барои ислоҳи камбудиҳо 30 рӯз вақт дод

Ozodi.org 

Доналд Трамп, президенти ИМА гуфт, дар сурате агар Созмони ҷаҳонии тандурустӣ (СҶТ) уҳдадор нашавад, ки давоми 30 рӯзи оянда фаъолияташро беҳ мекунад, вай маблағгузории созмони мазкурро кам хоҳад кард. Трамп гуфт, дар сурати ғайр вай узвияти кишварашро дар СҶТ бозбинӣ ва сармоягузорӣ ба созмонро муваққатан қатъ хоҳад кард. Президенти ИМА ин хабаррро дар твиттер нашр кард. Ба гуфтаи вай, роҳи ягона барои СҶТ - ин ба намоиш гузоштани мустақилӣ аз Чин аст. Трамп пештар СҶТ-ро "лухтак"-и Чин унвон карда буд. Читать дальше...

Муфтии Доғистон мубориза бо COVID-19-ро бо фоҷиа шабеҳ кард

Ozodi.org 

Владимир Путин, президенти Русия вазъ дар минтақаи Доғистони ин кишварро "вазнин" унвон кард. Ин дар ҳолест, ки пештар аз ин муфтии Доғистон мубориза бо COVID-19-ро дар Доғистон бо мубориза зидди фоҷиа баробар карда буд. Путин дар як ҷаласаи видеоӣ бо мақомоти Доғистон рӯзи 18-уми май гуфт, ки вазъи паҳншавии вируси корона дар Русия ҳамоно хатарнок аст ва дар Доғистон вазъият душвортар мешавад. Ба бовари Путин, сабаби асосӣ он аст, ки сокинони Доғистон "ба худтабобат машғул шуда, ба табибон дер муроҷиат мекунанд". Читать дальше...

Пизишки тоҷик пулҳои ҷамъкардаи худро барои кумак ба ҳамкорон сарф кард. ВИДЕО

Ozodi.org 

​Ширин Назирмадова, пизишки 60-сола, дар бемористони марказии ноҳияи Фархори вилояти Хатлон кор мекунад. Вай бо нияти сафари ҳаҷ пул ҷамъ карда буд, вале густариши коронависи нав дар ҷаҳон, аз ҷумла Тоҷикистон ва баста будани роҳҳо аз нияташ гашт.

Новости России
Москва

«СВЯТОЙ ЛЕНИН» УЛУЧШАЕТ ЗАКОНЫ, управляет патентами и улучшает командное планирование в целях учёта интереса всего народа.


Дар Қриму Киев маросими ёдбуди ихроҷи тоторҳои Қрим дар соли 1944 барпо шуд

Ozodi.org 

Дар нимҷазираи аз ҷониби Русия ишғолшудаи Қрим ва дар Украина рӯзи  18 май  бузургдошти хотири қурбониёни ихроҷи тоторҳои Қрим дар соли 1944 баргузор шуд.  Дар Киев ва чанд шаҳри дигар маросимҳои мотам барпо шуд. Инчунин шурӯъ аз дирӯз дар Украина ҳафтаи ҳамраъйӣ бо мардуми тоторҳои Қрим оғоз мешавад. Шабакаҳои иҷтимоӣ ҳам флешмоб ё маъракаҳои иттилоотии худро роҳандозӣ кардаанд.  Дар шаҳри ишғолшудаи Севастопол  шаҳрдор Михаил Развозжаев дар назди ҳайкали ёдгории ихроҷшудаҳои Қрим гулчанбар гузошт. Читать дальше...

Фиристодаи ИМА бо Толибон ва ҳукумати Афғонистон мулоқот мекунад

Ozodi.org 

Қарор аст Залмай Халилзод, фиристодаи ИМА барои Афғонистон бо намояндагони Толибон ва мақомоти Афғонистон барои суръат бахшидан ба музокироти  сулҳ бар пояи созиши 29 феврал имзошуда гуфтугӯ анҷом диҳад. Дар изҳороти Департаменти давлатии ИМА рӯзи 18 май гуфта шуд, ки мулоқоти Халилзод бо Толибон дар Давҳа баргузор ва дар ҷараёни он иҷрои созиши сулҳ “ва таъкид ба иқдомҳои зарурӣ дар амри роҳандозии музокираҳои байни афғонҳо, аз ҷумла коҳиши ҷиддии хушунатҳо” муҳокима мешавад. Мулоқоти Халилзод бо Толибон дар ҳоле барпо хоҳад шуд... Читать дальше...

Трамп гуфт, маводи дорувори зиддималярияро истеъмол мекунад

Ozodi.org 

Президенти ИМА Доналд Трамп гуфт, ба хотири коҳиши нишонаҳои коронавирус маводи дорувори зидди малярияро  истеъмол мекунад, ҳарчанд ҳанӯз далели амну бехатар ва  муассир будани ин мавод дар даст нест. Трамп рӯзи 18 май гуфт, ки  давоми якуним ҳафтаи гузашта гидроксихлорохин ва рӯҳ истеъмол кард ва эҳсос накард, ки ин мавод кадом таъсири манфӣ бар ҷой гузошт. Ӯ гуфт, “ҳоло ҳаминро гуфта метавонам, ки ман хубам”. Трамп гуфт, ки дар чанд рӯз як бор аз санҷиши коронавирус мегузарад. Санҷиши саломатии президенти ИМА баъди он шурӯъ шуд... Читать дальше...

Бозии хайриявии FIFA барои ҷамъоварии маблағ дар мубориза бо коронавирус

Ozodi.org 

Бунёди Федератсияи байналмилалии футбол (FIFA) оид ба кор бо лоиҳаҳои рушди иҷтимоӣ барои ҷамъоварии маблағ дар мубориза бо пандемияи коронавирус бозии хайриявӣ ташкил мекунад. Дар ин бора дафтари матбуоти FIFA хабар додааст. Маблағҳои ҷамъшуда ба рушди технологияҳои гуногуни табобати бемориҳо аз коронавирус, беҳтар кардани ташхис, табобат ва эҷоди ваксинаҳо равона карда мешавад. "Мо бояд ҳамбастагиро нишон диҳем ва тамоми саъю кӯшишамонро дар мубориза бар зидди пандемия идома диҳем, - гуфт президенти FIFA Ҷанни Инфантино. Читать дальше...

Ошӯби муҳоҷирони баргаштаи қирғиз дар карантин. Видео

Ozodi.org 

Шаҳрвандони Қирғизистон, ки 10 рӯзи ахир бо гумони мубталошавӣ ба коронавирус дар пойгоҳи ҳавоии пешини "Гансӣ"-и ин кишвар зери назоратанд, бо нишони эътироз даст ба бетартибӣ заданд. Онҳо аз мақомот талаб доранд, ки ба ҷои интиқол ба беморхонаи касалиҳои сироятӣ ба хонаҳояшон фиристода шаванд. Видеои бетартибиҳо дар Интернет нашр шудааст. "Беморон рафторҳои хушунатомез доранд. Баъзе ҳолатҳое буд, ки ба табибон ҳамла карданд. Имрӯз ба самти мошини "ёрии таъҷилӣ" сангпартоӣ карданд. Намояндагони... Читать дальше...


Спорт в России и мире

Новости спорта


Новости тенниса
WTA

Шнайдер вышла в финал турнира WTA-125 в Париже, обыграв Грачёву






Ефимов: шестиполосный тоннель под МКАД готов на 80%

Опять "Садовод": афганец, напавший с ножом на девушку, работал на рынке

В плюсе. Доходы Тверской области выросли, а госдолг стал меньше

Чеченка Лия Заурбекова поделилась подробностями конфликта с семьей в полиции