Мы в Telegram
Добавить новость
ru24.net
World News in Tajik
Май
2020

Новости за 20.05.2020

24 июн - санаи эҳтимолии ҷашни Ғалаба ва референдум дар Русия

Ozodi.org 

Дар Кремл имкони баргузории ҷашни Пирӯзӣ дар Ҷанги дувуми ҷаҳонӣ ва раъйпурсии тағйирот ба Конститутсияро дар як рӯз - 24 июн баррасӣ доранд. Дар ин бора расонаҳо бо такя ба манобеи худ иттилоъ медиҳанд. 24 июн ҳамчун рӯзи асосии баргузории гузашти низомӣ бахшида ба Пирӯзӣ дар Ҷанги дувуми ҷаҳонӣ дар ҳоли баррасӣ аст. Маҳз 24 июни соли 1945 бори аввал бахшида ба пирӯзӣ дар Ҷанги бузурги ватанӣ гузашти низомӣ баргузор шуда буд. Манобеъ дар Кремл гуфтанд, ки доир кардани ду чорабинӣ дар як рӯз аз он ҷиҳат мувофиқ аст... Читать дальше...

Туркманистон маҳдудиятҳои гашту гузори шаҳрвандонро сахттар мекунад

Ozodi.org 

Дар вилояти Лебапи Туркманистон маҳдудиятҳои равуои сокинон сахттар шудааст. "Аз шаҳри Туркманобод берун шудани сокинонро якбора маҳдуд карданд. Танҳо ба кор ва ё ҷаласа рафтан иҷозат аст. Барои равуо кардан бояд аз пулис рухсатнома гирифт", - хабар дод як сокини Туркманистон. Аз 15 май ҳукумати Туркманистон минтақаҳои аҳолинишинро ба инзиво гирифта, пешниҳод кард, ки истироҳати тобистона дар минтақаи истироҳатии "Овоза" манъ карда шавад. Гуфта мешавад, аз 1 июн минтақаи шарқии кишвар - вилояти Лебап ба карантин гирифта хоҳад шуд. Читать дальше...

Муовини шаҳрдор ва 9 табиб дар Қирғизистон ба коронавирус мубтало шудаанд

Ozodi.org 

Муовини вазири тандурустии Қирғизистон Нурболот Усенбоев хабар дод, ки муовини шаҳрдори Норин ба коронавирус мубтало шудааст. Дар Қирғизистон 20 май 27 ҳолати нави мубталошавӣ ба коронавирус ба қайд гирифта шудааст. 19 мубталошуда сокини вилояти Норинанд. "Дар миёни онҳо муовини шаҳрдор ва 9 табиб низ ҳастанд. Ҳамаи шахсоне, ки бо онҳо тамос доштанд, аз озмоиш гузаронида мешавад. Ҳамаи мубталошудаҳо ба табобат фаро гирифта шуда, вазъашон муътадил аст", - изҳор дошт Усенбоев 20 май. Дар вилояти... Читать дальше...

Порлумони Қазоқистон қонуни ҷамъомадҳои осоиштаро қабул кард

Ozodi.org 

Палатаи поёнии порлумони Қазоқистон дар ҷаласаи 20 май аз тағйиру иловаҳои пешниҳодии сенат, палатаи болоии порлумони ин кишвар ба лоиҳаи қонуни ҷамъомадҳои осоишта ҷонибдорӣ кард. Вакили порлумон Канат Мусин гуфт, тағйироти пешниҳодии сенат "консепсияи муҳтавои лоиҳаи қонунро иваз намекунад ва ба такмили меъёрҳои алоҳидаи он равона шудааст". Пештар сенати Қазоқистон лоиҳаи қонунро барои такмил ба палатаи поёнии порлумони ин кишвар бозпас фиристода буд. Сарсенбой Енсегенов, узви сенат гуфт, кумитаи дахлдор ба хулосае расид... Читать дальше...

"Ҳазор сол осмонро ҷон бояд кандан, то донае дуруст, чун Умари Хайём берун афтад" ВИДЕО

Ozodi.org 

18-уми май рӯзи бузургдошти Умари Хайём, яке аз бузургтарин донишмандону шоирони форсу тоҷик буд, ки мисли садҳо ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон умрашро дар муҳоҷират сипарӣ кардааст.

Хайём ситорае дар Каҳкашони фарҳанги ҷаҳон

Ozodi.org 

Ҳар сол рӯзи 18-уми май, рӯзи бузургдошти Умари Хайём, яке аз бузургтарин донишмандони форсу тоҷик буд, ки мисли садҳо ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон умрашро дар муҳоҷират сипарӣ кардааст. Хабарнигори Радиои Фардо Фурӯғи Рауфӣ доир ба ӯ гузорише таҳия кард, ки ҳамроҳ мебинем.



Вазорат гуфт, шумори гирифторони COVID-19 аз 2100 гузашт. Омори талафот бетағйир аст

Ozodi.org 

Мақомоти тоҷик хабар доданд, ки дар шабонарӯзи гузашта дар кишвар боз 204 ҳолати нави гирифторӣ ба бемори COVID-19-ро сабт карданд. Ба ин тартиб шумори умумии сироятёфтагон ба коронавируси нав дар Тоҷикистон акнун ба 2140 нафар расид. Мақомот мегӯянд, дар ду рӯзи ахир ягон нафар аз бемории COVID-19 вафот накардааст ва шумори умумии фавтидагон 41 нафар мебошад. Ҳарчанд бархеҳо ба оморҳои расмӣ шубҳа доранд ва дар шабакаҳои иҷтимоӣ ҳам чандин нафар аз вафоти наздиконашон аз ин беморӣ хабар доданд. Читать дальше...

Халилзод ҳукумати Афғонистон ва Толибонро ба сулҳ омода мекунад

Ozodi.org 

Залмай Халилзод, намояндаи вижаи Амрико барои сулҳ дар Афғонистон ба Кобул рафт, то ба Толибон ва ҳукумати Афғонистон фишор орад, ки гуфтугӯҳои сулҳро оғоз кунанд.  Дар саросари кишвар зӯровариҳо авҷ гирифта, ба созишномаи сулҳе, ки миёни Вашингтон ва ҷангҷӯён дар моҳи феврали соли равон имзо шуда буд, таҳдид  мешавад. Намояндаи президенти Афғонистон Ашраф Ғанӣ рӯзи 20-уми май тасдиқ кард, ки Халилзод ба Афғонистон аз Қатар омадааст ва дар он ҷо бо намояндагони Толибон аз нав гуфтугӯ кардааст. Читать дальше...

Ҳушдори Амрико ба Эрон: Ба киштиҳои мо наздик нашавед

Ozodi.org 

Артиши ИМА ба Эрон ҳушдор дод, ки агар шиноварони хориҷӣ дар минтақаи Халиҷи Форс ва Тангии Ҳурмуз то ба 100 метрии киштиҳои ҷангии Амрико наздик шаванд, "ҳамчун таҳдиде  дониста шуда ва таҳти чораҳои муҳофизати қонунӣ  гирифта мешаванд." Ин баёния рӯзи 19-уми май, як моҳ пас аз он чоп мешавад, ки Амрико эълон карда буд, ки 11 қаиқи Сипоҳи посдорон ба киштиҳои ин кишвар дар шимоли Халиҷи Форс халал расондаанд. Пас аз он Президенти Амрико Доналд Трамп ба Нерӯи баҳрии Амрико дастур дод, ки агар қаиқҳои эронӣ ба киштиҳои ИМА халал расонанд... Читать дальше...

Баъд аз мавҷи танқидҳо, президент хост, тақсими кумакҳоро назорат кунанд

Ozodi.org 

Раиси ҷумҳури Тоҷикистон баъд аз мавҷи танқидҳо аз шеваи тақсими кумакҳои байнулмилалӣ аз Ситоди ҷумҳуриявии мубориза бо COVID-19 ва Оҷонси зиддифасод хост, ки ҷараёни тақсиму истифодаи кумакҳоро ҷиддӣ назорат кунанд.

Иди Фитр дар Тоҷикистон 24 май аст, вале бе намози дастҷамъӣ

Ozodi.org 

Шӯрои уламо қарор кард, ки Иди Рамазон ё Фитр дар Тоҷикистон 24-уми май фаро мерасад, аммо ба фарқ аз солҳои гузашта намози ид ва идгардак баргузор намегардад. Мақомот аз сокинон хостаанд, идро дар хона бо аъзои оила ҷашн гиранд. Ин тасмим ба густариши коронавируси нав дар Тоҷикистон рабт дорад, ки дар бист рӯзи ахир ба тақрибан ду ҳазор нафар сироят карда, боис ба марги 41 нафар шудааст.    Пештар бархе аз сокинон пешниҳод карда буданд, ки намози имсолаи идро онлайн ва ба воситаи телевизионҳо хонанд... Читать дальше...

Муроҷиат аз таҳхона ба президент ва ободонӣ баъд аз сел

Ozodi.org 

Имрӯз муроҷиатҳои муҳоҷирон аз дохили боздоштгоҳу, таҳхонаҳои Русияро мешунавем, сели харобиовар дар Панҷакент, талоши мардум барои эмин монданро мебинем ва ҳам дар бораи тақсими кӯмак ва ё ҳадяҳои президент гап мезанем, ки ба як баҳси дароз табдил шуд.

Раиси ноҳияи Тоҷикобод баъд аз чанд рӯзи муолиҷа даргузашт

Ozodi.org 

Ҳамидулло Маҳмадшозода, раиси ноҳияи Тоҷикобод, шарқи Тоҷикистон, дар 50-солагӣ даргузашт. Мақомот расман сабаби маргашро эълон накарданд, вале афроди огоҳ мегӯянд, ӯ тақрибан даҳ рӯз инҷониб дар хона муолиҷа мегирифт ва субҳи чаҳоршанбе барои табобаташ аз маркази ноҳияи Рашт низ пизишкон даъват шуда буданд. Маҳмадшозода соли 2018 ба мансаби раиси ноҳияи Тоҷикобод таъйин шуд.  Бахтиёр Шарифов, раиси бахши молияи ҳукумати Тоҷикобод, 20-уми май ба Радиои Озодӣ гуфт, "Маҳмадшозода соате пеш вафот... Читать дальше...

Новости России
Москва

В РМАТ ПРОШЕЛ I БИЗНЕС-ФОРУМ ВЫПУСКНИКОВ РМАТ 1999-2023 ГОДА ВЫПУСКА, ПОСВЯЩЕННЫЙ 55-ЛЕТНЕМУ ЮБИЛЕЮ АКАДЕМИИ


Муроҷиат аз таҳхона ба президент ва ободонӣ баъд аз сел дар Озодӣ Онлайн. ВИДЕО

Ozodi.org 

Имрӯз муроҷиати муҳоҷиронро аз дохили боздоштгоҳу таҳхонаҳои Русия мешунавем, сели харобиовар дар Панҷакент ва талоши мардум барои эмин монданро мебинем ва ҳам дар бораи тақсими кумак ва ё ҳадяҳои президент гап мезанем, ки ба як баҳси дароз табдил шуд.

Тоҷикистон ба мардуми зарардидаи Узбекистон кумак фиристод

Ozodi.org 

Баъд аз мавҷи танқиду пешниҳодҳо дар шабакаҳои иҷтимоӣ, Тоҷикистон ба як гуруҳ аз сокинони Узбекистон, ки аз рахна шудани обанбори Сардоба зарар диданд, кумаки башардӯстона фиристод. Мақомот гуфтанд, кумакҳо аз масолеҳи сохтмонӣ, аз ҷумла сементу бомпӯш (шифер), рангу мех, иборат аст. Сарбанди обанбори Сардоба, воқеъ дар вилояти Сирдарёи Узбекистон, рӯзи 1-уми майи имсол канда шуд. Ба иттилои мақомоти Узбекистон, дар маҷмуъ беш аз 11 ҳазор нафар ба ҷойи амн кӯчонида шудаанд. Дафтари матбуоти раиси вилояти Суғд хабар дод... Читать дальше...

Дар ҳамла ба масҷид дар Афғонистон 13 намозгузор кушта шуд

Ozodi.org 

Шоми 19-уми май афроди мусаллаҳ ба ду масҷид дар Афғонистон ҳамла карда, 13 намозгузорро куштанд. Мақомоти амниятӣ ба Радиои Озодӣ гуфтанд, дар як ҳамла ба масҷиде дар вилояти марказии Парвон дастикам 10 нафар кушта ва 16 кас захмӣ шуданд. Генерал Алозай Аҳмадӣ, фармондеҳи нирӯҳои амниятии Парвон, гуфт, ҳодиса дар маркази вилоят, шаҳри Чоркӯҳ, рух дод. Ба қавли ӯ, таҳқиқ шуруъ шудааст. Воҳида Шоҳкор, сухангӯи волии Парвон мегӯяд, мусаллаҳони ношинос ба сӯи афроде, ки дар соатҳои ифтор дар дохили масҷид намоз мехонданд, оташ кушоданд. Читать дальше...

Дар Кореяи Ҷанубӣ мактабҳо бо маҳдудиятҳо боз шуданд

Ozodi.org 

Дар Кореяи Ҷанубӣ баъди беш аз ду моҳи таъхири вобаста ба пандемияи коронавирус рӯзи 20 май мактабҳои олӣ боз шуданд, вале донишҷӯён ба хотири пешгирӣ аз паҳншавии вирус ҳамоно бояд мутобиқи муқаррароти қавӣ амал кунанд. Дар марҳилаи аввали боз шудани мактабҳо доштани ниқоби тиббӣ ва риояи фосилаи якметраи байни мизу курсиҳои донишҷӯён ҳатмӣ ҳисоб мешавад. Ҳамчунин бояд таби  донишомӯзон санҷида шавад ва дар сурати ошкор шудани ҳолати гирифторӣ ба коронавирус, дарсҳо дубора ба низоми онлайнӣ гузаронида мешавад. Читать дальше...

Ҷеенбеков хостори транзити озоди бор аз Аврупо ба Қирғизистон шуд

Ozodi.org 

Дар ҷараёни ҷаласаи видеоии Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё, ки рӯзи 19-уми май баргузор шуд, президенти Қирғизистон Сооронбой Ҷеенбеков ба таваҷҷуҳ ба масъалаи бардоштани монеаҳои дар дохили гумруки ИИАО даъват кард. "Мо барои таъсиси "долони сабз" ба созиш расида будем, ки интиқоли маҳсулоти ниёзи аввалро дар бар мегирифт. Сарфи назар аз ин, бархе аз кишварҳои узви ИИАО назоратро сахттар карда, монеи воридшавии маҳсулот мегарданд", - гуфт Ҷеенбеков. "Ҷеенбеков афзуд, ки механизмҳои мавҷуда дар амри бардоштани монеаҳо нокофианд. Читать дальше...


Спорт в России и мире

Новости спорта


Новости тенниса
Вера Звонарёва

Звонарёва проиграла американке Крюгер в квалификации турнира в Страсбурге






В Москве завершил свою работу XIX Всероссийский Форум-выставка «ГОСЗАКАЗ»

Департамент городского имущества оповещает об установлении публичного сервитута на земли, находящиеся в государственной собственности

Гектар земли разыграют на празднике ко Дню предпринимательства в Мытищах

Опять "Садовод": афганец, напавший с ножом на девушку, работал на рынке