Мы в Telegram
Добавить новость
ru24.net
World News in Tajik
Май
2020

Новости за 05.05.2020

Додгоҳи Киев Януковичро ғоибона ду моҳ ба ҳабс гирифт

Ozodi.org 

Виктор Янукович, президенти пешини Украина аз сӯи додгоҳи шаҳри Киев ду моҳ ғоибона ба ҳабс гирифта шуд. Додгоҳи ноҳияи Печери шаҳри Киев рӯзи 4 май дархости додситониро дар бораи ҳабси президенти пешин қонеъ кард. Ҳабси Янукович дар доираи таҳқиқи парвандаи марбут ба сӯистифода аз мақом сурат мегирад. Александр Супрун, муфаттиши парвандаи мазкур гуфт, ҷониби айбдоркунанда исбот кард, ки Янукович дар ҳудуди Русия пинҳон шудааст. Додгоҳи ноҳияи Печер парвандаи дигари марбут ба Януковичро баррасӣ мекунад. Читать дальше...

БОР барои коҳиши пайомадҳои COVID-19 ба Қирғизистон $50 млн медиҳад

Ozodi.org 

Бонки Осиёии Рушд (БОР) барои кам кардани оқибатҳои манфии коронавирус ба бахшҳои тандурустӣ, иҷтимоӣ ва иқтисодии Қирғизистон 50 миллион доллар ҷудо мекунад. Ба огаҳии БОР, 25 миллион доллар ҳамчун қарзи боимтиёз аз ҳисоби худи бонк ва 25 миллион доллар ҳамчун грант аз ҳисоби Бунёди Осиёии Рушд ҷудо хоҳад шуд. Бунёди мазкур низ аз сӯи БОР дар доираи вокунишҳо ба паҳн шудани коронавирус сармоягузорӣ мешавад. Президенти Қирғизистон Сооронбой Ҷеенбеков 26-уми марти имсол бо раҳбари намояндагии... Читать дальше...

Юлдуз Усмоноваро барои танқиди кормандони пулис танбеҳ доданд

Ozodi.org 

Вазорати фарҳанги Узбекистон ба амали сарояндаи машҳури ин кишвар Юлдуз Усмонова, ки дар як пахши мустақим дар шабакаи иҷтимоии Инстаграм кормандони пулисро ба шиддат интиқод кард, эътироз баён намуд. "Назари баёнкардаи Юлдуз Усмонова дар даврае, ки кишвари мо пушти сар мекунад, ғайриқобили қабул аст ва шояд сароянда хабар надорад, кормандони пулисе, ки ду моҳ мешавад, дар хона набуданд ва аъзои оилаи худро ҳам надидаанд, дар шабакаҳои иҷтимоӣ дар ин бора шикояте намекунанд", - омадааст дар изҳороти вазорат. Читать дальше...

Муовини сардори БДА дар вилояти Хатлон аз чӣ фавтид?

Ozodi.org 

Қутбиддин Қодирови 49-сола, муовини сардори Раёсати Бозрасии Давлатии Автомобилӣ (ГАИ) дар вилояти Хатлон шаби 4-уми май дар бемористони ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ даргузашт. Афроди наздик ба ӯ гумон доранд, ки Қодиров бар асари бемории ҳамагир ҷон бохтааст, чун бо ҳарорати баланду нафастангӣ ба бемористон бурда шуд. Амриддин Солиев, сардухтури бемористони ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ рӯзи 5-уми май гуфт, Қутбиддин Қодиров бемории қанд низ дошт. "Сабаби маргашро бронхити музмин мондем. Рости гап, дар... Читать дальше...

Раҳматилло Зоиров гуфт, ба коронавирус сироят шудааст

Ozodi.org 

Раҳматилло Зоиров, раҳбари Ҳизби сотсиал-демократи Тоҷикистон, дар паёми кӯтоҳе дар саҳифаи расмиаш дар Фейсбук навишт, ки ба коронавирус сироят шудааст ва ҳашт рӯз боз муолиҷа мегирад. Вай 5-уми май аз дӯстонаш талаби дуо карда, айни замон хостааст, барои эҳтиёт ба хонааш нараванд. Маълум нест, хулосаи Зоиров бар асоси нишонаҳои беморӣ эълон шудааст ва ё натиҷаи ташхис онро нишон дода.  Маҳмурод Одинаев, муовини Раҳматилло Зоиров дар Ҳизби сотсиал-демократ, ба Радиои Озодӣ гуфт, раҳбари ҳизб мариз аст, вале вазъаш муътадил мебошад. Читать дальше...

ИА ба Тоҷикистон: ӯҳдадориҳои байналмилалии худро дар таъмини ҳуқуқи башар иҷро кунед

Ozodi.org 

Намояндагиҳои дипломатии кишварҳои аврупоӣ  аз ҳукумати Тоҷикистон тақозо карданд, ки  ӯҳдадориҳои байналмилалиашро дар заминаи таъмини ҳуқуқи башар иҷро бикунад. Дар изҳороте, ки рӯзи 5 май аз ҷониби намояндагии Иттиҳоди Аврупо, сафоратҳои Олмон ва  Фаронса дар  Тоҷикистон нашр шуд,  нақши муҳими васоити ахбори умум ва рӯзноманигорони касбии тоҷик ба вижа дар марҳилаи пандемияи COVID-19  таъкид шудааст. Изҳороте, ки ба муносибати Рӯзи озодии матбуот нашр шуд, ба аҳамияти риоия озодии баён таъкид карда мегӯяд... Читать дальше...



Гуфтугӯи раҳбарони Тоҷикистону Узбекистон дар бораи Сардоба ва коронавирус 

Ozodi.org 

Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон, бо президенти Узбекистон Шавкат Мирзиёев гуфтугӯи телефонӣ кардааст. Хадамоти матбуоти президенти Тоҷикистон 5-уми май гуфт, дар суҳбат масъалаи рахна шудани обанбори Сардоба дар вилояти Сирдарё баррасӣ шуд.  Сарбанди обанбори Сардоба субҳи 1-уми май рахна шуд ва манзилҳои атрофи обанборро зер кард. Мансабдорони Узбекистон мегӯянд, шамоли сахт гӯё боиси рахна шудани қисмати поёнии сад гаштааст. Коршиносон дар умури сохтмону обанбор сабаби рахна шудани садди обанборро "натиҷаи коррупсия... Читать дальше...

Марг дар ғарибӣ ва ташвиш дар ватан

Ozodi.org 

Русия бузургтарин кишвари муҳоҷирпазир аз Тоҷикистон аст ва то кунун даҳҳо нафар аз ин муҳоҷирон ба бемории КОВИД-19 гирифтор шудаанд. Ин беморӣ чанде аз онҳоро аллакай кушту, гур ба ғариб кард. Яке аз онҳо фарзанди хонаводае дар Душанбе аст.

Насим Олимзода ба кори дигар гузашт, Ҷамолиддин Абдуллозода вазири тандурустӣ шуд

Ozodi.org 

Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон, рӯзи 5-уми май фармон додааст, ки Насим Олимзода, вазири тандурустӣ аз мақомаш озод карда шавад. Дар ин фармон гуфта шудааст, сабаби озод кардани ӯ ба мақоми дигар гузаштанаш аст

Раиси Ҳамадонӣ сабабҳои аз карантин "фирор" кардани раиси дафтари ҳизби ҳокимро пурсид

Ozodi.org 

Давлатҷон Ғаффорзода, раиси дафтари ҳизби ҳокими халқии демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Ҳамадонӣ, пеш аз адои муҳлати карантин аз бемористони марказии ноҳия "фирор кардааст".

Дар Бритониё ба пизишкону оилаҳои тоҷик кумак ҷамъ меоранд

Ozodi.org 

Гуруҳе аз тоҷикон дар Бритониё маъракаи ҷамъоварии маблағ барои кумак ба кормандони тиб ва 14 ҳазор оила дар Тоҷикистонро шурӯъ карданд. Онҳо ҳадаф доранд, ба зудӣ 2 миллион сомонӣ, муодили тақрибан 200 ҳазор доллар ҷамъ биоранд.  Чанде аз овозхонҳои шинохтаи тоҷик, аз ҷумла Далер Назаров, Ҷонибеки Мурод, Нигина Амонқулова, Валиҷон Азизов, Зулайхо Маҳмадшоева, Беҳрӯз Зеваров ва Шабнами Сурайё ба ин маърака ҳамроҳ шудаанд. Қарор аст, онҳо рӯзи 20-уми май дар як консерти онлайн ширкат варзанд. ... Читать дальше...

Тақозои Толибон аз ҳукумати Афғонистон ба озодкунии зудтари зиндониҳо

Ozodi.org 

Толибон аз ҳукумати Афғонистон даъват карданд, ки ҷараёни озодкунии зиндониҳоро суръат бахшад. Созиши сулҳи таърихӣ миёни ИМА ва Толибон рӯзи 29 феврал имзо шуд ва бар асоси он, ҳукумати Афғонистон бояд 5000 Толибони зиндониро озод кунанд. Ин як шарти муҳими хатми ҷанги 18-сола дар Афғонистон аст. Толибон бар иваз бояд 1000 узви нирӯҳои ҳукуматии Афғонистонро аз зиндонҳои худ раҳо кунанд. Суҳайл Шоҳин, сухангӯи Толибон рӯзи 4 май дар Твиттери худ навишт, ки дар давоми се рӯзи гузашта ҳукумати Кобул... Читать дальше...

Шурӯи кори нирӯҳои баҳрии амрикоӣ дар баҳри Барентс

Ozodi.org 

Чор киштии нирӯҳои баҳрии Амрико ва як киштии нирӯҳои шоҳигарии Британия рӯзи 4 май дар самти шимолии Русия рӯи обҳои баҳри Барентс шино карда, ба қавли Пентагон, амалиёти амниятии арктикиро ба роҳ монданд. Нахустин бор аст, ки баъди миёнаҳои солҳои 1980-ум нирӯҳои баҳрии амрикоӣ дар обҳои Барентс шино мекунанд. Ин дар ҳолест, ки Русия солҳои ахир тавонмандиҳои  низомии худ дар Арктика – макони тақвияти захираҳои геостратегӣ, дифоӣ ва тавсеаи эҳтимолии ҳаракати киштиҳояшро тақвият медиҳад.  Мақомоти нирӯҳои баҳрӣ гуфтанд... Читать дальше...

Подполковники тоҷикро барои 40 дашном ба ҳамкораш аз кор ронданд. ВИДЕО

Ozodi.org 

Рӯзи 5-уми май дар паёмрасонҳои корбарон видеои ҷанҷол бо як нозири роҳ нашр шуд, ки дар он марде, ки зоҳиран афсари баландрутба аст, нозири роҳро “саг”меномад ва модару ҳамсарашро батакрор дашном медиҳад.

Бадрафтории подполковники тоҷик бо нозири роҳ барои ҷарима

Ozodi.org 

Рӯзи 5-уми май дар паёмрасонҳои корбарон видеои ҷанҷол бо як нозири роҳ нашр шуд, ки дар он марде, ки зоҳиран афсари баландрутба аст, нозири роҳро “саг”меномад ва модару ҳамсарашро батакрор дашном медиҳад.

Новости России
Москва

В РМАТ ПРОШЕЛ I БИЗНЕС-ФОРУМ ВЫПУСКНИКОВ РМАТ 1999-2023 ГОДА ВЫПУСКА, ПОСВЯЩЕННЫЙ 55-ЛЕТНЕМУ ЮБИЛЕЮ АКАДЕМИИ


Кумакҳои байналмилалӣ ба Тоҷикистон барои муқобила бо COVID-19. Кӣ чӣ қадар ёрӣ дод?

Ozodi.org 

Моҳи апрели имсол, пеш аз он ки Тоҷикистон ба коронавирус сироят шудани шаҳрвандонашро эътироф кунад, созмонҳои байнулмилалӣ ва кишварҳои алоҳида яке пайи дигар барои пешгирӣ аз паҳншавии COVID-19 ба Душанбе ёриҳои молӣ пешниҳод карданд.

Кори Сенати Амрико бо риояи меъёрҳои эҳтиёткорӣ аз сар гирифта шуд

Ozodi.org 

Аъзои Сенати Амрико рӯзи 4 май нахустин бор баъди карантини моҳи март эълоншуда сари кор омаданд, дар ҳоле, ки нигарониҳо аз эҳтимоли таҳти хатар будани вазъияти эпидемиологӣ ҳамоно вуҷуд дорад. Тахминан нисфи 100 сенатори амрикоӣ аз 65-сола боло ҳастанд ва синну солашон онҳоро дар ҳолати хатари бештари олудагӣ ба COVID-19 қарор медиҳад. Кори Сенат дар ҳоле аз сар гирифта шуд, ки шаҳри Вашингтон масдуд аст ва ҳамин масъала ҳам аллакай  тарафдорону мухолифонро дар муқобили ҳам қарор додааст. Раҳбари... Читать дальше...

Пешбинии марги бештар бар асари коронавирус дар ИМА

Ozodi.org 

Омори марги инсонҳо бар асари пандемияи коронавирус аз чоряк миллион  нафар убур карда, шумори олудашудаҳо беш аз 3,5 миллион нафарро ташкил додааст. Дар пасманзари пешгӯиҳо аз марги бештари инсонҳо дар ИМА, ҷомеаи ҷаҳонӣ барои эҷоди воксинаи зидди коронавирус 8 миллиард доллар тақозо кардааст. Пешбиниҳои нигаронкунандаи вазъи ИМА-ро ахиран  Пажӯҳишгоҳи арзёбии сиҳҳатӣ дар назди Донишгоҳи Вашингтон  нашр кард. Ин дар ҳолест, ки баъди чандин ҳафтаи сангин Аврупои Ғарбӣ тадриҷан ба худ меояд ва арзёбии мутахассисони тиб ин аст... Читать дальше...

Бародари Мансурҷон Умаров дар бемористони касалиҳои сироятӣ даргузашт

Ozodi.org 

Носир Умаров, корманди ширкати "Барқи тоҷик" ва бародари сардори раёсати зиндонҳои Тоҷикистон Мансурҷон Умаров, баъд аз панҷ рӯзи табобат дар бемористони Зарафшони шаҳри Душанбе фавтидааст. Ҷое, ки ба гуфтаи мақомот асосан гирифторони бемориҳои сироятӣ ва илтиҳоби шуш муолиҷа мегиранд. Мақомот то ба ҳол сабаби марги Носир Умаровро расман шарҳ надодаанд. Яке аз наздикони ӯ рӯзи 5-уми май гуфт, Носир Умаров ба эҳтимоли зиёд аз бемории ҳамагир фавтидааст ва ҷасадашро низ ба пайвандон надоданд. Ҳамсуҳбати мо афзуд... Читать дальше...

Apple ва Google пайгирии макони мубталоёни COVID-19-ро манъ мекунанд

Ozodi.org 

Технологияи нави Apple ва Google барои пайгирии тамоси мубталоёни коронавирус ё COVID-19 иҷозат намедиҳад, макони будубоши онҳо дақиқ муайян карда шавад. Дар ин бора "Techcrunch" бо истинод ба таҳиягарони барнома иттилоъ додааст. Ин ду бузургтарин ширкати ҷаҳонӣ ҳоло барномаеро коркард доранд, ки соҳиби телефонро дар бораи тамос доштанаш бо мубталои COVID-19 хабар медиҳад. Apple ва Google 4-уми май гуфтанд, ки барнома ба дақиқ муайян кардани макони шахси мубтало иҷозат намедиҳад. Таҳиягарон бо ин кор мехоҳанд... Читать дальше...

Таътили хонандагони мактабҳои миёна дароз карда шуд. Оғози таҳсил - 17 август

Ozodi.org 

Ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба пешгирӣ аз паҳншавии коронавирус дар Тоҷикистон замони таътили хонандагони мактабҳои миёнаро то 16-уми август дароз кард. Ба иттилои манбаъ, таҳсил аз 17-уми августи имсол оғоз мегардад. Дар бораи шароити кори омӯзгорон ва пардохти маоши онҳо дар ин давра шарҳе дода нашудааст.  Қаблан хонандагони мактабҳои миёнаро аз 27-уми апрел то 10-уми май ба таътил фиристода буданд. Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон гуфт, тамдиди таътили хонандагон ба мавҷудияти коронавирус дар кишвар рабт дорад. Читать дальше...


Спорт в России и мире

Новости спорта


Новости тенниса
Арина Соболенко

Арина Соболенко сняла траур по Кольцову и завела новые романтические отношения






Положительная динамика наблюдается в базовых отраслях экономики Орехово-Зуева

На Южно-Уральской железной дороге появятся новые поезда

В Госдуме призвали к выходу из ВОЗ

В Москве избрали меру пресечения еще одному фигуранту по делу о торговле детьми