Мы в Telegram
Добавить новость
ru24.net
World News in Tajik
Октябрь
2020

Новости за 19.10.2020

Шумораи гирифторон ба КОВИД-19 дар ҷаҳон аз 40 млн нафар гузашт

Ozodi.org 

Шумораи гирифторон ба коронавирус дар ҷаҳон рӯзи якшанбеи 18-уми октябр аз 40 миллион нафар гузашт ва шумораи қурбониён ба беш аз як миллиону 115 ҳазор нафар расид. Гирифории аз ҳама бештар ба ин беморӣ дар як рӯз дар Ҳинд, Иёлоти Муттаҳидаи Амрико, Аврупо ва Амрикои ҷанубӣ сабт шудааст. Рӯзи шанбе дар Фаронса 32 ҳазор нафар ба ин беморӣ гирифтор шудаанд. Фаронса аз ин бобат дар садри ҷадвали кишварҳои аврупоӣ қарор дорад ва Бритониё, Русия ва Италия дар рутбаҳои баъдӣ қарор гирифтаанд. Фаронса... Читать дальше...

Ду "фирорӣ аз Чин" дар Қазоқистон паноҳандагӣ дарёфт карданд

Ozodi.org 

Ду қазоқтабори чинӣ - Кастер Мусохонулӣ ва Мурагер Олимулӣ барои як сол дар Қазоқистон паноҳандагӣ пайдо карданд. Дар ин бора вакили мудофеи онҳо Абдулло Бакберген хабар дод. Ин ду қазоқтабор нахустин фирориёни чинӣ ҳастанд, ки дар Қазоқистон расман паноҳандагӣ дарёфт кардаанд. Мусохонулӣ ва Олимулӣ моҳи октябри соли 2019 аз Шинҷони Чин фирор ва бо убури марз вориди Қазоқистон шуданд. Ба маҳзи ворид шудан ба Қазоқистон, онҳо нишасти хабарӣ баргузор ва сабабҳои фирорашон аз Чинро нақл карданд. Ба гуфтаи Мусохонулӣ ва Олимулӣ... Читать дальше...

Фавти маҳбусон дар зиндони занонаи Туркманистон

Ozodi.org 

Дар зиндони занонаи Туркманистон давоми рӯзҳои ахир чанд маҳбус фавтидааст. Як манбаъ 16 октябр гуфт, маҳбусон бар асари коронавирус фавтидаанд. Наздикони се маҳбуси зиндони занонаи вилояти Дашоғуз, ки бо Узбекистон ҳаммарз аст, фавти пайвандони худро дар суҳбат бо бахши туркмании Радиои Озодӣ тасдиқ карданд. Ба гуфтаи ҳамсуҳбатони мо, мақомот ҷасади маҳбусонро ба наздиконашон надодаанд. Як манбаи огаҳ аз қазия гуфт, шумораи мубталоён дар зиндон "хеле зиёд" буд. Ба гуфтаи ӯ, дар ҳудуди зиндон макони махсус барои карантин ташкил шуда... Читать дальше...

Дар Қирғизистон шумораи мубталоён ба COVID-19 якбора афзоиш ёфт

Ozodi.org 

Дар Қирғизистон давоми як рӯзи ахир 554 ҳолати нави мубталошавӣ ба коронавирус ё COVID-19 ба қайд гирифта шудааст. Шумораи умумии мубталоён дар ин кишвар ба 52 044 расид. Ба огаҳии Ситоди ҷумҳуриявии мубориза бо коронавирус дар Қирғизистон, давоми рӯзҳои ахир шумораи нави мубталоён ду баробар зиёд шудааст. Рӯзи 12 октябр 298 ҳолат ошкор карда шуда буд. Ба ҳисоби ситод, 12 октябр 298 ҳолат, 13 октябр 343 ҳолат, 14 октябр 330 ҳолат, 15 октябр 388 ҳолат, 16 октябр 431 ҳолат, 17 октябр 470 ҳолат... Читать дальше...

Собянин: Шумораи муҳоҷирон дар Москва 40 дарсад кам шудааст

Ozodi.org 

Шаҳрдори Москва Сергей Собянин гуфт, шумораи муҳоҷирони корӣ дар пойтахти Русия 40 дарсад коҳиш ёфтааст. Бинобар ин, мақомоти Москва одамонро барои кор аз дигар минтақаҳои Русия ҷалб мекунанд. Ба гуфтаи Собянин, "на ҳама москвагиҳо омодаанд, ки дар даст белу ҷорӯб" гиранд. Шаҳрдори Москва пештар гуфта буд, ки коҳиши шумораи муҳоҷирон ба пандемияи коронавирус ва баста шудани марзҳо рабт дорад. Ӯ ҳушдор дода буд, ки "мушкилиҳо пеш хоҳад омад". "Москва дар фасли сармо гуруҳҳои иловагиро барои корҳои дастӣ муваққатан ҷалб мекард",-изҳор дошт.


Спорт в России и мире

Новости спорта


Новости тенниса
Бьянка Андрееску

Бьянка Андрееску: «Мне нравится, что на траве, поскольку она намного быстрее грунте, меньше времени на раздумья»






Упавших в ливневую канализацию утят спасли в Сергиевом Посаде

Незаконную промышленную зону ликвидировали в мытищинской деревне Болтино

«Лишний раз шевелиться не хочется»: Московский зоопарк показал отдыхающих капибар

Финляндия направит РФ ноту в связи с подозрениями в нарушении границ самолетами