Добавить новость
ru24.net
World News in Tajik
Октябрь
2020

Новости за 20.10.2020

Доналд Трамп сироятшиноси калони кишварро "аҳмақ" номид

Ozodi.org 

Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Амрико, ба мутахассиси баландмақоми ҳукуматаш Энтонӣ Фаучӣ дарафтода, ӯро «аҳмақ» номид. Ӯ рузи 19-уми октябр гуфт, раиси Маркази мубориза бо бемориҳои сироятӣ дар Амрико тавсияҳои нодурусте барои муқобила бо пандемияи коронавирус додааст. Ӯ гуфт: “Амрикоиҳо аз шунидани Фаучӣ ва ҳамаи ин аҳмақҳо ва аҳмақҳое, ки нодуруст мефаҳманд, хаста шудаанд.” Доналд Трамп дар ин бора ҳангоми суҳбати телефонӣ бо аъзои ситоди интихоботиаш сухан гуфта ва Энтонӣ Фаучиро “як мусибат” номидааст. Читать дальше...

Микрофонҳо хомӯш мешаванд. Навоварӣ дар дебати ояндаи президентии ИМА  

Ozodi.org 

Дебат ё музоҳираи баъдии миёни президенти ИМА Доналд Трамп ва рақиби демократи ӯ Ҷо Байден дар баҳс ё мунозираи баъдии интихоботиашон аз рӯи қоидаи нав амал хоҳанд кард: ба ҳангоми изҳориназарҳои як нафарашон микрофони дигарашон хомӯш мешавад. Президенти комиссиюни дебатҳо рӯзи 19-уми октябр гуфт, ки ба хотири такрор нашудани ҳарфбуриҳои баҳси гузашта ва ҳам мушкилоти фанние, ки дар натиҷа боиси нофаҳмиву  ҳамлаҳои лафзӣ мешаванд, қарор шуд дар ҷараёни баҳс бояд микрофон хомӯш шавад. Баҳси навбатии номзадҳои 22-юми октябр баргузор мешавад. Читать дальше...

"Шоҳин Осмойӣ" - қаҳрамони Афғонистон дар Ҷоми AFC бо бошгоҳи Тоҷикистон бозӣ мекунад

Ozodi.org 

Тими “Шоҳин Осмойӣ” ғолиби нӯҳумин даври рақобатҳои Лигаи бартари футболи Афғонистон шуд. Бозии ниҳоӣ миёни дастаҳои “Шоҳин Осмойӣ”, намояндаи пойтахти ин кишвар ва “Симурғ Албурз”, намояндаи шимол, ки дар Кобул, дар варзишгоҳи Федератсияи футболи Афғонистон, доир гардид, бо пирӯзии “лочинҳо” бо ҳисоби 1:0 хотима ёфт. Голи ягонаро нимҳимоятгар Фардин Ҳакимӣ дар дақиқаи 19-уми бозӣ зад. Гарчанде ки футболбозони “Симурғ Албурз” дар ҷараёни ин дидор якчанд имконоти голзанӣ фароҳам оварданд, вале натавонистанд... Читать дальше...

Шӯрои амнияти СММ аз Озарбойҷон ва Арманистон хост, оташбасро риоя кунанд

Ozodi.org 

Шӯрои амнияти Созмони Милали Муттаҳид аз Арманистон ва Озарбойҷон хост, то оташбаси навро риоя кунанд. Дар ҳамин ҳол, раҳбарони Озарбойҷон ва Арманистон аз омодагии худ барои поёни ин низоъ сухан гуфтаанд, аммо шартҳои худро гузоштанд. Шӯрои амнияти СММ дар нишасти рӯзи душанбеи худ вазъияти минтақаи ҷудоиталаби Қарабоғи Кӯҳиро мавриди баррасӣ қарор дод. Понздаҳ кишвари узви Шӯрои амният ба дархости Антонио Гуттериш, дабири куллии СММ, ки хоҳони риояи оташбас аз сӯи ҳар ду тараф шуд, таъкид карданд. Читать дальше...

Узбекистон дар соли оянда барои мубориза бо коронавирус $290 млн ҷудо мекунад

Ozodi.org 

Дар соли 2021 Узбекистон барои бахши тандурустӣ бештар аз 1,9 млрд доллар ҷудо мекунад. Аз ҷумла наздики 290 млн доллар барои мубориза бо коронавирус ва қариб 174 млн доллар барои хариди дору ҷудо хоҳа шуд. Дар ин бора рӯзи 19 октябр президенти он кишвар Шавкат Мирзиёев дар як ҷаласаи бахшида ба буҷаи соли ояндаи кишвараш иттилоъ дод. Мирзиёев дар ҷаласа гуфтааст, ки ҳангоми банақшагирии буҷаи соли оянда бояд идомаи коронавирус ва уфти иқтисоди ҷаҳонӣ ба эътибор гирифта шавад. Ба иттилои маркази матбуотии президенти Узбекистон... Читать дальше...

Пашинян ва Алиев барои "гуфтугӯ омодаанд", вале шартҳои худро доранд

Ozodi.org 

Сарвазири Арманистон Никол Пашинян гуфт, омодааст бо президенти Озарбойҷон Илҳом Алиев барои ҳалли низои Қарабоғи Куҳӣ дар шаҳри Москваи Русия гуфтугӯ кунад. Арманистон ҳамзамон ҳалли мақоми Қарабоғи Куҳиро шарт гузоштааст. Пашинян дар ин бора дар суҳбат бо хабаргузории русии ТАСС изҳори назар кард. Дар Ереван исрор мекунанд, ки ба мардуми Қарабоғи Куҳӣ ҳаққи худмуайянкунӣ дода шавад. Илҳом Алиев низ дар суҳбат бо ТАСС аз омодагии худ барои гуфтугӯи ҳалли низои Қарабоғи Куҳӣ хабар дод. "Мо ҳам сулҳро мехоҳем. Читать дальше...

Дар Қазоқистон тафтиш дар фурудгоҳҳо сахттар ва дари синамоҳо боз шуд

Ozodi.org 

Дар Қазоқистон сар аз 26 октябр иҷозат доданд, ки синамоҳо дари худро боз кунанд. Аммо аз онҳо талаб шудааст, ки толорро на бештар аз 30 дарсад пур кунанд ва аз муштариҳо риояи фосила ва пӯшидани ниқобро талаб кунанд. Ин қарорро Комисияи байниидоравии пешгирӣ аз паҳншавии вабои коронавируси Қазоқистон қабул кардааст. Ҳамзамон гуфта шудааст, ки ин қарор дар айни ҳол ба шаҳру вилоятҳои Нурсултон, Алмато, Мангистау, Қазоқистони Ғарбӣ, Қазоқистони Шарқӣ ва Атирау дахл дорад. Ин ҳам дар ҳолест, ки... Читать дальше...


Спорт в России и мире

Новости спорта


Новости тенниса
WTA

Саснович победила на старте квалификации турнира WTA-500 в Берлине






Родина наша — Россия

В Москве стали производить больше микроэлектроники

Лекарства уже не помогают. Ване нужны пластины для реконст­рукции черепа

Не ударяться в панику: Аналитик призвал "готовиться" после санкций на операции с долларом