Добавить новость
ru24.net
World News in Tajik
Октябрь
2020

Новости за 26.10.2020

Мусобиқаи Grand Slam Hungary 2020 бо пирӯзии паҳлавонон аз Русия хотима ёфт

Ozodi.org 

Дар мусобиқаи байналмилалии Grand Slam ё Тоскулоҳи бузург оид ба ҷудо, ки рӯзҳои 23-25-уми октябр дар шаҳри Будапешти Маҷористон (Венгрия) баргузор шуд, дар ҳисоби умумидастаӣ мунтахаби Русия мақоми аввалро касб кард. Аммо дар ин мусобиқа варзишгарони тоҷик иштирок надоштанд. Ба иттилои Федератсияи байналмилалии ҷудо, дар ин мусобиқаи байналмилалӣ 405 варзишгар (254 мард ва 151 зан) аз 61 кишвар ширкат кард. Дар ҳисоби умумидастаӣ мунтахаби Русия бо касби 10 медал (5 тилло, 4 нуқра ва 1 биринҷӣ) ҷойи аввалро соҳиб шуд. Читать дальше...

Оилае, ки духтарашро барои ошиқ шудан ба ҷавони серб сар тарошид, аз Фаронса ихроҷ шуд

Ozodi.org 

Мақомоти расмӣ аҳли хонаводаи як боснии мусалмонро, ки мӯи сари духтарашонро барои ошиқ шудан ба як серби масеҳӣ тарошидаанд, аз Фаронса ронданд ва барои 5 сол аз ҳаққи бозгашт ба ин кишвар маҳрум кардаанд. Жералд Дарманен, вазири корҳои дохилии Фаронса дар як баёнияи расмӣ гуфт, ки панҷ узви хонаводаи духтари 17-солае, яъне падару модар ва се хоҳару бародарашро, ки дар шаҳри шарқии Безансон  зиндагӣ мекарданд, рӯзи 24-уми октябр ба шаҳри Сараево, пойтахти Босния ва Ҳерсоговина  бозпас фиристодаанд. Читать дальше...

Тошканд-Душанбе: парвозҳо барқарор мешаванд

Ozodi.org 

Мақомоти Тоҷикистон ва Узбекистон барои барқарор кардани парвозҳо миёни Тошканд ва Душанбе ба мувофиқа расидаанд. Дар ин бора Вазорати нақлиёти Узбекистон  иттилоъ додааст. Тибқи маълумоти пешакӣ, нахустин парвози ҳавопаймоҳо байни пойтахтҳои Узбекистон  ва Тоҷикистон рӯзи 28-уми октябр сурат мегирад. Парвозҳо аз Тошканд ба Душанбе ҳафтае як маротиба рӯзҳои чоршанбе анҷом дода мешаванд. Ҳавопаймоҳо ҳафтае як маротиба рӯзи панҷшанбе аз пойтахти Тоҷикистон ба Узбекистон  парвоз хоҳанд кард. Парвозҳо... Читать дальше...

Зеленский интихоботи Украинаро ҳамчун овоздиҳии озод ситоиш кард

Ozodi.org 

Президенти Украина Владимир Зеленский аз интихоботи ахир ҳамчун овоздиҳии озод ситоиш ва таъкид намуд, ки кишвар дар самти дуруст пеш меравад. Интихоботи парлумонии  рӯзи 25-уми октябри Украинаро дар таърихи навини ин кишвар  пураҳамият меноманд.  Зеленский бо ишора ба Русияу Беларус дар Фейсбуки худ навишт, «ба фарқ аз бархе ҳамсояҳоямон мо як бартарии хубе дорем, ки метавонем интихоботи озод баргузор кунем».  Ӯ афзуд: “Бале, ман дарк мекунам, ки низоми интихоботии мо беайб нест, мутаассифона, ҳамоно... Читать дальше...

"Сипар" ғолиби Лигаи касбии футзали Тоҷикистон шуд

Ozodi.org 

Дастаи "Сипар" -и Хуҷанд, ки дар бозии чоруми силсилаи ниҳоии Лигаи касбии футзали Тоҷикистон-2020 бар тими "Соро компания"-и Душанбе бо ҳисоби 3:1 ғолиб омад, барандаи медалҳои тиллои мусобиқа гардид. Ба ин комёбӣ “Сипар” бо раҳбарии мутахассиси русиягӣ Евгений Осинцев даст ёфт. Баъди чаҳор бозӣ дар силсилаи ниҳоӣ ҳисоб 3:1 ба нафъи бошгоҳи шаҳри Хуҷанд шуд. Дар бозии чоруми силсилаи ниҳоӣ, ки 25-уми октябр дар Душанбе, дар маҷмааи варзишии Кумитаи андози Тоҷикистон, доир гардид, голҳои Илёс Чотбоев... Читать дальше...

Бокуву Ереван ҳамдигарро дар нақзи қоидаи оташбас гунаҳгор карданд

Ozodi.org 

Арманистону Озарбойҷон ҳамдигарро дар вайрон кардани муқаррароти оташбаси навбатии  гуманитарӣ, ки 26-уми октябр ҷорӣ шуд, айбдор карданд. Вазорати дифои Арманистон гуфт, ки аз ҷониби нирӯҳои Озарбойҷон ду дафъа тирандозӣ сурат гирифт. Шушан Степанян, сухангӯи вазорати дифои Арманистон гуфт, ки як ҳолати вайрон кардани оташбас соати 9:10 дақиқаи субҳ, вақте нирӯҳои Озарбойҷон мавзеъҳое дар ҷанубу шарқро ҳадаф қарор доданд, ба қайд гирифта шуд. Ҳолати дуюм, ба навиштаи Степанян дар Фейсбук,  дуюм соати 8:45-и субҳ... Читать дальше...

Сад ҳазор нафар дар Минск тазоҳурот карданд

Ozodi.org 

Беш аз сад ҳазор нафар рӯзи якшанбе 25-уми октябр дар Минск, пойтахти Белорус бо вуҷуди ҳузури нерӯҳои зиёди интизомӣ, ба кӯчаву хиёбонҳо баромаданд ва раҳпаймоӣ карданд.

Парвандаи ҷиноӣ зидди рӯзноманигор Бобомурод Абдуллоев қатъ шуд

Ozodi.org 

Бобомурод Абдуллоев, рӯзноманигори мустақил аз Узбекистон дар "Фейсбук" хабар дод, ки парвандаи ҷиноӣ нисбати вай қатъ шудааст. Абдуллоев гуфт, рӯзи 23 октябр ӯро ба Хадамоти амнияти давлатӣ даъват ва хабар доданд, парвандаи ҷиноие, ки 29 июни соли ҷорӣ боз шуда буд, қатъ гардидааст. Ҳамзамон ба вай шиносномаи хориҷӣ тақдим карданд ва хабар доданд, ки дар рафту омад ба хориҷи кишвар озод аст. "Ба ман хабар доданд, ки нисбати ман таъқиби ҷиноӣ сурат намегирад. Гуфтанд, ки ман метавонам, озодона ба хориҷ рафту омад кунам. Читать дальше...

Эрдуғон Макронро барои мавқеаш нисбат ба мусулмонон интиқод кард

Ozodi.org 

Президенти Фаронса Эммануэл Макрон баъди он, ки аз сӯи президенти Туркия Раҷаб Эрдуғон шадидан интиқод шуд, тасмим гирифтааст, сафири кишвараш дар шаҳри Анқараро бозхонд кунад. Раҷаб Эрдуғон рӯзи шанбе ҳамтои фаронсавии худро барои мавқеъгирияш роҷеъ ба мусулмонҳо сахт танқид кард. Президенти Туркия гуфт, ки Макрон ниёз ба "табобати равонӣ" дорад. Пештар Макрон даъват карда буд, ки арзишҳои дунявии Фаронса аз "Исломи ифротӣ" муҳофизат карда шавад. Ин гуфтаҳои ӯ Эрдуғонро ба ғазаб овард. "Дар бораи раҳбари давлате... Читать дальше...

Дар Қарабоғи Куҳӣ аз рӯзи душанбе оташбас эълом шуд

Ozodi.org 

Амрико, Арманистон ва Озарбойҷон бо нашри як изҳороти муштарак хабар доданд, ки дар Қарабоғи Куҳӣ аз рӯзи душанбе оташбас эълом шудааст. Пеш аз ин, охири ҳафтаи гузашта котиби давлатии ИМА Майк Помпео бо вазирони умури хориҷии Арманистону Озарбойҷон гуфтугӯ карда буд. Ин бори дувум аст, ки ҷонибҳои даргир моҳи октябр дар Қарабоғи Куҳӣ оташбас эълом мекунанд. Бори нахуст дар натиҷаи гуфтугӯҳо дар шаҳри Москва эълом шуда буд, вале дертар ҷонибҳо якдигарро ба нақзи он айбдор карданд. Президенти Озарбойҷон Илҳом Алиев рӯзи якшанбе хабар дод... Читать дальше...

Раҳбари мухолифони Белорус ба корпартоии умумӣ даъват кард. ВИДЕО

Ozodi.org 

Светлана Тихоновская, номзади мухолифони ҳукумати Белорус дар интихоботи президентии ахири ин кишвар, дар пайи саркӯби дубораи эътирозгарон дар рӯзи якшанбеи 25-уми октябр, эълон кард, ки аз рӯзи душанбе корпартоии сартосарӣ оғоз мешавад. Тихоновская пеш аз ин ба Александр Лукашенко "аз тарафи миллат" ултиматум дода буд, ки то бегоҳи якшанбеи 25-уми октябр аз мақомаш канорагирӣ кунад ва дар ғайри он аз мардум даъват мекунад, ки коршиканиро оғоз кунанд. Беш аз сад ҳазор нафар рӯзи якшанбе дар Минск... Читать дальше...


Спорт в России и мире

Новости спорта


Новости тенниса
Большой шлем

«Надо чем-то жертвовать». Арина Соболенко отказалась ехать на Олимпиаду в Париже






Суд приговорил бывшего главу «Автодора» Сергея Кельбаха к 12 годам лишения свободы

Заложили хорошую традицию

МОК установил дедлайн для заявки на Олимпиаду российских спортсменов, чьё участие одобрено

Жители Подмосковья могут присоединиться к Всероссийской акции «Свеча памяти»