Мы в Telegram
Добавить новость
ru24.net
World News in Tajik
Февраль
2022

Новости за 01.02.2022

Аз Русия хостанд, ба Украина ҳамла накунад

Ozodi.org 

Беш аз ду ҳазор нафар, аз ҷумла фаъолони барҷастаи ҳуқуқи башари Русия, аз Кремл хостаанд, ки аз оғози ҷанги, ба гуфтаи онҳо, "ҷинояткорона" алайҳи Украина худдорӣ кунад.

Туркманистон аз оғози "давраи нави эҳё" хабар дод

Ozodi.org 

Мақомоти Туркманистон аз оғози "давраи нави эҳё" дар он кишвар хабар доданд. Давраи навро ин бор писари президенти Туркманистон Сардор Бердимуҳаммадов эълом карда, онро "давраи нави эҳёи кишвари соҳибихтиёр" номид.

"Брешно"-и Афғонистон аз "Барқи Тоҷик" $33 млн. қарздор мондааст

Ozodi.org 

Муҳаммадумар Асозода, раиси "Барқи Тоҷик", 31 январ гуфт, "Брешно" 2 миллион доллар пардохтааст ва моҳи феврал "масъалаи пурра пардохтани қарзро" баррасӣ мекунанд. Қаблан баъзе аз иқтисоддонҳо гуфта буданд, бо вазъияте, ки Афғонистон рӯбарӯ аст, гирифтани пули барқ осон нест.

Хадамот гуфт, билетфурӯшӣ монополия нест, аммо барои поин овардани нарх дасташ кӯтоҳ аст. ВИДЕО

Ozodi.org 

Масъулони Хадамоти зиддиинҳисорӣ гуфтанд, барои танзими нархи билети ҳавопаймо аз Тоҷикистон ба Русия, дасташон баста аст. Дар як моҳи охир нархи билет аз Тоҷикистон ба Русия якбора боло рафт ва боиси ташвиши мусофирон шуд.

Додгоҳи Алмато ҳукми 9 гумонбар дар ҳаводиси январро тағйир дод

Ozodi.org 

Додгоҳе дар шаҳри Алмато қарори ҳабси пешакии 9 нафареро, ки дар робита ба ҳодисаҳои аввали моҳи январ дар Қазоқистон дастгир шуда буданд, тағйир додааст. Бино ба иттилои бахши қазоқии Радиои Озодӣ, дар натиҷа 7 кас аз боздоштгоҳи муваққатӣ ва 2 нафар аз беморхона озод шудаанд. Манбаъ навореро аз лаҳзаи озодшавии ин афрод нашр кардааст. Комиссияи "Амонат", ки барои беҳсозии шароити нигаҳдории гумонбарон дар ҳодисаи моҳи январ талош мекунад, аз озодшудаҳо Сундет Турикменбой, Талгат Макаш, Владимир Лотошка... Читать дальше...



Бо як фармон поин бурдани нархи билети ҳавопаймо имкон надоштааст

Ozodi.org 

Бо як фармон поин бурдани нархи билети ҳавопаймо имкон надоштааст. Як моҳи ахир нархи билети ҳавопаймо аз Тоҷикистон ба Русия якбора баланд шуд ва нигаронии мусофиронро ба миён овард. Мутахассисон роҳи ҳалро дар ҷорӣ кардани фазои боз медонанд.

Ахбори Озодӣ аз 1-уми феврали соли 2022 (Пахши зинда)

Ozodi.org 

Назари хадамоти зиддиинҳисорӣ дар бораи болоравии нархи билети парвоз ба Русия, сокинони деҳоти наздимарзии Исфара талаб доранд, ки зиёни аз тирпарронии ахир бардоштаашон ҷуброн шавад, поёни муҳлати истифодаи симкортҳои сабтшуда бо шиносномаи куҳна ва матолиби дигар.

Баҳси лафзии мансабдорони Тоҷикистону Қирғизистон пас аз тирпаронӣ дар марз

Ozodi.org 

Баъд аз муноқишаи марзӣ дар сарҳади Тоҷикистону Қирғизистон, ки ду кушта ва беш аз бист захмӣ бар ҷой гузошт, тарафҳо баҳси лафзиро бар сари "қитъаи 275-метрии замин" оғоз кардаанд.

Дар Олимпиадаи Пекин-2022 ширкати беш аз 20 сарони кишварҳо дар назар аст

Ozodi.org 

Чин дар маросими ифтитоҳи Бозиҳои зимистонаи олимпӣ дар Пекин ҳузури шахсии беш аз 20 сарони давлатҳо, ҳукуматҳо ва созмонҳои байналмилалиро интизор аст. Дар ин бора ТАСС бо истинод ба иттилои Вазорати корҳои хориҷии Чин хабар медиҳад. Ба иттилои манбаъ, раисиҷумҳури Чин Си Ҷинпин дар маросими ифтитоҳи Бозиҳои зимистонаи олимпии Пекин-2022 ширкат варзида, барои сарони кишварҳои хориҷӣ ва раҳбарони созмонҳои байналмилалӣ, ки аз 4-ум то 6-уми феврал барои иштирок дар Олимпиада ба Чин меоянд, зиёфат медиҳад. Читать дальше...

Ваколати раиси порлумони Қазоқистон пеш аз муҳлат қатъ шуд

Ozodi.org 

Комиссияи марказии интихоботи Қазоқистон ваколати Нурлан Нигматулинро, ки раиси маҷлис - палатаи поёнии порлумони он кишвар буд, пеш аз муҳлат қатъ кард. Раиси нави маҷлиси Қазоқистон Ерлан Кошанов интихоб шудааст, ки қаблан дастгоҳи президенти он кишварро раҳбарӣ мекард. Вакилони порлумони Қазоқистон аз номзадии Кошанов ба мақоми раисии маҷлис, ки аз сӯи ҳизби ҳокими "Нур Отан" пешбарӣ шуда буд, "якдилона" ҷонибдорӣ кардаанд. Ҳизби "Оқ жол"-и Қазоқистон аз пешбарии номзад худдорӣ карда, гуфт, "бефоида аст. Читать дальше...

Тазоҳуроти занони мубтало ба саратон дар Бишкек

Ozodi.org 

Гуруҳе аз занони мубтало ба бемории саратони сина субҳи 1-уми феврал дар назди бинои ҳукумати Қирғизистон дар шаҳри Бишкек тазоҳурот карданд. Онҳо аз ҳукумати Қирғизистон талаб карданд, ки бахши маммологияи Маркази миллии саратоншиносӣ дар он кишвар баста нашавад. Эътирозгарон гуфтанд, ки мубориза бо ин навъи беморӣ барояшон хеле мушкил аст ва бархе аз онҳо маҷбур ҳастанд, ки барои хариди доруҳои гаронарзиш тамоми дороии худро фурӯшанд. "Дар он бахш сокинони камбизоат табобат мегиранд. Дар миёни онҳо шахсоне низ ҳастанд... Читать дальше...

"Ҷасади писарамро аз гӯр баровардед, баъд чӣ шуд?" Пурсишу посухи модари Гулбиддин бо раиси ВМБК

Ozodi.org 

Ба модари Гулбиддин Зиёбеков, сокини кушташудаи ноҳияи Роштқалъа, гуфтаанд, ки парвандаи марги писарашро шаш додситон таҳқиқ доранд. Зиёбеков моҳи ноябри соли 2021 дар пайи амалиёти нерӯҳои интизомиву амниятӣ кушта шуд.

Бохти мунтахаби наврасони Тоҷикистон ба Булғористон дар бозии санҷишӣ дар Туркия

Ozodi.org 

Мунтахаби наврасони футболи Тоҷикистон (U-16) дар доираи ҷамъомади таълимиву тамринии даста дар  Анталияи Туркия  рӯзи 31-уми январ дар бозии севуми санҷишиаш аз тими Булғористон (U-16) бо ҳисоби 1:2 шикаст хӯрд,

Ҳукумати Толибон аз Тоҷикистону Қирғизистон хост, "мушкил"-ро бо гуфтугӯ ҳал кунанд

Ozodi.org 

Вазорати корҳои хориҷии ҳукумати Толибон аз талафоти бархоста аз даргирӣ миёни Тоҷикистону Қирғизистон "ибрози таассуф" карда, аз ҷонибҳо хостааст, "мушкилоти худро бо гуфтугӯ ҳал кунанд".

Қирғизистон зиёни молии таниш дар марзро эълон кард

Ozodi.org 

Зиёни молии низои мусаллаҳонаи ахири марзӣ байни Қирғизистон бо Тоҷикистон барои қирғизистониҳо 3 млн сом ё бештар аз 35 ҳазор доллар арзёбӣ шуд. Дар ин бора ҳокими ноҳияи Бодканди Қирғизистон Учкунбек Жоробоев хабар дод.

Қазоқистониҳои хориҷ аз ин кишвар таҳқиқи ошкорои ҳодисаҳои январро талаб доранд

Ozodi.org 

Дар шаҳри Лондони Бритониё рӯзи якшанбеи 30-юми январ назди бинои сафорати Қазоқистон як гуруҳи фаъолон бо талаби қатъи таъқиби ширкатдорони эътирозҳои моҳи январи Қазоқистон гирдиҳамоӣ ташкил карданд. Ин фаъолон бо нишон ва парчами Қазоқистон дар рӯ ба рӯи сафорат наздики як соат истоданд. Дар шиорҳои гирдиҳамомадагон ба манъи поймолсозии ҳуқуқи инсон ва озодии маҳбусони сиёсӣ даъват мешуд. Гирдиҳамомадагон ҳамчунин шиори "Бас аст дурӯғ гуфтан, ислоҳоти сиёсӣ ҳамин ҳоло"-ро сар медоданд. "Ҳадафи... Читать дальше...

Дар Узбекистон 63 маҳбусро афв карданд

Ozodi.org 

Шавкат Мирзиёев, президенти Узбекистон фармони афви 63 маҳбусро имзо кард, ки аз карда пушаймону ислоҳ шудаанд. Дар ин бора телевизионҳои давлатии Узбекистон хабар доданд. Дар асоси ин фармон 44 кас аз зиндон ба озодӣ баромада, муҳлати ҳабси 19 каси дигар кам шудааст. Дар гузориши телевизионҳои Узбекистон гуфта шуд, ки афвшудаҳо ба зиндагӣ омода гардида, дар маҳбас касб омӯхтаанд. Ба ҷуз ин, авфшудаҳо метавонанд, ҳуҷҷати тасдиқкунандаи шахсият ва барои роҳандозии тиҷорати худ аз бонк қарз гиранд. Читать дальше...

Таниш миёни Амрико ва Русия дар нишасти Шӯрои Амният бар сари бӯҳрони Украина

Ozodi.org 

Таниш миёни Амрико ва Русия бар сари ҷобаҷой шудани нерӯҳои русӣ дар наздикии марзи Украина, боиси таниш миёни Маскав ва Вашингтон дар нишасти Шӯрои Амнияти СММ шуд. Дар ин нишаст, ки рӯзи 31-уми январ баргузор шуд, ҷонибҳо якдигарро ба иқдомҳои "таҳрикомез" айбдор карданд.


Спорт в России и мире

Новости спорта


Новости тенниса
ATP

Российский бизнесмен обвинил Алькараса в договорных матчах. Он направил письмо в ATP






Хижина дяди снова: за сколько реально снять дачу или старый домик этим летом

«Титул, которым я горжусь больше всего»: Рублёв одолел Оже-Альяссима и выиграл второй турнир серии «Мастерс» в карьере

Спасение спасающих: почему в Пермском крае массово увольняются сотрудники МЧС

Росія планує диверсії по всій Європі, – ЗМІ