Добавить новость
ru24.net
World News in Tajik
Декабрь
2022

Як зану мард дар Узбекистон духтаронро барои танфурӯшӣ ба Ҳинд мебурдаанд

0
Кормандони Вазорати умури дохилии Узбекистон мардеро боздошт карданд, ки ҳамроҳи ҳамсараш духтаронро барои танфурӯшӣ ба Ҳиндустон мефиристодааст.


Хадамоти матбуотии вазорат иттилоъ додааст, ки маъмурони пулис шаҳрванди Узбекистон М. Ю., соли таваллудаш 1978-ро 13 декабр ҳангоми фиристодани ду духтар ба Ҳиндустон дар фурудгоҳи шаҳри Тошканд дастгир карданд.


Ба иттилои муфаттишон, ин мард ба боварии ду хоҳари 19 ва 27-сола аз Намангон даромада, ҷои кори "хуб" ва маоши баландро дар Ҳиндустон ваъда додааст.


Тавре маълум шуд, ҳамсари боздоштшуда ҳоло дар Ҳиндустон қарор доштааст. Ӯ духтаронро пешвоз гирифта, барои машғул шудан ба танфурӯшӣ "шароит фароҳам меовардааст".


"Зану шавҳар ҳатто ба духтарон пули роҳкиро ва раводид (виза) ба Ҳиндустонро пардохт кардаанд", - омадааст дар иттилоияи пулис.


Зидди зану шавҳар бо банди "қочоқи инсон" парванда боз шуда, истирдоди ҳамсараш аз Ҳиндустон ба ватан баррасӣ мешавад.

Moscow.media
Частные объявления сегодня





Rss.plus
















Музыкальные новости




























Спорт в России и мире

Новости спорта


Новости тенниса