Мы в Telegram
Добавить новость
ru24.net
World News in Tajik
Май
2020

Бӯҳрони бе барнома. Оё Тоҷикистон ба зидди COVID-19 ҳамаи имкониятҳоро истифода кардааст?

0
Бӯҳрони бе барнома. Оё Тоҷикистон ба зидди COVID-19 ҳамаи имкониятҳоро истифода кардааст?

Раҷаби Мирзо,

рӯзноманигор ва таҳлилгар

Бознашр аз веблоги "Рӯзи нав"

Эмомалӣ Раҳмон дар паёми табрикотии худ бахшида ба Иди саиди Фитр боз ҳам таъкид намуд, ки ҳукумати кишвар “ҳанӯз аз оғози пайдоиши коронавирус ҷиҳати пешгирӣ кардани воридшавии он ба кишвар тамоми чораҳои зарурӣ ва имконпазирро амалӣ гардонид”.

Ишорааш шояд ба ин буд, ки ситоди мубориза бо коронавирусро таъсис доданд ва агар мушкиле дар ин самт вуҷуд дорад, бояд аз ин ситод домангир шуд, чун маҳз вазифаи он ташкилу ҳамоҳангсозии фаъолияти ниҳодҳои давлативу ҷамъиятӣ буд. Зеро маҳз пас аз ин ҷумла буд, ки гуфт “мутаассифона, бо вуҷуди ҳамаи тадбирҳои андешидашуда ин беморӣ дар кишвари мо низ пайдо шуд ва то имрӯз даҳҳо нафар ҳамватанонамон бар асари он вафот карданд”.

Воқеан, дар мулоқоти ахири худ бо табибони Душанбе президент ба раиси ситод супориш дод, то аз фаъолиятҳои худ тариқи расонаҳои хабарӣ “мунтазам маълумот интишор намояд”.

Ин замоне буд, ки сару садову интиқодҳо аз фаъолияти ношаффофи ситод ва умуман аз ҳукумат дар мубориза бо коронавирус, маргу мири одамон, мушкилот дар касалхонаҳову бесарусмонӣ дар дорухонаҳо, тақсими кумакҳои башардӯстона ва дигарон тариқи расонаҳои мустақил ва шабакаҳои иҷтимоӣ пур гардид.

Аммо на ситод фаъолияти ба назари одамон пурсамар дошту на мавқеъгирии сатҳи баландтар аз онро шоҳид буданд.

Президент вобаста ба вабои фарогири тамоми дунё, ҳатто аз рӯзи эълони расмӣ дар Тоҷикистон, ки гуфта мешавад хеле дер сурат гирифтааст, танҳо як маротиба махсус ба ин бӯҳрон ҷаласа баргузор кард. Сухан аз ҳамон мулоқот бо духтурони пойтахт аст, ки 17-уми май иттифоқ афтод. Дигар, агар сухане гуфт, ё масъалагузорие кард, танҳо ба воситаи ягон табрикот, масалан табрикоти ҷашнӣ вобаста ба Иди Ғалаба, ё маъракаи дигар буд. Аммо махсусу бевосита чизеро ёд надорем...

Ҳол он ки маҳз 30-юми апрел, ки аввалин нишонаҳои пайдоиши коронавирусро расман гуфтанд, маҷлиси ҳукумати марказӣ баргузор шуд. Ҳамон рӯз, пеш аз ин, ситод эълон кард, ки дар Тоҷикистон 15 ҳолати коронавирус сабти ном шудааст. Ҳол он ки мардум тариқи шабакаҳои иҷтимоӣ ва расонаҳои мустақил аз маргу мир ва гирифтории одамон то ин замон хабар медоданд.

Аммо дар он ҷаласа, тибқи ахбори расмӣ, танҳо пас аз чандин масоили чандумдараҷа мавзӯи №1, ки ҷаҳонро гирифтор кардааст, ба баррасӣ гирифта шуд.

1-уми май фармони президент дар бораи пардохти иловапулӣ ба табибон содир гардид.

2-юми май Эмомалӣ Раҳмон ҳисоботи раисони вилоятҳои Хатлон, Суғд, Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, шаҳрҳои Ваҳдат, Турсунзода, Ҳисор ва ноҳияи Рӯдакиро доир ба иҷрои амру фармонҳои президент ва қарорҳои Ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба мубориза ва пешгирӣ аз паҳншавии COVID-19 шунид.

Баъди ин президент танҳо 8-уми май дар экрани шабакаҳои телевизионӣ пайдо шуд, ки мардумро ба муносибати Рӯзи Ғалаба табрик мекард ва ишораҳое дар бораи пандемия дошт.

9-уми май дар маросими гулчанбаргузорӣ ба ифтихори 75-солагии Рӯзи Ғалаба ҳамроҳи вазирони қудратии кишвар ва шаҳрдори Душанбе иштирок намуд. Ин навор бисёр муҳим барои худи ҳукумат ва ҷонибдоронаш буд, ки мухолифони хориҷиаш дар шабакаҳои иҷтимоӣ то ин замон вобаста ба кампайдоии Эмомалӣ Раҳмон овозаҳои мухталиф пароканда буданд.

14-уми май ҳисоботи ҳисоботи телефонии раиси вилояти Суғд, раисони шаҳрҳои Кӯлоб, Норак ва ноҳияҳои Вахш, Файзобод, Нуробод, Рашт ва Лахшро оид ба рафти корҳои пешгирӣ аз паҳншавии вируси COVID-19 шунид.

16-уми май қарори Ҳукумати Тоҷикистон дар бораи Хадамоти назорати давлатии санитарию эпидемиологӣ тасвиб ёфт, ки қарори ҳамин ҳукуматро аз тақрибан ду сол пеш дар бораи иваз намудани таъиноташ бекор мекард. Ҳарчанд ҳанӯз ҳамон замон интизор мерафт, ки ин қарор пас аз чанде бознигарӣ мешавад.

20-уми май, тавре гуфтем, ӯ бо роҳбарони кормандони соҳаи тандурустӣ дар Душанбе мулоқот кард ва ҳамчунин аз чанд иншооти соҳаи тандурустӣ дар Душанбе боздид намуд.

... Маҷмӯи иқдомоте, ки ҳукумат таҳти сарварии Эмомалӣ Раҳмон анҷом додааст, аз ҳамин чизҳое иборат аст, ки аз сомонаи президенти Тоҷикистон қобили дарёфт аст. На кам на зиёд. Дуруст, чанд сӯҳбати телефонӣ бо ҳамтоёни худ дошт, ки онҳо ҳам пас аз 9-уми май сурат гирифтанд. Пас аз ин сӯҳбатҳо кумакҳои башардӯстона афзоиш ёфтанд, ҳарчанд тақсими ношаффофи онҳо баҳси дигар асту то ҳанӯз идома дорад...

Дар бораи корҳои анҷомдодаи ситод мешавад бо ду сабаб чизе нагуфт.

Аввалан, кори он то ҳанӯз бисёр ношаффоф аст ва дуюм, маълум аст, ки дар шароити кишварҳое чун Тоҷикистон ин гуна ситодҳо бе дастури “боло” коре анҷом дода наметавонанд.

Аз ҳама муҳим, аз табрикоти имрӯзаи президент бармеояд, ки ин ситод бояд дар ҳамоҳангӣ бо ниҳодҳои ҷамъиятӣ фаъолияти худро роҳандозӣ мекардааст. Он чӣ ки надидему нашунидем. Аммо чаро имрӯз дар суханронии президент ин нукта зикр шуд, бисёр ҷолиб ва шояд муҳим бошад...

Аз ин ҳам бигзарем, дар бисёрии кишварҳо, агарчӣ сарварони мамлакат роҳбарии ин гуна ситодҳоро ба ӯҳда надоранд, тақрибан рӯзе нест, ки фаъолияти худро дар доираи мубориза бо COVID-19 маҳдуд накарда бошанд.

Аз Путин мисол меорем, ки ҳарчанд дар ҷаҳони Ғарб онро қабул надоранд ва бӯҳрони пандемияро низ як василаи ба шикасти мувоҷеҳ кардани ҳукумати ӯ баррасӣ карданӣ мешаванд, чӣ талошҳое анҷом дод.

Аз 1-уми март, ки дар ин кишвар коронавирус ошкор гардид. Тибқи маълумоте, ки аз сомонаи расмии президенти Русия пайдо кардем, то дирӯз Путин 3 ҷаласаи васеи ҳукумат, 39 бор ҷаласаи соҳавӣ баргузор намуда, 2 дафъа ба шаҳрвандони мамлакаташ бевосита муроҷиат намудааст. Аз ҷумла, вазъи сантиариву эпидемиологиро, ки дар мо танҳо бо як қарор таъиноташро иваз карданд, Путин 5 бор баррасӣ намудааст.

3 маротиба шахсан ба бемористонҳо рафта, вазъияти онҳоро шоҳид шудааст. Дар ҷаласаҳои соҳавӣ, ки гуфтем, аз ҷумла масоили вобаста ба сармоягузорӣ, соҳибкорӣ, бозори энергетикӣ, дастгирии оилаҳои серфарзанд, саноати хӯрокворӣ ва кишоварзӣ... муҳокима гардида, ба ғайр аз ин 7 маротиба дар ҷаласаҳои онлайнӣ масъалаи тақвияти иқтисод ва бахши иҷтимоиро баррасӣ намудааст.

Яъне, дар ин кишвари бигзор диктатурӣ вокуниши ҳукумат тақрибан ҳамаи масоили ҳаёти ҷомеаро фаро мегирифтанд. Путини серкор вақт ёфтаву бо намояндагони ҷомеаи шаҳрвандӣ ҳам, ки иқдоми дастгирӣ дар ин маъракаи бӯҳрониро доштанд, мулоқот анҷом дод.

Ном бурдани ҳамаи сӯҳбатҳои телефонии президенти рус вақти зиёдеро мегирад. Тақрибан ҳамарӯза бо ҳамтоёни худ аз кишварҳои хурду бузург, аз ҷумла ду маротиба бо Эмомалӣ Раҳмон ин гуна сӯҳбатҳо доштааст.

Бар илова, бо масъулини Шӯрои ҳамоҳангсози Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё 3 маротиба масоили муҳимро дар робита бо таъсири пандемия ва дурнамои фаъолият дар доираи ин созмон мавриди баррасӣ қарор додаанд.

Ин ғайр аз мусоҳибаҳояш дар матбуот ва шабакаҳои телевизионӣ, ки дар онҳо бӯҳрони COVID-19 дар меҳвар буда, бисёрии вақт аз мардум, гӯё барои пеш омадани мушкилот бахшиш пурсидааст.

Оё инро мешавад бо Тоҷикистон муқоиса кард?

Аз мӯҳтавои матолиб дар шабакаҳои иҷтимоӣ бармеояд, ки одамон дар Тоҷикистон танҳо умед аз раҳми Худо доранд.

Сухан сари кишваре меравад, ки дар Осиёи Миёна аз ҳама охир (ғайр аз Туркманистон) вуҷуди коронавирусро эълон намуд, ҳоло дар байни онҳо аз ҳисоби маргу мири одамон дар рӯйхат ҷои якумро мегирад: 44 нафар!

То ин замон Қазоқистон - 34, Қирғизистон – 14 ва Узбекистон 12 талафот доштанд.

Ин танҳо омори расмист, ки ба он бисёриҳо бовар надорад. Сомонаи kvtj.info, ки маълумоти алтернативӣ ҷамъ меорад, теъдоди фавтидагони Тоҷикистонро аз 300 бештар медонад.

Ҳатто, агар ба фавти шахсиятҳое, ки тариқи шабакаҳои иҷтимоӣ паҳн мегарданд, иктифо кунем, оморе хеле зиёд аз маълумоти расмиро пайдо мекунем. Тасаввур намоед, ки маълумоти воқеӣ аз деҳоти дурдаст, ё шахсони ношинохта пахш шаванд, чӣ ҳолати маргу мирро хоҳем дошт...

Масалан ба маълумоте, ки расонаву нашрияҳои “Азия плюс” ва “Пайк” аз сардухтурони минтақаҳо пайдо кардаанд, дар ноҳияи Восеъ 10 ҳолати марг, ноҳияи ба номи Мир Саид Алии Ҳамадонӣ 6 ҳолат ва дар беморхонаи бемориҳои сироятии Кўлоб дар як моҳи ахир 16 нафар фавтидаанд.

32 нафар дар 3 шаҳру ноҳия!

Инро ҳам намешавад маълумоти комил гуфт, бовуҷуд, дар шаҳри Душанбе ва вилояти Суғд, ки теъдоди фавтидагону гирифторшудагон аз ҳама зиёд арзёбӣ мешавад, ин миқдор чӣ қадар метавонад бошад?

Аслан, чаро журналистон аз ситоди мубориза бо коронавирус ва вазорати тандурустӣ бояд напурсанд, ки ному насаби ин 44 нафарро расонаӣ созад, то муқоиса осонтар гардад?

Аммо, ҳатто ҳамин маълумоти омори расмӣ бояд моро ба ташвиш биёрад, ки чаро теъдоди фавтидагон, бигзор одамони солманду ҳамзамон гирифтор ба бемориҳои дигар, афзоиш ёфтааст?

Дар аксари гӯристонҳо одамон шумораи зиёди қабрҳои пешакӣ кандашударо ҳисоб мекунанд. Ин чӣ маъно дорад?

Фавти табибон як мавзӯи бисёр ҷиддист. Сомонаи kvtj.info аз марги 57 корманди тиб ва духтур маълумот медиҳад, ки ба 20% фавтидагони ҳисоби онҳо баробар аст. Ин ҳам дар ҳоле, ки нишондоди маргу мири табибон дар дунё аз 1% беш нест. Ҳатто дар Италия, ки вазъи вахиме дошт, ин теъдод ба 0.5% баробар аст.

Оё ин маънои бади бад будани ҷанбаҳои ҳифозатии духтурон дар Тоҷикистонро надошта, хулосаи муҳимтарро ба миён намеорад?

Вақте сатҳи ҳифозати табибон то ин ҳад аст, аз мардуми одӣ чӣ гуна мешавад?

Сабаби ба ин ҳолат гирифтор шуданро таҳлилгарон ба чанд омил нисбат додаанд:

Саривақт вокуниш накардан ба пандемия;

Пинҳон доштани нишонаҳои аввалини беморӣ ва фавти одамон;

Набудани мутахассисон;

Адами шароити зарурӣ дар беморхонаҳо...

Бубинед сардухтури ноҳияи Рашт Қобилҷон Гиёев, ки бо эшон сӯҳбати телефонӣ доштам, бо як ихтирои худ аз илми байторӣ, назар ба гуфти худаш, барои пешгирии паҳншавии коронавирус ва маргу мири одамон хеле мусоидат кардааст. Тасаввур намоед, ки агар як барномаи ҷиддии давлатӣ медоштем, чӣ қадар пешрафтро соҳиб будем ва чӣ миқдор одамонро аз марги ногаҳон раҳо мекардем?

Пас, кӣ гуфта метавонад, ки мо тамоми чораҳои зарурӣ ва имконпазирро амалӣ гардонидему барномаи мушаххаси пешгирӣ доштем?

Дар ҳоле, ки гӯё 5 моҳ ин вабо то мо дер расид.

Ин ҳолат баррасии ҷиддитарро тақозо менамояд.

Не?

Аз Идора. Матолибе, ки дар ин гӯша ба нашр мерасанд, назари муаллифон буда, баёнгари мавқеи Радиои Озодӣ шумурда намешаванд.




Moscow.media
Частные объявления сегодня





Rss.plus



Владимир Путин, Дмитрий Медведев, Анатолий Голод: ПРИЗНАНИЕ НАТО НАДО ПРИМЕНЯТЬ!

«ЯРКО» провела развлекательную программу на фестивале «Крутая песочница»

Автопробег в честь Дня России прошел в Ленинском округе

В Дубне сотрудники Росгвардии помогли утиному семейству перейти оживленную трассу


Рубена Варданяна в бакинской тюрьме заставляли долго стоять, его лишали воды, ему не разрешали мыться и менять белье и одежду

Proenza Schouler Pre-Fall 2024

В Москве пройдет выставка Евгении Васильевой «Между пороком и добродетелью»

Где недорого отдохнуть в июле? Россиянам раскрыли все карты по турам за рубеж и по России


McDonald's Grimace showed Mets fans what happens when something goes right this season

America’s Space Infrastructure: So Vulnerable It Destabilizes Geopolitics

Virtual Luck: Exploring Vavada Casino

Max free trial returns just in time for House of the Dragon season 2 this week


Росгвардейцы обеспечили охрану общественного порядка в День поселка Вербилки

Молодые специалисты «Газпромнефть - Битумные материалы» продемонстрировали эффективное решение в финале «CASE-IN»

Всегда на связи: проводная гарнитура Fstyler FH150U от A4Tech

Гроза роскошных седанов от BMW и Mercedes-Benz. История Fiat 130


Age of Sail: Navy & Pirates 1.0.1.13

Состоялся релиз The Case of the Golden Idol на iOS и Android

Моя Говорящая Кошка 3.2

Real Commando Shooting 3D 6.0


Монтаж димоходів та вентиляційних систем у Києві


В Дубне сотрудники Росгвардии помогли утиному семейству перейти оживленную трассу

Рубена Варданяна в бакинской тюрьме заставляли долго стоять, его лишали воды, ему не разрешали мыться и менять белье и одежду

Концертный директор для музыкантов. Концертный директор для певцов. Концертное агентство в Москве. Букинг агентство. Организация концертов и гастролей.

«ЯРКО» провела развлекательную программу на фестивале «Крутая песочница»




Выставку «Россия» на ВДНХ посетил 16-миллионный гость

Источник 360.ru: 12-летнюю тонущую девочку чудом спасли из Мещерского пруда

Владимир Путин, Дмитрий Медведев, Анатолий Голод: ПРИЗНАНИЕ НАТО НАДО ПРИМЕНЯТЬ!

Евро-2024: лучшие фильмы про футбол


Завтра на Играх БРИКС будут звезды прыжков в воду и зрелищные виды спорта

Совершить виртуальную прогулку по Пскову на велосипеде могут посетители выставки «Россия»

На выставке "Россия" 15-миллионная гостья выиграла поездку в Самарскую область

Эксперт Кулаков оценил строительство делового центра в ЗАО в рамках КРТ


Дзюба заявил, что был бы теннисистом уровня Сафина

Дядя Надаля назвал причину поражения Зверева в финале «Ролан Гаррос»

Рублёв пропустит Олимпийские игры в Париже

Бьянка Андрееску: «Мне нравится, что на траве, поскольку она намного быстрее грунте, меньше времени на раздумья»


ВС Швеции заявили о нарушении воздушного пространства страны самолетом РФ

В Москве продукты из-за подозрения на ботулизм изъяты из продажи

Два новых футбольных поля открыли в городском округе Пушкинский

На выставке "Россия" 15-миллионная гостья выиграла поездку в Самарскую область


Музыкальные новости

Певица Лолита выступила в столичном ресторане в мини-платье

Концерт ко Дню России провели в ДК «Родина» в Химках

«Выводил на сцену»: Цискаридзе рассказал о своей помощи Волочковой

«Не кричи!»: Елена Север и Филипп Киркоров представили совместный клип и трек



«ЯРКО» провела развлекательную программу на фестивале «Крутая песочница»

Рубена Варданяна в бакинской тюрьме заставляли долго стоять, его лишали воды, ему не разрешали мыться и менять белье и одежду

Совместное заявление участников круглого стола, приуроченного ко «Дню защиты прав безвинно осужденных»

В Дубне сотрудники Росгвардии помогли утиному семейству перейти оживленную трассу


РБК: в Москве из-за случаев ботулизма приостановили продажу некоторых продуктов

В Fortnite прибудет группа Metallica и новый режим

Рост объема ипотечного кредитования Волго-Вятского банка Сбербанка в апреле 2024 года составил 27 %

В Москве тушат пожар в здании у метро «Динамо»


Рафик Загрутдинов: Жилой комплекс с подземной автостоянкой на улице Бутлерова построят в следующем году

Овчинский: ОЭЗ «Технополис Москва» увеличит выпуск электрогрузовиков

Грузовик выехал на встречку: смертельная авария на М-5 в Челябинской области

Загрутдинов: ЖК с подземной автостоянкой построят в следующем году в Конькове


Глава МИД Турции обсудил в Москве курдские «выборы» в Сирии

Путин по телефону обсудил с президентом Киргизии взаимодействие в рамках ЕАЭС

Путин провел телефонный разговор с президентом Киргизии Жапаровым

Эрдоган сообщил, что Фидан и Путин обсудили выборы в курдских районах Сирии





«Солисты Москвы» выступили в московской больнице в преддверии Дня медицинского работника

Завершилась первая цикловая встреча региональных руководителей компании AlfaBiom

В Москве произошло массовое отравление, 10 человек в больницах с серьёзным диагнозом

Депздрав: Четверо москвичей попали в больницу с подозрением на ботулизм



Резидент «Инсайт Люди» Дмитрий Зубов 12 июня установил мировой рекорд по чеканке мяча в «Лахта Центре»

Московские школьники завоевали четыре медали на престижной Международной олимпиаде

В Москве вручили премию МУЗ-ТВ — 2024

ЕВРО-2024: большой футбол ждет слушателей «Авторадио»


Армения выразила протест Минску из-за заявлений МИД Белоруссии

За что Лукашенко должен извиняться перед Арменией?



Собянин: В этом году к проекту «Открой#Моспром» присоединился один миллион человек

Собянин утвердил проект строительства общественно-делового центра в ЗАО

Собянин рассказал о новом вольере для снежных барсов в Московском зоопарке

Собянин рассказал, как электробусы помогают улучшать экологическую ситуацию


Синоптик Ильин предупредил, что в Москве этим летом возможно образование смерчей

Овчинский: ОЭЗ «Технополис Москва» увеличит выпуск электрогрузовиков

Собянин рассказал, как электробусы помогают улучшать экологическую ситуацию

В Москве выбросы углекислого газа сократились на 130 тысяч тонн благодаря электробусам


Совершить виртуальную прогулку по Пскову на велосипеде могут посетители выставки «Россия»

Роспотребнадзор предупредил о риске употребления «Салата лобио» и «Салата с тунцом, фасолью и яблоком»

Автомобиль каршеринга столкнулся с мотоциклом на юго-востоке Москвы

Два новых футбольных поля открыли в городском округе Пушкинский


Стало известны победили в шоу "Сокровища императора"

Больше 90 тысяч жителей Архангельской области являются донорами

В Поморье более 500 детей-сирот отдохнут в детских лагерях за счёт бюджета

АО «Транснефть - Север» оказало благотворительную помощь детскому саду в Архангельской области


Фольклорно-литературная программа «Сказки детства, полные чудес, нас уводят в царство тридесятое»

В Нижнегорском районе Крыма проведен рейд по бывшим мигрантам

Севастополь появился на вышитой карте Крыма

В Крыму хотят создать профессиональную хоккейную команду


Эксперт Кулаков оценил строительство делового центра в ЗАО в рамках КРТ

Завтра на Играх БРИКС будут звезды прыжков в воду и зрелищные виды спорта

Ваш выход на 100 баллов: актуальные тренды для выпускного

Совершить виртуальную прогулку по Пскову на велосипеде могут посетители выставки «Россия»












Спорт в России и мире

Новости спорта


Новости тенниса
WTA

Самсонова вышла в четвертьфинал турнира WTA в Хертогенбосе






КБР. Столица КБР намерена стать лучшей здравницей России

Завтра на Играх БРИКС будут звезды прыжков в воду и зрелищные виды спорта

На выставке "Россия" 15-миллионная гостья выиграла поездку в Самарскую область

В Москве продукты из-за подозрения на ботулизм изъяты из продажи