Коробов даргузашт. Муовини ӯ раиси оҷонсии ҷосусии Русия шуд. ВИДЕО
Матбуоти Русия бо такя ба вазорати дифои ин кишвар хабар дод, ки раҳбари ГРУ – Сарраёсати истихбороти вазорати мудофеаи Русия Игор Коробов рӯзи 21 ноябр дар синни 62-солагӣ бар асари “бемории сангину тӯлонӣ” ҷон дод. Вазорати дифоъ ҷузъиёти ин хабарро шарҳ надодааст. Вале дар изҳорот аз Коробов ба ҳайси “як инсони фавқулодда, фарзанди содиқи Русия ва як ватанпарвар” ёд кардааст.
Коробов баъди даргузашти раҳбари пешини сохтор Игор Сергун, ки 58 сол дошт, ба ин мақом таъин шуд.
Ғарб Сарраёсати истихбороти вазорати мудофеаи Русияро дар чандин ҳамлаҳои пурсарусадо масъул медонад. Бритониё ин сохторро дар талоши заҳролудкунии ҷосуси дугонаи рус Сергей Скрипал ва духтараш дар шаҳри Салисбури муттаҳам кардааст. Ҳолланд бовар дорад, ки ин сохтор талош кард созмони нозири силоҳҳои ҳастаии кимиёиро рахна кунад. ИМА гуфтаст, ки ГРУ дар пушти талошҳои рахнакунии интихоботи президентии ИМА дар соли 2016 истодааст.
Русия ҳамаи ин иттиҳомотро рад кардааст.
Коробов ва афсарони дигари ГРУ-ро ИМА барои фаъолиятҳое, ки “амнияти кибернетикиро аз номи ҳукумати Русия халалдор кардаанд”, мавриди таҳрим кардааст.
Оғози моҳи ноябр президенти Русия Владимир Путин сарраёсари истихборотро бо 100-солагии таъсисёбиаш табрик карда буд. “Ман ба касбияти шумо эътимод дорам”, гуфта буд Путин рӯзи 2 ноябр.
Сохтори ГРУ соли 1918 дар паи инқилоби болшевикӣ таъсис шуда ба як сохтори хеле муҳими иктифошӣ табдил шуд. Ҳоло дар баробари ин сохтор дар Русия нақши Хадамоти амнияти федеролӣ ва Хадамоти ҷосусии берунаи Русия дар анҷоми амалиёти ҷосусӣ муҳим мебошад.
Баъди даргузашти Игор Коробов, ба қавли оҷонсиҳои расмӣ, раҳбарии муваққатии ин сохтор ба дӯши муовини аввали раиси сарраёсат Игор Костюков вогузор шуд. Ӯро номзади воқеӣ барои ишғоли курсии раҳбарии ниҳод арзёбӣ мекунанд, менависад ТАСС.