Добавить новость
ru24.net
World News in Tajik
Ноябрь
2018

Новости за 03.11.2018

Иштироки ҳазорон нафар дар маросими дафни "падари Толибон"

Ozodi.org 

Рӯзи шанбе ҳазорон нафар дар маросими видоъ ва дафни Мавлоно Самиул Ҳақ дар Навшаҳри Покистон иштирок карданд. Аз Самиул Ҳақ ба унвони “падари Толибон” ном бурда мешавад. Ин рӯҳонии 81-сола рӯзи 2-юми ноябр дар хонааш дар шаҳри Равалпиндии Покистон бо зарби корд ба қатл расонда шудааст.

Покистон гуфт, Осия Бибӣ ҳаққи ба хориҷа рафтанро надорад

Ozodi.org 

Осия Бибӣ, як зани масеҳӣ, ки лағви ҳукми қатли ӯ дар Покистон боис ба хашми исломгароёни тундрав шуд, аз тарафи мақомҳои ин кишвар мамнуъ-ул-хуруҷ гардидааст. Нурулҳақ Қодирӣ, вазири умури дини Покистон, рӯзи 3-юми ноябр гуфт, ки Осия Бибӣ то замони баррасии дубораи қазияаш аз тарафи Додгоҳи олии ин кишвар ҳаққи ба хориҷа рафтанро надорад. Гуфта мешавад, ин иқдом бахше аз тавофуқест, ки миёни ҳукумати Покистон ва гуруҳи “Таҳрики Лаббайк” сурат гирифтааст. Гуруҳи “Таҳрики Лаббайк” дар ин кишвар се рӯз тазоҳуроти густардаро роҳандозӣ кард. Читать дальше...

Эрдуғон: Дастури қатли Хошуқҷиро мақомҳои сатҳи болои Саудӣ додаанд

Ozodi.org 

Раҷаб Таййиб Эрдуғон, раиси ҷумҳури Туркия гуфт, ки дастури қатли Ҷамол Хошуқҷӣ, рӯзноманигор ва мухолифи сиёсатҳои Риёзро баландтарин раддаи ҳукумати Саудӣ додааст. Аммо Эрдуғон афзудааст, ки гумон намекунад, подшоҳи Арабистони Саудӣ шахсан дар ин кор дахил бошад. Эрдуғон инро дар як мақолае, ки рӯзи 2-юми ноябр дар рӯзномаи “Вашингтон Пост” нашр шуд, иброз кардааст. Хошуқҷӣ, ки барои ин рӯзнома кор мекард, дувуми октябр пас аз вуҷурд ба бинои консулгарии Арабистони Саудӣ дар Истанбул нопадид шуд. Читать дальше...

Як зан бо ваъдаи тақсими замин 500 000 сомонии мардумро гирифтааст

Ozodi.org 

Мақомоти Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон занеро боздошт кардаанд, ки бо баҳонаи тақсими замини наздиҳавлигӣ аз маҳаллаи “Ховарон”-и шаҳри Душанбе ним миллион сомонии мардумро аз худ карда ва на замин додааст ва на пулро баргардондааст.

Соҳиби ду ватан. Чаро қирғизҳо аз Лахш мекӯчанд?

Ozodi.org 

Дар солҳои охир бисёре аз қирғизҳои маҳаллие, ки қарнҳо боз дар қаламрави ноҳияи Лахш (Ҷиргатоли пешин)-и Тоҷикистон ба сар мебурданд, оилавӣ ба Қирғизистони ҳамсоя кӯч мебанданд. Мавҷи бузурги ҳиҷрат солҳои ҷанги шаҳрвандӣ дар Тоҷикистон (1992-1997) мушоҳида шуда буд.

Барканории котиби генералии СПАД бо талаби Арманистон

Ozodi.org 

Котиби генералии Созмони Паймони Амнияти Дастҷамъӣ ё ОДКБ Юрий Хачатуровро пеш аз муҳлат ба истеъфо фиристоданд. Вай аз ин мақом бо талаби ҷониби Арманистон озод шудааст. Сомонаи расмии Созмони Паймони Амнияти Дастҷамъӣ рӯзи 2-юми ноябр навишт, ҳоло ин масъулиятро Валерий Семериков бар уҳда дорад. Хачатуров дар Арманистон ба пароканда кардани тазоҳуроти моҳи марти соли 2008 алайҳи натиҷаҳои интихоботи президентӣ, ки ба кушта шудани даҳ нафар сабаб шуд, муттаҳам аст. Ӯ он замон муовини вазири дифои Амрманистон буд. Читать дальше...



Билл Гейтс сармоягузорӣ ба бунёди валиаҳди Саудиро қатъ кард

Ozodi.org 

Бунёди миллиардери амрикоӣ Билл Гейтс дар робита ба қатли рӯзноманигор Ҷамол Хошуқҷӣ ҳамкориро бо созмони хайриявии валиаҳди Арабистони Саудӣ Муҳаммад бин Салмон қатъ кард. Гейтс тасмим дошт, ба яке аз ташаббусҳои хайриявии валиаҳди Саудӣ дар ҳаҷми 5 миллион доллар ёрӣ расонад. Он ташаббуси валиаҳд ба рушди инноватсионӣ дар соҳаи маориф равона шуда буд. Гейтс гуфт, ҷараёни таҳқиқи куштори Хошуқҷиро пайгирӣ мекунад ва аз ин вазъ нигарон аст. Хошуқчӣ 2-юми октябр дар консулгарии Арабистони Саудӣ дар Истанбул нопадид шуд. Читать дальше...

Аз ҳукумат хостанд, ки 2019-ро соли ғизои солим эълон кунад

Ozodi.org 

Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон ба ҳукумат пешниҳод кардааст, ки соли 2019-ро “Соли амнияти озуқа, ғизои тоза ва тарзи ҳаёти солим” эълон кунад. Шералӣ Раҳматуллоев, сардори Раёсати ташкили хидматрасониҳои тиббӣ ба модару кӯдак ва танзими оилаи Вазорати тандурустӣ рӯзи 2-юми ноябр дар як нишасти матбуотӣ дар Душанбе гуфт, “амнияти озуқа ва ғизои солим аз масъалаҳои стратегӣ ба шумор меравад”. Ӯ гуфт, ғизое, ки ҳоло аксари аҳолии Тоҷикистон истеъмол мекунанд, ба меъёрҳо мувофиқ нест. Читать дальше...

Путин бар хилофи иттиҳомҳои Ғарб аз ГРУ ситоиш кард

Ozodi.org 

Владимир Путин, раиси ҷумҳури Русия, рӯзи 2-юми ноябр аз Идораи истихбороти низомии Русия ё ГРУ ситоиш кард. Ғарб ин идораро имсол ба хотири мавҷе аз ҳамлаҳо айбдор намудааст. Путин дар садумин соли таъсиси ГРУ гуфт, дар мавриди ҳирфаӣ будан ва азму шуҷоати кормандони ин идора бовар дорад. Бритониё Идораи истихбороти низомии Русияро ба заҳролуд кардани Сергей Скрипал, ҷосуси собиқ дар шаҳри Солсбери муттаҳам кардааст. Ҳолланд ин идораро барои талоши ҳак кардани Созмони ҷаҳонии назорат бар аслиҳаи кимиёвӣ муқассир донист. Читать дальше...

Қасди худкушии муовини раиси ҷамоат баъди даъват ба додситонӣ

Ozodi.org 

Муовини раиси як ҷамоат дар ноҳияи Спитамени вилояти Суғд баъди суҳбат ва навиштани баёнот дар додситонии ноҳия қасди худкушӣ кардааст. Мавҷуда Қучқорова ҳоло дар бемористони шаҳраки Нов бистарист.


Спорт в России и мире

Новости спорта


Новости тенниса
Надежда Гуськова

«Совесть не позволила»: Надежда Гуськова в юности попадала в клубы оригинальным способом






Автомобиль Toyota Century в РФ оценили в 63,5 млн рублей

"Известия": заказавшие авто из США через "Автоподберу" лишились и денег, и машин

СМИ сообщили об аресте 43 банковских вкладов по делу экс-замглавы Минобороны Иванова

Суд установил, что продавшие напавшим на «Крокус» авто знали о теракте