Добавить новость
ru24.net
World News in Tajik
Ноябрь
2018

Новости за 27.11.2018

Як зодаи Душанбе раиси идораи "Росреестр"-и Русия таъйин шуд

Ozodi.org 

Як зодаи шаҳри Душанбе раиси идораи "Росреестр" дар Русия таъйин шудааст. "Росреестр" - идораи ягона ва асосии сабти номи амвол ва заминҳо дар қаламрави Русия аст ва моликони ҳама гуна бинову хона дар махзани иттилоотии он сабт мешаванд. Фарди ба ин мансаб таъйиншуда Парвиз Тухтасунов ном дорад, ки соли 1985 дар шаҳри Душанбе зода шудааст. Бино ба иттилои сомонаи расмии "Росреестр", Тухтасунов соли 2008 Академияи тиббии ба номи Сеченови шаҳри Маскавро хатм кардааст. Баъдан шомили Донишгоҳи иқтисодии Русия ба номи Плеханов гашта... Читать дальше...

Таваҷҷуҳи президент. "Шанс"-е, ки бисёриҳо орзу мекунанд

Ozodi.org 

Шаҳло Ҳафизова, сокини 18-солаи ноҳияи Рашт, тобистони имсол, вақте дар дараи Камароб бо хоҳиши кормандони “Телевизиони Тоҷикистон” ҳаваскорона таронаи мардумиро месуруд, тасаввур намекард, ки ин тарона роҳи ӯро ба саҳнаи бузургтар аз Дараи Камароб боз мекунад.

Русия ду маллоҳи украиниро ба ҳабс гирифт

Ozodi.org 

Додгоҳе дар нимҷазираи аз ҷониби Русия ғасбшудаи Қрим ду низомии украиниро, ки дар дохили киштии аз ҷониби марзбонҳои рус дар гулӯгоҳи Керч боздошт шуданд, ба ҳабс гирифт. Дар ин бора хабарнгигори радиои Озодӣ Антон Наумлюк хабар дод. Додгоҳе дар шаҳри Симферопол бо қарори рӯзи 27 ноябри худ узви киштии “Яни Капу” – Виктор Варемеза ва маллоҳи қаиқи “Никопол” Сергей Тсибизовро ба мӯҳлати ду моҳ ба ҳабс гирифт. Ин ду маллоҳро дар убури ғайриқонунии марзи Русия аз ҷониби гурӯҳи афроде бо истифода аз зӯр муттаҳам карданд. Читать дальше...

Миррихнавард аз сайёраи сурх "сelfie" фиристод

Ozodi.org 

Дастгоҳи кайҳонии амрикоӣ бо номи InSight, ки рӯзи гузашта дар Миррих нишаст, батареи офтобии худро ба кор андохт ва нахустин аксҳои сатҳи Миррих, бо шумули "сelfie" -ро ба замин фиристод. Ба ғайр аз ин, дар чаҳорчӯби рисолати InSight олимони NASA  акси Миррихро дар фосилаи шаст ҳазор километр аз сайёра дарёфт карданд. Сафари InSight то Миррих ним сол давом кард. Рӯзҳои наздик, ба навиштаи нашрияи N+1, муҳандисони NASA  дасти роботии миррихнавардро ба кор медароранд то он дастгоҳи заилзиласанҷ... Читать дальше...

Миррихнавард аз сайёраи сурх "selfie" фиристод. ВИДЕО

Ozodi.org 

Дастгоҳи кайҳонии амрикоӣ бо номи InSight, ки рӯзи 26-умми ноябр дар Миррих нишаст, батареяи офтобии худро ба кор андохт ва нахустин аксҳои сатҳи Миррих, бо шумули "selfie"-ро ба замин фиристод. Ба ғайр аз ин, дар чаҳорчӯби рисолати InSight олимони NASA акси Миррихро дар фосилаи шаст ҳазор километр аз сайёра дарёфт карданд. Сафари InSight то Миррих ним сол давом кард. Рӯзҳои наздик, ба навиштаи нашрияи N+1, муҳандисони NASA дасти роботии миррихнавардро ба кор медароранд, то он дастгоҳи заилзиласанҷ... Читать дальше...

Ахбори Озодӣ аз 27-уми ноябри соли 2018 (таҳриршуда)

Ozodi.org 

Баъди эълони пайгард сокини шаҳри Хоруғ дастгир гардид, Пайвандони муҳоҷири тоҷик ба марги табии ӯ бовар надоранд Дар Украинa “вазъи ҷангӣ” ҷорӣ шуд Қазоқтаборони Шинҷон аз Остона кӯмак мехоҳанд Сарчӯпон ба мақсадаш расид, аммо аз ин хушҳол нест Бод лавҳаи чорметраро чаппа кард.



Мизони ҷарима ва пардохтҳо дар Тоҷикистон боло рафт. ВИДЕО

Ozodi.org 

Аз 1-уми январи соли 2019 мизони ҷарима ва ҳама гуна пардохтҳои ҳатмии давлатӣ дар Тоҷикистон боло хоҳад рафт. Барои мисол, агар ҷарима барои сурх гузаштан аз чароғаки роҳ то ин вақт 250 сомонӣ буд, аз моҳи январ ронандагон барои чунин қонуншиканӣ 275 сомонӣ пардохт мекунанд.

Сарчӯпон дар мақоми худ барқарор шуд, аммо бе замин монд. ВИДЕО

Ozodi.org 

Шарифхон Почоев, сокини ноҳияи Муъминободи вилояти Хатлон, ки соли гузашта аз мақоми сарчӯпони корхонаи "Тебалай" аз кор ронда шуда буд, барои барқарории адолат мубориза бурд ва ба мақсад расид.

Ахбори Озодӣ аз 27-уми ноябри соли 2018

Ozodi.org 

Баъди эълони пайгард сокини шаҳри Хоруғ дастгир гардид, Пайвандони муҳоҷири тоҷик ба марги табии ӯ бовар надоранд Дар Украин “вазъи ҷангӣ” ҷорӣ шуд Қазоқтаборони Шинҷон аз Остона кӯмак мехоҳанд Сарчӯпон ба мақсадаш расид, аммо аз ин хушҳол нест Бод лавҳаи чорметраро чаппа кард.

Бемористоне дар Маскав амалиёти хатнаи духтаронро пешниҳод мекунад

Ozodi.org 

Маркази бисёрсоҳавии тиббӣ бо номи "Бест Клиник" дар Маскав хатнаи духтарони то 12-соларо пешниҳод мекунад. Дар ин бора як корбари беноми сомонаи "Медуза" рӯзи 18 ноябр дар як нома хабар дода, нусхаи пешниҳодро аз сомонаи клиника илова кардааст. "Нишондоди тиббӣ барои чунин амалиёт вуҷуд надорад ва чунин амалиёт бо ангезаҳои суннатӣ ва маҳабӣ анҷом мешавад",- омадааст дар сомонаи "Бест Клиник". "Азбаски ин амалиёт харобиовар мебошад, аз ин рӯ зарур аст, ки он на дар шароити хона балки дар бемористон анҷом шавад",- афзудааст ин муассиса. Читать дальше...

Сарчӯпон дар мақоми худ барқарор шуд, аммо бе замин монд

Ozodi.org 

Шарифхон Почоев, сокини ноҳияи Муъминободи вилояти Хатлон, ки соли гузашта аз мақоми сарчӯпони корхонаи "Тебалай" аз кор ронда шуда буд, барои барқарории адолат мубориза бурд ва ба мақсад расид. Додгоҳи ноҳияи Муъминобод моҳи ноябри имсол қарор кард, ки Почоев дар мақоми худ барқарор шавад. Раҳбарияти кооперативи "Тебалай" ин қарори додгоҳро пазируфтааст.

Сокини Хоруғ бо иттиҳоми пахши Кимиёи Хурсанд боздошт шуд

Ozodi.org 

Масъулони Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон гуфтанд, Муслим Зикиллобеков, сокини шаҳри Хоруғ, ки ҳафтаи гузашта духтари Хурсанд Мазоров, яке аз роҳбарони ғайрирасмии вилояти Бадахшонро бо мошин пахш карда ва аз ҷои ҳодиса фирор намуда буд, боздошт кардаанд. Кимиёи Хурсанд, духтари Хурсанд Мазоров 12-сола ва хонандаи мактаби президентии шаҳри Хоруғ аст. Умарҷони Эмомалӣ, сухангӯи Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон, рӯзи 27-уми ноябр дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, Зикиллобеков шаби гузашта дастгир шуд. Читать дальше...

Тавсиф ва танқид аз фаъолияти Бунёди Сорос дар Тоҷикистон

Ozodi.org 

Ҷорҷ Сорос, миллиардери саховатпешаи амрикоӣ, кори созмонаш дар Тоҷикистонро тарғиб карда ва дар ҷавоб ҳам таҳсин ва ҳам танқид шунидааст. Ӯ рӯзи 25-уми ноябр дар як паёми кӯтоҳе дар Твиттер навиштааст, “фаъолияти “Ҷомеи Боз” дар Тоҷикистон, аз таҳсили инклюзивӣ барои афроди маълул сар карда то кумак дар рушди иқтисодии Тоҷикистонро фаро мегирад.” Баъзе аз корбарони Твиттер дар шарҳи навиштаи Ҷорҷ Сорос ба ӯ таҳсин гуфтаанд, ки ба афроди муҳтоҷ ва Тоҷикистон кумак кардааст. Яке аз онҳо, аз ҷумла навиштааст, ки ба кори хайраш идома диҳад. Читать дальше...

Ғарб аз Русия раҳоии маллоҳони Украинаро талаб кард

Ozodi.org 

Давлатҳои ғарбӣ тасарруфи се киштии низомии Украина аз тарафи Русия ва боздошти гурӯҳи маллоҳонро маҳкум карда, амалкарди Русияро нақзи ошкори соҳибихтиёрии Украина ва созишномаҳои байналмилалӣ номиданд. Онҳо аз Маскав талаб карданд, ки маллоҳонро оҷилан озод кунад. "ИМА иқдоми таҷовузкоронаи Русияро маҳкум мекунад", - гуфт котиби давлатии Амрико Майк Помпео. Ӯ аз Русия даъват кард, ки киштиҳо ва маллоҳони Украинаро баргардонда, ба соҳибихтиёрӣ ва тамомияти арзии ин кишвар эҳтиром гузорад. Ба гуфтаи Помпео... Читать дальше...

Раҳбари ҷангии ҳазораҳо бо фишори эътирозгарон озод шуд

Ozodi.org 

Мақомоти Афғонистон раҳбари ҷангии ҳазораҳоро, ки ба нақзи ҳуқуқи инсон муттаҳам шудааст, бо васиқа ва баъди эътирозҳои чандрӯза аз боздошт раҳо кард. Дафтари ноиби президент Сарвар Дониш рӯзи 26 ноябр гуфт, ки Абдул Ғанӣ Алипур, раҳбари артиши хусусӣ дар Афғонистони марказӣ, аз боздошт озод шуд, аммо муфаттишон ба таҳқиқи парванди ӯ идома медиҳанд.  Алипур, намояндаи ақалиятҳои шиамзҳаби ҳазора, рӯзи 24 ноябр дар Кобул боздошт шуд. Раҳоии ӯ аз боздошт баъди тазоҳуроти дурӯза ва даргирии садҳо тарафдораш бо пулис имконпазир шуд. Читать дальше...

Новости России
Москва

Более 14 тысяч жителей СВАО получили новые квартиры по реновации - Собянин


Таниш миёни Русия ва Украина. Аврупо аз Киев ҳимоят мекунад. ВИДЕО

Ozodi.org 

Аз рӯзи якшанбеи 25-уми ноябр, ки хабари ҳамлаи нерӯҳои низомии Русия ба киштиҳои ҷангии Украина нашр шуд, мақомҳои Киев илова бар тамосҳои дипломатӣ, вокунишҳои сахте алайҳи Маскав баён карданд.

"Марде, ки духтари Хурсанд Мазоровро бо мошин зад, таҳти ҷустуҷӯст"

Ozodi.org 

Мақомоти қудратии Тоҷикистон як сокини шаҳри Хоруғро таҳти ҷустуҷӯ қарор додаанд, ки Кимиёи Хурсанд, духтари 12-солаи Хурсанд Мазоров, яке аз раҳбарони ғайрирасмии минтақаро бо худрав пахш кардааст. Вазъи саломатии духтари Хурсанд Мазоров вахим гуфта мешавад. Як мақом дар ҳукумати вилояти Бадахшон ба Радиои Озодӣ гуфт, ҳодиса шаби 24-уми ноябр рух додааст. Ба қавли манбаъ, Кимиёи Хурсанд, хонандаи мактаби президентии шаҳри Хоруғ дар маҳаллаи “Тирчит”-и Хоруғ бо худрав пахш шудааст. Мақомот дар ин кор Муслим Зикиллобеков... Читать дальше...

Бунёди Сорос фаъолияташро дар Туркия қатъ кард

Ozodi.org 

Бунёди миллиардери амрикоӣ Ҷорҷ Сорос - Open Society Foundation - дар пасманзари танқидҳои шадиди президенти Туркия Раҷаб Таййиб Эрдуғон фаъолияташро дар ин кишвар қатъ кард. Изҳороти ин бунёди хайрия рӯзи 26-уми ноябр нашр шуд. Дар ин бора Deutsche Welle хабар дод. Раҳбари Туркия филантропи амрикоиро ба "талоши эҷоди мухолифат дар байни давлатҳо" муттаҳам кард. Ба гуфтаи Эрдуғон, Сорос нафаронеро сармоягузорӣ мекард, ки гӯё дар табаддулоти нокоми моҳи июли соли 2016 дар Туркия даст доштанд. Дар баробари ин... Читать дальше...

Қазоқистон занозании шаҳрвандонаш бо тоҷикон дар Русияро шарҳ дод (видео)

Ozodi.org 

Вазорати корҳои дохилии Қазоқистон видеои занозанӣ бо иштироки шаҳрвандони ин кишварро дар Русия шарҳ дод. Видеои ин задухӯрд ахиран дар Интернет нашр шуд. "Ҳодиса 22-юми ноябр дар ҳудуди корхонаи гази вилояти Амури Русия рух додааст. Дар занозанӣ шаҳрвандони Тоҷикистон ва Қазоқистон иштирок доштанд", - гуфт намояндаи расмии вазорат Алмос Садубоев. Ба гуфтаи масъулони вазорат, ҳодисаро мақомоти ҳифзи ҳуқуқи маҳаллӣ тафтиш доранд ва тамоми гунаҳкорон муайян карда шуданд. Пештар расонаҳо хабар доданд... Читать дальше...

Украина дар вилоятҳои ҳаммарз бо Русия ҳолати низомӣ эълон кард (видео)

Ozodi.org 

Порлумони Украина дар даҳ вилояти ин кишвар, ки бо Русия ва минтақаи ҷудоихоҳи Молдова -- Приднестров марзи муштарак доранд, аз 28 ноябр ба муҳлати 30 рӯз ҳолати низомӣ эълом кард. Президенти Украина Петр Порошенко рӯзи фармони гузаштаашро  тағйир дод ва муҳлати ҳолати низомиро аз 60 ба 30 рӯз кам кард. Ӯ дар шарҳи ин тасмим гуфт, ки намехоҳад, ҳолати низомӣ бо оғози маъракаҳои интихоботӣ рост ояд. Порлумони Украина шаби 26 ноябр санаи интихоботи навбатии президентии кишварашро 31 марти соли 2019 муайян кард. Читать дальше...

Моҳбӣ ва хонаи гилини ӯ дар фасли зимистон

Ozodi.org 

Моҳбӣ Ғаюрова, сокини 56-солаи ноҳияи Темурмалики вилояти Хатлон, тобистони имсол чаҳор ҳазор дона хишт рехт ва хона пӯшид. Пасандозе, ки аз пули фаррошӣ ҷамъ карда буд, ба таҳкурсиву чӯби боми хона сарф кард. Аммо барои пӯшондани боми хона пулаш нарасид. Ҳоло бим дорад, ки аз бориши зиёд меҳнаташ барбод меравад. Тафсилотро дар навори видео бинед.


Спорт в России и мире

Новости спорта


Новости тенниса
ATP

Котов проиграл О'Коннеллу в первом круге турнира ATP в Чэнду






СЕНСАЦИОННОЕ ПРОЯСНЕНИЕ ПРИЧИН СВО. ПРИЗНАНИЕ НАТО НАДО ПРИМЕНИТЬ! Россия, США, Европа могут улучшить отношения?!

Суд арестовал 43 банковских счета по делу экс-замминистра обороны Тимура Иванова

Бастрыкин поручил доложить о деле пензенского мигранта, пристававшего к девочке

СЕНСАЦИОННАЯ ВЗАИМОСВЯЗЬ НОВОСТЕЙ! про Д.Медведева, Д.Трампа, В.Путина, К.Харрис. Россия, США, Европа могут улучшить отношения?!