Добавить новость
ru24.net
World News in Tajik
Ноябрь
2018

Новости за 20.11.2018

Соҳибони ҷасадҳои "бесоҳиб"-и муҳоҷирони тоҷикро меҷӯянд

Ozodi.org 

Вақтҳои охир чунин муроҷиатҳои муҳоҷирони тоҷик дар Русия барои шиносоии ҷасад дар шабакаҳои иҷтимоӣ зиёд шудааст. Муҳоҷирони хайрхоҳ акси ҳамватани фавтидаашонро бо манаҳи баста мегузоранд ва аз корбарони Фейсбук ё Одноклассники мехоҳанд, дар пайдо кардани наздикони фавтида кумак кунанд.

Ҷашни мавлуди пайғамбар Муҳаммад бо куштори 40 нафар анҷом ёфт

Ozodi.org 

Ҳамлаи маргталабона ба ҷамъомади бузург дар Кобул дастикам 40 нафарро қурбон кард. Дар ин бора мақомоти Афғонистон хабар доданд. Сухангӯи Вазорати беҳдошти Афғонистон Ваҳид Маҷруҳ ба Радиои Озодӣ гуфт, дар таркиши рӯзи 20-уми ноябр, ки ҷамъомади бахшида ба мавлуди пайғамбар Муҳаммадро ҳадаф қарор дод, 60 нафари дигар осеб дид. Ба гуфтаи сухангӯи Вазорати умури дохилии Афғонистон Наҷиб Дониш, ҳамларо як маргталаб анҷом дод ва теъдоди куштаву захмиҳо "аз 50 нафар бештар аст". Мудири меҳмонхонае... Читать дальше...

Духтараки 14-сола, ки ба Путин нома навишта буд, худкушӣ кард

Ozodi.org 

Дар шаҳри Сафоновая (вилояти Смоленск) як духтари 14-сола, ки аз маоши ками модараш ба Владимир Путин шикоят карда буд, худкушӣ кард. Матбуоти маҳаллӣ рӯзи 19-уми ноябр навишт, ки ин наврас аз ҷабри ҳамсинфонаш дар мактаб шикоят мекард. Духтари наврас босираи хуб надошт ва ҳамсолонаш ӯро масхара ва "циклоп" садо мекарданд.  Ӯ қабл аз худкушӣ дар шабакаҳои иҷтимоӣ бо навиштаи "Чаро Шумо ин қадар одамони бад ҳастед?" зоҳир шуд. "Смоленская народная газета" рӯзи гузашта навишт, модари духтарак... Читать дальше...

Раиси порлумони Узбекистон аз аҳамияти "Роғун" гуфт

Ozodi.org 

Нурдинҷон Исмоилов, раиси порлумони Узбекистон, гуфт, ки аз фаъол шудани чархаи аввали нирӯгоҳи барқи обии Роғун дар охири ҳафтаи гузашта “ба ваҷд омадааст”. Ӯ рӯзи 20-уми ноябр дар суҳбат бо президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Душанбе гуфт, “ин рӯйдоди муҳим дар таърихи навини Тоҷикистон абадӣ боқӣ мемонад”. Раиси порлумони Узбекистон мегӯяд, пурра иҷро шудани тарҳи Роғун на фақат барои мардуми Тоҷикистон, балки барои аҳолии минтақаи Осиёи Марказӣ муҳим аст. Нурдинҷон Исмоилов бо президенти Тоҷикистон масъалаҳои амниятии минтақа... Читать дальше...

Бунёди эстакада дар Душанбе мардумро саргардон кард

Ozodi.org 

Сокинони маҳаллаҳои миёни бинои ширкати "Барқи тоҷик" ва бинои мағозаи маъруф ба "Самсунг" тӯли ду соли ахир аз роҳҳои иртиботӣ маҳрум буда, дар як моҳи ахир комилан дар бунбаст қарор гирифтаанд. Сокинони ин маҳаллаҳо, ки теъдодашон ҳудуди як сад ҳазор нафар аст, мегӯянд, дар сурати зарурӣ ба манзилӣ онҳо на мошинҳои "Ёрии таъҷилӣ" ва на сӯхторхомушӣ дастрасӣ надоранд.

Cокинони маҳаллаҳои атрофи 2 эстакада: Дар "бунбаст" мондем. ВИДЕО

Ozodi.org 

Сокинони маҳаллаҳои миёни бинои ширкати "Барқи тоҷик" ва бинои мағозаи маъруф ба "Самсунг" тӯли ду соли ахир аз роҳҳои иртиботӣ маҳрум буда, дар як моҳи ахир комилан дар бунбаст қарор гирифтаанд.

Cокинони маҳаллаҳои атрофи 2 эстакада мегӯянд, ки дар "бунбаст" қарор гирифтаанд

Ozodi.org 

Сокинони маҳаллаҳои миёни бинои ширкати "Барқи тоҷик" ва бинои мағозаи маъруф ба "Самсунг" тӯли ду соли ахир аз роҳҳои иртиботӣ маҳрум буда, дар як моҳи ахир комилан дар бунбаст қарор гирифтаанд.



Эътирозҳо дар Фаронса: 500 зарардида ва қуюди шабгардӣ

Ozodi.org 

Рӯзи 20-уми ноябр эътирозҳои зидди боло рафтани молиёти бензин ва сӯзишвории дизелӣ дар Фаронса идома ёфт. Дар ҷазираи Реюнон, ки ба ҳайати Фаронса шомил аст, қуюди шабгардӣ эълон шуд ва мақомот фаъолияти мактабҳои маҳаллиро масдуд карданд. Дар ин бора ҳукумати маҳаллӣ хабар дод. Дар ҷазираи Реюнон, ки дар соҳилҳои Африқо ва Уқёнуси Ҳинд ҷойгир аст, шиддати эътирозҳо боло рафт. Рӯзи душанбе якчанд нафар нуқтаи фурӯши маводи сӯхтро оташ заданд, чаҳор жандарм маҷруҳ шуд. Қариб ними аҳолии Реюнон зери хатти фақр ба сар мебарад... Читать дальше...

Ахбори Озодӣ аз 20-уми ноябри соли 2018

Ozodi.org 

Садамаи мудҳиш дар роҳи Душанбе- Чаноқ Бунёди эстакада мардумро саргардон кард Раиси зиндони Хуҷанд ду моҳ дар боздошт мемонад Мири Маскав мегӯяд, патент ҷинояткории муҳоҷиронро коҳиш дод Интихоби чолишбарангези раиси нави Интрепол Муштзани тоҷик ба даври ниманиҳоии бокси ҷаҳон баромад.

Дархости Косово барои узвият дар Интерпол овози кофӣ нагирифт

Ozodi.org 

Пулиси байналмилалӣ гуфт, ки дархости Косово барои узвият дар Интерпол бори сеюм қабул нашуд. Аризаи Косово якҷо бо дархости довталабони дигари узвият дар созмони дорои 192 кишвари узв дар нишасти чаҳоррӯзаи маҷмаи кулли Интерпол баррасӣ шуд, ки дар Дубай ҷараён дорад. Дар ҷаласаи рӯзи 20-уми ноябр аризаи Косово, ки аз соли 2015 сеюмин дархост ба шумор меояд, аз тарафи 68 кишвар пуштибонӣ ёфт, вале 51 давлат ба он мухолиф овоз доданд ва 16 кишвари дигар аз овоздиҳӣ худдорӣ кард.  Косово, ки солҳои 1998-1999 бо Сербистон вориди ҷанг буд... Читать дальше...

Ғафс кардани лаб дар Тоҷикистон -- мӯд ё зебоипарастӣ? ВИДЕО

Ozodi.org 

Бархе аз духтарон дар Душанбе лаби ғафсро як ҷузъи аслии зебоӣ медонанд. Агар чанд сол қабл дар ин ҷо тағйир додани шакли лаб ва ғафс кардани он барои бисёриҳо ҳайратовар буд, ҳоло "як кори маъмул ва ҳатто муд шудааст".

Ғафс кардани лабҳо - талоши духтарон барои зебо кардани чеҳра

Ozodi.org 

Бархе аз духтарон дар Душанбе лаби ғафсро як ҷузъи аслии зебоӣ медонанд. Агар чанд сол қабл дар ин ҷо тағйир додани шакли лаб ва ғафс кардани он барои бисёриҳо ҳайратовар буд, ҳоло "як кори маъмул ва ҳатто муд шудааст".

Кевин Коверт бо мақомоти тоҷик таҳқиқи ошӯб дар зиндонро баррасӣ кард

Ozodi.org 

Иҷрокунандаи вазифаи сафири ИМА дар Тоҷикистон Кевин Коверт рӯзи 20 ноябр бо мақомоти аршади додситони кулл ва вазорати хориҷаи Тоҷикистон мавзӯи ошӯб дар зиндони Хуҷандро баррасӣ кард.

Раиси зиндони Хуҷанд ду моҳ дар ҳабс мемонад. ВИДЕО

Ozodi.org 

Файзулло Сафарзод, раиси зиндони рақами 3-и шаҳри Хуҷанд, ки ба дунболи ошӯб дар идораи зери назораташ боздошт шуд, ду моҳ дар ҳабс хоҳад монд. Дар ин бора охири ҳафтаи гузашта қарори Додгоҳи шаҳри Хуҷанд содир шудааст.

Раиси зиндони Хуҷанд ду моҳ дар ҳабс мемонад

Ozodi.org 

Файзулло Сафарзод, раиси зиндони рақами 3-и шаҳри Хуҷанд, ки ба дунболи ошӯб дар идораи зери назораташ боздошт шуд, ду моҳ дар ҳабс хоҳад монд. Дар ин бора охири ҳафтаи гузашта қарори Додгоҳи шаҳри Хуҷанд содир шудааст.

Баъди изҳороти Трамп, Исломобод кордори сафорати ИМА-ро эҳзор кард

Ozodi.org 

Покистон кордори сафорати ИМА дар Исломободро эҳзор кард, то ба изҳороти президент Доналд Трамп оид ба нақши ками Покистон дар мубориза бо терроризм ва куштори Усома бин Лоден эътироз кунад.  Изҳороти Трамп дар чанд рӯзи ахир нахуствазири Покистон Имрон Хонро хашмгин кард. Ӯ рӯзи 19-уми ноябр дар Твиттер навишт, ки теъдоди ками шарикон ба монанди Покистон қурбонӣ додаанд ё дар ҷанг бо терроризм ба Вашингтон кумак кардаанд. Таниши ахир равобити ду кишварро, ки борҳо дар заминаи ҷанги Афғонистон... Читать дальше...

Ҳалокати 5 нафар дар садамае дар роҳи Душанбе - Чаноқ. ВИДЕО

Ozodi.org 

Бар асари ба ҳам бархӯрдани ду мошини боркаш ва ду мошини сабукрав дар роҳи Душанбе - Чаноқ 5 нафар ба ҳалокат расидаанд. Ҳодиса рӯзи 20-уми ноябр дар километри 185-ум рух дод. Дар ин ҳодиса чанд мусофири дигар захмӣ шуда, барои табобат ба бемористон интиқол ёфтаанд. Мақомоти ширкати Инноватив Роуд Солюшнз, ки масъули нигоҳубини роҳи Душанбе - Хуҷандро бар уҳда дорад, рӯзи 20-уми ноябр гуфтанд, “дар минтақаи мазкур ҳолати роҳ хуб буда ва яхбандӣ вуҷуд надорад”. Ба қавли манбаъ, феълан сабабҳои рух додани садамаро мақомот таҳқиқ доранд. Читать дальше...

Новости России
Москва

Центр восточной медицины в Петербурге


"Рӯбоҳ дар мурғхона" - Мухолифат ба номзадии генерали рус дар садри Интерпол

Ozodi.org 

Сенаторҳои ИМА ба таъйини генерали Русия Александр Прокопчук ҳамчун раҳбари нави "Интерпол" мухолифт карданд. "Генерали рус дар садри пулиси байналмилалӣ мисли "рӯбоҳ дар мурғхона аст", - омадааст дар номаи саркушодаи сенаторҳо ба президенти Амрико Доналд Трамп ва маҷмаи кулли Интерпол. Ба муроҷиатнома чаҳор сенатор: ду сенатори ҷумҳурихоҳ - Роҷер Уикер ва Марко Рубио ва ду сентатори демократ - Ҷин Шаҳин ва Крис Кунс имзо гузоштанд.  Онҳо мегӯянд, "Русия борҳо қонунҳои Интерполро поймол карда... Читать дальше...

"Рӯбоҳ дар мурғхона" - Мухолифат ба номзадии генерали рус дар садри Интерпол. ВИДЕО

Ozodi.org 

Сенаторҳои ИМА ба таъйини генерали Русия Александр Прокопчук ҳамчун раҳбари нави "Интерпол" мухолифт карданд. "Генерали рус дар садри пулиси байналмилалӣ мисли "рӯбоҳ дар мурғхона аст", - омадааст дар номаи саркушодаи сенаторҳо ба президенти Амрико Доналд Трамп ва маҷмаи кулли Интерпол. Ба муроҷиатнома чаҳор сенатор: ду сенатори ҷумҳурихоҳ - Роҷер Уикер ва Марко Рубио ва ду сентатори демократ - Ҷин Шаҳин ва Крис Кунс имзо гузоштанд.  Онҳо мегӯянд, "Русия борҳо қонунҳои Интерполро поймол карда... Читать дальше...

"Рубоҳ дар мурғхона"- мухолифати сенатрҳои ИМА ба номзадии генерали рус дар садри Интерпол

Ozodi.org 

Сенаторҳои ИМА ба таъини генерали Русия Александр Прокопчук ҳамчун раҳбари нави "Интерпол" мухолифт карданд. "Генерали рус дар садри пулиси байналмилалӣ мисли "рубоҳ дар мурғхона аст", омадааст дар номаи саркушодаи сенаторҳо ба президенти ИМА Доналд Трамп ва маҷмаи кулли Интерпол. Ба муроҷатнома чаҳор сенатор: ду сенатори ҷумҳурихоҳ- Роҷер Уикер ва  Марко Рубио ва ду сентатори демократ -Ҷин Шаҳин ва Крис Кунс имзо гузоштанд.  Онҳо мегӯянд,  "Русия борҳо қонунҳои Интерполро поймол карда, онҳоро барои интиқомгирӣ аз ҳарифони сиёсияш... Читать дальше...

Отамбоев муборизаи мақомот бо фасодро "намоишӣ" унвон кард

Ozodi.org 

"Дар асл имрӯз намоишкорӣ идома дорад, муборизаи зоҳирӣ бо фасодкорӣ", - гуфт президенти пешини Қирғизистон, раиси Ҳизби сотсиал-демократии Қирғизистон Алмосбек Отамбоев 19 ноябр дар мусоҳиба бо телевизиони "Апрел". Отамбоев бар ин назар аст, ки "одамон ба ин фиреб бовар мекунанд", зеро сарвазирро боздошт карданд. "Аммо дар воқеъ, дар ҳамон гумрук дуздони олӣ ҳукмронӣ доранд ва буҷаи Қирғизистон аз ин кор миллиардҳоро аз даст медиҳад. Ин намоишкорӣ чи оқибатҳо дорад? Муборизаи зоҳирӣ бо фасод дар даври Оқоев ҳам буд... Читать дальше...

Эмомалӣ Раҳмон аз сафирони 12 кишвар эътимоднома қабул кард

Ozodi.org 

Раиси ҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон рӯзи 20-уми ноябр дар "Қасри Миллат" аз сафирони навтаъйини 12 кишвар эътимоднома қабул намуд. Тибқи иттилои дафтари матбуоти раёсати ҷумҳури Тоҷикистон, сафирони Туркманистон, Қатар, Итиҳодияи Аврупо, Финландия, Испания, Литва, Словения, Молдова, Малайзия, Кореяи Шимолӣ, Замбия ва Салвадор ба раиси ҷумҳури Тоҷикистон эътимодномаҳои худро супурданд. Раиси ҷумҳури Тоҷикистон дар маросими қабули эътимодномаҳои сафирони нав гуфтааст, ки "ҷавҳари фаъолияти Тоҷикистонро... Читать дальше...


Спорт в России и мире

Новости спорта


Новости тенниса
WTA

Елена Рыбакина снялась с турнира WTA-1000 в Пекине






Компанию-автоподборщика обвинили в обмане клиентов

Предприниматель Нюргуяна Петрова: «Помогаю открывать творческий бизнес»

Каширяне передали огнетушители бойцам СВО

Рейс из Абу-Даби в Москву задержали более чем на 12 часов