Добавить новость
ru24.net
World News in Tajik
Ноябрь
2018

Новости за 26.11.2018

Муҳоҷирони тоҷик дар чемпионати байналмилалии муҳорибаҳои омехтаи Москав пирӯз шуданд

Sputnik Тоҷикистон (sport) 

Дар нахустин мусобиқаи “FMR FIGHTING CHAMPIONSHIP”, ки 25 ноябр дар Маскав баргузор гардид, варзишгарони тоҷик миёни дигар муҳоҷирони кишварҳои ҳамсуд ҳунарнамоии хуб карда, пирӯзӣ ба даст оварданд

Порошенко фармони эълони ҳолати низомӣ дар Украинаро имзо кард

Ozodi.org 

Бинобар авзо дар атрофи гулугоҳи Керч ва тасарруфи се киштии низомии Украина аз тарафи Русия, президент Порошенко фармони ҷори шудани ҳолати низомӣ дар Украинаро имзо кард. Ҳолати низомӣ барои ду моҳ - то 25 январ эълон мешавад. Дар ин бора саҳифаи расмии президенти Украина рӯзи 26 ноябр хабар дод. Порошенко дар фармонаш амалкарди Русияро таҷовузи низомӣ унвон кард. Вазорати хориҷӣ дастур гирифт, ки бидуни таъхир баргузории ҷаласаи Шӯрои амнияти Созмони Милали Муттаҳид ва Шӯрои доимии САҲА-ро дархост кунад. Читать дальше...

"Метарсем бе рӯймол ба кӯча бароем"

Ozodi.org 

Сокинони шаҳри Душанбе мегӯянд, бо вуҷуди талошҳои ҳукумат, таассуби динӣ дар Тоҷикистон зиёд аст. Ҷавонон дониши қавӣ надоранд, бинобар ин зери таъсири воизони ифротӣ қарор мегиранд.



Вазири маориф: "Аз пули давлат хондед, пас бояд ба давлат кор кунед"

Ozodi.org 

Вазири маориф ва илми Тоҷикистон Нуриддин Саид мегӯяд, ба наздикӣ вакилони мардумӣ лоиҳаи кодекси маорифро баррасӣ ва эҳтимол тасвид кунанд. Вазири тоҷик бар ин назар аст, ки донишҷӯёни аз ҳисоби давлат таҳсил намуда, бояд ба нафъи давлат кор кунанд.

Ҷумҳурихоҳон аз мавқеи Трамп дар қазияи Хошуқҷӣ танқид карданд

Ozodi.org 

Якчанд сенатори ҷумҳурихоҳ аз мавқеи президент Трамп дар робита ба куштори журналисти Саудӣ Ҷамол Хошуқҷӣ норозӣ шуданд.  Дар ин бора "Садои Амрико" рӯзи 25 ноябр хабар дод. Ахиран Трамп гуфт, ки Амрико шарики Риёз боқӣ мемонад ва ба арзёбии Идораи истихбороти ИМА шубҳа кард, ки гуфтааст, ин куштор наметавонист бе амри валиаҳди Саудӣ  Муҳаммад бин Салмон сурат бигирад. Президент он замон гуфт, ки Идораи истихборот ҳанӯз ба натиҷаи ниҳоӣ нарасидааст. Сенатори ҷумҳурихоҳ Майкл Ли дар сӯҳбат бо шабакаи телевизионии NBC гуфт... Читать дальше...

Ахбори Озодӣ аз 26-уми ноябри соли 2018

Ozodi.org 

Ҳусейн Абдусамадов дар бораи саркардаҳои ҳамла ба саёҳон гуфт, Иззаттуло Шарифзода мегӯяд ҳанӯз ҷавон аст Нақшаи Тоҷикистон барои дарёфти садҳо миллион доллар Кодекси маорифро ба вакилон мефиристанд Ҷашнвораи анори афғонӣ дар Душанбе.

Эътирозҳои зидди амалкарди Русия дар чанд шаҳри Украина

Ozodi.org 

Дар вокуниш ба амалкарди Русия, ки се киштии низомии Украинаро дар Баҳри Сиёҳ ғасб кард, дар чанд шаҳри Украина амалҳои эътирозӣ сар шуданд.  Аз шоми дирӯз, баъди хабари ғасби киштиҳо, эътирозгарон дар назди сафорати Русия дар Киев ҷамъ шуданд. Онҳо бо худ борут,  норинҷаки дудӣ ва шини автомошинаҳоро ба назди сафоратхона оварданд. Баъзеҳо "Марг ба Русия!" шиор медоданд. Маълум нест, ки он замон дипломатҳои рус дар сафорат буданд ё не. Рӯзи душанбе намоишҳои эътирозӣ дар назди консулгарии Русия дар Лвов, Харков ва Одесса ҷараён гирифтанд. Читать дальше...

Шикасти тими занони Тоҷикистон аз Узбакистон бо ҳисоби 0-11 ва сабқат бо Эрон

Sputnik Тоҷикистон (sport) 

Мунтахаби бонувони футболбози Тоҷикистон дар даври дуюми чемпионати Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ - CAFA-2018, аз тими мизбон - мунтахаби бонувони Узбакистон бо ҳисоби 0:11 мағлуб шуд

Новости России
Москва

Московский аэропорт Домодедово и Всероссийское общество инвалидов заключили соглашение о сотрудничестве


"Гуноҳаш нобахшиданист..." Парвандаи марги Фирдавс аз нав таҳқиқ мешавад. ВИДЕО

Ozodi.org 

Додситони кулли Тоҷикистон парвандаи Саидмӯъмин Исломов, як муфаттиши собиқи Бозрасии давлатии автомоблии шаҳри Кӯлобро, ки дар марги наврасе дар садамаи автомобилӣ гумонбар мешавад, ба таҳқиқи дубора фиристод.

22 сарбози Афғонистон дар ҷанг бо Толибон кушта шуд

Ozodi.org 

Хабаргузории Reuters рӯзи 26 ноябр гуфт, ки дар ҷараёни даргирӣ бо ҷангиёни Толибон дастикам 22 сарбози артиши Афғонистон кушта шуд. Ҳодиса шоми якшанбе дар сарҳади Эрон ба вуқуъ пайвст. Ҷангиёни Толибон ба корвони сарбозон ногаҳон ҳамла буданд. Онҳо чаҳор мошинро маҳв карданд ва теъдоди зиёди силоҳро бо худ бурданд.  Мақомоти Афғонистон дар ин авохир хабарҳои марбут хисороти ҷонии сарбозонро камтар нашр мекунанд. Вазирати дифои ИМА чанде пеш гуфт, ки неруҳои Афғонистон ҳар моҳ дастикам 500 сарбозро аз даст медиҳад. Читать дальше...

Духтури рус дар марги тифли шаҳрванди Узбекистон айбдор шуд

Ozodi.org 

Додгоҳи шаҳри Калинингради Русия Елена Белая, сардухтури таваллудхонаро ба ҳабси хонагӣ фиристод. Ӯ  дар марги тифли навзоди шаҳрванди Узбекистон айбдор мешавад. Гуфта мешавад, 5 ноябри соли ҷорӣ шаҳрванди ҳомиладори Узбекистон дар ҳолати вазнин ба таваллудхона интиқол ёфт. Тифли навзоди ин зан ба сахтӣ нафас мекашид. Тафтишот мегӯяд, дар сурати кумки сари вақтӣ  мумкин буд, навзод зинда монад. Ба иттилои тафтишот, Елена Белая дастур додааст, ки ба навзод доруи "Куросурф" надиҳанд, ки як донаи... Читать дальше...

"Корманди пулис" барои раҳоии зиндониён $16000 гирифт ва худ ба зиндон рафт

Ozodi.org 

Додгоҳи Хуҷанд як сокини ин шаҳрро, ки худро корманди пулис муаррифӣ намуда, аз наздикони ҷаҳор маҳбус бо ваъдаи аз ҳабс озод кардани онҳо ҳудуди 150 ҳазор сомонӣ гирифтааст, барои 9 сол равонаи зиндон кард.

Ҷаласаи изтирории Шӯрои амният дар робита ба низои баҳри Азов

Ozodi.org 

Интизор меравад, Шӯрои амнияти СММ рӯзи 26 ноябр дар робита ба бӯҳрони ногаҳонии вазъ дар тангнои Керч ҷаласаи изтирорӣ баргузор кунад. Дар ин бора намояндаи доимии ИМА дар СММ Никкӣ Ҳейлӣ дар Твиттер хабар дод. Ҷаласа бо дархости Украинаву Русия баргузор мешавад. Москва дар робита ба ташаннуҷи авзоъ дар баҳри Азов ва оқибатҳои он ва Киев роҷеъ ба амалҳои таҷовузкоронаи Русия баргузории ҷаласаро дархост карданд. «Танҳо ба воситаи талошҳои ҳамоҳангшуда мешавад, аз рафтори ошкорои таҷовузкор пешгирӣ кард»... Читать дальше...


Спорт в России и мире

Новости спорта


Новости тенниса
Андрей Рублёв

Теннисисты Рублев, Хачанов и Самсонова не сыграют на Олимпиаде-2024






«Ростех» прокомментировал санкции Японии

Московскому речному электротранспорту исполнился год

Путь возможностей: семейные центры помогают подросткам преодолевать трудности и строить будущее

Центробанк России повысил курс доллара до 87,96 рубля