Добавить новость
ru24.net
World News in Tajik
Ноябрь
2018

Новости за 11.11.2018

Хушқадам Хусравов қаҳрамони самбои ҷаҳон шуд

Ozodi.org 

​Варзишгари тоҷик Хушқадам Хусравов дар рӯзи сеюми мусобиқаи қаҳрамонии ҷаҳон оид ба самбо, ки 11-уми ноябр дар пойтахти Руминия – шаҳри Бухарест – доир шуд, медали тилло ба даст овард. Ин чорумин медали паҳлавонони тоҷик дар ин мусобиқа мебошад.

Осия Бибӣ мехоҳад, ба Олмон биравад, аммо...

Ozodi.org 

Осия Бибӣ, як зани масеҳӣ аз Покистон, ки ҳукми қатли ӯро беэътибор карданд, мехоҳад, кишварро тарк карда, ба Олмон биравад. Сайфул Мулук, вакили дифои ӯ рӯзи 11-уми ноябр дар шарҳе дар як рӯзномаи олмонӣ гуфтааст, “Осия Бибӣ хушҳол мешавад, агар бо хонаводааш ба Олмон биёяд.” Олмон яке аз чанд кишвари аврупоист, ки гуфтаанд, метавонанд, ба хонаводаи ин зан паноҳгоҳ бидиҳанд. Нашрияи олмонӣ навиштааст, ки вазорати умури хориҷии Олмон дар ин бора бо мақомоти Покистон машварат дорад. Осия Бибӣ, ки... Читать дальше...

Дар Эрон духтаронро ба майдони футбол роҳ доданд

Ozodi.org 

Мақомоти Эрон ба садҳо зан иҷоза доданд, ки бозии ниҳоии Лигаи қаҳрамонони Осиёро дар майдони азими футболи Теҳрон тамошо кунанд. Роҳ ёфтани занон ба бозиро, як қадами эҳтимолӣ ба сӯи лағви манъи вуруди занон ба бозиҳои футбол дар Эрон медонанд. Аксарияти заноне, ки рӯзи 10-уми ноябр дар майдони Озодӣ бозии дастаи Персеполис бо Кашима Антлери Ҷопонро тамошо кардаанд, хешовандони бозигарон, аъзои тими духтарони футболбоз ва ё кормандони Федератсиюни Футболи Эрон буданд. Бозии ду даста бо ҳисоби мусовии 0-0 анҷом ёфт... Читать дальше...

Интихоботи Донетску Луҳанскро "масхара" номиданд

Ozodi.org 

Дар ду минтақаи ҷудоиталаб дар Украина рӯзи 11-уми ноябр интихобот сурат гирифт, ки онро кишварҳои ғарбӣ ва ҳукумати Украина ғайриқонунӣ ва “масхара” номидаанд. Киев ва ҳомиёни ғарбиаш гуфтанд, интихобот дар минтақаҳои Донетск ва Луҳанск, ки дар дасти ҷудоиталабон аст, хотима додан ба низоъеро мушкилтар мекунад, ки аз моҳи апрели соли 2014 то кунун 10 300 нафарро куштааст. Вале ҳадафи Русия мегуяд, интихоботи раҳбарони Донетск ва Луҳанск ва вакилони маҷлисҳои ноҳияҳо мухолифи аҳдномаи Минск нест. Читать дальше...

Оташбасе, ки ҷанги хунинро поён дод, 100-сола шуд

Ozodi.org 

Раҳбарони даҳҳо кишвар рӯзи 11-уми ноябр барои ширкат дар маросими 100-умин солгарди оташбасе ҷамъ омаданд, ки ба Ҷанги Ҷаҳонии Аввал хотима дод. Дар ин маросим, ки дар шаҳри Париж сурат мегирад, 70 раҳбари ҳукумат ва кишварҳои ҷаҳон ҳузур ёфтанд. Сад сол пеш дар рӯзи 11-уми ноябри соли 1918 дигар садои аслиҳа баланд нашуд ва бо ҳамин ҷанги чаҳорсолае тамом шуд, ки дар ҷараёни он 10 миллион сарбоз ва миллионҳо нафар ғайринизомии дигар кушта шуданд. Дар маросими таҷлил ва дар зери борони сахт... Читать дальше...



Эмомалӣ Раҳмон: "Фориғболӣ намекардем, дар Данғара ҳамла намешуд"

Ozodi.org 

Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон гуфт, агар кормандони сохторҳои вазорати умури дохилӣ ва амният “фориғболӣ” намекарданд, мумкин буд, аз ҳамлаи террористӣ ба сайёҳони хориҷӣ дар Тоҷикистон пешгирӣ шавад.

Боздошти чандин гурӯҳи ҷиноӣ дар солҳои ахир

Ozodi.org 

Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон гуфтааст, дар чанд соли ахир кормандони вазорати умури дохилӣ 95 гурӯҳи муташаккили ҷиноятӣ иборат аз 500 нафарро дастгир кардаанд, ки дар 900 ҷиноят даст доштаанд. Ба гуфтаи ӯ, ҳангоми амалиёти боздошт баъзе аз ин афроди муттаҳам ба ҷиноятро маҳв кардаанд. Раиси ҷумҳур, ки рӯзи 10-уми ноябр дар ҳузури кормандони вазорат суханронӣ мекард, ҳамчунин гуфтааст, дар ин муддат мақомоти милиса 1500 аъзо ва пайравони гуруҳҳои ифротиро дастгир кардаанд ва ба ҷавобгарии ҷиноӣ кашидаанд. Читать дальше...

Боздошти 95 гурӯҳи ҷиноӣ дар Тоҷикистон

Ozodi.org 

Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон гуфтааст, дар чанд соли ахир кормандони вазорати умури дохилӣ 95 гурӯҳи муташаккили ҷиноятӣ иборат аз 500 нафарро дастгир кардаанд, ки дар 900 ҷиноят даст доштаанд. Ба гуфтаи ӯ, ҳангоми амалиёти боздошт баъзе аз ин афроди муттаҳам ба ҷиноятро маҳв кардаанд. Раиси ҷумҳур, ки рӯзи 10-уми ноябр дар ҳузури кормандони вазорат суханронӣ мекард, ҳамчунин гуфтааст, дар ин муддат мақомоти милиса 1500 аъзо ва пайравони гуруҳҳои ифротиро дастгир кардаанд ва ба ҷавобгарии ҷиноӣ кашидаанд. Читать дальше...

Беҳрӯзи қаҳрамон ин дафъа сеюм шуд

Ozodi.org 

Варзишгарони тоҷик дар рӯзи дуюми мусобиқаи қаҳрамонии ҷаҳон оид ба самбо, ки 10-уми ноябр дар пойтахти Руминия – шаҳри Бухарест – доир шуд, се медали биринҷӣ ба даст оварданд.

Чаро зӯри паҳлавонони тоҷик ба гурҷиҳо нарасид?

Ozodi.org 

Варзишгарони тоҷик дар рӯзи дуюми мусобиқаи қаҳрамонии ҷаҳон оид ба самбо, ки 10-уми ноябр дар пойтахти Руминия – шаҳри Бухарест – доир шуд, се медали биринҷӣ ба даст оварданд.


Спорт в России и мире

Новости спорта


Новости тенниса
Уимблдон

Экс-теннисист Ольховский: россияне могут хорошо выступить на Уимблдоне






Рядом с универмагом «Московский» ликвидировали самострой

Прибыль Сбербанка установит новый рекорд в 2024 году

Безопасность без границ: «Швабе» представляет новые разработки на выставке в Минске

РИА «Новости»: в Подмосковье 124 машины пострадали от упавших деревьев