Добавить новость
ru24.net
World News in Tajik
Ноябрь
2018

Новости за 23.11.2018

Истиқбол аз қаҳрамони ҷаҳон дар Хоруғ - акс

Sputnik Тоҷикистон (sport) 

Ҳукумати ВМКБ аз истиқболи Хушқадам Хусравов, қаҳрамони ҷаҳон дар риштаи самбо ва Шакармамад Мирмамадов, барандаи медали биринҷии Ҷоми Осиё – 2018 дар риштаи ҷудо хабар дод

Истиқбол аз қаҳрамони ҷаҳон дар Хоруғ (АКС)

Sputnik Тоҷикистон (sport) 

Ҳукумати ВМКБ аз истиқболи Хушқадам Хусравов, қаҳрамони ҷаҳон дар риштаи самбо ва Шакармамад Мирмамадов, барандаи медали биринҷии Ҷоми Осиё – 2018 дар риштаи ҷудо хабар дод

Будҷаи соли 2019 қабул шуд

Ozodi.org 

Вакилони Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон 23-уми ноябр баъд аз музокиротҳои тӯлонӣ, аз тарҳи будҷаи кишвар барои соли 2019 ҷонибдорӣ карданд.

Барканории сардори сарраёсати зиндонҳои Тоҷикистон

Ozodi.org 

Иззатулло Шарифзода, муовини вазири адлия ва сардори Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноӣ, “ба далели бознишаста шудан” аз мақомаш озод гардидааст. Мансурҷон Умаров сардори нави раёсати зиндонҳо ва ҳамзамон муовини вазири адлияи Тоҷикистон таъйин шуд.



Ҳамла ба масҷиде дар пойгоҳи низомӣ даҳҳо кушта бар ҷой гузошт

Ozodi.org 

Дар таркише, ки дар дохили масҷиди воқеъ дар ҳудуди  як пойгоҳи низомӣ дар Афғонистон рух дод, 27 нафар кушта ва 50 нафар захмӣ шуданд. Ин ҳодиса рӯзи 23 ноябр дар ноҳияи Исмоилхели вилояти Хост - шарқи Афғонистон  рух дод. Таркиш лаҳзаҳое рух дод, ки намозгузорон барои адои намози ҷумъа ҷамъ омада буданд. Абдулаҳмад Зиё, як мақоми вилоятӣ гуфт, ки эҳтимолан шумори қурбониҳо афзоиш ёбад. Маълум нест, ки ин таркишро ҳамлагари маргталаб анҷом додааст ё на, вале Хостро ҳамчун пойгоҳи шабакаи Ҳаққонии Толибон мешиносанд. Читать дальше...

Ахбори Озодӣ аз 23-уми ноябри соли 2018

Ozodi.org 

Баъди ошӯби хунини Хуҷанд раиси зиндонҳо ба нафақа рафт Марги муҳоҷири тоҷик дар идораи пулиси Маскав Тоҷикистону Узбекистон шарики стратегӣ шуданд Тасдиқи тарҳи буҷаи давлатӣ барои соли оянда Шикоят ва нигаронии чупонони хатлонӣ

Додраси тоҷик барои паст задани шаъну эътибор аз кор ронда шуд

Ozodi.org 

Як додраси Додгоҳи шаҳри Турсунзода аз мақомаш барканор карда шуд. Мақомот гуфтанд, Муҳаббат Сафарализода “бинобар содир кардани кирдоре, ки шаъну эътибори додрасро паст мезанад”, аз мақом озод шудааст. Хадамоти матбуоти президенти Тоҷикистон ҳам гуфт, ки рӯзи 23-юми ноябр дар ин замина фармони Эмомалӣ Раҳмон содир гардидааст. Ҷузъиёти “кирдор”-и Муҳаббат Сафарализода, ки боис ба барканориаш шуд, то ба ҳол маълум нест. Тайи як соли охир тақрибан даҳ додраси додгоҳҳои кишвар аз кор ронда ва баъзеи онҳо ба ҷавобгарӣ кашида шуданд. Читать дальше...

Додгоҳе дар Русия репсарои маъруфро ба 12 шабонарӯз ҳабс маҳкум кард.ВИДЕО

Ozodi.org 

Додгоҳе дар Русия репсарои маъруф Ҳаскиро ба 12 шабонарӯз ҳабс маҳкум кард. Ҳаски, ки номи воқеиаш Дмитрий Кузнетсов аст, дар шабакаи YouTube беш аз  6 миллион мухлис дорад. Додгоҳе дар шаҳри Краснодар рӯзи 22 ноябр Ҳаскии 25-соларо барои иҷрои таронае, ки мақомдорон ва дағалиҳои полисро масхара мекунад, бар асоси моддаи авбошӣ ба ҳабси маъмурӣ маҳкум кард. Қарор буд, ки ӯ дар шаҳри Краснодар дар як клуби шабона ҳунарнамоӣ кунад, вале баъди ҳушдори полис дар бораи ин ки гӯё дар амалҳои ӯ “нишонаҳои ифротгароӣ” дида мешавад... Читать дальше...

Шарҳи расмӣ. Дар зиндони Хуҷанд чӣ гузашт?

Ozodi.org 

Сироҷиддин Муҳриддин (Аслов) – вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон – дар як нишасти матбуотӣ дар Брюссел эълон кард, ки дар исёни шаби ҳафтуми ноябр дар зиндони Хуҷанд 21 ошӯбгар "безарар гардонда шуд". Ин нахустин шарҳи расмии мақомоти Тоҷикистон дар бораи ошӯби шаби ҳафтуми ноябр дар зиндони рақами сеи Хуҷанд аст.

Пас аз ду соли марги Каримов. Тоҷикистону Узбекистон шарики стратегӣ шуданд

Ozodi.org 

Порлумони Тоҷикистон созишномаи шарикии стратегӣ бо Узбекистонро тасвиб кард. Ин созишнома моҳи августи имсол дар ҷараёни сафари Эмомалӣ Раҳмон ба Тошканд имзо шуда буд. Тоҷикистон бо Русияву Чин ва Қазоқистон низ шарики стратегист.

Президент Трамп ишора кард, ки имкон дорад ба Афғонистон сафар кунад

Ozodi.org 

Президенти ИМА Доналд Трамп ишора кард, ки имкон дорад барои ошноӣ бо вазъи нирӯҳои амрикоӣ барои аввалин бор ба Афғонистон биравад. Зимни суханронии рӯзи 22 ноябр ба муносибати Иди шукргузорӣ, ӯ дар ҷараёни як конфронси видеоӣ бо нирӯҳои амрикоӣ дар Афғонистон ба сарҳанге гуфт: “Вақте ба Иёлоти Муттаҳида баргаштед, ман бо шумо дидор мекунам ваё шояд ман ба назди шумо меравад. Кас намедонад, ки чӣ мешавад”. Баъди ин ба саволи журналистон дар бораи ин ки то куҷо Трамп омода аст ба Афғонистон сафар кунад... Читать дальше...

Муҳаққиқон исми ҷосуси руси дахил дар кудатои Черногорияро нашр карданд

Ozodi.org 

Гурӯҳи таҳқиқотии Bellingcat ва вебсайти русии The Insider мегӯянд, ки ҳуввияти афсари ГРУ ё Сарраёсати истихбороти вазорати мудофеаи Русияро ошкор кардаанд, ки дар кӯшиши ташкили кудато дар Черногория соли 2015 нақш доштааст. Мақомоти Черногория ду афсари ГРУ-ро барои ташкили як кудато айбдор карданд, ки ҳадафи ниҳоиаш боздоштани ин кишвари воқеъ дар минтақаи Балкан аз ҳамроҳшавӣ ба НАТО мебошад. Маскав ин ҳама иттиҳомотро рад мекунад. Черногория июни соли ҷорӣ ба узвияти паймони низомии НАТО шомил шуд. Читать дальше...

Полиси Покистон аз ҳамла ба консулгарии Чин ҷилавгирӣ кард

Ozodi.org 

Полиси Покистон се бомбгузори маргталабро пеш аз он ки вориди консулгарии Чин дар Карочӣ шуда ҳамлаи террористии худро анҷом диҳанд, нобуд кард. Ҳукумати Покистон талоши анҷоми ҳамлаи террористиро “тавтеаи” зидди ҳамкориҳои стратегии миёни Исломобод ва Пекин номид. Дар як ҳодисаи ҷудогона, дар паи таркиши бомба дар бозори серодами шаҳраке дар шимолуғарби Покистон, дасти кам 25 нафар кушта ва 55 нафар захмӣ шуданд. Дар ҳамлаи Карочӣ, ки масъулияти онро гурӯҳи шӯришии “Артиши озодихоҳи Балуҷистон” ба дӯш гирифт, ду афсари полис кушта шуд. Читать дальше...

Марги як шаҳрванди Тоҷикистон дар идораи пулиси Маскав

Ozodi.org 

Як шаҳрванди 38-солаи Тоҷикистон дар идораи пулиси Вешняки шаҳри Маскав ҷон додааст. Ҳодиса рӯзи 21-уми ноябр, дар ҳоле рух додааст, ки нерӯи вижаи СОБР 18 шаҳрванди Тоҷикистонро дастгир карда ва ба идораи пулис оварда буд.

Илҳомиддин Шоев – Муҳоҷири фавтидаи тоҷик дар ШКД-и Маскав. ВИДЕО

Ozodi.org 

Як шаҳрванди 38-солаи Тоҷикистон дар идораи пулиси Вешняки шаҳри Маскав ҷон додааст. Ҳодиса рӯзи 21-уми ноябр, дар ҳоле рух додааст, ки нерӯи вижаи СОБР 18 шаҳрванди Тоҷикистонро дастгир карда ва ба идораи пулис оварда буд.

Новости России
Москва

Центр восточной медицины в Петербурге


Қирғизистон шартҳои худро ба "Centerra" пешниҳод кард

Ozodi.org 

Сарвазири Қирғизистон Муҳаммадқулӣ Абилғозиев 22 ноябр бо президент ва мудири иҷроияи ширкати Centerra Gold Inc. Скотт Перрӣ дар шаҳри Бишкек мулоқот кард. Ҷонибҳо, аз ҷумла созишномаи стратегии Қирғизистон бо ширкати Centerra Gold Inc.-ро баррасӣ карданд. Ҷониби Бишкек шартҳои иловагиеро пешниҳод дорад, ки афзоиши пардохти зистмуҳитӣ ва ташкили бунёди ҳамкориҳои иҷтимоӣ барои рушди минтақаҳоро пешбинӣ мекунанд. Абилғозиев ҳамчунин шаффофияти раванди иҷрои тамоми қарорҳои дуҷонибаро муҳим номид. Читать дальше...

Узбекистон бо созмонҳои ҷамъиятӣ ҳуқуқи инсонро баррасӣ мекунад

Ozodi.org 

Узбекистон тасмим дорад, бо созмонҳои ҷамъиятии ҳомии ҳуқуқ "гуфтугӯи созанда" ба роҳ монад ва бо созмонҳои байналхалқӣ ҳамкориро дар умури ҳуқуқи инсон густариш диҳад. Дар ин бора Шавкат Мирзиёев, президенти Узбекистон рӯзи панҷшанбе дар Форуми осиёии ҳуқуқи инсон дар Самарқанд изҳори назар кард. "Авлавиятҳои асосии мо - ҳамаҷониба мусоидат кардан ба истифодаи зарфияти сокинон, таъмини ҳифзи ҳуқуқҳои аввалиндараҷа ва манфиатҳои қонунии инсонҳо аст. Сулҳ, амният ва устуворӣ аз ҳаминҳо вобаста аст", - гуфт Мирзиёев. Читать дальше...

Мураббиёни мактабҳои Ишқобод аз ҳисоби худ хонандагонро ба кино мебаранд

Ozodi.org 

Мураббиёни мактабҳои варзишии шаҳри Ишқободи Туркманистон вазифадор шуданд, ки дар вақтҳои берун аз кор хонандагонро ба кино баранд. Харҷи тамошои синамо аз ҳисоби мураббиён пардохт мешавад. Чанд сокини шаҳри Ишқобод ба бахши Туркмании Радиои Озодӣ гуфтанд, бино бар талаботе, ки моҳи ноябр ба иҷро даромад, ҳар мураббӣ вазифадор аст, 5 хонандаро ба синамо барад. Ин дар ҳолест, ки дар кинотеатрҳои Ишқобод интихоби синамо маҳдуд буда, давоми солҳои охир номгӯи филмҳо тағйир наёфтааст. Мураббиён мегӯянд... Читать дальше...

Трамп гуфт, дар сурати зарурат зидди муҳоҷирон оташ кушода шавад

Ozodi.org 

Президенти ИМА Доналд Трамп ба низомиён иҷозат дод, дар сурати зарурат, дар марз бо Мексика ба самти муҳоҷироне оташ кушоянд, ки аз Амрикои Марказӣ меоянд. Дар ин бора телевизиони CNN хабар додааст. Ба гуфтаи Трамп, дар миёни муҳоҷирон садҳо ҷинояткор ҳаст ва онҳо барои ӯ «интихоби дигар»-еро намегузоранд. Президенти ИМА ҳамзамон изҳори умед кард, ки зарурати оташкушоӣ ба самти муҳоҷирон пеш нахоҳад омад. Ӯ баста шудани тамоми марзҳои кишварашро бо Мексика аз эҳтимол дур надонист. Аз ин пештар... Читать дальше...

Дар Андиҷон корманди пулисро ҳангоми навбатдории шабона куштанд

Ozodi.org 

Корманди пулиси ноҳияи Избоскани Узбекистон Илҳомҷон Ҳайдаров, ки 21 ноябр, ҳангоми навбатдории шабона шадидан латтукӯб шуда буд, дар бемористон даргузашт. Корманди ҳифзи ҳуқуқ мехост, шахсияти се ҷавонро муайян кунад, вале яке аз онҳо ӯро латтукӯб кардааст. «Лейтенант Ҳайдаров мехост, шахсияти се ҷавонеро муайян кунад, ки ба куҷое мерафтанд. Ин вазифаи ӯ буд. Вале дар натиҷа миёни онҳо низоъ бархост ва яке аз ҷавонон Ҳайдаровро задааст», - хабар дод як корманди пулиси вилояти Андиҷон. Ба гуфтаи ӯ... Читать дальше...

Филми "Делбирим" 6 декабр ба намоиш медарояд. ВИДЕО

Ozodi.org 

Достони филм бар пояи қиссаи нависандаи мардумии Қирғизистон Чингиз Айтматов таҳия шудааст, ки бо номи "Ниҳолаки рӯмолсурхаки ман" маъруф аст. Нахустнамоиши филм дар Қирғизистон 6 декабр дар назар аст. Дар Ӯзбекистон он аллакай ба намоиш даромадааст. Филми мазкурро дар деҳаҳои Наной ва Говаи вилояти Намангони Ӯзбекистон ва дар вилояти Иссиқкӯли Қирғизистон сабт карданд. Нақшҳои асосӣ - Илёс ва Байтемирро бозигарони ӯзбек Адиз Раҷабов ва Улуғбек Қодиров меофаранд. Нақши Асал ва Хадичаро - бозигарони... Читать дальше...


Спорт в России и мире

Новости спорта


Новости тенниса
Надежда Гуськова

«Совесть не позволила»: Надежда Гуськова в юности попадала в клубы оригинальным способом






То, чего боялся Владислав Бакальчук — случилось: ФАС согласовала объединение «Вайлдберриз» и Russ

Ученики из Лосино-Петровского представили проекты на форуме профориентации

Показы спектакля «Поколение Маугли» в МХТ Чехова собрали более 32 млн рублей

Старое бабье лето придет в Центральную Россию на следующей неделе