Добавить новость
ru24.net
World News in Tajik
Ноябрь
2018

Новости за 26.11.2018

Бӯрон шоҳроҳҳои Остона ва 5 вилояти Қазоқистонро баст

Ozodi.org 

Дар шаҳри Остона ва 5 вилояти Қазоқистон ба далели номусоидии боду ҳаво ҳаракати нақлиёт дар шоҳроҳҳои байнишаҳрӣ мамнуъ шуд. Рӯзи 24 ноябр ҳаракати тамоми навъи нақлиётро дар шоҳроҳҳои Остона-Қарағанда ва Остона - Қабанбойботир - Коргалжин манъ карданд. Ҳамчунин шоҳроҳҳои вилоятҳои Алмато, Қарағанда, Ҷамбул ва Қазоқистони Шарқӣ низ баста шуданд. Бино ба иттилои ҳавошиносон, дар рӯзҳои наздик дар бештари минтақаҳои Қазоқистон меғ, бӯрон ва яхбандӣ дар назар аст.

Узбекистон омодагии неруҳои низомияшро имтиҳон мекунад

Ozodi.org 

Узбекистон бо ирсоли як нота ё худ ёддошт ҳамсоякишвари Қирғизистонро огаҳ кард, ки омодагии неруҳои низомияшро мавриди санҷиш қарор медиҳад.  Вазорати умури хориҷии Қирғизистон гуфт, ки нотаи Узбекистонро 25 ноябр дарёфт кард. Дар ёддошт омадааст, Тошканд 26 ноябр тамрини низомиеро баргузор хоҳад кард, ки ҳадафи он баҳо додан ба омодагии ҷангии нирӯҳои мусаллаҳи Узбекистон аст. Муаллифони нота гуфтаанд, размоиш дар асоси уҳдадориҳое гузаронида мешавад, ки Узбекистон дар баробари ҳамсояҳои... Читать дальше...

Қирғизҳои Чин аз президент Ҷеенбеков кумак хостанд

Ozodi.org 

Пайвандони қирғизтаборони Чин бо ирсоли як муроҷиатнома аз президенти Қирғизистон Сооронбой Ҷеенбеков барои раҳоии наздиконашон аз марказҳои ба истилоҳ "бозомӯзии сиёсӣ" дархости кумак карданд. Муаллифони хитоба гуфтаанд, мақомоти Чин қирғизтаборонро бидуни асос боздошт карда, дар "марказҳои бозомӯзии сиёсӣ" нигаҳ медоранд. Бино ба омори расмӣ, дар минтақаи худмухтори Қизилсӯи Чин ҳудуди 160 ҳазор қирғиз зиндагӣ мекунад. Пештар қирғизтабороне, ки аз Чин ба Қирғизистон фирор карда буданд, гуфтанд... Читать дальше...

Иззатулло Шарифзода: "Ман ҷавон ва пурэнержӣ ҳастам"

Ozodi.org 

Иззатулло Шарифзода, роҳбари барканоршудаи зиндонҳои Тоҷикистон гуфт, феълан дар бораи фаъолияти минбаъдааш фикр дорад. Шарифзода охири ҳафтаи гузашта "ба далели бознишаста шудан", аз мақом барканор шуд.

Мунтахаби Тоҷикистон дар Тошканд аз Узбекистон 11 гол хӯрд

Ozodi.org 

Дастаи мунтахаби занонаи футболи Тоҷикистон дар мусобиқаи байналмилалӣ “CAFA Women’s Championship 2018”, ки онро Созмони футболи Осиёи Марказӣ дар шаҳри Тошканд доир намудааст, дар даври дуюм аз тими мизбон – Узбекистон - бо ҳисоби 0:11 шикаст хӯрд.

Ду бозии дӯстонаи мунтахаби ҷавонони футзали Тоҷикистон бо Афғонистон

Ozodi.org 

Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон оид ба футзал, ки аз ҳисоби бозигарони то 20-сола таркиб ёфтааст, дар доираи омодагӣ ба мусобиқаи интихобии қаҳрамонии Осиё-2019 бо тими ҷавонони Афғонистон ду бозии дӯстона анҷом медиҳад.

Узбекистон гуфт, размоиши низомияш зидди ҳамсояҳо нест

Ozodi.org 

Узбекистон бо ирсоли як нота ё худ ёддошт Қирғизистонро огаҳ кардааст, ки омодагии ҷангии артиши худро хоҳад санҷид. Дар Вазорати умури хориҷии Қирғизистон гуфтанд, ки нотаи ҳамтоёни узбеки худро 25 ноябр дарёфт карданд. Дар ёддошт омадааст, Тошканд 26 ноябр тамрини низомиеро баргузор хоҳад кард, ки ҳадафи он баҳо додан ба омодагии ҷангии нирӯҳои мусаллаҳи Узбекистон аст. Муаллифони нота гуфтаанд, размоиш дар асоси уҳдадориҳое гузаронида хоҳад шуд, ки Узбекистон дар робита ба ҳамсояҳои худ бар... Читать дальше...

Тирандозии нерӯҳои Русия ба киштиҳои Украина. Нишасти изтирорӣ дар Киев

Ozodi.org 

Нерӯҳои артиши Русия ба се киштии Украина дар наздикии соҳили нимҷазираи Қрим дар Баҳри Сиёҳ, тирандозӣ кардаанд. Вакилони порлумони Украина ҷамъ меоянд то дар мавриди эълони "ҳукумати низомӣ", тасмим бигиранд.

Тирандозии нерӯҳои Русия ба киштиҳои Украина. Нишасти изтирорӣ дар Киев. ВИДЕО

Ozodi.org 

Нерӯҳои артиши Русия ба се киштии Украина дар наздикии соҳили нимҷазираи Қрим дар Баҳри Сиёҳ, тирандозӣ кардаанд. Вакилони порлумони Украина ҷамъ меоянд то дар мавриди эълони "ҳолати низомӣ", тасмим бигиранд.


Спорт в России и мире

Новости спорта


Новости тенниса
Уимблдон

Россиянка Эрика Андреева вышла в финал квалификации Уимблдона






Финские власти упростят процесс изъятия недвижимости

Форум по обмену опытом между директорами парков провели в Истре

Григорий Лепс установил личный рекорд в ходьбе, преодолев 62 километра

В Подмосковье на торги выставлены помещения под коммерцию