Мы в Telegram
Добавить новость
ru24.net
World News in Tajik
Май
2020

Новости за 19.05.2020

Туркманистон 58 шаҳрванди Афғонистонро аз зиндон озод кард

Ozodi.org 

Ҳудуди 60 маҳбуси афғон баъди озод шудан аз зиндонҳои Туркманистон тавассути бандари Акина ба ватан баргаштанд. Раиси вилояти Ҷузҷони Афғонистон Абдулқодир Молия, ки барои қабули маҳбусон дар бандар қарор дошт, ба бахши афғонии Радиои Озодӣ гуфт, 58 шаҳрванди ин кишвар аз зиндонҳои Туркманистон озод шуда, ба ватан баргаштанд. Ба гуфтаи ӯ, бештари ин афғонистонҳо бо айби қочоқи маводи мухаддир дар Туркманистон зиндонӣ шуда буданд. Бар асоси қонуни афве, ки рӯзи 15-уми май дар Туркманистон ба иҷро даромад... Читать дальше...

Ҳаҷми кӯмаки молӣ ба донишҷӯёни узбекистонии Русия ду баробар кам шуд

Ozodi.org 

Сафорати Узбекистон дар Маскав ва консулгариҳои Узбекистон дар саросари Русия дар гузашта эълом карда буданд, ки сар аз рӯзи 14-уми май ба узбекистониҳои ниёзманди дар Русия қарор дошта кӯмаки якдафъаинаи молӣ мерасонанд. Ҳаҷми кӯмаки якдафъаина дар ибтидо 12 130 рубл - муодили 167 доллари ИМА эълом шуда буд. Аммо ҳафтаи гузашта хабар расид, ки ҳаҷми кӯмаки молӣ барои донишҷӯёни узбекистонӣ, ки дар Русия қарор доранд, ду баробар камтар аз маблағи эъломшуда будааст. Дар наворе, ки дар шабакаҳо нашр шуд... Читать дальше...

Ҷангҷӯи қазоқистониеро дар Австрия 12 сол зиндонӣ карданд

Ozodi.org 

Магомед Арчаков, қазоқистоние, ки дар Сурия ҷангида аст, бо айби содир кардани ҷиноятҳои марбут ба терроризм дар Австрия 12 сол зиндонӣ шуд. Мақомоти Қазоқистон дархости истирдоди ӯро карданд, аммо ҷавоби рад гирифтанд. Магомед Арчаков ним сол аст, ки адои ҷазо мекунад. Вай ҳанӯз дар моҳи июни соли 2019 ба додгоҳ кашида шуда буд. Арчаков то пайвастанаш ба сафи ҷангҷӯҳо дар Темиртауи Қазоқистон истиқомат мекард. Сокинони Темиртау аз ӯ ба унвони "ҷавони одӣ" ёд мекунанд. Дар мурофиаи додгоҳӣ гуфта шуд... Читать дальше...

Конфронси СҶТ бахшида ба мубориза бо коронавирус оғоз шуд

Ozodi.org 

Ҷаласаи дурӯзаи сохторҳои раҳбарикунандаи Созмони ҷаҳонии тандурустӣ дар шакли видеоӣ, ки дар он вазъи марбут ба ҳамагир шудани коронавирус баррасӣ мешавад, оғоз шуд. Коршиносони байналмилалӣ аз ҳукумати тамоми кишварҳо даъват карданд, ки тавсияҳои СММ-ро барои пешгирии вирус риоя кунанд. Бино ба иттилои расмӣ, дар саросари ҷаҳон то имрӯз 4 миллиону 730 нафар ба вирус мубтало шуда, беш аз 315 ҳазор кас аз он ҷон бохтаанд. Иттиҳоди Аврупо ва Австралия даъват доранд, ки манбаи пайдоиш ва ҳамагир шудани коронавирус мушикофона таҳқиқ шавад. Читать дальше...

Панҷ шаҳрванди Қирғизистон аз Эрон ба Бишкек баргаштанд

Ozodi.org 

Панҷ шаҳрванди Қирғизистон аз шаҳри Машҳади Эрон ба Бишкек баргаштанд. Онҳоро ҳавопаймои чартерии ҳомили кумакҳои башарӣ ба Бишкек овард. Маросими қабули кумакҳои башарии ҷониби Эрон иборат аз ниқобҳо, дастпӯшҳо, хилъатҳои муҳофизатӣ, айнакҳо, доруҳо дар фурудгоҳи "Манас"-и Бишкек сурат гирифт. Дар бораи баргардонии панҷ шаҳрванди Қирғизистон аз Эрон иттилои муфассал дода нашудааст. Дар Қирғизистон то санаи 18-уми май 1216 ҳолати гирифторӣ ба вируси корона сабт шудааст. Шумори фавтидагон аз ин вирус ба 14 тан расидааст.

Фарҳоди Дарё: Ин ғам гузаштанист, мотам гузаштанист. ВИДЕО

Ozodi.org 

Фарҳоди Дарё, овозхони маъруфи афғон, муаллифи таронаи нахустин дар бораи коронавируси нав ба забони порсӣ аст. Вай ин таронаро охири моҳи март, дар ҳоле ки мисли сокинони дигари Амрико хонанишинӣ мекард, эҷод намуд.

Фарҳоди Дарё: Дилтанги Тоҷикистони меҳрубон ҳастам

Ozodi.org 

Фарҳоди Дарё, овозхони маъруфи афғон, муаллифи таронаи нахустин дар бораи коронавируси нав ба забони порсӣ аст. Вай ин таронаро охири моҳи март, дар ҳоле ки мисли сокинони дигари Амрико хонанишинӣ мекард, суруд. Радиои Озодӣ аз ӯ дар хонанишинӣ ва орзуҳояш ба Тоҷикистонро пурсид.


Спорт в России и мире

Новости спорта


Новости тенниса
ATP

«Ну и где здесь «группа смерти?» ATP показала, каким был бы Евро-2024 с теннисистами






"Рен ТВ": в Москве 10 человек попали в реанимацию с ботулизмом

Концерты в рамках проекта «Музыка на крыше» пройдут на ВДНХ в июне

Подъезды и лавки отремонтировали в 11 округах Подмосковья с 10 по 14 июня

Собянин рассказал о новом вольере для снежных барсов в Московском зоопарке