Мы в Telegram
Добавить новость
ru24.net
World News in Tajik
Ноябрь
2020

Новости за 02.11.2020

Ҳуқуқшиносон: Танқиди президентро набояд ҳамчун таҳқир пазируфт

Ozodi.org 

Баъзе аз корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ нисбати рақиб ё шахси нофорами худ ҳама гуна дашному таҳқирро раво мебинанд. Гоҳе чунин бархӯрд бо шахси аввали давлат, президенти Тоҷикистон низ рӯй медиҳад, ки ҷиноят ба шумор меравад.

Гурӯҳи 150-нафарии муҳоҷирони тоҷик аз Қазоқистон ба Тоҷикистон расиданд

Ozodi.org 

Гурӯҳи 150-нафараи муҳоҷирони тоҷик шоми 1-уми ноябр аз Қазоқистон ба Тоҷикистон интиқол дода шуданд. Ба иттилои Созмони байналмилалии муҳоҷират дар Қазоқистон, ин қишри муҳоҷирон бахусус осебпазир ва эҳтиёҷманд ба ёрӣ мебошанд, чун бо сабаби пандемия ва баста шудани марзҳо дар ҳолати сангини иҷтимоиву маишӣ қарор гирифтаанд. Дар изҳороти расмии созмон рӯзи 2-юми ноябр омадааст, ки  барои интиқоли ин гурӯҳи муҳоҷирон сохторҳои Созмони байналмилалии муҳоҷират дар Қазоқистон, Узбекистон ва Тоҷикистон... Читать дальше...

Модаре, ки "нони оҳанин" мехӯрд, соҳиби хонаи хусусӣ шуд

Ozodi.org 

Як филми кӯтоҳи Радиои Озодӣ боис шуд, ки гуруҳи хайрхоҳон дар Тоҷикистон пул ҷамъ оварда, ба Маҳбуба Ғаниева як модари танҳо дар шаҳри Кӯлоб туҳфа карданд. Ғаниева пас аз фавти шавҳар бо ду духтари ноболиғаш иҷоранишин буд ва аз роҳи ҷамъоварии оҳанпора ризқи худу духтаронашро пайдо мекард.

Пас аз худкушӣ дар фурудгоҳ. Шерафган ба қаллобӣ гумонбар мешавад

Ozodi.org 

Додситонии нақлиёти Тоҷикистон дар пайи таҳқиқи марги Шерафган Хоҷақулов, корманди Бахши амнияти фурудгоҳ, ки рӯзи 26-уми октябр хабари худкушиаш нашр шуд, нисбат ба се нафар, аз ҷумла худи Шерафган, бо ҷурми қаллобӣ парвандаи ҷиноятӣ боз кардааст.

Дар ҳамла ба донишгоҳи Кобул 19 кас ҷон дод

Ozodi.org 

Дар ҳамлаи силоҳбадастон ба донишгоҳи Кобул, ки мизбони як намоишгоҳи китоби Афғонистону Эрон буд, 19 нафар кушта шуд. Забеҳулло Муҷоҳид, сухангӯи Толибон даст доштани ин гурӯҳ дар ҳамларо рад кардааст. То ҳол ҳеҷ гурӯҳ масъулияти ҳамлаи рӯзи 2-юми ноябрро ба дӯш нагирифтааст. Тариқ Ориён, сухангӯи вазорати умури дохилии Афғонистон гуфт, ки афроди мусаллаҳ вориди бинои донишгоҳ шуда оташ кушоданд ва дар рӯёрӯиҳои чандинсоата дасти кам 19 нафар куштаву 22 тан захмӣ шуданд. Ба иттилои Ориён, дар оташи ҷавобӣ се ҳамлагар кушта шуд. Читать дальше...

Собиқ раҳбари як гурӯҳи ҷудоиталаб "боздошт" ва ба Эрон интиқол дода шуд

Ozodi.org 

Раҳбари собиқи гурӯҳи ҷудоиталаби Ҷунбиши муборизаи арабӣ барои озодии Аҳвоз (ASMLA) таҳти шароити номаълум боздошт ва ба Эрон интиқол дода шуд. Ин гурӯҳ, ки ҳамчунин як бахши низомӣ ҳам дорад, аз ҷониби мақомоти Эрон дар ташкили ҳамлаи террористии соли 2018 ба як паради низомие дар шаҳри ҷанубуғарбии Аҳвоз гунаҳгор шудааст. Дар ин ҳодиса 25 нафар ҷони худро аз даст доданд. Ҳадафи ин созмон истиқлолталабӣ барои вилояти Хузистон аст, ки аксаран аз арабтаборҳо иборат буда, макони истеҳсоли нафт ба шумор меравад. Читать дальше...



Манобеъ: "Маҳбусони парвандаҳои пурсарусадо шомили афв нашуданд"

Ozodi.org 

Манобеи Радиои Озодӣ гуфтанд, миёни 378 маҳбусе, ки бо фармони Эмомалӣ Раҳмон авф шуданд, номи маҳбусоне шомил нашуд, ки ба гуфтаи пайвандонашон "бо ангезаҳои сиёсӣ" дар зиндон ҳастанд. Созмонҳои байналмилалии ҳомии ҳуқуқ борҳо аз Тоҷикистон талаб кардаанд, ки Бузургмеҳр Ёров, Зайд Саидов ва аъзои боздошшудаи Ҳизби мамнуи наҳзати исломиро озод кунад. Вале манобеи Радиои Озодӣ гуфтанд, номи ҳеч яке аз ин афрод дар рӯйхати афвшудаҳо шомил нашудааст, чун бисёри онҳо аз президент талаби бахшиш накардаанд. Читать дальше...

Маҳдудиятҳои нави давраи пандемия дар Аврупо ва омори ҳамоно баланд дар ИМА

Ozodi.org 

Олмон шурӯъ аз 2-юми ноябр қисман маҳдудиятҳои марбут ба коронавирусро шадидтар кард ва дар дигар кишварҳои аврупоӣ бо нигаронӣ аз болоравии омори олудашавиҳову марг бар асари вируси ҳамагир тадбирҳои нави маҳдудкунанда ҷорӣ мешаванд. Дар Аврупо шумори олудашудаҳо аз 10 миллион нафар гузаштааст. Дар ИМА сироятшиноси аршади ҳукуматӣ Энтони Фаучи рӯзҳои истироҳати гузашта гуфт, ки ИМА бояд ба зимистони бисёр сангин омода шавад. Дар мусоҳиба бо нашрияи бонуфузи Washington Post ӯ гуфт, “мо бояд ба дардҳои бештаре омода шавем”. Читать дальше...

Шаш маҷрӯҳ дар ҳамла ба донишгоҳи Кобул. Тирандозӣ идома дорад

Ozodi.org 

Донишгоҳи Кобул, ки рӯзи 2-юми ноябр мизбони як намоишгоҳи муштараки китоби Афғонистону Эрон буд, ҳадафи тирандозӣ қарор гирифт. Сухангӯи вазорати беҳдошти Афғонистон гуфт, ки дар ин ҳодиса шаш нафар маҷрӯҳ шуданд. Айни замон, ба иттилои Ториқ Ориён, сухангӯи  вазорати умури дохилии Афғонистон, тирандозӣ ҳоло ҳам идома дорад. Як омӯзгори ҳуқуқи сиёсии донишгоҳ, профессор Саидаҳмад Ротиб Музаффарӣ дар сӯҳбат бо Радиои Афғонистони Озод гуфт:  “Мо дар дохили синфхона будем. Ман дарс медодам ва ногаҳон садои тирандозӣ шунида шуд. Читать дальше...

Эдвард Сноуден дархости шаҳрвандии Русияро кард

Ozodi.org 

Корманди пешини Оҷонси миллии амнияти Амрико Эдвард Сноуден барои дарёфти шаҳрвандии Русия ариза пешниҳод кардааст. Дар ин бора худи ӯ дар шабакаи иҷтимоии "Твиттер" иттилоъ дод. "Баъди он ҳама солҳои тӯлонии ҷудоӣ аз волидон ман бо ҳамсарам тасмим гирифтем, ки аз писарамон ҷудо нашавем. Бинобар ин, дар авҷи пандемия ва баста будани марзҳо мо барои дарёфти душаҳрвандии Русия ва ИМА ариза пешниҳод мекунем",-навиштааст ӯ. Вале ба гуфтаи Сноуден, ӯ ва ҳамсараш "амрикоӣ" мемонанд ва фарзандашонро ҳам тибқи "ҳамаи арзишҳои амрикоие... Читать дальше...

Дар Бишкек тоҷирони "Дордой" даст ба тазоҳурот заданд

Ozodi.org 

Даҳҳо тоҷири бозори "Дордой"-и шаҳри Бишкеки Қирғизистон дар назди бинои ҳукумати ин кишвар даст ба тазоҳурот заданд. Онҳо боз шудани гузаргоҳи марзии "Торугарт" бо Чинро талаб доранд. Яке аз иштирокдорон Диана Жайчибекова мегӯяд, тоҷирон барои мавсими нав дигар мол надоранд ва молҳои фармоишшуда дар марз дармондаанд. Марзи Қирғизистону Чин аз моҳи феврали соли равон ба ин сӯ бастааст. Кормандони бозори "Дордой" чанд бор аст, аз мақомот боз кардани марз бо Чинро талаб мекунанд. Дар пайи паҳншавии коронавирус бештари кишварҳо... Читать дальше...

Палатаи конститутсионии Қирғизистон шикояти зидди КМИР-ро баррасӣ мекунад

Ozodi.org 

Палатаи конститутсионии Додгоҳи олии Қирғизистон гуфт, ки баррасии шикояти  ҳизби оппозитсионии “Реформа” ва ду шаҳрванди маҳаллиро шурӯъ мекунад, ки бо  қарори Комиссиюни марказии интихоботҳои  Қирғизистон дар бораи рӯзи 20-уми декабр баргузор кардани интихоботи парлумонӣ розӣ нестанд.  Ҳафтаи гузашта айни чунин як шикояти ҳизби дигар бо далелҳои фаннӣ рад шуд. Таҳаввулот дар ҳолест, ки баъди бекор шудани натиҷаҳои интихоботи парлумонии 4-уми октябр ва истеъфои президент Сооронбой Ҷеенбеков дар ҷомеа аз як ҳолати номуайянӣ эҷод шудааст. Читать дальше...

Нашри навори фасодкории пизишкон дар Фарғона ҷанҷолбарангез шуд

Ozodi.org 

Дилмуродҷон Солиев, раиси ноҳияи Фурқати вилояти Фарғонаи Узбекистон талаб кард, ки пизишкони таваллудхонаи ноҳия аз кор ронда шаванд. Ин талаби раиси ноҳия баъди он садо дод, ки дар шабакаҳои иҷтимоӣ навори ҷанҷоли пизишкони таваллудхона нашр шуд. Пизишкон натавонистанд, подошеро тақсим кунанд, ки барои таваллуди кӯдаке дарёфт карда буданд. Дар навор дида мешавад, раиси ноҳияи Фурқат Дилмуродҷон Солиев рӯзи 29 октябр ба таваллудхона рафта, аз пизишкон талаби берун баромаданро дорад. "Бевиҷдонҳое, ки подошро наметавонед тақсим кунед. Читать дальше...

Даргузашти Бахталӣ Сабзалиев, ҳунарпешаи театру синамои тоҷик

Ozodi.org 

Ҳунарпешаи театру кинои тоҷик Бахталӣ Сабзалиев дар Душанбе дар 87-солагӣ даргузашт. Маҳина Сабзалиева, духтари ҳунарпеша   ба Радиои Озодӣ гуфт, ки падараш рӯзи 16-уми октябр дар ҳалқаи хонавода, аз ҷумла ҳамсараш  овозхони маъруф Нуқра Раҳматова даргузашт. Бахталӣ Сабзалиев, зодаи ноҳияи Рӯшон, хатмкардаи Донишгоҳи театрии ба номи М.Шепкини Маскав (соли 1958)  қариб тамоми умр дар театри академию драмавии ба номи Лоҳутӣ кор кардааст. Шералӣ Абулқайсов, ҳунарпешаи шинохтаи тоҷик дар ёдоварӣ аз корномаи ин ҳунарпеша мегӯяд... Читать дальше...

Интихоботи Амрико. Ҳосили рақобатҳои Трамп ва Байденро дар инҷо бинед

Ozodi.org 

Амрикоиҳо рӯзи 3-юми ноябр президенти 46-уми Иёлоти Муттаҳидаро интихоб мекунанд. Онҳо номзадро мустақим интихоб намекунанд, балки тавассути як ниҳоде овоз медиҳанд, ки дар ҳар як аёлат мувофиқи шумораи аҳолиаш таъсис шудааст. Барои пирӯзии номзад аз миёни 538 овози ҳайати интихоботӣ ба даст овардани 270 раъй кофӣ аст. Доналд Трамп номзади Ҳизби Ҷумҳурихоҳ ва Ҷо Байден номзади Ҳизби Демократ аст.

Дар талоши ҷалби шаҳрвандони раъяшон номуайян. Охирин муборизаҳои Трампу Байден

Ozodi.org 

Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Амрико ва Ҷо Байден, рақибаш аз Ҳизби демократ охирин маъракаҳои таблиғотиашонро дар иёлате, ки барояшон муҳим аст, баргузор мекунанд. То кунун бештар аз 90 миллион нафар аз амрикоиҳо раъйи худро ба тарафдории яке аз ин ду номзад додаанд, ки дар интихоботи рӯзи 3-уми ноябр ширкат мекунанд. Трамп ва Байден саъй доранд, дили онҳоеро ба даст оранд, ки ҳанӯз намедонанд, ба кӣ раъй бидиҳанд ва ба ширкат дар интихобот ташвиқ кунанд. Бино ба назарсанҷиҳо, Ҷо Байден аз назари... Читать дальше...

Новости России
Москва

Олимпийский чемпион Роман Костомаров поздравил победителей номинации «Экскурсия без границ» программы «Лига Экскурсоводов»


Тирандозӣ дар донишгоҳи Кобул. Полис муассисаро иҳота кардааст

Ozodi.org 

Мақомот дар Афғонистон гуфтанд, ки дар паи тирпаронии субҳи 2-юми ноябр дар донишгоҳи Кобул ходимони амниятӣ муассисаи таълимиро иҳота кардаанд. Ториқ Ориён, сухангӯи вазорати умури дохилии Афғонистон гуфт, ки тирпаронӣ ҳоло ҳам идома дорад, вале феълан маълум нест, ки оё дар ин ҳодиса касе осеб дид ё на. Забеҳулло Муҷоҳид, сухангӯи Толибон даст доштани ин гурӯҳи шӯриширо дар ҳамлаи имрӯза  рад кард. Ҳомид Убайдӣ, сухангӯи вазорати таълимоти олии Афғонистон гуфт, ки донишҷӯён аз дохили бино берун бурда шуданд... Читать дальше...

Роналду пас аз шифо ёфтан аз CODID-19 ду гол зад

Ozodi.org 

Ҳамлагари бошгоҳи «Ювентус»-и Турини Италия ва мунтахаби Португалия Криштиану Роналду, ки аз коронавирус шифо ёфт,  дар бозии навбатии даври шашуми қаҳрамонии футболи Италия муқобили “Ла Спетсия” иштирок карда, ду гол зад. Ин бозӣ, ки дар варзишгоҳи “Алберто Пикко”-и Спетсия баргузор шуд, бо пирӯзии меҳмонон – футболбозони “Ювентус” - бо ҳисоби 4:1 хотима ёфт. Дар ҳайати дастаи ғолиб Криштиану Роналду ду гол, Алваро Мората ва Андриен Рабйо якголӣ заданд. Голи ягонаи мизбононро Томмазо Побега ба самар расонд. Читать дальше...

Мақомоти Тоҷикистон андози бештар ҷамъоварӣ кардан мехоҳанд. Оё ин имконпазир аст?

Ozodi.org 

Ҳукумати Тоҷикистон буҷаи соли 2021-то тасдиқ кард. Қисмати даромади он назар ба соли 2020 беш аз 6% дар сад зиёдтар буда, мақомот бовар доранд, ки бо вуҷуди пандемияи COVID-19 ва пастравии нишондодҳои иқтисодӣ, нақшаи ҷамъоварии андоз ба буҷа иҷро хоҳад шуд.

Ҳукумати нави Тоҷикистон. Чеҳраҳои нав меоянд ё куҳнаҳо ҷой иваз мекунанд?

Ozodi.org 

Дар Тоҷикистон ҳукумат нав мешавад, вале ҳадафҳои асосии он то куҷо нав хоҳанд буд? Оё бо ҳайати ҳозира барномаҳои давраи нави раёсати Эмомалӣ Раҳмон иҷро шуда метавонанд? Бо нахустин фармонаш, пас савганди президентӣ Эмомалӣ Раҳмон 30 октябр ҳукуматро бараканор кард, вале то ташкили ҳайати нав, он ба иҷрои вазифаҳояш идома медиҳад. Ин тартиб бар асоси моддаи 74-и Қонуни асосии Тоҷикистон ва моддаи 9 қонуни конститутсионии Тоҷикистон "Дар бораи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон" сурат гирифт. Бар пояи онҳо... Читать дальше...

Белорус гузаргоҳҳои марзиашро қисман ба рӯи ҳамсояҳо баст

Ozodi.org 

Белорус сар аз 1-уми ноябр марзҳои худро қисман бо кишварҳои ҳамсояаш баст. Бисёриҳо бар ин назаранд, ки бастани марз ангезаи сиёсӣ дорад. Кумитаи марзбонии Белорус гуфт, ки бо ҳадафи пешгирӣ аз сирояти шаҳрвандон аз коронавирус, марз баста шуд. Бастани марз дар ҳолест, ки Александр Лукашенко, президенти Белорус талош дорад, роҳи эътирози тақрибан семоҳаи сокинон дар ин кишварро бигирад. Дар интихоботи президентии рӯзи 9-уми август Лукашенкоро пирӯз эълон карданд. Мухолифон натиҷаи интихоботро қабул надоранд ва мегӯянд... Читать дальше...

Дар Бишкек зидди президенти Фаронса эътироз карданд

Ozodi.org 

Дар шаҳри Бишкеки Қирғизистон рӯзи 1 ноябр наздики 500 нафар гирди ҳам омада, зидди президенти Фаронса Эммануэл Макрон эътироз карданд. Онҳо талаб карданд, ки кашидани тасвирҳои танзомези пайғамбар Муҳаммад (с) ва даъватҳои зиддиисломӣ бас шаванд. Абдулҳамид Таштанов, фаъоли ҷамъиятӣ ва яке аз ташкилкунандагони гирдиҳамоӣ аз роҳбари Фаронса даъват кард, ки аз мусалмонон узрхоҳӣ кунад. Чунин гирдиҳамоӣ рӯзи 30 октябр дар шаҳри Ӯши Қирғизистон ҳам баргузор шуд. Эммануэл Макрон, президенти Фаронса... Читать дальше...


Спорт в России и мире

Новости спорта


Новости тенниса
WTA

Потапова проиграла на старте турнира WTA-500 в Страсбурге






В Москве на ВДНХ состоялось открытие "сердечного" цветника Пензенской области

Свыше 600 навалов мусора устранили в Подмосковье за неделю

Казанскую икону Божией Матери встретили нижегородские православные

Сезон отчетных концертов открылся в Лобне