Мы в Telegram
Добавить новость
ru24.net
World News in Tajik
Ноябрь
2020

Новости за 29.11.2020

“Ба Додгоҳи олӣ ариза менависам”. Наздикони Бузургмеҳр Ёров пас аз як соли маҳдудият бо ӯ дар зиндон мулоқот карданд

Ozodi.org 

Бузургмеҳр Ёров, вакили зиндонии тоҷик дар мулоқот бо хоҳар ва ҳамсараш гуфтааст, ки барои бозбинии дубораи парвандааш ба Додгоҳи олии Тоҷикистон ариза менависад.

Беш аз 300 эътирозгарро дар Беларус боздошт кардаанд

Ozodi.org 

Рӯзи 29-уми ноябр пулиси Беларус зиёда аз 300 ширкаткунандаи намоиш ва раҳпаймоиҳои зидди ҳукумати Александр Лукашенкоро боздошт кардааст. Аксари боздоштҳо дар Минск ба амал омада, ҳамчунин шуморе аз норозиён дар Брест, Ҳродно ва шаҳрҳои дигар дастгир гаштаанд. Теъдоди умумии тазоҳуркунандагон эълон нашудааст. Наздики чор моҳ боз ҳазорон сокини Беларус бо даъвати барканории Александр Лукашенко, президенти ин кишвар, эътироз мекунанд. Эътироз пас аз 9-уми августи соли равон оғоз шуд, ки мақомот... Читать дальше...

“Баҳовуддин дар артиш аз гап задан монд”. Наздиконаш мегӯянд, дар гулӯяш оби ҷӯш рехтаанд. Мақомот рад мекунад

Ozodi.org 

Волидайни як сарбоз дар Тоҷикистон мегӯянд, пас аз ним моҳи даъват ба артиш фарзандашон “аз гап задан мондааст” ва дар ҳолати вазнин ӯро дар Беморхонаи бемориҳои рӯҳии ноҳияи Рӯдакӣ бистарӣ кардаанд.

Даҳҳо корманди амниятӣ дар Афғонистон дар як ҳамлаи маргталабона кушта шудаанд

Ozodi.org 

Мақомоти Афғонистон мегӯянд, дар як ҳамлаи маргталабона дар вилояти Ғазнӣ 30 корманди амниятӣ ҳалок шудааст. Ҳамларо нафаре анҷом додааст, ки савори мошини пур аз маводи тарканда будааст. Дар ҳамлаи дигаре, ки рӯзи 29-уми ноябр дар назди қисми низомӣ дар ин вилоят рӯх додааст, 24 нафар захмӣ гаштааст. Ҳанӯз масъулияти ҳамларо ҳеҷ гуруҳе бар душ нагирифтааст. Вилояти Ғазнии Афғонистон, яке аз минтақаҳои ноамнӣ ин кишвар аст. Дар ин ҷо миёни нерӯҳои ҳукумати Афғонистон ва гуруҳи Толибон задухӯрди шадид давом дорад. Читать дальше...

Узбекистон шаҳрвандонашро аз Сурия бармегардонад

Ozodi.org 

Мақомоти Узбекистон гуфтаанд, ки нақша доранд, гуруҳи дигаре аз шаҳрвандони кишварро аз паноҳгоҳҳои Сурия ба ватан баргардонанд. Дар паноҳгоҳҳои Сурия бештар аз ҳазорон зану кӯдаки ҷангҷӯёни гурӯҳи тундрави ДОИШ нигаҳдорӣ мешаванд. Аксари онҳо пас аз шикасти ДОИШ дар соли 2018 ба паноҳгоҳҳо интиқол ёфтаанд. Як мақомдори узбек бе зикри номаш ба хабаргузории Ройтерз гуфтааст, ки намояндаҳои Узбекистон ба он қисмати Сурия, ки зери назари курдҳо қарор дорад, сафар кардаанд ва барои баргардонидани наздики 100 зану кӯдак суҳбат кардаанд. Читать дальше...

Дар Русия 1,1 миллион нафарро барои нақзи қоидаҳои марбут ба коронавирус ҷарима кардаанд

Ozodi.org 

Беш аз як миллион нафарро дар Русия барои риоя накардани қоидаҳои беҳдоштӣ дар замони пандемияи коронавирус ҷарима кардаанд. Вазорати корҳои дохилии Русия ба хабаргузории ТАСС гуфтааст, ки 1, 1 миллион нафаре, ки ҷарима шудаанд, қоидаҳои муқарраршудаи беҳдоштиро риоя накардаанд. Ба гуфтаи мақомот, 976 ҳазор нафар барои риоя накардани карантин ҷарима шудаанд. Барои риоя накардани низоми ҳолати фавқулода дар Русия 1000 рубл, наздики 13 доллари амрикоӣ ҷарима пешбинӣ шудааст. Дар Русия 2,2 миллион... Читать дальше...

Раҳбари олии Эрон Исроил ва Амрикоро дар қатли донишманди ҳастаӣ айбдор кард

Ozodi.org 

Оятуллоҳ Алии Хоманаӣ, раҳбари олии Эрон гуфт, ки барои қатли донишманди ҳастаӣ интиқом мегиранд. Муҳсин Фахризода, донишманди ҳастаии Эрон, рӯзи 27-уми ноябр дар ҳамлае дар наздикии Теҳрон кушта шуд.  Ин ҳодиса нигарониҳо дар бораи танишҳои нав миёни Эрон ва Исроилу Амрикоро ба миён овардааст. Раҳбарии олии Эрон рӯзи 28-уми ноябр дар вебсайти худ ба “пайгирии ин ҷиноят ва ҳатман муҷозот кардани ҷинояткорон” даъват кард. Ӯ гуфт, ки кори Муҳсин Фахризода идома хоҳад ёфт. Ҳасани Рӯҳонӣ, президенти... Читать дальше...



Тоҷикистон дар рейтинги FIFA як зина боло рафт

Sputnik Тоҷикистон (sport) 

Созмони ҷаҳонии футбол (FIFA) рейтинги нави дастаҳои аъзояшро нашр кард, ки дар он дастаи мунтахаби футболи Тоҷикистон аз мавқеи 122-юм як зина боло рафта, дар ҷойи 121-ум қарор гирифтааст

Натиҷаи баҳсбарангез: муҳорибаи Майк Тайсон ва Рой Джонс бидуни ғолиб анҷом ёфт

Sputnik Тоҷикистон (sport) 

Дар Лос-Анҷелес муҳорибаи миёни ду муштзани машҳури ҷаҳон анҷом ёфт. Майк Тайсон ба рақиби ҷавонтараш тавоноии худро пурра нишон дод, аммо ҳайати доварон эълон карданд, ки муҳориба бидуни ғолиб анҷом ёфт

"Агар муҳоҷирон набошанд, ҳоли мо чӣ мешавад?"

Ozodi.org 

Шикояти як ронандаи таксӣ дар Душанбе баҳсҳоро дар бораи ҷаримаҳои ҳангуфт ва набудани ҷойҳои корӣ дар Тоҷикистон доғ кард. Муроҷиати видеоии Абдусаттор Пирмуҳаммадзода, ки қаблан ҳамчун рӯзноманигор фаъолият дошт, ду ҳафта пеш дар шабакаҳои иҷтимоӣ нашр шуд.


Спорт в России и мире

Новости спорта


Новости тенниса
Вера Звонарёва

Звонарёва проиграла американке Крюгер в квалификации турнира в Страсбурге






Российско-китайские деловые встречи прошли в Доме Нижегородской области в столице

Премьер Финляндии Орпо призвал ЕС к общему решению по потку мигрантов из РФ

Мария Багреева: почти на 14% вырос оборот сферы услуг в 1 квартале 2024 г.

Стало известно об экстренной госпитализации звезды «Бриллиантовой руки» Светланы Светличной