Мы в Telegram
Добавить новость
ru24.net
World News in Tajik
Ноябрь
2020

Новости за 22.11.2020

Кишварҳои аврупоӣ пеш аз Соли Нав бархе маҳдудиятҳоро лағв мекунанд

Ozodi.org 

Кишварҳои аврупоӣ зоҳиран ба коҳиши маҳдудиятҳо, ки аз нимаи фасли тирамоҳ ҷорӣ шудааст, омодагӣ мегиранд. Иқтисод ва тиҷорати хурд пас аз маҳдудиятҳо зиён дидааст ва идомаи он метавонад зарарро бештар кунад. Эмануэл Макрон, президенти Фаронса ҳафтаи оянда суханронӣ хоҳад кард ва эҳтимол аз сабуктар кардани маҳудиятҳои ҷоришуда хабар диҳад, ки аз 30-юми октябр ҷорӣ шудааст. Эҳтимол аз нав мағозаҳои басташуд, мисли маконҳои фуруши либосу бозича боз шаванд. Жан Кстек, сарвазири Фаронса рӯзи 21-уми ноябр гуфт... Читать дальше...

Чойхонаи тоҷикӣ дар Амрико мероси таърихӣ эътироф шуд. ВИДЕО

Ozodi.org 

Шӯрои шаҳри Боулдэри ИМА дар як овоздиҳӣ бо раъйи оро қароре қабул кард, ки қисматҳои берунаву дохилии "Чойхонаи Боулдэр-Душанбе"-ро таҳти ҳимоят қарор дода, ин тарабхонаро ба унвони як муассисаи таърихӣ эътироф мекунад.

Адвокати тоҷик дар Русия ба КОВИД-19 сироят ёфтааст

Ozodi.org 

Шуҳрат Қудратов, адвокати шинохтаи тоҷик бо нишонаҳои сироят ба КОВИД-19 дар як беморхонаи Маскав бистарӣ шудааст. Ин адвокати шинохта, ки наздики чор сол дар Тоҷикистон зиндонӣ буд, пас аз озодӣ барои кор ба Русия рафт. Дар як тамоси катбӣ ӯ ба Радиои Озодӣ навишт, ки ҳафтаи гузашта баъди танг шудани нафаскашиаш ва то 40 дараҷа боло рафтани ҳарорати баданаш кормандони тиб ӯро ба беморхона интиқол додаанд. Ӯ гуфт, ки пас аз муоинаи пизишкон андаке саломатиаш беҳ шудааст. “Рузи 6 уми ноябр табам  баланд шуд ва нафаскашиам мушкил гардид. Читать дальше...

Раҳбарони Арманистон ва Озарбойҷон аз нақши Русия дар мавриди Қарабоғ гуфтаанд

Ozodi.org 

Дафтари матбуотии сарвазири Арманистон аз қавли Сергей Лавров, вазири корҳои хориҷии Русия гуфтааст, ки арманиҳо дар ҷанг “ҳамеша дастгирии Русияро эҳсос мекарданд”. Ба гуфтаи манбаъ, ин ҳарфро Лавров замони сафар ба Арманистон гуфтааст. Сергей Лавров, вазири корҳои хориҷӣ ва Сергей Шойгу, вазири дифои Русия, бо Никол Пашинян, сарвазири Арманистон рӯзи 21-уми ноябр мулоқот кардаанд. Никол Пашиниян пас аз имзои созиши оташбас дар мавриди Қаробоғи Кӯҳи зери фишори мухолифон қарор дорад. Мақомҳои... Читать дальше...

Соҳиби аспҳои гаронарзиш дар Суғд аз доир нашудани бузкашӣ нигарон аст

Ozodi.org 

Таъсири пандемияи нав ба ҳаёти одамон ва шуғли онҳо амиқтар мешавад. Бо сабаби бештар шудани доманаи коронавирус мусобиқаҳои бузкашӣ, ки маъмулан дар тирамоҳ шурӯъ мешуданд, доир намешаванд.

На аспдавонӣ, на бузкашӣ. Соҳиби аспҳои гаронарзиш дар Суғд нигарон аст. ВИДЕО

Ozodi.org 

Таъсири пандемияи нав ба ҳаёти одамон ва шуғли онҳо амиқтар мешавад. Бо сабаби бештар паҳн шудани коронавирус мусобиқаҳои бузкашӣ, ки маъмулан дар тирамоҳ шурӯъ мешуданд, доир намешаванд.



Помпео аз Толибон даъват кард, ки оташбаси доимӣ кунанд

Ozodi.org 

Майк Помпео, вазири корҳои хориҷии Амрико аз раҳбарони Толибон даъват кардааст, ки дар бораи поён додани ҷанг ва оташбаси доимӣ дар Афғонистон музокира кунанд. Ин мақомдори амрикоӣ рӯзи 21-уми ноябр ба Қатар сафар карда буд. Сухангӯи Вазорати корҳои хориҷии Амрико дар як изҳорот гуфт, ки Помпео бо Мулло Абдулғанӣ Бародар, муовини раҳбари Толибон ва дигар аъзои гуруҳи музокиротӣ мулоқот карда, ба коҳиши хушунат даъват кард. Ба гуфтаи сухангӯ, Помпео даъват кардааст, ки зудтар ба хушунатҳо поён дода шавад. Читать дальше...

Даъвои ситоди интихоботии Трампро "беасос" номиданд

Ozodi.org 

Додгоҳи федеролии Пенсилвания даъвои Ситоди интихоботии Доналд Трампро барои бекор кардани натиҷаи интихобот рад кард. Мэтю Бранн, як додрас дар Пенсилвания шикояти тақаллуб дар интихоботро "беасос ва тахминӣ" унвон кард. Дар қарори додгоҳ омадааст, ки ситоди Трамп дар ин бора ҳаққи такроран муроҷиат карданро надоранд. Қаблан, Ситоди Трамп иддао карда буд, ки ҳангоми овоздиҳӣ тариқи почта дар ин аёлат қонуншиканӣ шудааст. Онҳо гуфта буданд, ки 700 ҳазор варақаи овоздиҳӣ бояд бекор карда шаванд. Читать дальше...

Дар Бишкек аз тарҳи нави тағйири конститутсия эътироз карданд

Ozodi.org 

Садҳо нафар дар Бишкек, пойтахти Қирғизистон бо эътироз ба тарҳи нави лоиҳаи конститутсия, ки дар сурати қабул шудан озодиҳои шаҳрвандонро дар ин кишвари Осиёи Марказӣ маҳдуд хоҳад кард, ба хиёбон баромаданд. Пас аз эътирозҳо аз натиҷаи интихоботи 4-уми октябр имрӯз, 22-юми ноябр дубора сокинон дар хиёбон эътироз карданд. Эътирозҳо аз натиҷаи интихоботи порлумонӣ боис шуд, ки натиҷаҳои онро бекор карданд ва Содир Ҷабборов, ки дар зиндон қарор дошт, озод шуд ва сарвазири Қирғизистон шуд. Дар пайи... Читать дальше...

"Заҳмати зиёд, вале фоидаи андак дорад." Шикояти пахтакорони тоҷик. ВИДЕО, САДО

Ozodi.org 

Кишоварзони тоҷик мегӯянд, имсол аз майдонҳои пахта ҳосили хуб ба даст оварданд, аммо аз парвариши ин зироат, ки машаққати зиёд металабад, даромади ночиз мегиранд. Пахта яке аз ду маҳсулоти асосии содиротии Тоҷикистон ва манбаи даромади асъори нақди хориҷӣ аст.


Спорт в России и мире

Новости спорта


Новости тенниса
ATP

Немец Зверев выбил россиянина Медведева из топ-4 ATP






Мучается от боли. Новые факты о нападении афганца на студентку в Москве

Научно-практическая конференция для школьников прошла в Воскресенске

Статичные подлокотники в офисных креслах – утончённый дизайн, комфорт, практичность

В Москве произошла драка с участием 15 человек, двое в больнице