Мы в Telegram
Добавить новость
ru24.net
World News in Tajik
Ноябрь
2020

Новости за 14.11.2020

Сокинон мепурсанд, "сардӣ оғоз шуд, маҳдудияти барқ то кай идома мекунад?"

Ozodi.org 

Бо оғози сардиҳо дар Тоҷикистон шикояти мардум аз набудани барқ ва хонаҳои сарду торик низ зиёд шуд. Навбатдори ширкати "Барқи Тоҷик" гуфт, мумкин аст, "аз шурӯи ҳафтаи оянда камбуди барқ бартараф шавад".

RWB хост, қатли хабарнигори Радиои Озодиро мӯшикофона таҳқиқ кунанд

Ozodi.org 

Созмони Хабарнигорони Бидуни Марз (Reporters Without Borders) хост, ки қатли хабарнигори Радиои Озодиро дар Афғонистон одилона таҳқиқ кунанд. Илёс Дойии 33-сола рӯзи 12-уми ноябр дар вилояти Ҳилманд кушта шуд. Ҳукумати Афғонистон, Созмони Милали Муттаҳид ва дигарон ин ҳодисаро ҳамла ба озодии матбуот дар кишвари ҷангзада номиданд. Дойӣ дар натиҷаи таркиши бомбаи магнитӣ, ки дар мошинаш гузошта буданд, ҷон бохт. Ризо Муинӣ, раиси шуъбаи Эрон ва Афғонистони созмони Хабарнигорони Бидуни Марз дар изҳороте 14-уми ноябр гуфт... Читать дальше...

Помпео сафари ҳафтрӯзаашро ба Аврупо ва Ховари Миёна оғоз кард

Ozodi.org 

Майк Помпео, вазири корҳои хориҷии Амрико, сафари ҳафтрӯзаашро ба Аврупо ва Ховари Миёна оғоз кард. Помпео аз Фаронса, Туркия, Гурҷистон, Исроил, Қатар, Арабистони Саудӣ ва Имороти Муттаҳидаи Араб дидан мекунад. Ин сафарҳои Помпео дар ҳоле сурат мегиранд, ки худаш ва бисёре аз аъзои Ҳизби Ҷумҳурихоҳ шикасти раиси ҷумҳур Доналд Трампро дар баробари Ҷо Байден аз Ҳизби Демократ напазируфтаанд. Интихоботи раёсати ҷумҳурии Амрико рӯзи 3-юми ноябр баргузор шуд. Помпео сафарашро рӯзи ҷумъа бо дидор аз Париж оғоз кард.

Беморони қанд дар Тоҷикистон чӣ ҳол доранд?

Ozodi.org 

Дар як соли охир шумори расмии гирифторони бемории диабети қанд дар Тоҷикистон ду ҳазор нафар афзудааст. Мақомот мегӯянд, дар умум 48 ҳазор нафар аз бемории қанд ранҷ мекашанд. Ба бовари мутахассисон, теъдоди воқеии гирифторони ин беморӣ дар кишвар бамаротиб бештар аз омори расмӣ аст.



Дар Тоҷикистон мулоқот бо зиндониёнро бо як шарт иҷозат доданд

Ozodi.org 

Дар Тоҷикистон пас аз тақрибан ҳашт моҳ дигарбора ба сокинон иҷозат доданд, ки бо пайвандони зиндонияшон мулоқот кунанд. Аммо дидор бо маҳбусон танҳо баъд аз супоридани тест ё ташхиси коронавирус имконпазир будааст.

Содир Ҷабборов номзадияшро ба мансаби президент пешниҳод кард

Ozodi.org 

Содир Ҷабборов, сарвазир ва иҷрокунандаи вазифаи президенти Қирғизистон, барои иштирок дар интихоботи раёсати ҷумҳури ин кишвар номзадияшро пешниҳод кард. Интихобот 10-уми январи соли 2021 баргузор мешавад. Кумисюни марказии интихоботи Қирғизистон гуфт, Ҷабборов санадҳояшро 14-уми ноябр супурд. Вай номзади мустақил аст. Бино ба Қонуни асосии Қирғизистон, президент ва ё иҷрокунандаи вазифаи президент ҳақ надорад дар ин маъракаи сиёсӣ иштирок кунад. Содир Ҷабборов пештар гуфта буд, то 14-уми ноябр масъулиятҳояшро месупорад. Читать дальше...

"Ба талабот ҷавобгӯ нестанд"? Баъди барканории Хосият Ортиқова, чанд зани рубобнавозро аз "Чаман" рондаанд

Ozodi.org 

Барканории Хосият Ортиқова, овозхони шинохтаи тоҷик, аз раёсати ансамбли “Чаман” ва рондани чанд зани рубобнавоз аз ин гуруҳи зери итоати Филармонияи давлатии Тоҷикистон нигаронии онҳоро ба бор овардааст.


Спорт в России и мире

Новости спорта


Новости тенниса
Новак Джокович

Джокович — о травме: На данный момент, вроде все нормально, но я не знаю, что будет утром






«Необходимы новые эмоции и идеи»: Николич сменит Федотова на посту главного тренера ЦСКА

Врачи удалили пациентке кисту с волосами и зачатками костей черепа в Подольске

Мужчина зарезал обидчика в лесопарковой зоне на востоке Москвы

Еще 19 дорог отремонтируют в Балашихе в этом году