Мы в Telegram
Добавить новость
ru24.net
World News in Tajik
Ноябрь
2020

Новости за 11.11.2020

Президенти пешини Қирғизистон аз додгоҳ хост, ҳаводорони ӯро раҳо кунанд

Ozodi.org 

Дар додгоҳи ноҳияи Якуми майи шаҳри Бишкек рӯзи 11 ноябр парвандаи марбут ба ҳаводиси деҳаи Кой-Тоши Қирғизистон идома кард. Президенти пешини Қирғизистон Алмосбек Отамбоев дар ҷаласаи додгоҳ ширкат кард. "Маро дар ҳабс монед, бе ин ҳам маро 11 сол зиндонӣ кардаанд, аммо нисбати ман ҳеч нишондоде нест. Вақт ҳама чизро исбот мекунад. Ман медонам, дар ниҳоят ҳақиқат пирӯз мешавад. Канат Сагимбоев, Фарид Ниёзов ба хотири он дар ҳабсанд, ки маро нафурӯхтанд. Ман ҳама чизро таҳаммул мекунам. Онҳое... Читать дальше...

Ҳазорон арманӣ ба Ереван рехтанд ва гиребони маъмурони пулисро гирифтанд. АКС

Ozodi.org 

Рӯзи 11-уми ноябр дар Ереван нирӯҳои полис бо эътирозгароне, ки мухолифи созиши оташбас бо Озарбойҷон ҳастанд, задухӯрд карданд.  Созиши оташбас барои хотима додан ба ҷанги Қаробоғи кӯҳӣ бо миёнҷигарии Русия баъди шаш ҳафта даргириҳо ба имзо расид.

Афсари собиқи тоҷик зери дастгоҳи нафаскашӣ ҷон додааст

Ozodi.org 

Аҳрор Иброҳимов, яке аз афсарони баландрутбаи собиқи тоҷик бар асари сирояти коронавируси нав ҷон додааст. Яке аз дӯстонаш Маҳмаднасир Шодиев рӯзи 11-уми ноябр ба Радиои Озодӣ гуфт,  Аҳрор Иброҳимов пас аз гирифторӣ ба бемории СОVID-19 ду ҳафта дар шифохонаи вилоятӣ дар Хуҷанд зери дастгоҳи нафаси сунъӣ буд ва рӯзи 5-уми ноябр ба худ наомада ҷон дод. Яке аз табибони шифохонаи Хуҷанд гуфт, дар воқеъ Аҳрор Иброҳимов бар асари сирояти СОVID-19 ҷон вафот кардааст. Аҳрор Иброҳимов аз соли 1994 дар Раёсати... Читать дальше...

Дар шаҳри Нурсултон писари фаъоли пешини ҷамъиятӣ Давлат Оғодилро куштанд

Ozodi.org 

Дар шаҳри Нурсултони Қазоқистон шаби 10 ба 11 ноябр Жанболат Оғодили 17-сола - писари марҳум Давлат Оғодил, фаъоли пешини ҷамъиятӣ кушта шуд. Падари ӯ дар боздоштгоҳ даргузашта буд. Пулис гуфт, Жанболат дар натиҷаи занозании гуруҳии ҷавонон аз зарби корд кушта шудааст. Пулис бо моддаҳои "Куштор" ва "Авбошӣ" парванда боз кардааст. Расонаҳо менависанд, гумонбари ин куштор боздошт шуда, ду тани дигар дар пайгард қарор доранд. Сабабҳои ин занозании ҷавонон ҳанӯз муайян нашудааст. Давлат Оғодил... Читать дальше...

Арманистон: Овезаҳои сиёҳи ҷанг

Ozodi.org 

Барои хатми ҷанг дар Қаробоғи Кӯҳӣ як созиши баҳсбарангези сулҳ ба имзо расид. Дар кӯчаву хиёбонҳо - макони зисти қурбониёни даргириҳои ахир овезаҳои сиёҳе ба ёди ин размандаҳо гузошта шудааст.

Дар "Барқи Тоҷик" ду раиси дигар монданд

Ozodi.org 

Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон бо судури ду қарор Умедҷон Билолзода ва Мирзо Маҳмудзода, раиси ду шохаи ширкати “Барқи Тоҷик” таъйин кардааст. Бар асоси қарори ҳукумат аз рӯзи 11-уми ноябр Умедҷон Билолзода мудири ҷамъияти саҳҳомии «Шабакаҳои тақсимоти барқ» таъйин шудааст. Дар қарори дигар аз ҳамин рӯз омадааст, ки Маҳмудзода Мирзо, мудири ҷамъияти саҳҳомии «Шабакаҳои интиқоли барқ» таъйин шавад. Ҳукумати Тоҷикистон солҳо боз тарҳи тағйири сохтори ширкати “Барқи Тоҷик”-ро дар даст дошт ва чанде пеш тасмим гирифт... Читать дальше...

Таркиш дар маросиме бо ширкати дипломатҳои аврупоӣ дар Ҷидда

Ozodi.org 

Дар таркиши як қабристони ғайримусалмонии шаҳри Ҷиддаи Арабистони Саудӣ дастикам чор нафар осеб дид. Таркиш дар лаҳзаҳое рух дод, ки барои ширкат дар маросими 102-юмин солгарди хатми Ҷанги Якуми Ҷаҳон меҳмонҳо, аз ҷумла дипломатҳои хориҷӣ ҷамъ шуда буданд.  Reuters гуфт, ки дар ин таркиш як маводи мунфаҷираи дастсохт таркидааст. Тафсилоти бештари ин ҳодиса ҳанӯз дар даст нест, вале бино ба хабарҳо, дар ин маросим дипломатҳои кишварҳои аврупоӣ, аз ҷумла намояндагони сафорати Фаронса ҳам ширкат доштанд. Читать дальше...



Аз рафтани русҳову омадани тоҷикон ба марзи дарозу хатарнок 15 сол гузашт

Ozodi.org 

15 сол пеш моҳи ноябри соли 2005, ҷараёни ба ихтиёри посбонони тоҷик супурдани муҳофизати сарҳади Тоҷикистону Афғонистон поён ёфт. Сарҳадбонони тоҷик мустақилона ба муҳофизати марзи 1300 километрии пурпечутобу хатарнок шуруъ карданд.

Ба ширкати сингапурӣ додани боғи Ғафур Ғулом дар Тошканд эътироз ба бор овард

Ozodi.org 

Дар шаҳри Тошканди Узбекистон тахриби боғи ба номи Ғафур Ғулом, шоир, нависанда ва ходими шинохтаи давлатӣ, шуруъ шуд. Соҳиби нави боғ моликони ошхонаву тарабхонаҳои ҳудуди боғро огоҳ кардааст, ки амлоки худро давоми даҳ рӯз бардоранд, дар ғайри сурат "тахриб карда хоҳанд шуд". Боғи Ғафур Ғулом, ки дар майдони 14 га ҷойгир аст, ба ширкати сингапурии BMP Smart Decision Private Limited дода шудааст. Даҳҳо ошхонаву тарабхона, ки солҳои тӯлонӣ дар ҳудуди боғ фаъолият мекарданд, ҳамакнун тахриб ва коргаронашон бе ҷои кор хоҳанд монд. Читать дальше...

Варзишгари тоҷик аз номи Русия ҷоизадори нуқраи қаҳрамонии ҷудои Аврупо шуд

Ozodi.org 

Ёқубҷон Назиров, варзишгари тоҷик, ки дар қаҳрамонии Аврупо оид ба ҷудо байни ҷавонони то 23-сола дар Поречи Хорватия Русияро намояндагӣ кард, медали нуқра ба даст овард. Ӯ, ки солҳои ахир дар вилояти Свердловск ба сар мебарад, дар вазни то 90 кило рақобат кард. Ба иттилои сомонаи расмии Федератсияи ҷудои Русия, Ёқубҷон Назиров - ғолиби қаҳрамонии Русия-2020 дар байни варзишгарони то 23-сола баъди чаҳор пирӯзӣ бар рақибонаш Маринус Ван Де Вен (Ҳолланд), Димитрий Николис (Сербия), Мартин Бездек... Читать дальше...

Дар Туркманистон сокинон хун мефурӯшанд, то ғизо бихаранд

Ozodi.org 

Буҳрони иқтисодӣ ва ғизоӣ дар авҷи маҳдудиятҳои марбут ба коронавирус бархе аз шаҳрвандони Туркманистонро маҷбур сохтааст, ки хун бифурӯшанд. Дар ин бора хабарнигори бахши туркмании Радиои Озодӣ дар Лебап иттилоъ дод. "Тайи ҳафтаҳои ахир ҳар рӯз дар марказҳои ҷамъоварии хуни бемористонҳои Туркманобод ва ноҳияи Фороб даҳҳо шаҳрванди Туркманистон ҷамъ мешаванд", - иттилоъ дод хабарнигор. Ба гуфтаи хабарнигор, ин шаҳрвандон бар ивази 1 грамм хуни худ аз давлат 2 манат ва аз наздикони беморон 2 манат дарёфт мекунанд. Читать дальше...

Ҳарфҳои Помпео дар бораи интиқоли қудрат баҳс эҷод кард

Ozodi.org 

Котиби давлатии ИМА Майк Помпео, ҳарчанд як ҳафта баъди пирӯз эълон шудани Ҷо Байден нахост ғалабаи ӯро дар интихоботи президентӣ эътироф кунад, гуфт, ҷаҳон бояд «мутмаин» бошад, ки дар ИМА интиқоли сулҳомези қудрат ҷараён мегирад. Вақте Помпео дар нишасти матбуотии рӯзи 10-уми ноябраш гуфт, ки «гузариш ба маъмурияти дуюми Трамп нарм барпо мешавад», ҳарфҳояш мояи интиқодҳои зиёд шуд. Байден бо 4,7 миллион овози бештар назар ба президент Доналд Трамп барандаи интихоботи 3-юми ноябр номида шуд, чун... Читать дальше...

Сарвари ҳайати фаластинӣ Соҳиб Урайқот аз пайомадҳои COVID-19 даргузашт

Ozodi.org 

Мақомоти фаластинӣ хабар доданд, ки раҳбари собиқадори ҳайати музокиракунанда ва дабири кулли  Созмони озодихоҳи Фаластин Соҳиб Урайқот дар синни 65-солагӣ аз паёмадҳои олудагӣ ба COVID-19 даргузашт. Президенти Фаластин Маҳмуд Аббос рӯзи 10-уми ноябр гуфт, ки марги Урайқот “барои Фаластин  ва мардуми он як талафоти азим” аст. Дар Фаластин ба ин сабаб се рӯзи мотам эълон шудааст. Урайқот соли 2017  амалиёти табдили шушро пушти сар карда буд ва моҳи гузашта ба коронавирус олуда шуда дар бемористони Байтулмуқаддаси Ғарбӣ бистарӣ шуд. Читать дальше...

Меркел аз кишварҳои Балкан хост, ки ихтилофҳоро хотима диҳанд

Ozodi.org 

Садри аъзами Олмон Ангела Меркел, ки ба қабули узвияти Македонияи Шимолӣ ва Албания ба ҳайати Иттиҳоди Аврупо то охири соли ҷорӣ умед мебандад, аз кишварҳои Балкан хост, ки ба ихтилофҳои таърихии худ хотима диҳанд. Олмон то охири соли ҷорӣ раҳбарии давраии Иттиҳоди Аврупоро ба ӯҳда дорад. Ӯ дар як конфронси видеоӣ дар  София, пойтахти Булғористон рӯзи 10-уми ноябр гуфт, ки ба ҳам овардани кишварҳои узви, ба истилоҳ, “ҷараёни Берлин” метавонад  ҳамгироии минтақаи Балкани Ғарбиро суръат бахшад. Ин дар ҳолест... Читать дальше...

Насрин Сутуда ба коронавирус гирифтор шудааст

Ozodi.org 

Насрин Сутуда, як ҳомии ҳуқуқи инсони эронӣ, ки ҳафтаи гузашта муваққатан аз зиндон озод шуд, ба гуфтаи ҳамсараш, ба коронавирус олуда шудааст. Ризо Хандон дар саҳифаи Фейсбуки худ рӯзи 11-уми ноябр навишт, ки ҳамсараш дар зиндони Ғарчаки Теҳрон, ки моҳи гузашта ба он ҷо интиқол ёфта буд, ба коронавирус гирифтор шуд. Ӯ гуфт, ки шароит дар ин зиндон як “даҳшат” аст. Сутуда рӯзи 8-уми ноябр аз зиндон муваққатан озод шуд. Ин қарор баъди он содир шуд, ки дар паи ҳафт ҳафта гуруснанишинии Сутуда дар зиндон... Читать дальше...

Новости России
Москва

Ставки снова растут: «Выберу.ру» подготовил рейтинг лучших краткосрочных вкладов в мае 2024 года


Дар ростои эътирозҳо, ҳукумати Арманистон мухолифонро аз “талоши кудато” ҳушдор дод

Ozodi.org 

Ҳукумати Арманистон мухолифони кишварро аз талоши “кудато” ё табаддулот ҳушдор дод, чун мухолифон гуфтаанд, ки мехоҳанд рӯзи 11-уми ноябр дар Ереван бо талаби истеъфои нахуствазир Никол Пашинян намоиши эътирозӣ баргузор кунанд. Баъди имзои созиши оташбас дар минтақаи ҷудоиталаби Қаробоғи Кӯҳӣ, ки рӯзи 10-уми ноябр бо миёнҷигии Русия аз ҷониби Арманистону Озарбойҷон имзо шуд, эътирозгарони ин созиш ба биноҳои парлумон ва ҳукумат ворид шуда даст ба беназмӣ заданд ва таниш дар фазои ҷомеаи Арманистон боло мегирад. Читать дальше...

Сухангӯи сарвазири Қирғизистон: Ҷабборов ба расонаҳо фишор намеорад

Ozodi.org 

Иҷрокунандаи вазифаҳои президенти Қирғизистон Содир Ҷабборов ба озодии баён фишор намеорад ва расонаҳонаро ба қабулу номақбул ҷудо намекунад. Дар ин бора Галина Байтерек, котиби матбуотии иҷрокунандаи вазифаҳои президент ва сарвазири Қирғизистон Содир Ҷабборов изҳори назар кард. Ин изҳороти Байтерек дар ҳоле садо дод, ки чанде аз созмонҳои рӯзноманигории Қирғизистон аз Ҷабборов хостанд, нисбати рӯзноманигорон табъйиз раво надорад. Ба гуфтаи Байтерек, Содир Ҷабборов бар ин назар аст, ки озодии... Читать дальше...

Аз назди вазорат ба назди сафорат. Донишҷӯёни тоҷик хостанд, "роҳашонро боз кунанд" ВИДЕО

Ozodi.org 

Гурӯҳе аз донишҷӯёни тоҷики донишгоҳҳои Русия, ки бо сабаби хуруҷи коронавирус имкони рафтан ба он кишварро надоранд,  субҳи 11-уми ноябр назди бинои  сафорати Русия дар Душанбе ҷамъ омаданд ва хостори ҳалли мушкили сафарашон шуданд.

Хонаи Шерлок Ҳолмсро дар Лондон духтари Назарбоев харидааст

Ozodi.org 

Биное дар Бейкер-стрити шаҳри Лондон, ки бо номи хонаи Шерлок Ҳолмс, қаҳрамони асари нависанда Артур Конан Дойл маъруф аст, ба хонаводаи президенти пешини Қазоқистон Нурсултон Назарбоев тааллуқ дорад. Бино ба асноде, ки нашрияи The Times дастрас кардааст, моликони бинои мазкур духтари президенти нахустини Қазоқистон Дариға Назарбоева (90%) ва писараш Нуралӣ Назарбоев (10%) ҳастанд. Нашрия афзудааст, ки дар Бейкер-стрит чандин хона ва замини дигар низ ба хонаводаи Назарбоевҳо тааллуқ дорад.... Читать дальше...

Дар Ереван 6 кас бо гумони даъват ба ғасби қудрат боздошт шуд

Ozodi.org 

Дар шаҳри Еревани Арманистон баъди бетартибиҳо дар эътироз ба бастани созишномаи сулҳ бо Озарбойҷон шаш нафар бо гумони даъват ба ғасби қудрат ва сарнагун сохтани сохти конститутсионии давлат дастгир шуданд. Дар ин бора сардори дастгоҳи ҳукумати Арманистон Эдуард Агаджанян дар шабакаи иҷтимоии Фейсбук иттилоъ додааст. Ба гуфтаи ӯ, ду нафари боздоштшудаҳо "иштирокдорони фаъол"-и ҳамла ба раиси порлумони Арманистон Арарат Мирзоян ҳастанд. Агаджанян гуфт, боздоштшудаҳо тибқи қонун муҷозот хоҳанд шуд. Читать дальше...


Спорт в России и мире

Новости спорта


Новости тенниса
Камила Джорджи

Экс‑теннисистка Джорджи обвиняется в краже мебели и ковров на €100 тысяч — СМИ






В Подмосковье получить субсидию на оплату ЖКУ можно при отсутствии долга

Минобороны РФ уточнит линию госграницы в Калининградской области

Казанскую икону Божией Матери встретили нижегородские православные

Путин: Россия готова помочь в расследовании крушения вертолета с Раиси