Мы в Telegram
Добавить новость
ru24.net
World News in Tajik
Ноябрь
2020

Новости за 25.11.2020

Дар соҳили Зеландияи Нав ҷасади 100 наҳангу делфин пайдо шуд

Ozodi.org 

Мақомот дар Зеландияи Нав гуфтанд, ки анбӯҳи ҷасадҳои наҳангу делфинҳо дар соҳилҳои ҷазираи Чатемро ошкор кардаанд. Раёсати ҳифзи ҷонварон рӯзи 25-уми ноябр гуфт, ки   наҳангу делфинҳо дар соҳилҳои ҷазира дар натиҷаи ба ҳам бисёр наздик шино ва ба ҳам бархӯрд карданашон ҷон додаанд. Азбаски макони ҷойгиршавии ҷазираи Чатем дар 800-километрии Ҷазираи Ҷанубӣ аст, гурӯҳҳои ёрирасон натавонистанд сари вақт ба ёрии ҷонварон бирасанд.  Маълум нест, ки сабаби дар як анбӯҳ ё издиҳоме ба ҳам омадани ҷонварон чӣ будааст... Читать дальше...

Марҳилаи пешбарии номзадҳо ба мақоми президентии Қирғизистон ба охир расид

Ozodi.org 

Комисияи марказии интихоботӣ ва раъйпурсии (КМИР) Қирғизистон марҳилаи пешбарии номзадҳоро ба мақоми президентии он кишвар ба анҷом расонид ва рӯйхати 47 даъвогари курсии президентиро нашр кард. То рӯзи 14 ноябр КМИР аризаи 65 шаҳрвандро дарёфт кард, ки 64 тани онҳо даъвогарони худпешбар буданд. Ба иттилои КМИР, 30 тан аз даъвогарон кормандони созмонҳои ғайритиҷорӣ ҳастанд. 24 тан аз даъвогарон муваққатан бекоранд, 5 тан корманди давлатӣ, 3 тан вакили порлумон ва 3 тани дигар нафақахӯранд. Бештари... Читать дальше...



Дариға Назарбоева аз ҳизби падараш ба мақоми вакилии порлумон номзад шуд

Ozodi.org 

Дариға Назарбоева, духтари калонии президенти пешини Қазоқистон Нурсултон Назарбоев ба мақоми вакилии порлумон аз ҳизби "Нур Отан" номзад шуд. Ин ҳизбро падари вай роҳбарӣ мекунад. Рӯйхати 126 номзад ба мақоми вакилӣ аз сӯи ҳизби "Нур Отан" рӯзи 25 ноябр дар анҷумани онлайнии ҳизби мазкур тасдиқ шуд. Дариға Назарбоева дар рӯйхат дар мақоми 49 қарор дорад. Раиси кунунии порлумони Қазоқистон Нурлан Нигматулин ва сарвазири кунунии он кишвар Аскар Мамин низ дар рӯйхати номзадҳои ҳизби "Нур Отан" шомил шудаанд. Читать дальше...

ФСБ аз боздошти афроди марбут ба "Давлати исломӣ" хабар дод. Як нафараш аз ОМ аст

Ozodi.org 

Дар миёни панҷ боздоштшуда бо гумони узвият дар “Давлати исломӣ” дар ҳудуди шаҳри Владимири вилояти Маскав як шаҳрванди кишварҳои Осиёи Марказӣ ҳам мебошад, мегӯяд ФСБ. Ин  Хадамоти амнияти федеролии Русия рӯзи 25-уми ноябр гуфт, ки аз фаъолияти як гурӯҳи минтақавии марбут ба созмони мамнӯи “Давлати исломӣ” пешгирӣ кардааст. Дар изҳороти расмии ин ниҳод гуфта мешавад, ки ширкатдорони ин гурӯҳ мехостанд дар метрои Маскав “харобкорӣ” кунанд. Инчунин, ба навиштаи ин ниҳод, ҳадафи онҳо ҷалби нафарони... Читать дальше...

Модари духтаре, ки "фавқулода шабеҳи Путин" аст, миллионер шудааст

Ozodi.org 

Як шиноси деринаи президенти Русия Владимир Путин – Светлана Кривоногих саҳмияҳои бонки “Россия”-ро дар ихтиёр дорад, ки моликаш яке аз дӯстони Путин мебошад. Ба ҷуз ин, Кривоногих соҳиби як осоишгоҳи лижаронӣ аст, ки дар он соли 2013 тӯи арӯсии Катерина Тихонова баргузор шудааст. Ин зан ҳамчунин соҳиби як маркази фарҳангӣ дар маркази шаҳри Санкт-Петербург мебошад. Соли 2003 Кривоногих соҳиби духтарчае шуд, ки ба навиштаи тарҳи таҳқиқотии “Проект”, “фавқулода ба Путин монанд аст”. Дар ин бора Радио Свобода хабар медиҳад. Читать дальше...

Ноболиғи таҷовузшуда адолат мехоҳад

Ozodi.org 

Ноболиғи таҷовузшуда адолат мехоҳад. Ин духтари 13-сола тифле ба дунё овард ва ҳоло талб дорад, ки фарди муттаҳам бо таҷовуз ба ҷавобгарӣ кашида шавад.

Ахбори Озодӣ аз 25-уми ноябри соли 2020 (Пахши зинда)

Ozodi.org 

Додгоҳи Русия ҳукми ихроҷи як гурӯҳи муҳоҷирони тоҷикро содир кардааст, раиси нави Бонки миллии Тоҷикистон дар бораи барномаҳояш тафсилот дод, ноболиғи таҷовузшуда тифл ба дунё овард ва ҳоло адолат мехоҳад, кумак ба Афғонистон идома хоҳад ёфт ва матолиби дигар.

Пайомадҳои COVID-19 дар суҳбати вазирони корҳои хориҷии Кореяи Ҷанубӣ ва ОМ

Ozodi.org 

Вазирони хориҷаи Кореяи Ҷанубӣ ва кишварҳои Осиёи Марказӣ масоили марбут ба рушди устуворро дар пасманзари пандемияи коронавирус баррасӣ карда ва дар ҷаласаҳои ҷудогона мавзӯъҳои марбут ба “стандартизатсия, тандурустии ҷамъиятӣ, муҳити зист ва таҳсилоти фосилавӣ”-ро матраҳ намуданд. Ҳамоиши 13-уми ҳамкориҳои Ҷумҳурии Корея ва Осиёи Марказӣ бо ҳузури вазирони хориҷаи кишварҳои минтақа рӯзи 25-уми ноябр дар шаҳри Сеул ҷараён гирифт. Дар кори он вазири хориҷаи Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин ҳам иштирок кард. Читать дальше...

Новости России
Москва

В Москве произошла драка с участием 15 человек, двое в больнице


Русия: нархи воксинаи Sputnik V дар бозори ҷаҳонӣ камтар аз $20 хоҳад буд

Ozodi.org 

Пуштибонҳои моливу муаллифони воксинаи зидди коронавируси русии Sputnik V мегӯянд, ки дар бозорҳои ҷаҳонӣ қимати як дафъа эмкунӣ “аз 20 доллар камтар” нарх хоҳад дошт ва барои шаҳрвандони Русия ройгон тақсим мешавад.  Нархи ҷаҳонии воксинаи сохти русии  Sputnik V рӯзи 24-уми ноябр нашр шуд ва қимати он назар ба воксинаҳои хориҷии мисли Pfizer ба маротиб камтар аст. Вале айни замон, воксинаи русӣ аз воксинаи сохтаи ширкати AstraZeneca гаронтар аст. Ин воксина дар Аврупо бо нархи 3 доллар барои як дафъа эмкунӣ пешниҳод мешавад. Читать дальше...

"France Football" бозигарону мураббиёни сердаромадтарини мавсимро номбар кард

Ozodi.org 

Бозигари тими «Барселона»-и Испания ва мунтахаби Аргентина Лионел Месси дар садри рӯйхати сердаромадтарин футболбозони мавсими 2019/20, ки онро маҷаллаи “France Football” тартиб додааст, қарор дорад. Нашрия дар асоси маълумотномаи худ маоши солонаи футболбозон, таблиғ ва дигар даромади тиҷоратиро дар мавсими 2019/20 ба ҳисоб гирифтааст. Даромади Месси 131 миллион евроро ташкил медиҳад. Тақрибан аз се як ҳиссаи ин маблағ аз таблиғ ва кор бо брендҳо, ба монанди Adidas, Pepsi, Mastercard ва ғайра рост меояд. Читать дальше...

Ду таркиш дар Бомиёни Афғонистон 14 касро кушта 15 нафарро маҷрӯҳ кард

Ozodi.org 

Дар паи ду таркише, ки рӯзи 24-уми ноябр дар вилояти марказии Бомиёни Афғонистон рух дод, дастикам 14 нафар кушта ва 45 тан захмӣ шуданд. Таркиши ду бомбае, ки дар  роҳи марказӣ ба сӯи бозори маҳаллӣ ҷойгузорӣ шуда буд, боиси кушта шудани 12 мулкӣ ва ду ходими полиси роҳ шуд. Дар ин бора Забардаст Сафоӣ, раиси полиси вилояти Бомиён ба матбуот хабар дод ва гуфт, онҳое, ки маҷрӯҳ шуданд, аксарият муштариёни тарабхонаву фурӯшгоҳҳое буданд, ки дар назди маҳалли таркиш қарор доштанд. Бомиён макони зисти... Читать дальше...

Гузоришҳо: Трамп мехоҳад Майкл Флиннро афв кунад

Ozodi.org 

Матбуоти амрикоӣ мегӯяд, ки президент Доналд Трамп мехоҳад собиқ мушовири амнияти миллӣ Майкл Флиннро, ки соли 2017 ба дурӯғгӯӣ дар бораи  тамосҳояш бо Русия гунаҳгор шуд, афв кунад. Axios, нашрияи  New York Times ва чанд матбуоти дигари амрикоӣ рӯзи 24-уми ноябр навиштанд, ки дар миёни зиндониҳое, ки  Доналд Трамп мехоҳад дар рӯзҳои охири президентиаш афв кунад, исми Майкл Флинн ҳам зикр мешавад. Сӯҳбатҳои пинҳонии Флинн бо сафири Русия дар Вашингтон дар моҳи декабри соли 2016 барои роҳандозии таҳқиқот... Читать дальше...

Зиндагӣ дар пойтахти Тоҷикистон: арзон барои хориҷиён, гарон барои худиҳо

Ozodi.org 

Мувофиқи баҳогузориҳои байналмилалӣ зиндагӣ дар пойхтахти Тоҷикистон – Душанбе хеле арзон аст. Баҳое, ки сокинони Душанбе бо ишора ба даромади худ ба он розӣ нестанд. Ба гуфтаи онҳо, сол то сол харҷашон бештар ва даромадҳояшон камтар мешавад.


Спорт в России и мире

Новости спорта


Новости тенниса
Елена Рыбакина

Рыбакина узнала свое место в новом мировом рейтинге






Подмосковная «Единая Россия» подвела итоги конкурса «Победный май»

Газпром всё-таки лишил акционеров дивидендов за 2023 год

Рязанские пионеры приняли участие в торжественной линейке на Красной площади

Актриса Самбурская заступилась за сыгравшую в «Красных линиях» певицу Гагарину