Мы в Telegram
Добавить новость
ru24.net
World News in Tajik
Июнь
2022

Новости за 07.06.2022

Дар Душанбе аз беобии дигарон гуфтанду ранҷи мардуми Эсанбойро ба ёд наоварданд. ВИДЕО

Ozodi.org 

Намояндагони баландпояи Созмони Милали Муттаҳид ва даҳҳо кишвари ҷаҳон дар Душанбе масъалаи камбуди об дар гӯшаҳои ҷаҳонро баррасӣ карданд, аммо аз набудани оби ошомиданӣ дар баъзе аз минтақаҳои Тоҷикистон ёд наоварданд. Нишаст рӯзи 7-уми июн баргузор шуд.

"Равшан"-и Кӯлоб дар Суперлигаи футзали Тоҷикистон пешсаф шуд

Ozodi.org 

Дар даври дувуми Суперлигаи футзали Тоҷикистон-2022, ки рӯзҳои 4-5-уми июн бо ширкати ҳашт даста баргузор шуд, чаҳор бозӣ доир гардид. Дастаи «Равшан»-и Кӯлоб, ки дар меҳмонӣ КМВА (Клуби марказии варзишии артиш)-и Душанберо бо ҳисоби 6:5 шикаст дод, бо 6 имтиёз дар ҷадвали мусобиқа пешсаф шуд. Дастаҳои «Соро компания»-и Душанбе ва «Сипар»-и Хуҷанд бо чаҳоримтиёзӣ мутаносибан дар зинаҳои дувуму севум қарор доранд. «Соро компания» дар майдони худ «Самандар»-и Турсунзодаро бо ҳисоби бузургтарини 15:1 шикаст дод. Читать дальше...

Тоҷикистон додугирифтро бо рублу юан бештар, вале бо доллар камтар мекунад

Ozodi.org 

Ҳукумати Тоҷикистон тасмим гирифтааст, воридоти маҳсулоти ниёзи аввал ва баъзе аз ашёи хомро аз хориҷа бо рубли Русия ва юани Чин ба роҳ монда, дар додугирифти байнулмилалӣ то ҳадди мумкин истифодаи долларро камтар кунад.

Дар ширкати зери роҳбарии домоди Назарбоев камомади триллионӣ ёфтанд

Ozodi.org 

Дар ширкати қазоқистонии QazaqGaz, ки то 14-уми январи соли ҷорӣ онро Кайрат Шарифбоев, домоди эҳтимолии президенти пешини Қазоқистон Нурсултон Назарбоев роҳбарӣ мекард, дар ҳаҷми бештар аз 937 миллиард танга (2,2 миллиард доллар) камомад ошкор шудааст.

Мунтахаби Тоҷикистон (U-23) аз ҳаққи иштирок дар чорякфинали Ҷоми Осиё маҳрум шуд

Ozodi.org 

Дастаи мунтахаби олимпии футболи Тоҷикистон (U-23) дар бозии дувумаш низ дар марҳилаи ниҳоии Ҷоми Осиё-2022 дар гурӯҳи “D” аз тими Имороти Муттаҳидаи Араб (U-23) бо ҳисоби 0:2 шикаст хӯрд. Ин бозӣ шаби душанбеи 6-уми июн дар варзишгоҳи «Локомотив»-и Тошканд баргузор шуд. Абдулазиз Ал-Блуши дар нимаи аввали бозӣ, дар дақиқаи 13-ум, ҳисобро боз кард. Голи дувумро Мансур Саид Ал-Менҳалӣ дар нимаи дувуми дидор, дар дақиқаи 78-ум, аз пеналти ё ҷаримаи 11-метрӣ ба самар расонид.   Бозии дигари даври... Читать дальше...


Спорт в России и мире

Новости спорта


Новости тенниса
WTA

Соболенко и Швентек сыграют в финале турнира WTA в Мадриде






Галина Янко: главные традиции и приметы Пасхи

Амбассадоры сообщества «Волонтеры Москвы» помогают столице и горожанам

6 мая: какой сегодня праздник, что было в этот день

Срочники из Торопца написали «Диктант Победы»