Мы в Telegram
Добавить новость
ru24.net
World News in Tajik
Июнь
2022

Новости за 30.06.2022

Як зан даъво дорад, ки милисаҳо ӯро заданд. Баҳси либос ё сарпечӣ аз амр? ВИДЕО

Ozodi.org 

Элобат Оғалиқоваи 60-сола аз ноҳияи Спитамен шикоят дорад, ки ӯро барои шеваи либоспӯшӣ ба ҷашни рӯзи ваҳдат дар ноҳия роҳ надода, бар илова, дар идораи милиса ба сару аъзои дигари баданаш задаанд.

Ду узви Комиссияи 44-ро ба зиндон андохтанд

Ozodi.org 

Додгоҳи шаҳри Душанбе ду узви “Комиссияи 44”, созмони иборат аз намояндагони ҷомеаи шаҳрвандии Бадахшонро ба 18-соли зиндон маҳкум кардааст. Аъзои ин комиссия барои таҳқиқи нооромиҳо дар Бадахшон ва марги шаҳрвандон бо мақомот ҳамкорӣ мекарданд.

Сокинони Гулбутта мегӯянд, аз дасти Дуланҳо ба дод омадаанд

Ozodi.org 

Гурӯҳе аз сокинон дар як маҳаллаи Душанбе бо чанд соат бастани роҳи мошинҳои боркаш хостанд, таваҷҷӯҳи мақомотро ба мушкили худ ҷалб кунанд. Онҳо шикоят доранд, ки ҳар рӯз мошинҳои азими боркаш мисли Дулан аз байни кӯчаҳои онҳо мегузарад ва ба хонаҳояҳон осеб расонидааст.

Як зани суғдӣ мегӯяд, милисаҳо ӯро бесабаб заданд

Ozodi.org 

Як зан дар вилояти Суғд иддао дорад, ки ӯро барои шеваи либоспӯшӣ ба ҷашни давлатӣ роҳ надоданд ва бар илова дар идораи милиса азобу шиканҷааш карданд. Элобат Оғаликова аз ноҳияи Спитамен мегӯяд, либоси сиёҳаш ба мақомоти интизомӣ хуш наомадааст, ки бо ӯ чунин рафтори бад карданд.



Ҳалокати 238 кас дар ҳодисаҳои Қазоқистон

Ozodi.org 

Дар ҳодисаҳои моҳи январи имсол дар Қазоқистон 232 кас ҷон бохта, шаш нафар дар натиҷаи шиканҷа ҳалок шудаанд. Дар ин бора Асет Чиндалиев, муовини додситони кулли Қазоқистон, рӯзи 29-уми июн хабар дод.

CPJ хост, мақомот озори хешони Анора Саркороваро бас кунанд

Ozodi.org 

Кумитаи дифоъ аз хабарнигорон (CPJ) аз ҳукумати Тоҷикистон хост, ба озору азияти Анора Саркорова, хабарнигори мустақили тоҷик хотима диҳанд ва бигузоранд, то матбуот масоили ҳассосро озода инъикос кунад.

"Муҳлати ҳабси маъмурияш тамом шуд, аммо раҳо накарданд"

Ozodi.org 

Пайвандони Мамадсултон Мавлоназаров (Муҳаммади Султон), рӯзноманигор ва сарҳанги бознишастаи амният, гуфтанд, "10 рӯз ҳабси маъмурии ӯ ба поён расид", аммо мақомот натанҳо раҳо накарданд, балки намегӯянд, дар чӣ вазъ аст.

Русия ба муҳоҷирони тоҷик нафақа медиҳад

Ozodi.org 

Думаи давлатии Русия созишнома дар бораи тақсими нафақа миёни Тоҷикистону Русияро тасвиб кард. Ҳамакнун баъди имзои ин санад аз сӯи раиси ҷумҳур Владимир Путин, ба муҳоҷирони тоҷик, ки дар Русия кор мекунанд, нафақа дода мешавад. Ин санад моҳи сентябри соли гузашта дар шаҳри Душанбе имзо шуда, моҳи апрел порлумони Тоҷикистон онро қабул кард. Аммо додани нафақа барои муҳоҷирон як шарти асосӣ дорад. Дилмурод Давлатзода, сардори Оҷонси суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи Тоҷикистон ду моҳ қабл дар ҷаласаи порлумон гуфта буд... Читать дальше...

Шаҳри Хива пойтахти сайёҳии ҷаҳони ислом дар соли 2024 эълом шуд

Ozodi.org 

Ҷаласаи XI Созмони ҳамкориҳои исломӣ шаҳри Хиваи Узбекистонро "Пойтахти сайёҳии ҷаҳони ислом" эълом кард. Дар ин бора вазорати сайёҳӣ ва мероси фарҳангии Узбекистон хабар дод. Дар ин ҷаласа барои барқарории симои таърихии Хива, сохтмони меҳмонхонаи панҷситорадор ва дигар меҳмонхонаву навгониҳо тасмим гирифта шудааст. Дар доираи пойтахти сайёҳии ҷаҳони ислом эълом шудан дар Хива ҷаласаи вазирони сайёҳӣ ва роҳбарони муассисаҳои сайёҳии 57 кишвари узви Созмони ҳамкориҳои исломӣ, конфронсҳои илмӣ... Читать дальше...

Амрико як ширкати узбекистониро барои тиҷорат бо Русия таҳрим кард

Ozodi.org 

ИМА ширкати "Promcomplektlogistic"-и узбекистониро шомили рӯйхати таҳримҳо кардааст. Дар ин бора сомонаи Вазорати корҳои хориҷии ИМА рӯзи 28--уми июн хабар дод. Вазорати корҳои хориҷии ИМА мегӯяд, "Promcomplektlogistic" ба ширкати "Радиавтоматик"-и Русия барои давр задани таҳримҳо кӯмак ва микросхема фурӯхтааст. Дар хабари Вазорати корҳои хориҷии ИМА омадааст, ки таҳрими ширкати узбекистонӣ ҳушдор ба ҳамаи ширкатҳои дигар дар саросари дунё аст. "Агар шумо бо шахсони ҳуқуқӣ ва ё воқеие тиҷорат мекунед... Читать дальше...


Спорт в России и мире

Новости спорта


Новости тенниса
WTA

«У меня больше нет сил бороться». Елена Рыбакина раскритиковала WTA






Тюкавин назвал гол в ворота «Сочи» одним из лучших в карьере

Хижина дяди снова: за сколько реально снять дачу или старый домик этим летом

Кечинов: «Пари НН» повезло, «Спартак» полностью владел инициативой»

Грешно ли православным работать в церковный праздник 6 мая 2024 года