Мы в Telegram
Добавить новость
ru24.net
World News in Tajik
Июнь
2022

Новости за 13.06.2022

Дасти "пешво"-ро дар тасмимгириҳои сиёсӣ "кӯтоҳ" кардаанд

Ozodi.org 

Президенти пешини Қазоқистон, Нурсултон Назарбоев, дигар ҳаққи дахолат ба корҳои сиёсии ин кишварро надорад, вале барои фаъолиятҳои гузаштааш ҷавобгар нахоҳад буд. Мавлон Ашимбоев, раиси Сенати Қазоқистон, охири ҳафтаи гузашта дар ин бора хабар дод.

Додгоҳе дар Эрон 26 пайрави баҳоияро зиндонӣ кард

Ozodi.org 

Додгоҳе дар Эрон 26 пайрави баҳоияро ба иттиҳоми "дасиса барои халалдор кардани амнияти дохилӣ ва берунӣ" аз 2 то 5 сол зиндон маҳкум кард. Баҳоиён ҳукмро танқид карданду беасос донистанд.

Боздошти 14 кас. Намояндагони мухолифин баёнияи Ҳамидзодаро "таблиғотӣ" гуфтанд

Ozodi.org 

Ба иттилои расмӣ, маъмурони милиса дар Душанбе дар се моҳи аввали имсол 14 касро ба гумони узвият дар гуруҳҳои террористӣ ва ифротгароӣ дастгир кардаанд. Ин омор дар муқоиса ба ҳамин давраи соли гузашта якуним баробар зиёд аст.

AI: Русия ба Харков бомбаҳои хушаӣ партофтааст

Ozodi.org 

Созмони Amnesty International ё Афви Байнулмилал рӯзи 13-уми июн дар гузорише гуфт, садҳо ғайринизомӣ дар натиҷаи партоби бомбаҳои хушаӣ ва мушакҳои идоранашавандаи Русия дар Харков кушта шудаанд.

Куштор ва боздошти фаъолон дар Бадахшон

Ozodi.org 

Хулосаи хабарҳо дар бораи ҳаводиси Бадахшон. Мақомот гуфтанд, дар амалиёти рӯзи 12-уми июн ду касро кушта, даҳ нафарро дастгир карданд. Ба сабаби набудани интернету мушкили иртиботи телефонӣ гирифтани ҷузъиёти ҳодиса ва назари пайвандони кушташудаҳо ва боздоштшудагон мушкил аст.



SIPRI навсозии кӯлоҳакҳои атомиро "ташвишовар" хонд

Ozodi.org 

Бар асоси гузориши нави SIPRI ё Пажӯҳишгоҳи таҳқиқоти масоили сулҳи Стокҳолм, 9 кишвари дорои силоҳи ҳастаӣ, аз ҷумла Амрико ва Русия, эҳтимол захираҳои силоҳҳои худро навсозӣ мекунанд. Гузориш 13-уми июн нашр шуд.

Амрико ба Фаришта ва ҳамроҳонаш дар Тоҷикистон мадад кард. ВИДЕО

Ozodi.org 

Сафорати Амрико дар Тоҷикистон як маркази омӯзиширо дар шаҳри Ваҳдат бозсозӣ кард, то паноҳандагони афғонистонӣ дар онҷо илму ҳунар омӯзанд. Аксари паноҳандагон мегӯянд, забонҳои хориҷӣ меомӯзанд, чун нияташон кӯчидан ба кишварҳои аврупоӣ ва ё Канада аст.

Марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2023: натиҷаҳои бозиҳои даври дувум

Ozodi.org 

Рӯзи 11-уми июн дар шаш кишвари қораи Осиё (Ҳиндустон, Кувайт, Қирғизистон, Малайзия, Муғулистон ва Узбекистон) бозиҳои даври дувуми марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2023 оид ба футбол баргузор шуданд. Дар гурӯҳи «F», ки мунтахаби Тоҷикистон ҳунарнамоӣ мекунад, ду бозӣ доир гардид: Тоҷикистон бо ҳисоби 1:0 ба Сингапур ва Қирғизистон бо ҳисоби 2:0 ба Мянмар ғалаба карданд. Бозиҳои охирин дар гурӯҳи «F» 14-уми июн баргузор мешаванд. Соати 16:30 бо вақти маҳаллӣ (соати 15:30 бо вақти Душанбе) дар варзишгоҳи... Читать дальше...

Гулсифат Шаҳидӣ: "Дар таърих як рӯзи бе ҷанг нест" ВИДЕО

Ozodi.org 

Гулсифат Шаҳидӣ, нависандаи тоҷик, китоби нави худро бо номи “Аҳриман” ва дар бораи хушунат дар хонавода нашр кардааст. Ӯ мегӯяд, достон ба занон нерӯ хоҳад дод, ки ҳаёти худро ислоҳ кунанд ва ба хуб зистан идома диҳанд.

Мухлисон дар бозии дастаҳои футболи Узбекистону Ироқ сангандозӣ карданд

Ozodi.org 

Мухлисон дар ҷараёни бозии мунтахабҳои футболи ҷавонони Узбекистон ва Ироқ ба майдон санг ҳаво доданд. Дар натиҷа як аккос ва як наворбардор осеб дидаанд. Сармураббии мунтахаби футболи ҷавонони Ироқ (U-23) Мирослав Соукуп дар суҳбат бо "Газета. уз" гуфтааст, маҷбур буданд, бозиро, ки дар майдони "Пахтакор"-и шаҳри Тошканд ҷараён дошт, боз доранд. "Бори нахуст дар таърихи фаъолиятам зери сангандозиҳо футбол бозӣ кардем. Бозигарони ман наметавонистанд, тамрин кунанд. Ситоди мураббиён натавонистанд аз ҷойи эҳтиётӣ берун шаванд. Читать дальше...

Дар Алмато тазоҳургарон роҳи мошингардро бастанд

Ozodi.org 

Сокинони як бинои панҷошёна дар ноҳияи Бостандиқи шаҳри Алматои Қазоқистон 11 июн дар эътироз ба сохтмони баландошёнае дар саҳни бинояшон роҳи мошингардро бастанд. Тазоҳургарон талаб карданд, ки раиси ноҳия Олтой Раҳимбетов ва шаҳрдор Ерболат Досаев ба назди онҳо биоянд. Фаъоли маданӣ Салтанат Ташимова, ки мушкили сокинони шаҳрро бештар матраҳ мекунад, гуфт, сокинони бинои мазкур чанд сол мешавад, "ҳаққи худро талаб мекунанд". "Чанд сол пеш дар саҳни бинои онҳо сохтмони маҷмааи зисти "Терра" оғоз шуд. Читать дальше...


Спорт в России и мире

Новости спорта


Новости тенниса
WTA

Соболенко и Швентек сыграют в финале турнира WTA в Мадриде






«Динамо» догнало лидеров чемпионата России, «Спартак» не смог пробить Нигматуллина

Офис президента весь на нервах

ФСБ рассекретила признания адъютанта Гитлера о решающей роли СССР в разгроме нацизма

ФСБ рассекретило свидетельство адъютанта Гитлера: СССР помог союзникам в битве при Арденнах