Мы в Telegram
Добавить новость
ru24.net
World News in Tajik
Июнь
2022

Новости за 14.06.2022

Бозии мунтахаби Тоҷикистон бо Қирғизистон дар Бишкек бидуни гол хотима ёфт

Ozodi.org 

Дастаи мунтахаби миллии футболи Тоҷикистон бозии даври севум ва охирини марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2023-ро дар гурӯҳи «F» бо тими миллии Қирғизистон, кишаби сешанбе, 14-уми июн, дар варзишгоҳи ба номи Долен Омурзоқови шаҳри Бишкек баргузор шуд, бо ҳисоби мусовии 0:0 анҷом дод.

Манобеъ: "Бародару ҷияни Хурсанд Мазоров дастгир шуданд"

Ozodi.org 

Дастикам се манбаи Радиои Озодӣ рӯзи 14-уми июн хабар доданд, ки Мумтоз Мазоров – бародар ва Озод Мазоров – ҷияни Хурсанд Мазоров, яке аз раҳбарони пешини ба истилоҳ ғайрирасмӣ дар Хоруғ дастгир шудаанд.

Байден ва Ховари Миёна. Рафтани ӯ ба Саудӣ аз баҳри чист? ВИДЕО

Ozodi.org 

Ҷо Байден, раисиҷумҳури Амрико, чанде пеш эълон кард, ки мумкин аст, ба кишварҳои Ховари Миёна, аз ҷумла Исроил ва Арабистони Саудӣ сафар кунад. Дар ин миён таваҷҷуҳ ба сафари ӯ ба Риёз зиёд аст, чун қаблан раҳбарони Арабистони Саудӣ, бахусус шоҳзода Муҳаммад бин Салмонро сахт танқид мекард.

Ҷо Байден дар пайи тармими робитаҳо бо Арабистони Саудӣ

Ozodi.org 

Раисиҷумҳури Амрико чанде пеш эълон кард, ки мумкин аст, ба кишварҳои Ховари Миёна, аз ҷумла Исроил ва Арабистони Саудӣ сафар кунад. Дар ин миён таваҷҷуҳ ба сафари ӯ ба Риёз зиёд аст, чун қаблан раҳбарони Арабистони Саудӣ ва бахусус Шоҳзода Муҳаммад бин Салмонро сахт танқид мекард.

Дар Узбекистон гандумҳои зиёдатии кишоварзонро мусодира мекунанд

Ozodi.org 

Кишоварзони Узбекистонро, ки бар асоси як фармони президент Шавкат Мирзиёев ҳақ доранд, маҳсулоти худро озод фурӯшанд, дубора маҷбур мекунанд, то аз нақшаи дар қарордод дарҷшуда 5-10 дарсад бештар гандум супоранд.

Душанбе: Дар марз як фармондеҳ сахт маҷруҳ шуд. Бишкек: Вазъ "муташанниҷ" аст

Ozodi.org 

Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон гуфт, дармуноқиша дар марз бо Қирғизистон фармондеҳи як дидбонгоҳи сарҳадӣ захмӣ шуда, вазъаш “аз ҳад вазнин аст”. Дар бораи кушта шудани як сарбоз чизе нагуфтаанд. Муноқиша субҳи 14-уми июн сар зад.



Зеленкий хостори кумаки бештари Олмон шуд

Ozodi.org 

Зеленский рӯзи 13-уми июн дар мусоҳиба бо шабакаи хабарии ZDF аз Олаф Шолтс, садри аъзами Олмон, хостааст, дар мавриди муноқиша бо Русия мавзеи ошкортар рӯи даст бигирад.

Як марзбони тоҷикро барои куштани ҳамхидматаш зиндонӣ карданд

Ozodi.org 

Додгоҳи ҳарбӣ дар Хуҷанд як сарбози нерӯҳои марзбониро бо гуноҳи “қасдан ба қатл расондани ҳамхидматаш” ба 10 сол ва сардори дидбонгоҳи “Нуробод” дар ноҳияи Деваштичро ба 1 сол зиндон маҳкум кардааст.

"Ҳамааш барои як шахс аст." Тоҷикистонро барои "маршировка" танқид карданд

Ozodi.org 

Як гузоришгари Созмони Милали Муттаҳид истифода аз нерӯи кӯдакону ҷавонон ва занонро дар маъракаҳои ҳукуматӣ дар Тоҷикистон танқид карда, як навъ “истисмор” номидааст. Шивон Маллалли охири соли гузашта ба Тоҷикистон омада буд ва хулосаашро 8-уми июни имсол нашр кард.

Қазоқистониҳои бекор дар назди қароргоҳи президент ҷамъ шуданд

Ozodi.org 

Як гуруҳ аз сокинони Қазоқистон, ки аз шаҳрдории Жанаозен ҷойи кор дар бахши нафту газро талаб доранд, рӯзи 13-уми июн дар назди бинои маъмурияти президенти ин кишвар дар шаҳри Нурсултон ҷамъ шуданд.

Дар марзи Қирғизистон бо Узбекистон як нақби махфии дигарро пайдо карданд

Ozodi.org 

Кумитаи давлатии амнияти миллии Қирғизистон хабар додааст, ки дар наздикии марзи ин кишвар бо Узбекистон як нақби махфии дигар ошкор шудааст. Нақби махфӣ барои қочоқи молро дар манзили як сокини шаҳри Қарасуи вилояти Ӯши Қирғизистон ошкор кардаанд. Ба иттилои кумита, соҳибхона моҳи сентябри соли 2021 бо шахсони дар ҳоли ҳозир номаълум созиш карда, барои интиқоли маҳсулоти ниёзи аввал ва асъори хориҷӣ ба берун аз Қирғизистон нақбро кандааст. Гумонбар ҳангоми бозпурсӣ ба гуноҳи худ пурра иқрор шуда... Читать дальше...

Тирандозӣ дар марз бо Қирғизистон. Як сарҳадбони тоҷик дар Ворух кушта шудааст

Ozodi.org 

Дар муноқиша дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон рӯзи 14-уми июн як сарҳадбони 26-солаи тоҷик кушта шудааст. Мақомоти Тоҷикистон ба таври расмӣ ҳодиса ва кушта шудани сарбозро шарҳ намедиҳанд.


Спорт в России и мире

Новости спорта


Новости тенниса
Андрей Рублёв

«Титул, которым я горжусь больше всего»: Рублёв одолел Оже-Альяссима и выиграл второй турнир серии «Мастерс» в карьере






Россияне рассказали о своем отношении к профсоюзам на работе

Патриарх Кирилл передал московский список Казанской иконы храму Христа Спасителя

Гештальт-психолог Саморукова напала на сотрудницу отеля в Москве

Коллекционер из Германии обнаружил в куске янтаря из Мьянмы осу возрастом 100 млн лет