Мы в Telegram
Добавить новость
ru24.net
World News in Tajik
Июнь
2022

Новости за 10.06.2022

Ду созмон мегӯянд, ангуштони 8 зиндониро дар Эрон мебуранд

Ozodi.org 

Ду созмони ҳомии ҳуқуқи башар ҳушдор додаанд, ки мумкин аст, ангуштони 8 мардеро, ки дар як зиндони Теҳрон нигаҳдорӣ мешаванд, бибуранд. Ин афрод ба дуздӣ муттаҳам мешаванд ва чанде пеш ангуштони як мардро барои айни ҷиноят қатъ кардаанд. Дар як гузорише, ки Маркази Ҳуқуқи Башари Абдураҳмон Баруманд ва Шабакаи Ҳуқуқи Башари Курдистон рӯзи 10-уми июн нашр карданд, омадааст, онҳо гузоришҳои боварибахше ба даст овардаанд, ки чанде пеш дар бемористони зиндони Эвини Теҳрон дастгоҳи буридани ангушт... Читать дальше...

Қатораҳои мусофирбар миёни Русия ва Узбекистон аз 23-ююн ба гардиш медароянд

Ozodi.org 

Қатораҳои мусофирбар миёни Узбекистону Русия шуруъ аз 23 июн ба гардиш медароянд. Пештар аз ин гуфта мешуд, ки гардиши қатораҳо аз 14-уми июн ба роҳ монда мешавад. Дар марҳилаи аввал, ба иттилои расмӣ, шуруъ аз 23 июн қатораи масири "Тошканд - Самара" ҳафтае як маротиба ва аз 25 июн қатораи масири "Тошканд - Волгоград" низ ҳафтае як маротиба ба роҳ монда мешавад. Акнун барои вуруд ба Русия ташхиси коронавирус ё шаҳодатномаи воксингирӣ зарурат надорад. Шаҳрвандони Узбекистон метавонанд, бидуни ин санадҳо вориди Русия шаванд. Читать дальше...

Эътирози зидди вакил дар пушти дари порлумони Қирғизистон

Ozodi.org 

Рӯзи 10-уми июн рӯзноманигорони қирғизистонӣ Маҳинур Ниёзова, Ойгул Сторожук ва фаъоли ҷомеа Умай Арикова зидди вакили порлумони он кишвар Шайлообек Атазов эътироз карданд. Эътироз баъди он ташкил шуд, ки Атазов дар як суханрониаш дар ҷаласаи порлумон гуфт, духтарони ҷавон бидуни волидонашон ба хориҷ нараванд. Эътирозгарон талаб карданд, ки Атазов мандати вакилиашро супорад. Атазов дар ҷаласаи рӯзи 9 июн гуфт, духтарони 18-20-сола бояд дар ҳамроҳии волидонашон ва ё баъди издивоҷ ба хориҷ раванд. Читать дальше...

Чаҳор дастаи лигаи аввал ба 1/8 финали Ҷоми Тоҷикистон-2022 роҳ ёфт

Ozodi.org 

Марҳилаи муқаддамотии Ҷоми Тоҷикистон-2022 оид ба футбол бо иштироки дастаҳои лигаи аввал баргузор шуд. Аз рӯи натоиҷи бозиҳо чаҳор дастаи ғолиб - «Ҳосилот» (Фархор), «Моҳир» (Ёвон), «Ҳулбук» (Восеъ) ва «Кӯктош» (Рӯдакӣ) - ба 1/8 финал роҳ ёфтанд. Бозиҳои марҳилаи муқаддамотии Ҷоми Тоҷикистон-2022 бо чунин натиҷаҳо хотима ёфтанд: «Ваҳдат» (Ваҳдат) – «Ҳосилот» (Фархор) - 0:5, «Моҳир» (Ёвон) – «Душанбе» (Душанбе) - 3:2, «Ҳулбук» (Восеъ) – «Сарҳадчӣ» (Ҳамадонӣ) - 5:2, «Барқчӣ» (Ҳисор) – «Кӯктош» (Рӯдакӣ) - 0:2. Читать дальше...

Сиёсатшиноси қирғиз Марат Казакпаевро аз боздоштгоҳ ба бемористон бурданд

Ozodi.org 

Марат Казакпаев, сиёсатшиноси қирғизистониро, ки дар боздоштгоҳ қарор дошт, ба далели бадшавии вазъи сиҳатиаш ба бемористон интиқол доданд. Дар ин бора вакили мудофеи вай Икромиддин Айтқулов хабар дод. Вакили мудофеъ гуфт, Казакпаев, дар бемористони шаҳрии №1 бистарӣ шудааст. Мақомоти Қирғизистон ин хабарро ҳанӯз шарҳ надодаанд. Кумитаи давлатии амнияти миллии (КДАМ) Қирғизистон моҳи апрели соли 2021 аз боздошти Казакпаев хабар дода буд. Сиёсатшиноси қирғизистонӣ Марат Казакпаев бо гумони хиёнат ба давлат боздошт шудааст. Читать дальше...


Спорт в России и мире

Новости спорта


Новости тенниса
WTA

Соболенко уступила Свентек в финале турнира WTA-1000 в Мадриде






Шествия «Бессмертного полка» проходят в разных странах

17 передвижных камер во Владимирской области переехали на новые места

«Попрошайка»: Киркоров унизил Успенскую в эфире шоу

Лавров заявил, что Кэмерон не сожалеет о словах про удары ВСУ по РФ