Мы в Telegram
Добавить новость
ru24.net
World News in Tajik
Июнь
2022

Новости за 08.06.2022

Мунтахаби Тоҷикистон дар Ҷоми Осиё тими Мянмарро шикаст дод

Ozodi.org 

Дастаи мунтахаби футболи Тоҷикистон дар нахустин бозиаш дар марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2023 дар гурӯҳи “F” тими миллии Мянмарро бо ҳисоби 4:0 шикаст дод. Ин бозӣ 8-уми июн дар варзишгоҳи ба номи Долон Омурзоқови шаҳри Бишкеки Қирғизистон баргузор шуд.

Таҳдид ба хабарнигори Радиои Озодӣ. ВКД гуфтааст, дар робита ба ҳамла парванда боз кард

Ozodi.org 

Вакилони мудофеъ мегӯянд, Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон дар пайванд ба ҳамла ба хабарнигорону наворбардорони Радиои Озодӣ ва телевизиони "Настояшее Время" дар Душанбе парвандаи ҷиноӣ кушода, онҳоро ҷабрдида эътироф кардааст.



"Вакил намерасад." Аз боздоштшудаҳо дар Хоруғу Рӯшон кӣ ҳимоят мекунад? ВИДЕО

Ozodi.org 

Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, ки дар тақрибан як моҳи охир дар онҷо даҳҳо нафар кушта, захмӣ ва боздошт шудаанд, аз камбуди шадиди вакили мудофеъ ё адвокат шикоят доранд. Ҷустуҷӯйи Радиои Озодӣ нишон дод, ки ба тақрибан 250 ҳазор аҳолии вилоят 4 вакили дифоъ хидмат мерасонанд.

Дар Қирғизистон ба сохтмони нерӯгоҳи “Қамбарота-1” оғоз карданд

Ozodi.org 

Рӯзи 8-уми июн сохтмони нерӯгоҳи барқи обии “Қамбарота-1” дар вилояти Ҷалолободи Қирғизистон оғоз шуд. Содир Ҷабборов (Жапаров), раисиҷумҳури Қирғизистон, гуфт, дар марҳилаи аввали сохтмон наздик ба 1,5 миллиард сом ҷудо шудааст.

Амният, сармоягузорӣ ва қарордодҳои пинҳонӣ. Тоҷикистону Чинро чӣ наздик мекунад?

Ozodi.org 

Даҳ сол пеш, ҳангоми сафари Эмомалӣ Раҳмон ба Пекин, Чин ваъда дода буд, ки сармоягузориро ба иқтисоди Тоҷикистон як миллиард доллар бештар мекунад. Аз он замон то кунун муносибати ду кишвар наздикии бесобиқаеро таҷриба мекунад.

Нахустин бозии мунтахаби Тоҷикистон дар Ҷоми Осиё-2023 бо тими миллии Мянмар

Ozodi.org 

Дастаи мунтахаби миллии футболи Тоҷикистон нахустин бозиашро дар марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2023 имрӯз, 8-уми июн, муқобили тими миллии Мянмар баргузор мекунад. Ин бозӣ дар варзишгоҳи ба номи Долон Омурзоқови шаҳри Бишкек соати 15:30 ба вақти Душанбе оғоз меёбад. Ҳамаи бозиҳои гурӯҳи «F» дар шакли мутамарказ дар шаҳри Бишкеки Қирғизистон баргузор мешаванд. Мунтахаби Тоҷикистон ба ҷуз аз тими миллии Мянмар, 11-уми июн бо мунтахаби Сингапур ва 14-уми июн бо дастаи мизбон - Қирғизистон - бозӣ хоҳад кард. Читать дальше...

Парвозҳо миёни Тоҷикистону Чин оғоз мешаванд

Ozodi.org 

Баъди ду соли танаффус, аз рӯзи 23-юми июни имсол парвозҳои мустақим миёни Тоҷикистон ва Чин дубора оғоз мешаванд. Парвоз дар хатсайри Душанбе-Урумчӣ-Душанберо ширкати чинии China Southern Airlines анҷом медиҳад. Сафорати Чин дар Тоҷикистон бо нашри як эълон қоидаҳои вуруд ба ин кишвар барои шаҳрвандони Тоҷикистонро эълон кард. Бар асоси ин эълони сафорат, шаҳрвандони Тоҷикистон, ки мехоҳанд ба Чин парвоз кунанд, бояд санад дар бораи бемор набудан ба COVID-19 ё ПЦР тест дошта бошанд. Аммо бархилофи дигар кишварҳо... Читать дальше...

Конститутсияи навшудаи Қазоқистон ба иҷро даромад

Ozodi.org 

Комиссияи марказии раъйпурсии Қазоқистон натиҷаҳои ниҳоии раъйдиҳӣ ба тағйироти Конститутсияро эълом кард. Ба иттилои комиссия, 77,18 дарсад аз тағйирот ҷонибдорӣ кардаанд. Ин рақамҳо бо натиҷаҳое, ки комиссия рӯзи 6 июн эълом карда буд, якранг ҳастанд. Зидди тағйирот 18,66 дарсади раъйдиҳандагон овоз додаанд. Дар раъйдиҳии рӯзи 5 июн 68,05 дарсад ё 7 миллиону 985 ҳазору 769 сокини қобили раъйи Қазоқистон ширкат кардаанд. Нурлан Абдиров, раиси комиссияи раъйпурсӣ гуфт, 1,58 дарсади баргаҳои раъй беэътибор дониста шудааст. Читать дальше...

Сохтмони неругоҳи Қамбарота-1 дар Қирғизистон 8 июн шуруъ мешавад

Ozodi.org 

Дар ин бора раиси девони вазирони Қирғизистон Оқилбек Ҷабборов рӯзи 7 июн хабар дод. Ба гуфтаи вай, барои сохтмони марҳилаи аввали неругоҳ 3,5-5 сол сарф мешавад. "Фардо мо корҳои сохтмониро шуруъ мекунем, бояд пул сохта шавад, нақб то охир кофта шавад. Ҳамаи инро бо неруи худ шуруъ мекунем. Мо 18,8 млн доллар дорем. Барои марҳилаи аввал 3,5-5 сол сарф мешавад. Ҳамсояҳои мо ҳам ба ин тарҳ таваҷҷуҳ доранд, аммо ҳоло бо неруи худ шуруъ мекунем, мунтазир сармоя намемонем", - гуфт Ҷабборов. Оқилбек... Читать дальше...


Спорт в России и мире

Новости спорта


Новости тенниса
Андрей Рублёв

Рублев о победе на "Мастерсе" в Мадриде: у меня нет слов






Спасение спасающих: почему в Пермском крае массово увольняются сотрудники МЧС

МВД: в Ленобласти мужчина выстрелил в 3 нападавших у станции метро «Девяткино»

В СК рассказали подробности нападения на бойца СВО в поезде под Пермью

Капоэйристы из Химок стали победителями всероссийских соревнований