Добавить новость
ru24.net
World News in Tajik
Январь
2023

Новости за 02.01.2023

"Агар писарамро намекуштанд, ҷуброн лозим набуд"

Ozodi.org 

Додгоҳи ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе шикояти хонаводаи Меҳроҷиддин Гадозода, сокини шаҳри Ваҳдатро, ки аз Вазорати умури дохилии Тоҷикистон 500 ҳазор сомонӣ ҷуброни маънавӣ талаб доранд, беасос донистааст. Пайвандонаш мегӯянд, ӯ шиканҷа шудааст ва бояд ҷуброни зарар пардохта шавад.

"Рӯҳу равони тоҷик". Назари раҳгузарон дар бораи Нуқра Раҳматова

Ozodi.org 

Овозхони шинохтаи тоҷик, Нуқра Раҳматова, рӯзи дувуми январ 81-сола шуд. Дар ин рӯз ҳамкори мо, Нигораи Фазлиддин, аз чанд раҳгузар дар шаҳри Душанбе пурсид, ки аз таронаҳои ӯ чиро ба хотир доранд. Наворро бинед ва назари худро ҳам нависед.

"Хонаамро мегирифтанд, вале бачаамро зинда мегузоштанд, чизе талаб надоштам" ВИДЕО

Ozodi.org 

Додгоҳи ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе шикояти хонаводаи Меҳроҷиддин Гадозода, сокини шаҳри Ваҳдатро, ки аз Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон 500 ҳазор сомонӣ ҷуброни маънавӣ талаб доранд, беасос донистааст.



Исломобод: "Ба толибони покистонӣ ҳамла мекунем". Толибон: "Афғонистон бесоҳиб нест"

Ozodi.org 

Пас аз нақзи оташбас миёни ҳукумати Покистон ва Таҳрики Толибони Покистон (ТТП) дар чанд моҳи пеш, ин кишвар шоҳиди даргирӣ ва таркишҳо будааст. Ин амр ҳоло боиси ихтилоф миёни Покистон ва ҳукумати Толибон дар Афғонистон шуда.

Дар Тоҷикистон як ҷарроҳии нодир анҷом шудааст

Ozodi.org 

Вазорати тандурустии Тоҷикистон аз анҷоми як ҷарроҳии нодир дар кишвар хабар дод. Дафтари матбуотии Вазорати дар хабарномае гуфт, пизишкони "Маркази миллии тиббии Тоҷикистон" “Шифобахш”  дар як ҷарроҳии нав ду дугоники бо ҳам часпидаро ҷудо карданд. Ба гуфтаи манбаъ, як зан аз ноҳияи Восеъ дар батни худ дугоник дошт, ки бо ҳам часпида буданд. Пизишкон ба воситаи буриши қайсарӣ тифлҳоро берун мегиранд ва маълум мешавад, ки яке аз онҳо, ки ҷинсаш писар аст, аллакай фавтидааст. Навзоди фавтида аз қисми сар дар пушти дугоники дигар часпида буд... Читать дальше...


Спорт в России и мире

Новости спорта


Новости тенниса
Дарья Касаткина

Касаткина о допинговом деле Синнера: «Я верю, что он невиновен.






Сириус. Путь к службе

В Москве установили рекорд по количеству свадеб летом

КХЛ: уже третий в сезоне «ассистентский хет-трик» Даниила Гутика из «Адмирала» и «сухарь» вратаря «Автомобилиста» Владимира Галкина в матче с «Авангардом»

В Тамбовской области в четвертый раз открылась «Школа фермера» от Россельхозбанка