Мы в Telegram
Добавить новость
ru24.net
World News in Tajik
Январь
2023

Новости за 14.01.2023

"Агар дар пуштамон нагӯянд, дар рӯямон намегӯянд"

Ozodi.org 

Бо кори онҳое ошно бишавед, ки ҳаракату зиндагии садҳо ҳазорон нафарро дар Душанбе осон мекунанд ва пойтахти Тоҷикистонро покиза нигаҳ медоранд. Бо кори яке аз роҳрӯбони Душанбе дар рӯзҳои сербарфи зимистон хабарнигорони Радиои Озодӣ ошно шуданд.

Бо дастёрони заҳматкашу беминнати Душанбе ошно шавед. ВИДЕО, АКС

Ozodi.org 

Дар ин рӯзҳои сарди зимистон, ки на ҳама хоҳиши берун шудан аз хонаҳои гармро доранд,  заноне ҳам ҳастанд, ки аз субҳ то шом дар кӯча кор мекунад. Онҳо занони роҳрӯб ҳастанд, ки баъзан аз соати 3-и шаб барои покиза кардани кучаҳо ба берун мебароянд, то сокинон бидуни мушкил равуо кунанд.

"Субҳу бегоҳу чошт фақат оби ҷӯш мехӯрем"

Ozodi.org 

Дар Афғонистон, ки баъди омадани Толибон ба сари қудрат ҳолаш табоҳ шуд, баъзе аз хонаводаҳои серфарзанд мегӯянд, омодаанд як ҷигарбандашонро бифурушанд, то дигариро наҷот бидиҳанд. Сарнавишти талхи яке аз ин оилаҳо дар вилояти Ғӯрро инҷо бубинед.

Аз Додситонии Русия хостанд, парвандаи зани тоҷикро холисона тафтиш кунад

Ozodi.org 

Додситонии кулли Тоҷикистон мегӯянд, аз ҳамкоронашон дар Русия хостаанд, парвандаи пурсарусадои як зани тоҷикро, ки ба қатли як  ҳамкораш дар Маскав муттаҳам мешавад, холисона тафтиш кунанд.

Вазорат аз хонандагон хост, то 20-уми январ ба мактаб наоянд

Ozodi.org 

Сармои қаҳратун, ки мардуми гармидӯстдори Тоҷикистонро ба танг овардааст, мақомотро маҷбур кард, таътили зимистона дар кӯдакистону мактабҳои миёнаро то чанд рӯзи дигар дароз кунанд. Вазорати маориф рӯзи 14-уми январ бо нашри як баёнияи расмӣ гуфт, “бо назардошти сард омадани ҳаво ва бо мақсади ҳифзи саломатии тарбиятгирандагону хонандагон дар муассисаҳои томактабӣ ва таҳсилоти умумӣ таътили зимистонаи хонандагон тамдид карда шуд.” Таътили зимистона ва даҳрӯза дар мактабу кӯдакистонҳои Тоҷикистон рӯзи 1-уми январ оғоз ёфт... Читать дальше...

Пас аз қаҳрӣ? Раҳмону Ҷабборов суҳбат карда, аз ҳамкорӣ гуфтаанд

Ozodi.org 

Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон бо ҳамтои қирғизи худ Содир Ҷабборов як суҳбати телефонӣ анҷом додааст, ки аломате аз нармӣ дар муносибатҳои сарди байни ҳамсоякишвар дониста мешавад.

Панҷгоникҳо дусола шуданд, падар ночор барои кор ба Русия рафт. ВИДЕО

Ozodi.org 

Дилноза Маматова дар ду соли гузашта хобро ба қавле дар хобаш мебинад. Панҷгоникҳо намегузоранд, ки чашмонашро бибандад. Яке бесабаб мегиряд, дигарӣ аз гуруснагӣ. Саввумӣ шӯху ноором аст.

Панҷгоникҳои Қубодиён 2-сола шуданд

Ozodi.org 

Ду соли пеш дар ҳамин шабу рӯз дар Тоҷикистон панҷгоник ба дунё омад. Волидайни тифлон мегӯянд,бо бузург шудани кӯдакон ташвиши онҳо камтар нашудааст ва парасторияшон бо мушкил даст медиҳад.


Спорт в России и мире

Новости спорта


Новости тенниса
WTA

Свёнтек разгромила Кырстю и вышла в 1/8 финала турнира WTA-1000 в Мадриде






Новые кассы для покупки билетов на речные прогулки открыли на причале «Китай-город»

На трассе М-11 в ДТП пострадали шесть человек

Команда газодымозащитников Управления по ГОЧС и ПБ Мурманской области – лучшая по Северо-Западу

Трагедия в «Крокусе»: почти 50 потерпевших обвиняют МЧС МО в полном бездействии