Мы в Telegram
Добавить новость
ru24.net
World News in Tajik
Январь
2023

Новости за 21.01.2023

Дар Чин 80 % аҳолӣ ба вируси COVID-19 гирифтор ҳастанд

Ozodi.org 

Як мутахассиси калони ҳукумати Чин гуфт, ки дар давоми ду ё се моҳи оянда дар саросари ин кишвар эҳтимоли омадани мавҷи нави COVID-19 воқеӣ нест, чунки ҳоло аллакай 80 дарсади аҳолӣ ба ин вирус олуда ҳастанд. Ву Зуню, сарэпидемиологи Маркази  назорат ва пешгирии бемориҳо дар Чин дар як ҷаласаи онлайнӣ гуфт, ки бо фарорасии соли нави қамарӣ дар кишвар ва ҷашнгирии он хатари афзоиши паҳншавии вируси COVID-19 вуҷуд дорад. Вале, ба гуфтаи ӯ, агар ҳам дар баъзе минтақаҳои кишвар ҳолатҳои олудашавӣ афзоиш ёбад... Читать дальше...

Толибон рӯйи пайкараҳои пластикиро ҳам пӯшонданд

Ozodi.org 

Чеҳраи пӯшидаи манекенҳо ё пайкараҳои сунъӣ ба рамзи дигари ҳукмронии Толибон дар Афғонистон табдил ёфтааст. Онҳо аввал амр карданд, ки манекенҳо аз фурӯшгоҳҳо гирифта шаванд. Пас аз эътирози тоҷирон, ки манекен як василаи тарғиби молашон аст, тасмим шуд, рӯйи ин пайкараи пластикӣ пӯшонда шавад.

Маскав гуфт, барои ҳисобҳои басташудаи RT France интиқом мегирад

Ozodi.org 

Хабаргузориҳои русӣ гуфтанд, Маскав барои бастани ҳисобҳои бонкии оҷонсии русии RT France интиқом мегирад. Хабаргузориҳои давлатии ТАСС ва РИА Новости аз қавли як мақоми беном дар Вазорати корҳои хориҷии Русия рӯзи 21-уми январ навиштанд, ки “масдуд шудани ҳисобҳои бонкии намояндагии Russia Today дар Фаронса боиси тадбирҳои ҷавобии интиқомҷӯёна мешавад”. Ин манбаъ гуфтааст, “ин корҳо фаромӯш намешавад” ва Фаронсаро барои “азияти журналистони Русия” муттаҳам кардааст. Рӯзи 20 январ маълум шуд, ки... Читать дальше...

Модари хонавода ҳам даргузашт. Марги се узви як оила аз заҳролудшавӣ бо дуди ангишт дар Хуросон

Ozodi.org 

Дар ноҳияи Хуросон шумори қурбониёни заҳролудшавӣ бар асари дуди ангишт ба се нафар расид.   Ба иттилои Радиои Озодӣ, дар фоҷеае, ки шаби 19 ба 20 январ дар деҳаи Гулрез рух додааст, нахуст марги Шамсулло Маҳмадови 33-сола ва  писари панҷсолааш тасдиқ шуд. Сабаби марги онҳоро мақомот заҳролудшавӣ бар асари дуди ангишт номиданд. Рӯзи 20 январ, чанд соат баъди ин фоҷеа дар беморхона ҳамсари  Маҳмадов ҳам даргузашт.  Пизишкон мегӯянд, ки як тифли дигари ин хонавода дар ҳолати вазнин дар беморхона қарор дорад. Читать дальше...

Нахуствазири Бритониё барои вайрон кардани қоидаи ҳаракат дар роҳ ҷазо гирифт

Ozodi.org 

Нахуствазири Бритониё Риши Сунак рӯзи 20 январ барои набастани тасмаи бехатарӣ ба ҳангоми ҳаракат бо мошин аз ҷониби полиси роҳ ҷарима шуд. Сунакро ҳангоми сафари кориаш ба минтақаи Ланкашир дар шимоли Бритониё нигоҳ дошта дар қонуншиканӣ гунаҳгор карданд. ББС гуфт, полиси Ланкашир тасдиқ кард, ки барои вайрон кардани қоида “як марди 42-сола муҷозот шуд”. Пеш аз он дафтари матбуоти нахуствазири Бритониё барои ҳодисаи рӯйдода узрхоҳӣ кард. Сунак дар курсии ақиби мошин нишаста буд ва ӯро муҳофизони мотосиклрон ҳамроҳӣ мекарданд. Читать дальше...


Спорт в России и мире

Новости спорта


Новости тенниса
Андрей Рублёв

Теннисист Рублев в Мадриде отыгрался на тай-брейке со счета 0:5






Суд: Брата фигуранта дела о теракте в «Крокусе» арестовывали за хулиганство

Городские службы перешли на усиленный режим работы

«Родиной не торгуем»: в МИД РФ отказались обменять активы на возврат новых регионов

В Башкирии смертельная авария забрала жизни четырех человек, в том числе двух детей