Мы в Telegram
Добавить новость
ru24.net
World News in Tajik
Январь
2023

Новости за 31.01.2023

Ахбори Озодӣ аз 31-уми январи соли 2023

Ozodi.org 

Дар Тоҷикистон "лимити барқ" ҷорӣ шуд; содироти сабзавотро ба хориҷи кишвар маҳдуд карданд; муҳаққиқони байнулмилалӣ мегӯянд, дар Тоҷикистон фасод расм шудааст; дар Афғонистон аз сардиҳои моҳи январ камаш 160 кас ба ҳалокат расид.

Оламбӣ роҳ намегардад, аммо аз дигарон ҳам ақиб намемонад. ВИДЕО

Ozodi.org 

Оламбӣ Наимова дар синфи севум ва дар як мактаби миёнаи ноҳияи Муъминобод мехонад. Ба сабаби маъюбӣ ва сармову ях бастани роҳҳо наметавонад, ба дарс равад. Дӯстонаш, Маликаву Омина, ӯро танҳо намемонанд ва дарсро бо ӯ такрор мекунанд.

“Мехоҳам, дарс хонам.” Достони Оламбӣ

Ozodi.org 

Оламбӣ Наимова дар синфи севум ва дар як мактаби миёнаи ноҳияи Муъминобод мехонад. Ба сабаби беморӣ ва сармову як бастани роҳҳо наметавонад, ба дарс равад. Дӯстонаш, Маликаву Омина, ӯро танҳо намемонанд ва дарсро бо ӯ такрор мекунанд.



Содироти сабзавоти Тоҷикистон ба хориҷ маҳдуд шуд

Ozodi.org 

Ҳукумати Тоҷикистон содироти пиёзро ба хориҷа манъ ва содироти картошкаву сабзиро маҳдуд кардааст. Ин тасмим дар пасманзари афзоиши нархи маҳсулоти кишоварзӣ гирифта шуда, ба гуфтаи мақомот, "то муътадил гардидани бозор" давом мекунад.

Шикоят аз бебарқӣ дар ноҳияи Фархор

Ozodi.org 

Сокинони ноҳияи Фархор мегӯянд, ҳар рӯз аз камбуди нерӯи барқ ранҷ мекашанд. Мақомот мегӯянд, бо мусоид шудани вазъи ҳаво интиқоли нерӯи барқ низ ба хонаҳои аҳолӣ беҳтар хоҳад шуд, вале намегӯянд кай.

Бурдани пиёз, картошка ва сабзӣ аз Тоҷикистон ба хориҷа манъ шуд

Ozodi.org 

Ҳукумати Тоҷикистон содироти пиёзу картошка ва сабзиро ба хориҷа манъ кардааст. Ин тасмим дар пасманзари афзоиши нархи маҳсулоти кишоварзӣ гирифта шуда, ба гуфтаи мақомот, "то муътадил гардидани бозор" давом мекунад.

Мунтахаби занонаи футзали Тоҷикистон дар қаҳрамонии CAFA-2023 сеюм шуд

Ozodi.org 

Дастаи мунтахаби миллии занонаи футзали Тоҷикистон бо роҳбарии сармураббӣ Мустафо Афшорӣ,  мутахассиси эронӣ, дар дувумин мусобиқаи  қаҳрамонии Созмони футболи Осиёи Марказӣ (CAFA)-2023, ки рӯзҳои 27-30-юми январ дар Тошканд баргузор шуд, барои ҷойи сеюм бо медалҳои биринҷӣ сарфароз гардид.

Беш аз 1 млн қазоқистонӣ метавонад худро муфлис эълом кунад

Ozodi.org 

Муовини вазири молияи Қазоқистон Ержан Биржанов 30 январ дар як нишасти хабарӣ гуфт, баъди ба иҷро даромадани қонун "Дар бораи барқарорсозии қобилияти пардохт ва муфлисшавии шаҳрвандон", беш аз як миллион кас метавонад худро дар Қазоқистон муфлис эълом кунад. “Қонун ҳадди аксар ба 1 миллиону 100 нафар дахл хоҳад кард. Ин ҳадди аксарест, ки метавонад бошад. Аммо масъалаи мазкур ихтиёрӣ аст. Ман боварӣ дорам, бештари шаҳрвандон бо назардошти он ки мақоми "муфлисӣ" ба як тамғаи сиёҳ монанд аст, қарори оқилона қабул мекунанд", - афзуд ӯ. Читать дальше...

Боздошти сухангӯи Вазорати меҳнати Узбекистон

Ozodi.org 

Сухангӯи Вазорати меҳнат ва коҳиши фақри Узбекистон Мавҷуда Мирзоева дастгир шудааст. Зарина Мирзоева, духтари Мавҷуда Мирзоева ба Хабаргузории "Газете.uz" гуфтааст, маъмурони ҳифзи ҳуқуқ субҳи рӯзи ҷумъа модарашро дар роҳ ба сӯи коргоҳ дастгир карда, ба боздоштгоҳи муваққатии Хадамоти амнияти давлатии Узбекистон дар шаҳри Тошканд бурдаанд. "Се рӯз мешавад телефони дастии модарам хомуш аст. Моро ба назди ӯ роҳ намедиҳанд. Вакили дифоъ ҳам намеояд ва мегӯяд, муфаттиш ба зангҳо ҷавоб намедиҳад. Читать дальше...

СҶТ гуфт, пандемияи COVID-19 ҳанӯз ба поён нарасидааст

Ozodi.org 

Созмони ҷаҳонии тандурустӣ (СҶТ) рӯзи душанбе дар робита ба вазъи пандемияи коронавирус ё COVID-19 дар ҷаҳон изҳорот нашр кард. СҶТ гуфт, аз эътирофи поёни пандемияи коронавирус дар ҳоли ҳозир худдорӣ мекунад. Аъзои кумитаи изтирории СҶТ оид ба COVID-19 дар ҷаласаи 14-уми худ ба хулосае расидаанд, ки дар ҳоли ҳозир дар бораи анҷоми пандемия суҳбат кардан ҳанӯз барвақт мебошад. Ба ин тасмим мавҷи ахири вабои коронавирус дар Чин, ки баъди манъи маҳдудиятҳо ба миён омад, сабаб шудааст. Нахустин... Читать дальше...


Спорт в России и мире

Новости спорта


Новости тенниса
WTA

Самсонова победила Осаку и вышла в третий круг турнира WTA 1000 в Мадриде






Синоптик Шувалов рассказал о похолодании в Москве

Собянин: К открытию Троицкой линии территории возле новых станций благоустроят

Shot: экс-бойфренда Волочковой подозревают в обмане московского бизнесмена

Куда пропала Светлана Иванова? После ареста замминистра появились странные новости о его жене